wrapper

Хабарҳо

   Аз 4 то 13-уми ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ду кишвари Иттиҳоди Аврупо – Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Фаронса сафари расмӣ анҷом доданд. Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Конфедератсияи Швейтсария оғоз гардид.
   Дар оғози мулоқоти расмӣ Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурер зимни мулоқот изҳор намуд, ки “Мо бо Тоҷикистон пайвандӣ дорем, зеро мо кишварҳои куҳистонӣ ҳастем ва Швейтсарияю Тоҷикистон дар болооби дарёҳои фаромарзӣ воқеъанд. Омода ҳастем, ки дар доираи ҳамкории дуҷониба ба манфиати мардумон лоиҳа ва ташаббусҳои дигарро низ бо Шумо якҷоя анҷом диҳем”.
   Зимни мулоқот оид ба густариши ҳамкории беш аз пеш бо Швейтсария дар соҳаҳои мухталиф, ба хусус иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва ғайра таъкид гардид.
   Тоҷикистону Швейтсария аллакай таҷрибаи хуби ба роҳ мондани ҳамкории барои ҷонибҳо судманди тиҷоратиро доранд. Ҳамин аст, ки ҳаҷми гардиши мол дар нуҳ моҳи  соли равон 132 миллион долларро ташкил дод, ки аз болоравии он нисбат ба солҳои пештара шаҳодат медиҳад. Ҳаҷми умумии гардиши тиҷорат миёни ширкатҳои тоҷикистонии “ТАЛКО” ва швейтсариягии “Гленкор” бошад, дар давоми 12 соли ҳамкорӣ маблағи 4,7 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.
   Лозим ба ёдоварист, ки ҷонибҳо дар чаҳорчуби ин ташкилоту созмонҳо аз ташаббусҳо ва ҷонибдории мавқеи созандаи ҳамдигар, аз ҷумла дастгирии ташаббуси чоруми Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028”, оғози амалии ташаббуси Швейтсария зери унвони “Об барои сулҳ” барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамкории ду ҷониб дар доираи “Бунёди ҷаҳонии муҳитизистӣ”, ёдовар шуданд.
   Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба муборизаи муштарак бар зидди терроризм, ифротгароӣ,  ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, табодули андеша карданд.
   Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ҷонибҳо дар ҳузури сарони ду давлат санадҳои нави ҳамкориро ба имзо расониданд.
   Инчунин, дар доираи сафари расмӣ 5 уми ноябр дар шаҳри Берни Конфедератсияи Швейтсария Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ширкати байналмилалии “Гленкор“ (Glencore International AG) Айван Глазенберг мулоқот карданд.
   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки аз муҳимтарин соҳаҳои равобити дуҷониб ба ҳисоб меравад, изҳори қаноатмандӣ карда, шарикии самараноки ширкати “Гленкор”-и Швейтсария бо-уии “ТАЛКО”-и Тоҷикистонро дар соҳаи истеҳсоли алюминий намунаи хуби чунин ҳамкорӣ номиданд. Мавриди зикр аст, ки тайи 12 соли охир "ТАЛКО" ва "Гленкор" дар маҷмӯъ, ба маблағи зиёда аз 4,7 миллиард доллари амрикоӣ амалиётҳои тиҷоратиро ба анҷом расониданд. Дар назар аст, ки дар давоми 5 соли оянда ин ду ширкат, тибқи қарордодҳои баимзорасида, дар маблағи якуним миллиард доллари амрикоии дигар ҳамкории тиҷоратӣ ва маблағгузорӣ хоҳанд кард.
   Истифодаи имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахши энергетика ва дигар соҳаҳои истеҳсолии иқтисоди миллӣ, татбиқи Барномаи таҷдиди иқтидорҳои ширкати “ТАЛКО” ва саҳмгузории ширкати мазкур дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистон, яъне саноатикунонии иқтисоди кишвар, зарур шумурда шуд.

   Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои инфрасохтори сайёҳӣ, технологӣ, густариши равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории дуҷониба баррасӣ карда шуд.
