wrapper

Хабарҳо

   Таҷлил ва бузургдошти олимон,орифон, донишмандон ва бузургон барои ҳар давлату кишвар ифтихор аст. Зеро донишмандон бо донишу заковат ва илму ҳикмати хеш зулмату торикӣ ва решаҳои нодонӣ, ситаму ҷабр ва ғазабу ҷаҳлро тавассути ин шамшери бурро решакан мекунанд. Азамату бузургии онҳо аз донишу маърифати дуруст сарчашма мегирад, ки самараи хуберо то имрӯз барои аҳли башар фароҳам овардааст ва идома хоҳад ёфт.
   Дониш ва донишмандӣ фазлу караме мебошанд, ки тавассути он қадру манзалати инсон ҳамеша мавриди ситоиш ва тамҷид қарор мегирад. Агар ба рӯзгори бузургони гузашта назар афканем, мебинем,ки онҳо бо доштани донишу заковат соҳиби тоҷу каромат ва фазлу фаросат гардида, имрӯзу фардои ҷомеа номи онҳоро то абад ба неки ёд хоҳанд кард. Донишу заковати онҳо буд, ки то имрӯз мероси адибони зиндаёди мо дар тамоми гӯшаи олам, аз ҷумла, Ҳиндустон (Амир Хусрави Деҳлавӣ (1253-1325), Бедил (1642-1720) Покистон (Масъуди Саъди Салмон(1046-1121), Муҳаммад Акрам Ғанимат) мавриди истифодаи илмӣ ва вирди забони мардум қарор гирифтаанд. Онҳо тавонистанд бо истифода аз дониш ва донишомӯзӣ инсониро ба сӯи фардои нек ҳидоят ва роҳнамоӣ намоянд. Мақому мартабаи дониш ба қадре баланд аст, ки соҳиби онро дар тамоми олам новобаста аз ҷойу маконаш муҳтарам ва азиз медонанд ва қадрдонӣ мекунанд.
   Банда қадру манзалат ва мақому мартабаи дониш ва соҳибони онро замни сафари таълимӣ дар шаҳри Делҳии Ҳиндустон мушоҳида кардам. Дар аснои гардишгарӣ вақте, ки вориди масҷиди ҷомеи қадимаи Деҳлӣ, ки соли 1656 аз ҷониби Шоҳҷаҳон (1628-1658) фарзанди Муҳиддин Муҳаммад ё Аврангзеб-Оламгирӣ (1618-1707) сохта шудааст, гаштем, иттилоъ ёфтем, ки хонаводаи онҳо аз Осиёи Миёна ва ба гуфти худи эшон аз Тоҷикистон будааст. Тибқи маълумот замоне, ки Сулолаи муғулҳо дар Ҳиндустон салтанат дошт, бобои онҳо Сайид Абдулғафуршоҳ Бухорӣ, ки соҳиби донишу заковат буд, барои тарбият ва таълим ба ин кишвар даъват мегардад, ки то ҳол аҳли ин хонавода масъулияти ободии чунин ҷойи муқаддасро ба дӯши худ доранд. Ин ҳама фазлу карам аз доштани динишу заковати ин хонавода аст, ки то ҳол баъд аз гузашти асрҳо 13-умин насли онҳо қадрдонӣ мешаванд.
   Беҳуда нест, ки бузургон нигоришоти хоси худро перомуни дониш ва донишомӯзӣ барои имрӯзу фардои беҳтару босаодати башарият тахсис доданд, ки то инсонҳо тавонанд аз он истифода карда, роҳу равиши ҳаёти худро беҳтар созанд. Бояд донист, ки ҳар коре бо донишу ҳикмат бунёд меёбад, фардро ба мақсаду маром мерасонад ва натиҷаи сарабахшро фароҳам меоварад. Донишу ҳикмат руҳияи амалии инсон буда, малакаи моро зиёдтар ва судманд мегардонанд.
   Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд:
   Дониш талабу бузургӣ омӯз,
   То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз...
   Дар ҷои дигар абармардон донишро чун сипар ва ҷавшан дониста, истифодаи дурусти онро нигоҳдорандаи тамоми бадиҳо маънидод намудаанд:
   Дониш андар дил чароғи равшан аст,
   В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст...
  Баргузории "Рӯзи дониш" дар рӯзи якум сентябр дар тамоми муассисаҳои кишвар саҳифаи пурарзиштарин маҳсуб ёфта, заминаи хубест, то насли кишвар тавонанд ҳар чи бештар ба донишу ҳикмат сар фуруд оварда, ояндаро рӯшантар гардонанд ва миллату кишварро ба донишомӯзӣ ва рушду маърифати илмӣ роҳнамоӣ намоянд.

   Таҷлил аз ин рӯз фурсати муносибест барои тарбияи насли ҷавон, хусусан, кӯдакони наврас, ки қадами нахустини худро ба боргоҳи донишу ҳикмат мегузоранд, то ояндаи худро бо заковату маърифат, ҳушмандии том бишносанду бисозанд ва бо ин роҳ худ ва ҷомеаро аз ҳар навъ хатар ва ҷаҳолат эмин доранд. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон низ дар суханронии худ ба муносибати "Рӯзи дониш" таъкид карда буданд: “Бузургони гузаштаи мо донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм медонистанд”.
   Дар ниҳоят, аз фурсат муносиб истифода бурда, ба устодон, донишомӯзон ва дилбастагони хирад "Рӯзи дониш"-ро табрик гуфта, ба дӯструякони мактаб аз забони китоби нахустинашон чунин таманно менамоям:
   Эй булбулакони боғи дониш,
   Шодонаҳо таронаҳо муборак.
   Боз омадааст фасли хониш,
   Таҳсили нави шумо муборак.
Мирсаид РАҲМОНОВ,
корманди Институт
 

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/