wrapper

Хабарҳо

   Сафари расмии сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дар раъси ҳайати ҳукуматӣ ба давлати Кувайт санаи 11 ноябри 2019 шурӯъ гардидааст. Дар ин сафари худ сарвазири кишвар бо ҳайати расмӣ марҳалаи нави ҳамкориҳои дуҷонибаи байни кишварҳои Тоҷикистон ва Кувайтро ба роҳ монд.
   Тибқи иттилои манбаъ пас аз маросими истиқболи расмӣ мулоқоти Сарвазири кишвар бо валиаҳди давлати Кувайт Шайх Нувоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саёҳат, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарактро баррасӣ намуданд.
  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз валиаҳди давлати Кувайт ҷиҳати боздиди расмӣ аз Тоҷикистон даъват намуд. Валиаҳди давлати Кувайт даъвати мазкурро пазируфта, таъкид намуд, ки дар замони муносиб аз кишвари дӯст боздид хоҳад кард.
   Инчунин мулоқоти Қоҳир Расулзода бо раиси Шӯрои вазирони давлати Кувайт Шайх Ҷобир ал-Муборак ал-Ҳамад ас-Сабоҳ баргузор шуд, ки дар он ҳолат, дурнамо ва роҳҳои густариши ҳамкориҳо байни ду кишвари дӯст баррасӣ гардиданд.
  Ҳамзамон, дар доираи ташаббуси марбут ба 2019-2021 "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", ҷалби сайёҳон, муаррифии зарфият ва имкониятҳои сайёҳии кишвар дар яке аз мехмонхонаҳои ал-Кувайт “Форуми сайёҳӣ” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон Абдуғаффорзода роҷеъ ба имкониятҳои сайёҳии  Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, ба суолҳои хабарнигорон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ҷавобҳои мушаххас дод.
   Бояд гуфт, ки санаи 16 октябри соли 2017 зимни вохӯрии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазири ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, рушд ва банақшагирӣ давлати Кувайт Ҳинд Ас-Сабиҳ равобити неки Тоҷикистон ва Кувайтро нишони таваҷҷуҳи хоссаи сарони ду кишвари дӯст арзёбӣ карда, изҳори умедворӣ намуда буданд, ки муносибатҳои байнидавлатӣ дар оянда низ дар асоси манфиатҳои дуҷониба рушду тавсеаи бештар меёбанд.
   Гуфта шуд, ки барои ба сатҳи баланд расонидани ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Кувайт дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузории лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ, технология, гидроэнергетика, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли металлҳои ранга, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тавлиди молҳои саноатии мавриди ниёзи мардум ва сайёҳӣ имконият ва шароитҳои созгор муҳайё мебошанд.
  Мусоҳибон ҳамчунин доир ба масоили таъмини амнияту бехатарӣ дар минтақа, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва ба ин васила таъмини ҳаёти осоиштаи мардумони сайёра табодули афкор намуда буданд.
   Қайд кардан ба маврид аст, ки аз санаи 14 то 18 октябри соли 2019 Рўзҳои фарҳанги давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангии муштарак баргузор гардида буд.

   Дар ҷараёни баргузории ин чорабинӣ аҳли фарҳангу ҳунари давлати Кувайт барномаҳои ҷолибу рангини ҳунарӣ, намоишгоҳи китоб, аксу мусаввараҳо, базми шеър пешниҳод карданд.
   15 октябри соли 2019 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги давлати Қувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати давлати Қувайт Бадр ал-Дувайшӣ вохӯрӣ анҷом дод.
   Баъди анҷоми мулоқоти расмӣ дар маҷлисгоҳи Китобхонаи миллӣ бо иштироки васеи намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Шамсиддин Орумбекзода ва роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қувайт дар  Тоҷикистон, Бадр ал-Дувайшӣ ба суолҳо ва пешниҳоди гуногуни рӯзноманигорон оид ба чорабиниҳои минбаъдаи фарҳангӣ, нақшаи рушди муносибатҳо, инъикоси имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар васоити ахбори оммаи Қувайт, нашри осори мунтахаби шоирони Тоҷикистон ва Қувайт ҷавоб гуфтанд.
   - Мо ба ҷониби Тоҷикистон барои пазироии самимӣ ва истиқболи гарм сидқан изҳори сипос менамоем”, - иброз дошт Бадр ал-Дувайшӣ ва илова намуд, ки табиати биҳиштосои Тоҷикистон аҳли ҳайатро мафтун кардааст.
   Баъди нишасти матбуотӣ меҳмонон аз Осорхонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо китоб ва дастхатҳои нодир шинос шуданд.
   Ҳамон рӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиши мусаввараҳои рассомони кувайтӣ, аксҳо доир ба таърихи муносибатҳои дипломатии байни Тоҷикистон ва Кувайт баргузор гардид. Ифтитоҳи ботантанаи рӯзҳо дар толори Театр барномаи ифтитоҳ аз филми мустанади синамогарони Кувайт ва барномаи консертии муштарак иборат буд, ба намоиш гузошта шуд.
   16 октябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи китоб – нашри Шӯрои фарҳанги давлати Кувайт ва базми шеъри шоирони қувайтиву тоҷик доир гардид.

