wrapper

Хабарҳо

   Терроризми экологӣ, асосан, дар нимаи аввали асри ХХ пайдо шуда, ба муқовимат бо нигарониҳои васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳити зист таъсир расонид. Бештари кишварҳо бо истифода аз он кӯшиш менамоянд, масъалаҳои сиёсиро ҳал кунанд Мушкили «терроризми экологӣ» яке аз омили ҷангҳои сиёсати дохилии кишварҳои пешрафта мебошад.
   Аз нуқтаи назари хатари эҳтимолӣ, «терроризми экологӣ» нисбат ба дигар навъҳои он хатарнок аст, зеро зӯроварӣ тавассути муҳити табиӣ сурат мегирад, ки дар оянда мавҷудияти инсон мушкил ё ғайриимкон мегардад. Он баъзе хатарҳои хусусияти сайёрагӣ дошта, ба оқибатҳои ҷуброннопазир оварда мерасонад.
   Ба терроризми экологӣ истифодаи дефолиантҳо, паҳншавии заҳрхимикатҳои ҷанги химиявӣ, истифодаи нуқтаи изотопҳо ва дигар маводи радиоактивӣ, аз ҷумла бомбаҳои атомии «ифлос», сирояти аҳолӣ аз паррандагон ва моҳӣ бо мақсади паҳн намудани эпидемия ва эпизоотика, сӯзондани ҷангалу биёбонҳо, кӯшиши бастани сарбандҳои азими об, нерӯгоҳҳои барқӣ, атомӣ ва сӯхтани миқёси калони чоҳҳои нафт шомил мешаванд.
   Бо истифода аз силоҳи муосир ва технологияҳои пешқадам, терроризми экологӣ ба «супертерроризм» табдил дода шудааст. Соли 1991 ҷанги Халиҷи Форс истифодаи ифлосшавии муҳити зистро ҳамчун силоҳи муассир нишон дод. Артиши Ироқ аз Кувайт қубурҳоро хароб карданд. Миқдори зиёди нафт ба Халиҷи Форс афтода, шумораи зиёди ҳайвонҳои баҳрӣ - моҳӣ ва паррандагонро нобуд гардиданд. Аскарони Ироқ тақрибан 600 чоҳи нафтиро дар Кувайт оташ заданд, ки тақрибан як сол сӯхторро ба бор овард. Бо ин сабаб, дар минтақа ҳар моҳ тақрибан 800 ҳазор тонна дуди нафт таҳшин шуда, борони кислотаи сулфат борид. Вазъи экологӣ бошад танҳо пас аз ду сол барқарор шуд.
   Заминаҳои тероризми экологӣ
 Ҷаҳони муосир бо рушди бисёрҷониба, меъмории тағйирёбандаи коммуникатсионӣ, трансформатсияи омилҳои геополитикӣ ва биотикӣ, ки ба амнияти миллӣ ва ҷамъиятӣ таъсир мерасонанд, тавсиф мешавад. Пайдоиши шакли эҳтимолии фаъолияти ҷиноӣ ба монанди терроризми экологӣ ба як қатор сабабҳо вобастагӣ дорад. Вазъияти кунунии иҷтимоию сиёсии сайёра бо афзоиши зиддиятҳои тамаддунҳо, бархӯрд миёни Шимолу Ҷануб дучанд мегардад. Тобеияти озуқаворӣ, ҷараёнҳои зиёди муҳоҷират, ифлосшавии муҳити зист, фарсудашавии манбаъҳои об ва ноамнии обтаъминкунӣ бештар ба кишварҳои рушдёбанда хосанд. Ин омилҳо ба шуури ҷамъиятӣ ва равонии одамон таъсир мерасонанд. Ҳеҷ кас наметавонад худро бехатар эҳсос кунад ва дар ҳар лаҳза метавонад ба ягон таҳдиди минтақавӣ, фаромиллӣ ва глобалӣ дучор шавад.
   Хатари терроризми экологӣ аз таҳдиди ҷинояти вазнин, мавҷудияти объектҳои антропогении ба муҳити зист хатарнок (модда, мавод ва ғайра), имкони истифодаи яроқи аз ҷиҳати экологӣ хатарнок (ядроӣ, кимиёӣ, бактериологӣ) иборат аст. Экотерроризм метавонад на танҳо ҳамчун такмил, балки ҳамчун муфаттиши низоъҳои ҳарбӣ, аз ҷумла низоъҳои қавмӣ хизмат кунад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои НАТО мекӯшанд, ки ин вазъро дар ҳадафҳои геополитикӣ ва стратегии худ истифода баранд, инчунин, омодаанд бо гурӯҳҳои террористӣ ҳамкорӣ кунанд.
   Терроризми экологӣ бо мафҳумҳои ҷанги асимметрӣ, усулҳои партизанӣ ва терроризми давлатӣ зич алоқаманд аст. Мисолҳои равшани амалҳои террористии ифротгароӣ дар Чеченистон, унсурҳои радикалии Артиши ҷумҳуриявии Ирландия (ИРА) дар Ирландияи Шимолӣ ва Интифадаи Фаластин мебошанд.
   Сарфи назар аз дараҷаи хатари ҷамъиятии терроризми экологӣ, дар шароити муосир консепсия ва хусусиятҳои аслии он дар сатҳи қонунгузорӣ ба таври муфассал шарҳ дода нашудааст. Имрӯз дар бораи терроризми экологи ғояи алоҳида мавҷуд нест. Барои омӯзиши мукаммали терроризми экологӣ, муайян кардани унсурҳои асосии ин зуҳурот ва татбиқи амалии чораҳои махсуси қонуни ҷиноятӣ оид ба мубориза алайҳи терроризми экологӣ бо дарназардошти хусусиятҳои он зарур аст.
