wrapper

Хабарҳо

   Тоҷикистон дорои ҳудудҳои нодири фарҳангӣ-таърихӣ ва табиӣ, аз қабили шаҳрҳои қадима, шаҳракҳо, маҷмааҳои меъмории таърихӣ, фарҳангӣ-таърихӣ, мавзеъҳои нодири табиӣ, олами нотакрори ҳайвоноту наботот, обҳои шифобахш буда, дар байни кишварҳои ҷаҳон бо таърихи кӯҳанбунёд, мардуми тамаддунсоз ва ҷойгиршавии мавқеи географӣ фарқ мекунад. Айни ҳол дар Тоҷикистон 2020 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 442 ёдгории таърихӣ-монументалӣ (160 ҳайкалу нимпайкараҳо), 1278 ёдгории бостонӣ ва 300 ёдгории меъморӣ мебошад.
   Ҳудуди Тоҷикистон аз замонҳои қадим дар роҳҳои бузурги Шоҳроҳи Абрешим воқеъ буд ва он албатта ба тиҷорати байналмилалӣ, мубодилаи фарҳангии халқҳо таъсир гузаштааст. Аслиҳа, маҳсулоти пуст, ҷавоҳироти ороишӣ, матоъ, намаки ранга, ки аҷдодони мо истеҳсол мекарданд, шӯҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст. Айни ҳол дар баробари рушди алоқаҳои байналмилалии иқтисодӣ-фарҳангӣ Шоҳроҳи бузурги Абрешим рамзи дӯстӣ, якдгарфаҳмӣ, муносибати судманди миёни халқҳову кишварҳо гардидааст.
 Ташкилоти байналмилалии сайёҳӣ (UNWTO) ва ЮНЕСКО дар якҷоягӣ бо ташкилотҳоии сайёҳии Тоҷикистон бо дарназардошти мероси бойи фарҳангӣ-таърихии халқҳое, ки дар минтақаи Шоҳроҳи Абрешим сукунат доранд, масъалаҳои рушди сайёҳӣ ва инфрасохтори меҳмонхонавиро тадриҷан татбиқ менамоянд.
   Дар Кодекси глобалии ахлоқи сайёҳӣ омадааст, ки сиёсат дар ҷодаи туризм ва фаъолият дар асоси эҳтиром нисбат ба мероси бадеӣ, бостонӣ ва фарҳангӣ бо мақсади ҳифз ва барои ояндагон мерос гузоштан ба роҳ монда мешавад.
Ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои фарҳангиву таърихӣ ва табиӣ дар сиёсати давлатӣ мақоми арзишманд дорад. Сохторҳои марбутаи давлат ва ҳукумат пайваста кӯшиш менамоянд, ки ёдгориҳои фарҳангиву таърихӣ ва мероси табиӣ ҳамчун арзиши миллӣ ва омили муҳими тақвияти ҷаҳонбинию дониши таърихии ҷомеа аҳамияти худро гум накарда, минбаъд такмил дода шаванд.
   Алҳол вақти он расидааст, ки рушди саноати сайёҳӣ ва тиҷорати сайёҳиро ҳамчун объект ва субъекти равандҳои сиёсӣ ва омили иқтисодие, ки ба қабули қарорҳои мухталиф таъсир мерасонад, аз нуқтаи назари илми сиёсатшиносӣ мавриди омӯзиши илмӣ қарор диҳем. Он натанҳо роҳу усулҳои сиёсӣ ва воситаҳои рушди сайёҳиро дар кишвар ташаккул медиҳад, балки барои ҳалли баъзе вазифаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, ки дар назди давлат истодааст, мусоидат менамояд. Зарурати омӯзиши масъалаи мазкур аз он иборат аст, ки пеш аз ҳама дар замони муосир сайёҳӣ метавонад ба рушди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа таъсиргузор бошад ва инчунин, ба имкониятҳои сиёсии ташаккулёбандаи иштироки субъектҳои мухталифи амалҳои иҷтимоӣ дар равандҳои сиёсӣ таъсир расонад. Дар ин маврид тиҷорати сайёҳиро баҳри тағйир додани сохтори институтсионалӣ дар Тоҷикистон метавонем, истифода кунем.
   Қайд намудан ба маврид аст, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои ҷолиб дар соҳибкорӣ ба шумор меравад. Тиҷорати сайёҳӣ дар кишвари мо дар марҳалаи бозсозии сохторӣ, ташкилёбии институтсионалӣ, ташаккулёбии робитаҳои дохилисоҳавӣ, байнисоҳавӣ ва алоқаҳои иқтисодии хориҷӣ қарор дорад. Рушди мунтазами саноати сайёҳӣ ва баланд гаштани зуҳуроти манфӣ барои ҷомеа, рақобат ва тиҷоратикунонии фаъолияти сайёҳӣ, зарурати танзими фаъоли давлатӣ ва ташаккулдиҳии сиёсати фаъоли давлатиро дар соҳаи сайёҳӣ ба вуҷуд овард. Сайёҳӣ ба номгӯи самтҳои асосии бозсозии сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон дохил аст, ки яке аз бахшҳои муҳим ва таркибии сиёсати давлати муосири тоҷик мебошад.
