wrapper

Хабарҳо


                                                                                 Назаре дар шинохти табиати зебои То
ҷикистон, теппа, дарра, кӯҳҳо, обҳову чашмаҳои мусаффояш

Дар ҳошияи Паёми Президенти кишвар

 ва  ба муносибати солҳои 2019-2021

чун Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

     Дар шинохти кишварҳову минтақаҳо донистани таърих, фарҳанг, маданият, сарватҳои табии, мардум ва ҷойгиршавии ҷуғрофии ин ё он маҳал хело муҳим арзёбӣ шуда, дарк ва омӯзиши дурусти он заминаи хубест барои кашф ё ихтирооти тоза, ки сабаби рушди иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоии мардумони он хоҳад буд. Аммо барои дарёфти иқтисодии ин шинохт бояд ба нуқоте таваҷҷуҳ кард, ки ин ё он маҳал дорои сарватҳову шароитҳоест, ки моликияти табиии худашон буда, метавон бо кашфи дурусти он заминаи хуби тиҷоратӣ ва молиро ба вуҷуд овард.
     Яке аз он дороиҳо бахши туризм ё сайёҳат буда, ки ин ё он маҳал дар худ онро дорад ва аз ин рӯ кашфи дуруст ва муносиби он барои дарёфти заминаҳои иқтисодӣ хело муҳим маҳсуб мегардад, ки бисёре аз мову шумо онро ҳанӯз ба назари ҷиддӣ наменигарем. Ба ҳама маълум аст, ки туризм ё ҷаҳонгардӣ яке аз василаҳои даромадноки бисёре аз мамолики дунё аст, ки солона аз он миллиардҳо маблағ фоида ба даст меоранд. Мисоли онро метавон дар бештари кишвари дунё ва хусусан дар баъзе манотиқи Ҷануби Осиё ба мисли Ҳиндустон, Покистон, Молдиф, Шриланка  ва ғайра мушоҳида кард, ки солона аз туризм миллионҳо пули нақд фоида ба даст меоваранд. Бояд дониста монем, ки дар таърифи туризм ин нуқта ишорат шудааст, ки бояд онро хубу дақиқ дар ёд гирифт, то мафҳуми амалии он ҳосил шавад.
     Туризм ё гардишгарӣ "маҷмуи фаъолиятҳои фард ё афродест, ки ба макони ғайр аз макони оддии зиндагии худ мусофират карда, ҳадди ақал як шаб ё давоми сол дар онҷо иқомат мекунанд, ки ҳадафи онон гузаронидани лаҳзаҳои фароғатии худ мебошад".[1]
     Калимаи туризм аслан аз решаи лотинии "тарн" маъхаз гирифта, маънои давр задан, рафту баргашт ва чархишро мефаҳмонад.
     Тибқи пешгӯиҳо, туризм сол то сол рушд ёфта,  соли 2018 дар маҷмӯъ зиёда аз 1 миллиард нафар турист ватани худро тарк карда, барои сайру гашт баромаданд, ки коршиносони соҳа ба ин назаранд, ки шумораи онон то соли 2030 беш аз 17 миллиардро ташкил хоҳад дод. Ва ин пешгӯиҳо гувоҳи он аст, ки соҳаи туризм яке аз соҳаҳои даромадноктарини кишвар маҳсуб меёбад, ки бояд ба он таваҷҷуҳи бештар дода шавад.
Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббус ва иқдоми неки Президенти Тоҷикистон чанд сол аст, ки кишвар ҳамчун "соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидааст, то мо тавонем, аз аҳамиятҳои стратегии туризм ё ҷаҳонгардӣ огаҳиҳои хуб ба даст оварда, тавассути амалисозии дурусти он рифоҳу хушҳолиро барои мардуми кишварамон фароҳам оварем. Бори дигар Президенти кишвар дар Паёми имсолаи худ аз раванди саноаткунонӣ, маорифу таълиму тарбия, солими ҷомеаи кишвар ва дигар ҷанбаҳо ёдовар шуда, соҳаи туризм ва рушди онро хело зарурӣ дониста, аз роҳбарони ин соҳа тақозо карданд, ки ҳар чи бештар ба он таваҷҷуҳ диҳанд, зеро он заминаи муносиб ва хубест барои некуаҳволии мардуми кишвар ва муаррифии табиату иқлими он.
     Бояд қайд кард, ки минтақаи Осиёи Миёна ва Қафқоз аз манотиқи таърихиест, ки дорои осору ганҷина ва маданият ва санъату маҳоратҳои хоси мардумии худро дорад. Ин ганҷинаҳо ва осори таърихӣ дар аксари навиштаҷот ва таълифоти муаррихини ғарбу шарқ, арабу аҷам зикр шудааст, ки то имрӯз дар санадҳои расмӣ ва шахсии онон маҳфузу маъруфанд. Муаррихони араб минтақаро бештар бо номи Мовароуннаҳр[2]  мешиносанд, ки боиси ифтихор аст, ки кишвари Тоҷикистон шомили ин минтақа буда, солҳои 2019-2021-ро Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ кард, то гардишгарон ва муаррихини ҷаҳон аз ин осор маънавиёту кайфиёт ба даст оваранд. Барои бознигарӣ ва мурур аз ин осор ва ҳунарҳои мардумӣ хостем таҳлилу шиносоие ба баъзе аз манотиқи кишвар ва Тоҷикистон дошта бошем, то маълумотнома ва саҳифаи таърихро барои гардишгарон ва сайёҳон бозгӯшоӣ намоем.
     Тоҷикистон имрӯз дарвозаҳои тиҷоративу дипломатиашро бо тамоми кишварҳои дунё боз намудааст, то мардумони кишварҳо тавонанд аз иқлимиву маконҳои сайёҳатӣ баҳравар шаванд. Яке аз минтақаҳои сайёҳатии Тоҷикистон дараи Ромит мебошад, ки аз мамнуъгоҳҳои машҳури кишвар ба шумор меравад ва тибқи бархе аз сарчашмаҳо соли 1951 ташкил ёфтааст. Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар зимни ноҳияҳои дигари кишвар дараи Ромит низ чун минтақаи табобатию санаторӣ, истироҳатӣ ва туризм эълон гардидааст, ки гоми некест дар рушди  иқтисодию тиҷоратии кишвар.
                                              