   Ҳайати ҳунарии меҳмонон рӯзи 17 октябр ба шаҳри Норак рафта, бо табиати биҳиштосои диёрамон шинос гардиданд. Меҳмононр аз намоиши рангини маҳсулоти ҳунарҳои мардумии аҳолии меҳнатдӯсти шаҳри Норак ошно шуданд. Дар намоиш осори тасвирии мактаббачагону мусаввиррони касбӣ, маҳсулоти гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кулолгарӣ, чӯбтарошӣ, асбобҳои мусиқӣ, либосу кулоҳи миллӣ, гулпарварӣ, инчунин меваву хушкмева ба маъраз гузошта шуда буданд. Кулли меҳмонон зимни тамошои намоиш ба ҳунару маҳорат ва зебоиофарии мардуми шаҳр офарин хонданд.
   Баъдан дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак барномаи консертии ҳунарпешаҳои қувайтӣ баргузор гардид. Дар оғоз муовини раиси шаҳри Норак Шаҳло Ҳасанзода меҳмононро хушомадед гуфта, иброз дошт, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанг далели муносибатҳои таҳкимёбандаи фарҳангӣ мебошанд.
   - Мо хеле хурсандем, ки санъаткорони қувайтӣ ба шаҳри мо ташриф оварданд. Ин имкон медиҳад, ки мо ба меҳмонон фарҳангу ҳунари хешро муаррифӣ намоем ва аҳли шаҳр низ бо санъати Қувайт аз наздик шинос шаванд”, -иброз дошт Шаҳло Ҳасанзода.
   Сипас муовини раиси шаҳри Норак ба муовини дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати давлати Қувайт Бадр ал-Дувайш аз номи аҳолии шаҳр мусаввараи кундалро туҳфа намуд. Роҳбари ҳайати Рӯзҳо Бадр ал-Дувайш низ ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи шаҳри Норак муҷассамаи Шӯрои миллии фарҳанги давлати Қувайт ва чанд нусха китобҳо оид ба таърих ва фарҳанги давлати Қувайтро тӯҳфа намуд.
  Рӯзи 18 октябр меҳмонон ба ноҳияи Варзоб сафар намуданд. Дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг барои иштирокчиён намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардида буд, ки дар он намунаи гуногуни дастранҷи кадбонуҳо, хусусан маҳсулоти гулдӯзӣ ва зардӯзӣ ба маъраз гузошта шуда буд. Барномаи рангини консертии гурӯҳи бонувони сароянда, ки дар толори театр баргузор гардид, бо сухани ифтитоҳӣ ва шодбошии раиси ноҳия Муҳаммадулло Шерализода ҳусни оғоз ёфт.
   - Имрӯз ба сокинони ноҳияи Варзоб, ки як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистон аст, муяссар гардид, ки дар фазои сулҳу суботи кишвари азизамон намояндагони давлати ба мо дӯсту бародари Кувайтро, ки бо роҳбарии муовини дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати давлати Қувайт Бадр ал-Дувайш Рӯзҳои фарҳанги давлати Қувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузаронида истодаанд, бо як хушнудӣ истиқбол гирем”, - иброз дошт раиси ноҳия.
   Сипас барномаи дилнишини консертии ҳунарпешаҳои қувайтӣ манзури сокинони ноҳияи Варзоб гардид. Меҳмонон инчунин аз мавзеъҳои сайёҳии ноҳияи Варзоб, аз ҷумла Кохи Малика дидан намуда, ба табиати нотакрор, зебоӣ ва осмони софу обҳои ҷории кишвари мо мафтун гардиданд.

   Ҳамчунин боздиди меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Боғи “Парчами миллӣ” ва дигар мавзеъҳои таърихию фароғатии шаҳри Душанбе сурат гирифт.
   Бояд гуфт, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Кувайт 31 марти 1995 барқарор шуданд. Давлати Кувайт дар қатори нахустин давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. 24 июни 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷии давлати Кувайт расман ифтитоҳ ёфт.
   29 декабри 2012 Зубайдов Зубайдулло ба ҳайси аввалин сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Кувайт таъйин гардид. Сафири давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Нассар Абдурраҳмон Алмутайрӣ.
   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (17-19 апрели 1995, 23-25 июни 2013 ва15-17 майи 2016) аз давлати Кувайт боздиди расмӣ ба амал овард. Зимни ин сафарҳо роҳбари давлат бо амири давлати Кувайт Шайх Аҳмад ал-Ҳамад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ва дигар шахсони расмӣ мулоқотҳои судманд анҷом доданд.
   17 октябри 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои аъзои «Муколамаи ҳамкориҳои Осиё» ба давлати Кувайт сафар намуданд.
   19-22 декабри 2015 ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба давлати Кувайт сафари расмӣ анҷом дод. Дар ҷараёни ин сафар як силсиламулоқоту вохӯриҳои раиси Маҷлиси намояндагон ва ҳайати ҳамроҳаш бо мақомоти баландпояи давлати Кувайт доир гардид.
   27 апрели 2015 дар Душанбе ва 2 - 4 апрели 2018 дар Кувайт ҷаласаҳои машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар баргузор гардид. Заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои ду кишварро 16 санади ҳамкорӣ ташкил медиҳад.
8-19 декабри 2017 дар Кувайт ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ баргузор гардид.
   24 -28 марти 2016 дар  Кувайт намоиши барномаҳои консертӣ, намоишиаксҳо, ҳамчунин ярмарка-намоиши маҳсули дастии ҳунармандон ва хӯрокҳои миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
 
   Манбаъҳои истифодашуда:
Умед ПУДИНАЕВ,
ходими илмии Институт

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/