   Тадқиқу таҳлили сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон муҳим ва зарурӣ буда, дар шароити имрӯза ва махсусан дар давраи гузариш ба муносибатҳои бозоргонӣ соҳаи сайёҳӣ яке аз омилҳои рушдкунандаи соҳаи иқтисодиёт ба шумор меравад. Сатҳи баланди тараққии он ва дараҷаи ҳаҷми маблағгузориҳо ба соҳаи гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла, дар ташкил кардани соҳаи сайёҳӣ, ва меҳмоннавозӣ нақши фаъолро доро мебошад.
   Андешаҳои муҳаққиқон оид ба мақом ва нақши саноати сайёҳӣ дар рушди пешрафти ҷомеа мухталиф аст. Тавре яке аз муҳаққиқон ишора менамояд: «Мувофиқи маълумоти омории байналхалқӣ, аз 1/3 қисми аҳолии сайёра ҳамеша хоҳиши сайёҳат карданро доранд. Мувофиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии туристӣ имрӯз қариб 250 млн. одам дар саноати сайёҳӣ машғули коранд. 15 кишвари ҷаҳон рушди иқтисодиёти худро ба соҳаи туризм алоқаманд медонанд. Даромади ин кишварҳо аз туризм дар таносуб ба экспорти молу маҳсулот 4,5-5 маротиба зиёд аст. Ғайр аз ин, туризм чун тиҷорати манфиатовар эътироф гашта, имрӯз то 8% сармояи ҷаҳониро дар саноати сайёҳӣ истифода мебаранд».
   Аз ҷониби Ҳукумати кишвар эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар пешрафти соҳаи сайёҳӣ иқдоми хуб мебошад. Умуман, дар Тоҷикистон қадамҳои ҷиддӣ ва кӯшишҳое баҳри рушду равнақи бозори хизматрасониҳои сайёҳӣ ба назар мерасад. Яке аз марказҳои пешоҳанги кишвар, ки саноати меҳмонпазироӣ дар он равнақ ёфтааст, ин пойтахти кишвар шаҳри Душабе мебошад. Дар шаҳри Душанбе дар тӯли 10 соли охир чандин меҳмонхонаи ҳозиразамон бунёд гашта, ҳамчунин, меҳмонхонаҳои мавҷуда, аз нав таъмир гашта, алҳол ба пешниҳоди хизматрасониҳо машғуланд. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаҳои «Пойтахт», «Ҳаят Реҷенсӣ», «Тоҷикистон», «Taj Palace», «SAAF», «Сирена», «Marian’s Guesthouse», дар вилояти Суғд меҳмонхонаҳои «Истаравшан», «Исфара», «Сино», «Панҷакент», «Согдиана», «Ленинобод», «Хуҷанд», дар вилояти Хатлон, меҳмонхонаҳои «Рамз», «Қурғон-Теппа», «Азия+ресторан Вероника», "Мафтуна", "Save the children", «Норак», дар ВМКБ меҳмонхонаи “Сирена Инн”, "Паринен Инн" ва ғайра мавҷуданд.
   Сохтмони меҳмонхонаҳои мухталиф дар кишвар кам буда, мебояд дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ низ меҳмонхонаҳо сохта ба истифода дода шаванд.
   Меҳмон ё сайёҳ ҳангоми сафар бояд ба ҷойи хобу истироҳат, шароити корӣ, сайру гашт, анвои хурока, бозӣ ё тамошо, маъракаҳои шавқовар, ҷойҳои таърихӣ ва ғайра таъмин гардад. Ҳалли ин масъалаҳо маълум аст, ки дар зиммаи маъмурияту кормандони меҳмонхонаҳо мебошад. Ғайр аз ин баъзе мизоҷон таассуроти хешро дар саҳифаҳои интернет оид ба истиқоматашон дар ин ё он меҳмонхона мегузоранд, ки ин дар маҷмӯъ, ба шуҳрату эътибори он муассиса ва кишвар таъсир мерасонад.
   Аз ин рӯ, давлату ҳукуматро зарур аст, ки сохтори вазорату идораҳои давлатӣ дар самти саноати сайёҳӣ, ва меҳмоннавозиро аз сари нав дида баромада, масъалагузориҳои ҷадид намоянд. Беҳтар аст, ки таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ доир ба сиёсати давлатӣ дар самти туризм ва меҳмоннавозӣ омӯхта, мавриди истифода қарор гирад. Таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи сайёҳӣ ба кишварҳое равона гардидааст, ки мероси бою пурғановати фарҳангӣ-таърихӣ ва табиӣ, инчунин, зерсохтори рушдкардаи сайёҳӣ, доранд.
Назрбӣ ИСМАТОВА,
ходими илмии Институт

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/