     Ромит ҳамагӣ 20 км дуртар дар ҳамсоягии шаҳри Душанбе қарор дошта, зери сарпарастӣ, мудирият ва роҳбарияти  ноҳияи Кофарниҳон ва шаҳри Ваҳдат фаъолият мекунад. Масофаи он зиёда аз 15 ҳазор га буда, шаклаш намуди секунҷаро инъикос мекунад. Иқлимаш ба қисми қаторкуҳҳои Ҳисор тааллуқ дошта, миқдори боришот ба 800-1000 мм мерасад. Ҳарорати ҳаво 9,8 дараҷа буда, қабатҳои барфҳо то моҳи март боқӣ мемонад. Поёнтарин нуқтаи дараи Ромит дар баландии 1176 м.  ва баландтарин он дар баландии 3195 м. аз сатҳи баҳр қарор дорад, ки заминаи хубест барои куҳнавардон ва гардишгарони дохиливу хориҷӣ ва меҳмонони пойтахти кишвар.
     Ҷамоатҳои деҳоти Баҳор, Симиганҷ, Чуянгарон ва Ромит аз маҳаллоти сукунатӣ ва иқтисодии ин минтақа буда, ки аҳолии он беш аз 77 ҳазор мебошад, ки бо ҳунарҳои мардумӣ ва меҳмоннавозии сокинон ва гардишгаронро пазироӣ мекунанд. Минтақаи Ромит дорои табиати хос аст, ки садои шаф-шафи дарёву куҳҳои ҷаззобу зебоманзараш ва сангҳои азимҷуссаву бешачаҳои анбуҳшакл, бо кабкҳои хушовозу шоҳинҳои баландпарвозаш дарраро бо дили софу беғубор чок карда, меҳмононашро истиқбол мегирад.
     Бояд зикр кард, ки инҷо яке аз манотиқи стратегӣ барои гардишгарӣ қабул шуда, барномаву лоиҳаҳои рушди туризмро мавриди омӯзиш қарор дода, амалӣ мегардонад. Тибқи сарчашмаҳои расмӣ минтақа дорои гармхонаи тобистона, фабрикаи паррандапарварӣ, корхонаи консервабарорӣ, идораи асалпарварӣ, боғи таълимӣ,  лагеру ва  маконҳои зиёде барои истироҳат ва сайру гашт ташкил шудааст, ки  баъзе аз онҳо марбути муассисаҳои гуногуни кишвар буда, бо ҳамоҳангии онҳо барномаву маҳфилҳои рангоранг дар вақтҳои муносиб барпо мегардад. Бояд зикр кард, ки дара дорои марказҳо ва шаҳракҳост, ки Ёз,  Явраз, Нозиробод, Личак, Шоразм, Гулангарон, Ёс, Тисеман, Калтуч ва Ромит аз ҷумлаи онҳо буда, гармчашмаи шифоии "Зайрон" ягона маҳалли табобатӣ ва фароғатӣ дар минтақа шинохта шудааст.
     Мавриди зикр аст, ки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чун муассисаи калони академикӣ ва илмии кишвар дар рушд ва нумуи гуногуни кишвар аз ҷумла туризм ва гардишгарӣ саҳм дошта, дар лоиҳаҳои сайёҳатӣ ва фароғатии Ромит низ шарики стратегӣ шуморида мешавад. Намунаи онро метавон дар созишномаи ҳамкорӣ миёни Академияи илмҳо ва ҶДММ Зайрон "Оби шифои Зайрон"-и Ромит донист, ки аз соли 2010 инҷониб қабул шудааст. Тарафҳо дар нақша гирифтаанд, ки лоиҳаи мазкурро рушд дода, ягона маркази табобатии обии ин минтақа, яъне гармчашмаи табобатии "Оби шифои Зайрон"-ро ба стандарҳои байналмилалӣ мутобиқат созанд, зеро он дар наздикии пойтахт қарор дошта, аз яке аз манотиқи гардишгарӣ ва дармонии кишвар барои сокинон ва меҳмонони Душанбешаҳр маҳсуб мегардад.