Инчунин дар доираи сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Раёсати Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан мулоқот карданд.
  Ҷонибҳо ҳолати кунуниву дурнамои ҳамкории бонкию молиявии ду кишвар, такмили низоми бонкӣ, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, кӯмакҳои техникӣ ва машваратӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва бозомӯзии кормандонро дар доираи ниҳодҳои молиявии Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсария (СЕКО) муҳокима карданд.
   Вобаста ба таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои молиявӣ баҳри мусоидат кардан ба рушди иқтисод, зарур шумурда шуд.
   Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар баргузор шуд.
   Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон имрӯз дар чаҳорчубаи стратегияи дарозмӯҳлати рушди миллии худ барномаҳои зиёд ва судовари иқтисодиро амалӣ менамояд, ки татбиқашон ҷалби сармояи бештари хориҷиро тақозо дорад.
   Лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни энергетика, инфрасохторӣ, бахши истеҳсолоти саноатӣ, саноати кўҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ, аз ҷумла коркарди маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, нахи пахта, пилла ва умуман, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз ашёи хом, бахшҳои молия ва бонкдорӣ, сайёҳӣ ва дорусозӣ, барои кишвари мо аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо доираи соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ мебошад.
   Дар форум ҷонибҳо дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 санади нави ҳамкориро ба имзо расониданд.
   Аз замони барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар робитаҳои гуногунҷанбаи ҷонибҳо густариш ёфта, мазмуну мундариҷаи навро касб карда истодаанд.
   Ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар нуҳ моҳи соли равон каме зиёд аз 130 миллион долларро ташкил дод. Дар кишвари мо зиёда аз 25 ширкати швейтсариягӣ ё ширкатҳои муштарак бо кумаки сармоягузории Швейтсария дар соҳаҳои мухталифи иқтисод фаъолият мекунанд. Дар давоми 12 соли ахир ҳаҷми умумии гардиши тиҷорат миёни ин ду ширкат ба зиёда аз 4,7 миллиард доллари амрикоӣ расид.
   Тибқи шартномаҳои мутақобила, дар назар аст, ки дар давоми панҷ соли оянда ба маблағи 1,3 миллиард доллари амрикоӣ интиқоли мутақобилаи молу маҳсулот сурат гирад, ки худ далели возеҳи муносибатҳои стратегии ин ду ширкат мебошад. Тайи даҳ соли охир аз ҷониби сармоягузорони Швейтсария ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамагӣ 167 миллион доллар сармоя ворид гардидааст. Аз ин маблағ 96 миллионаш сармоягузории мустақим ва 71 миллионаш қарзҳои аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо ҷалбгардидаро ташкил медиҳанд. Шурӯъ аз соли 2007 то соли ҷорӣ ҳаҷми умумии сармоягузориҳо ба иқтисоди кишвари мо маблағи 9,5 миллиард долларро ташкил дод ва ҳиссаи сармояи ҷониби Швейтсария ҳамагӣ 1,9 фоизро ташкил медиҳад.
   Дар баробари ин, тибқи таҳлилҳои омории Ташкилоти ҷаҳонии сайёҳӣ, Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолиб барои сайёҳон шомил гардид. Ин ва дигар нишондиҳандаҳо гувоҳи онанд, ки мавқеи байналмилалии Тоҷикистон аз нигоҳи дастгирии сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ тадриҷан баланд гардида истодааст.
   Саноатикунонии босуръат яке аз ҳадафҳои муҳимми Ҳукумати Тоҷикистон қабул гардид ва барои татбиқи он фазои муфид фароҳам оварда шуда истодааст. Самтҳои афзалиятноки рушди саноати Тоҷикистон - пеш аз ҳама - саноати кӯҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ, аз ҷумла коркарди маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, нахи пахта, пилла ва умуман, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз ашёи хом ба ҳисоб мераванд. Дар кишвари мо ҳамчунин имкониятҳои хуб барои рушди саноати мошинсозӣ, кимиёвӣ, металлургия ва дигар соҳаҳои афзалиятноки истеҳсолӣ мавҷуданд.
