wrapper

Хабарҳо

   Мақомоти Шветсия омодаанд партовҳоро барои коркард аз дигар кишварҳо ворид ё харидорӣ намоянд. Дар ин кишвар, ҷобаҷогузорӣ ва истифодаи партовҳо ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, боис мегардад, ки дар мамлакат қариб қутии партов боқӣ намонад. Партовҳо ё  барои сӯзишворӣ истифода ё дубора аз сари нав коркард мешаванд. Мақомот корҳои фаҳмондадиҳиро мунтазам ба роҳ монда, барои бедор кардани дарку огоҳии мардум, ба натиҷаи хуб ноил мегарданд. Акнун аксарияти сокинони кишвар медонанд, ки аз пластикаи партофташуда дар натиҷаи коркард метавонад, ҳафт маротибаи дигар чизи нав сохта шавад ва ҳатто пас аз он барои сӯзондан ба нерӯгоҳи барқ фиристонда шуда, ба истеҳсоли барқӣ низ мусоидат кунад.
   Дар Шветсия ҳар як оила 6 ё 7 сатили алоҳида барои партовҳои гуногун - пластикӣ, коғаз, шиша, картон, металл ва дигарҳо доранд. Ҳамчунин, як сатили иловагӣ барои партовҳое мебошад, ки дубора коркард кардани онҳо имкон надорад. Дар ин сатил, ҳатто кӯдакони хурдсол дар Стокголм пӯчоқи конфеташонро намепартояд. Дар кӯдакистонҳо ва мактабҳо ба онҳо ба тартиб мондани партовҳоро таълим медиҳанд ва дар кишвар барои нодуруст партофтани партовҳо ҷарима ситонида мешавад. Ашёҳои калон, ба монанди телевизор, диван, масолеҳи сохтмонӣ ба истгоҳҳои махсус интиқол дода мешаванд. Дар он ҷо онҳо ба ҷузъҳои алоҳида ҷудо шуда, барои истифодаи минбаъда аз ҷониби истеҳсолкунандагони мол харидорӣ мешаванд. Ҳамин тавр, онҳо ашёи хомро барои оғози силсилаи нави истеҳсол ба даст меоранд. Рангҳо, кислотаҳо ва дигар моддаҳои хатарнокро, ки аз чунин ашёҳо ҷудо карда мешаванд, ба заводи махсуси коркарди кимиёвӣ мефиристанд. Бояд гуфт, ки чунин дастгоҳҳои коркарди партовҳо дар ин кишвар бепул мебошанд.

    Дар Шветсия тартиби нави кӯчондани биноҳо, ки "деконструксия" ном дорад, ҷорӣ шудааст. Масалан, ҳангоми хароб кардани бинои кӯҳна, мошинҳо қисмҳои деворро канда, ба дастгоҳи махсус мебаранд, ки пас аз коркард дубора ҳамчун маводи сохтмонӣ ба кор равад. Дар натиҷаи анҷоми чунин амалҳо бинои кӯҳна ба бинои нав мубаддал мегардад.
   Сокинон барои супоридани зарфҳои шишагӣ ва пластикӣ метавонанд пул гиранд, аммо онҳо бояд ба нуқтаҳои қабулкунии партовҳо бурда шаванд. Дар Шветсия дорувориҳое, ки мӯҳлаташ гузаштааст, ҳамчунин, сӯзандору ва сӯзанҳои истифодашударо низ ба дорухонаҳо бармегардонанд. Интиқоли партовҳо дар кишвар тавассути роҳҳои зеризаминӣ анҷом дода мешавад, ки ҳанӯз соли 1961 таъсис ёфтааст. Қисми асосии чунин партови ахлотҳо дар зери замин ҷойгир аст ва сокинони кишвар танҳо қисми болоии онро мебинанду халос. Дар ҳоли ҳозир камбудии партовҳо дар Шветсия ягона мушкилот маҳсуб мешавад. Танҳо 7%-и партовҳо ба қуттиҳои партоб бурда мешаванд, аммо боқимондаи он ё сӯзонда ё аз сари нав коркард мешавад. Ҳамин тавр, бо туфайли танҳо пасмондаи партовҳои коркардшуда Стокоголм 45% бо нерӯи барқ таъмин гардидааст. Набудани партовҳо метавонад боиси мушкилоти калон барои аҳолӣ гардад, зеро шведҳо тавассути коркарди партов пули хонаҳоро пардохт карда, ҳамчунин аз нерӯи барқ истифода мекунанд. Аммо кишвари ҳамсоя- Норвегия изҳор доштааст, ки омодааст, барои кӯмак ба Шветсия  ҳар сол 800 ҳазор тонна партовро интиқол диҳад.   
   Шведҳо на танҳо чӣ гуна коҳиш додани партовҳо дар партовгоҳҳои кишварро пешкаш карданд, балки роҳҳои кам кардани миқдори партовҳои зараровар ба атмосфераро низ нишон доданд. Ба туфайли технологияҳои навтарин, ки дар заводҳои Шветсия барои коркард ва сӯзондани партовҳо истифода мешаванд, газҳои заҳрноки ба ҳаво хориҷшаванда аз 1% зиёд нестанд.
Гулҳаёи Мадимар

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/