wrapper

Хабарҳо

   26 - уми декабри соли 2019 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. 
   Дар Паёми солонаи Пешвои миллат тамоми дастовардҳои кишвар дар тўли 28 соли истиқлолият баён гашта, дар рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иқтисодию соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоришҳои мушаххас дода шуд. Бо дарназардошти рушди ҷомеа дар самти илму маориф ва ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас Пешвои миллат солҳои 2020 -2040 -ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуданд.
   Барои ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода» нақши муҳимро иҷро мекунад. Ин аст, ки дар Паём гуфта шуд, ки сиёсати «дарҳои кушода» ҷавҳари равобити байналмилалии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
   Дар Паёми имсола ба инъикоси самтҳои сиёсати хориҷӣ низ диққати махсус дода шуд. Минбаъд Тоҷикистон дар муносибатҳои дуҷониба барои ҳифзи амнияти худ ва минтақа бо кишварҳои ҳамҷавор бо василаҳои сиёсиву дипломатӣ барои ҳалли таҳдиду хатарҳои замони муосир тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд муносибатҳои дўстонаи худро бо тамоми кишварҳои дунё ба роҳ монда, робитаҳои созанда ва ояндасози худро бар пояи дӯстию эҳтиром ва баробарии ҳамдигар дар арсаи байналмилалӣ рушду инкишоф медиҳад. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибор пайдо кардааст.
   Бо ин мақсад таъкид гардид, ки минбаъд низ Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушод»-ро, бо дарназардошти воқеиятҳои нави байналмилалӣ, идома дода, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамкориҳоро бо шарикони стратегӣ ва минтақавию байналмилалӣ ба сатҳи сифатан нав барорад. Инчунин, зикр гардид, ки рушду тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмину таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз рукнҳои бунёдии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
   Бояд таззаккур дод, ки амнияту суботи минтақаи мо, қабл аз ҳама, бо вазъи Афғонистон вобастагӣ дорад ва идомаи минбаъдаи муноқишаву низоъ дар Афғонистон метавонад ҳам барои ин кишвар ва ҳам барои минтақа оқибатҳои манфии дарозмуддатро ба бор орад. Авзои ноороми ин кишвари дӯсту ҳамсоя тайи чил соли охир исбот месозад, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва фақат воситаву фишангҳои сиёсиву дипломатӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ метавонанд калиди ҳалли масоили печидаи он бошанд. Тоҷикистон кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати дарёфти роҳҳои сулҳомези ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад.
   Ҳамчунин, зикр шуд, ки Тоҷикистон робитаҳои муассиру самарабахш ва созандаи худро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, шарикони рушд ва ниҳодҳои бонуфузи молиявие, ки бо онҳо тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои судманд дорад, идома хоҳад дод.
   Гуфта шуд, ки Тоҷикистон соли 2019 раёсати як қатор созмонҳои минтақавӣ ва ниҳодҳои онҳо, аз ҷумла Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Форуми ҳамкории амниятии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро ба уҳда дошт. Дар ин росто, соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар як қатор чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он доир гардиданд.

   Ҳамчунин, Пешвои миллат қайд карданд, ки соли 2020 раёсати Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Раванди Истамбул оид ба Афғонистон оғоз мешавад. Гузашта аз ин, боиси қаноатмандист, ки чорабиниҳои байналмилалии ҷониби мо доир ба захираҳои об миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти унвони “Раванди Душанбе дар соҳаи об” эътибор пайдо кардааст. Дар ин радиф, Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки соли оянда ҷиҳати идомаи раванди мазкур ва татбиқи ташаббуси чоруми глобалии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028" дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баландро баргузор намояд. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон минбаъд низ ба мақсади тавсеаи бештари робитаву ҳамкориҳо бо тамоми кишварҳои шарик доир ба ҳаллу фасли масъалаҳои мубрам ва расидан ба ҳадафҳои мутақобилан судманд, инчунин, таъмини манфиатҳои Тоҷикистон ва мардуми он дар арсаи байналмилалӣ талош хоҳад кард.
  Қайд шуд, ки Тоҷикистон муносибатҳои бисёрҷонибаи худро бо созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналхалқӣ дар оянда низ тақвият хоҳад дод. Аз ҷумла, бо Созмони Миллали Муттаҳид ба хотири бартараф намудани хатарҳои муҳими замони муосир, пеш аз ҳама, терроризму экстремизм барои сулҳу субот дар минтақаву ҷаҳон бар асоси санадҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ тадбирандешӣ менамояд.
   Бештари ташаббусҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодаанд, аз ҷумла пешниҳод дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардид, ки ин низ барои рушди кишвари мо мусоидат мекунад. Дар муносибат бо СҲШ, СПАД, ИДМ, САҲА ва дигар ташкилотҳои байналхалқиву минтақавӣ низ Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро пеша менамояд. Тоҷикистон дар оянда низ барои ҷалби сармоягузорӣ бо ниҳодҳои молиявии байналхалқӣ ҳамкорӣ менамояд.
   Инчунин, дар Паём ироа карда шуд, ки ҳадафҳои аслии сиёсати хориҷии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори кишвар ва мусоидат ба таҳкими пояҳои истиқлолу соҳибихтиёрии Тоҷикистон нигаронида мешавад. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳифзи манфиатҳои миллӣ яке аз авлавиятҳои аслӣ ба шумор меравад. Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ба эътибор гирифтани манфиатҳои онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва таъмини аминияти миллӣ нақши калидиро иҷро менамояд.
   Ҳамин тариқ, сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар меҳвари Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.
Азимҷон Раҳмонзода,
муовини директори Институт
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/