Роҷеъ ба масъалаи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуктаҳои дақиқ ва амиқро иброз намуданд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки омодаем, ки дар ҳама самтҳои зикргардида бо сармоягузорони Швейтсария ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти гуногуни саноатии рақобатпазир ва содироти он ба бозорҳои бурунмарзӣ ҳамкорӣ намоем.
   Дар ҳудуди кишвари мо панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис ёфта, инфрасохтори зарурии онҳо бунёд гардида истодааст ва мо аз ҳузури соҳибкорону сармоягузорони кишвари шумо дар онҳо истиқбол менамоем. Кишвари мо сарватҳои ғании табиӣ, аз ҷумла захираҳои об ва маъданҳои минераливу ғайриминералӣ, иқлими мусоид ва қувваи кории кофӣ дорад. Ва барои рушди соҳаҳои молия ва бонкдорӣ ҳавасманд аст ва соҳибкорону сармоягузорони Шветсария метавонанд фаъолияти худро дар ин арсаҳо низ ба роҳ монанд.
   Тоҷикистон, ки 93 фоизи ҳудуди он кӯҳсор аст ва табиати нотакрор дорад, барои ташаккули намудҳои гуногуни сайёҳӣ, бахусус кӯҳнавардӣ, ва экологӣ имкониятҳои зиёд дорад. Иқтисоди Тоҷикистон бозорест, ки ҳанӯз пурра аз худ нашудааст ва имконоти фароху фаровони вусъат бахшидан ба фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузориро доро мебошад.
   Итминони комил дорем, ки агар ин ҳамкориҳоро бо таври мунтазам роҳандози намоем Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарвари хирадмандаш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шветсарияи ҳақиқи табдил меёбад.
   8-уми ноябри соли 2019 миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмии хеш ба Ҷумҳурии Фаронса ташриф оварданд.

   Пас аз самимона истиқбол гирифтани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ҷонибҳо масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки ин музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар ҷараён гирифт.
   Дар музокироти сатҳи васеъ миёни намояндагони расмии Тоҷикистон ва Фаронса масъалаҳои тағйирёбии иқлим, мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои амниятӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, баррасӣ гардида, таъкид шуд, ки иқдомҳои созандаи Фаронса дар ин самтҳо ҳамрадифи манофеи Тоҷикистон мебошанд.
   Дар чаҳорчӯбаи сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории самарабахши машваратҳои сиёсии байниидоравӣ, тавсеаи ҳамкории бештар дар бахшҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, соҳаҳои гуманитариву фарҳангиро, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз он ҷумла тақвияти ҳамкориҳои минбаъда миёни Тоҷикистон ва Фаронса дар соҳаҳои авиатсияи гражданӣ, энергетика, логистикаи нақлиётӣ, телекоммуникатсия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ ва фаъолияти муҳандисию машваратӣ, аз самтҳои ояндадори робитаҳои ду кишвар номида шуд.
   Мавриди зикр аст, ки ҳамкориҳо дар соҳаи саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, кимиёвӣ, металлургияи сиёҳ ва ранга, аз ҷумла истеҳсоли алюминий самтҳои афзалиятнок барои ҳарду ҷониб ба ҳисоб мераванд. Бо ин назардошт, тақвият ва таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин самтҳо миёни Тоҷикистон ва Фаронса дар чаҳарчубаи сафарии расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим ва ба манфиати ҷонибҳо баррасӣ гардиданд. Масалан саҳмгузории ширкатҳои фаронсавӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторию энергетикӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, ҳамчунин дар бахшҳои гуногуни иҷтимоӣ ва хусусӣ, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ, самти тамоман афзалиятнок маънидод карда мешвавад.
   Ҷонибҳо аз дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии якдигар изҳори қаноатмандӣ карда, қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” -ро намунаи чунин иқдомот номиданд.
   Дидорбинии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Франсия муҳтарам Эммануэл Макрон барои ба имзо расидани боз 5 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса гардид.