    Муайян намудани мафҳумҳои асосии терроризми экологӣ
  Терроризм яке аз падидаҳои хатарноки ҷиноят ба ҳисоб меравад. Таърифи байналмилалии ягонаи эътирофшудаи терроризми экологӣ вуҷуд надорад. Нашрияҳои сершумор, ҷомеаи илмии байналмилалии муосир то ҳол дар бораи мафҳуми «терроризми экологӣ» ба фаҳмиши ҳамаҷониба нарасида, таърифи қобили қабул барои ҳама таҳия нашудааст. Ҳуҷҷатҳои мухталифи байналмилалӣ таърифи гуногуни терроризми экологиро медиҳанд.
   Дар қонунгузории Тоҷикистон мафҳуми дақиқи "терроризми экологӣ" вуҷуд надорад. Таърифи асосии терроризм дар Тоҷикистон дар моддаи 802 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст. Ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонун “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” таҳиягарон терроризмро ҳамчун падидаи иҷтимоӣ-сиёсӣ муайян карданд. Аммо, ин таъриф ба нусхаи ниҳоии қонун дохил карда нашуд. Дараҷаи коркарди илмии масъалаи ҷойдошта кифоя нест. Терроризми экологӣ, ҳамчун зуҳуроти ҳам террористӣ ва ҳам ҷинояти экологӣ, дар самтҳои дахлдори таҳқиқоти илмӣ қарор дорад. Фаҳмиши ҳамаҷонибаи зуҳуроти экотерроризм ҳанӯз ба даст наомадааст.
   Барои муайян кардани ин ҷиноят, пеш аз ҳама, бояд ду мафҳумро дақиқ фарқ кард: терроризми экологӣ ва фаъолнокии экологӣ, ки аксар вақт бо терроризми экологӣ ошуфтааст. Тафовут байни ин мафҳумҳо барои боздоштани таърифи мафҳумҳои дар адабиёти илмӣ, рӯзноманигорӣ, нашрияҳои даврӣ, инчунин, таваҷҷӯҳи ҷомеа ба терроризми экологӣ ҳамчун ҷиноят, ки имрӯз хатари ҷиддии воқеӣ дорад. Ҳамчунин, зарурат ба таҳияи роҳҳои мубориза бо терроризми экологӣ пайдо мешавад.
   Айбдоркунии фаъоли муҳити зист ва созмонҳои террористии экологӣ дар ВАО хеле маъмул аст. Маҷмӯи мафҳуми «террористи экологӣ» ба маънои томаш ба як фаъоли ҳаракати муҳити зист дахл надорад. Терроризми экологӣ ҷиноятест, ки ба ифлоскунӣ ё нест кардани муҳити зист нигаронида шудааст.
   Барои муайян кардани терроризми экологӣ бояд ба ҳалли масъалаи муайян кардани мафҳуми «терроризми экологӣ» (ecological terrorism) диққат дод. Мафҳуми "терроризми экологӣ" дар адабиёти хориҷӣ ва ВАО фаъолияти ташкилоти экологӣ ва ҳаракатҳои экологиро муайян мекунад. Дар таҳқиқоти илмии олими англис Тимоти Шеффилд (Timothy Shofield) «Муҳити зист ҳамчун силоҳи идеологӣ: пешниҳоди ҷинояткории терроризм бо таъсири муҳити зист» васеъ истифода шудааст.
  Мафҳуми ин ҷиноят бояд яксон карда шавад, зеро пешгирӣ ва мубориза бар зидди он муттаҳидсозии кӯшишҳои тамоми ҷомеаи ҷаҳонро талаб мекунад. Барои яксон будан, истилоҳи умумиҷаҳонии «ecological terrorism» бо забони англисӣ ва «терроризми экологӣ» ба забони тоҷикӣ бояд истифода шавад.
   Таърифи ҳамаҷонибаи терроризм, ки хусусияти содир кардани амали террористиро инъикос мекунад, ин таърифи дар моддаи 2 Лоиҳаи Конвенсияи фарогири Созмони Милали Муттаҳид оид ба терроризми байналмилалӣ, ки аз ҷониби Кумитаи махсус ва гурӯҳи кории он таҳия шудааст, мебошад. Таърифи пешниҳодшуда, ки мувофиқи он терроризми экологӣ содир кардани амали террористӣ тавассути таъсири муҳити зист аст, дар сатҳи ҳуқуқӣ дар таъмини ҷавобгарӣ барои терроризми экологӣ дар санадҳои қонунгузории ҷиноии байналмилалӣ ва миллӣ муфид хоҳад буд.
   Терроризми экологӣ маънои мундариҷа ва зуҳуроти зӯроварӣ ба муҳити зист дорад, ки дар он мақсад ҳамчун ҳадафи махсуси тарсондан ва барои ба даст овардани натиҷаи ҷиноӣ муқаррар карда шудааст. Ҳамзамон, амали террористӣ содир кардани кирдорҳои зӯроварие мебошад, ки аҳолиро метарсонанд ва хатари маргро ба вуҷуд оварда, ба хисороти молӣ ё дигар оқибатҳои вазнин оварда мерасонанд.
   Терроризми экологӣ ҷинояти бисёрҳадафона буда, объекти асосии он амнияти ҷамъиятӣ ва муҳити атроф мебошад. Ҷанбаи объективии ҷиноят таркиш, сӯхтан, ки хавфи маргро ба вуҷуд оварда, ба муҳити зист зарари назаррас мерасонад, ифода меёбад.
Азимҷон Раҳмонзода,
муовини директори Институт
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/