   Ногуфта намонад, ки ба наздики дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон китобхонаи пизишки Суғди ба номи “Канкаян” боз шуд ва аз ҷониби Институти Франсиявии тадқиқоти Осиёи Марказӣ (IFEAC) зиёда аз 35 ҳазор китоб ба ин китобхона тақдим гардид
   Дар маҷмӯъ, дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Франсия 11 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
   Ҳаминтавр, дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Фаронса дар соҳаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ вусъатёбанда буда, фарогири манфиатҳои ҳар ду кишваранд. Зарурати ҳамоиши ташаббусҳои роҳбарони ду кишвар самтҳои зеринро метавонад тақвият диҳад:
   - муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои энергетика, туризм, нақлиёт, телекоммуникатсия, илм, маориф, барқарорсозии алоқаи мустақими ҳавоӣ миёни Душанбе ва Париж, саноати сабук ва дигар самтҳои афзалиятноки соҳаи иқтисодиёт.
   - ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштарак дар намуди коммисияи байниҳукуматӣ доир ба масоили ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ.
   - диққати бештар барои тақвияти ҳамкориҳо дар самти илм ва маориф равона шавад. Дар рушди ин соҳаҳои афзалиятнок бешниҳод карда мешавад, ки сафарҳои таҷрибаомӯзи барои омӯзгорон ва дошиҷӯёну олимон пешбинӣ гарданд. Ҳамчунин дар таҳкими дигар соҳаҳо низ мутахассисони соҳибихисос ва варзида аз ҳар ду ҷониб барои омӯзонидани таҷрибаи соҳавияшон метавонанд даъват карда шаванд.
   - дар доираи ҳамкориҳои муштараки ду ҷонибаи судманд дар бахши такмили тахасусӣ оид ба коркардҳо, тадҳиқотҳо ва таҳлилҳои илмӣ гузаронидани курсҳои омӯзишӣ, семинарҳо дар самтҳои гуногун барои кормандони илмии Тоҷикистон ва Фаронса ташкил карда шавад.
   - баҳри омӯзиши услуб ва назари илмии донишмандони фаронсавӣ дар самти омӯзиши масоили кишварҳо, ташкили курсҳои кутоҳмуддат дар заминаи Донишгоҳҳо, маркаҳои илмӣ-пажӯҳишии Фаронса ва мубодилаи таҷрибаи илмӣ бо ходимони илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шавад.
   -  самтҳои ҳамкорӣ ва захираҳои истифоданашуда дар соҳаи тандурустӣ (аз ҷумла дорӯсозӣ), маориф, илм, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, туризм, сохтмони иншоот, таъмини амнияти сарҳадот, мубориза бо терроризм, экстремизм ва ғайра хеле зиёд аст, ки тарафҳо метавонанд роҳҳои густариши ин ҳамкориҳоро ҷустуҷӯ намуда ба манфитати ҳамдигар истифода намоянд.
   Пешниҳод гардид, ки барои ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои  судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвар тавсеаи ҳамкории байниҳукуматӣ дар бахшҳои ояндадор, аз қабили рушди минбаъдаи гидроэнергетика, инфрасохтори транзитӣ, саноат, аз ҷумла саноати сабук, хурокворӣ ва химиявӣ, мошинсозӣ, металлургияи сиёҳ ва ранга, сайёҳӣ, коркарди маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи кишоварзӣ то ба содирот баровардани он, амалӣ карда шавад.
   Ҳамин тариқ, муносибатҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса яке аз заминаҳои ҳамгироии кишвар ба арсаи байналмилалӣ, узвият дар сохторҳои гуногун ва иштирок дар равандҳои глобалӣ гардид. Таҳким ва тақвияти ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Фаронса аз он ҷиҳат муҳиманд, ки ин кишвар дар миёни кишварҳои аврупоӣ яке аз мавқеъҳои калидиро дорост ва метавонад эҳтимолан яке аз сармоягузорони бузургтарин ба иқтисодиёти Тоҷикистон гардад.
Санавбарбону ВОҲИДОВА,
мудири шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институт,
 доктори илмҳои таърих, профессор
Маъруф АШУРОВ
ходими илмии Институт

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/