     Бояд зикр кард, ки як бахши асосии туризмро гардишгарии табобатӣ ё дармонӣ ташкил медиҳад, ки аз гузаштаи таърих мавҷуд буд, вале то асри пеш аз ҳаждаҳум ба он таваҷҷуҳи бештар намедоданд. Аммо дертар баъзе кишварҳо хусусан Бритониё, ки дорои чашмаҳои шифобахши табиист, саривақт ба он таваҷҷуҳ кард ва заминаҳои хуберо барои истифода аз он мавриди амалкард қарор дод, то имрӯз натиҷабахш ба назар мерасанд. Дар ҳақиқат туризми дармонӣ  ҳам сарватест, ки бояд аз он ба таври бояду шояд истифода кард, то заминаи хуби иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои мардуми кишвар ба вуҷуд ояд ва зиндагии гуворотар барояшон арзонӣ гардад. Ва ногуфта намонад, ки ҶДММ "Зайрон" чун чашмаи шифоии куҳӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа қабул шуда, ба системаи хунгардӣ, мушакҳо, узвҳои ҳаракат ҷисм, касалиҳои пӯст, бемориҳо заҳролудшуда аз металҳо, бемориҳои флебит ва тромбофлебит ва дигар аъзои бадан таъсирбахш мебошад. Бо эҷоди имконот ва  шароити бештари туристии дармонӣ ба мисли истифода аз равишҳои гиёҳдармонӣ, алафчойҳо, майдончаи варзишӣ, китобхонаи сайёҳӣ[3] ва иртиботу бозорёбӣ метавон ин минтақаро,  ки дар наздикии Душанбешаҳр қарор дорад, ободу зеботар гардонд. Теппаву кӯҳҳои инҷо заминаи хубе мебошанд, дар рушд ва нумуи варзиши кӯҳнавардӣ ва таълимгоҳи ошиқони он.
     Воқеан агар ҳар фарде ба чашми хирад назаре ба кишвари Тоҷикистон бияндозад, ошкоро мебинад, ки дар инҷо ҷойҳову осори нокашфшудаест, кашфу дарёфти онон заминаи хуби иқтисодиву тиҷоратӣ барои гардишгарон ва мардуми он  хоҳад буд. Худи Душанбе бо навоҳии атрофаш ҷоест, ки онро теппаву дарраҳои зебоманзар ба монанди Варзобу Ромит, Теппаи Самарқанду Чашмаи Мағмурут ва ғайра иҳота кардаанд, ки аз марказҳои фароғативу туристии шаҳр маҳсуб ёфта, маконҳои ҷаззобу дилкаш барои меҳмонону мусофирон мебошанд. Барои ҳамин шаҳрдорӣ ва роҳбарони манотиқи мазкур лоиҳаҳои тавсиа ва тақвияти  рушди деҳот ва туризмро ба назар гирифта, шароитсозии муносибу муосирро барои ин маконҳо ҳар чӣ зудтару оҷилтар фароҳам оваранд, то сокинону меҳмонони Душанбешаҳр аз он барҳравар шаванд.
Боиси ёдоварист, ки кишвари Тоҷистон дар санаи 9-уми сентябри соли 1991 истиқлилояти худро ба даст овард ва  тавонист имрӯз яке аз амнтарин кишварҳои дунё гардад. Бо ноил шудани чунин ифтихорнома ва доштани фазои орому амн Тоҷикистон соли 2019-2021 чун Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кард, то сокинонаш ва мардуми ҷаҳонро аз табиати зебову обҳои мусаффо, расму оину тамаддунҳои бостонии худ, осори қадима ва фарҳангу ганҷинаҳои таърихиаш, муаррифӣ ва ошно намуда, ба машомашон бори дигар насими "буйи ҷуйи мулиёну ёди ёри меҳрубон"-ро расонад.
                                                                                                                                                                                                                        
     Кишвари мо  аз тарафи шимол бо Узбакистон ва Қирғизистон, аз ҷануб ва ҷануб шарқ бо Афғонистон ва Хитой ҳамсарҳад мебошад. Мо дар минтақаи  Осиёи Миёна  ё  ба истилоҳи дигар Мовароуннаҳр[4] ҷойгир буда, дорои таърихи куҳан ва маданият хос худ ҳастем, ки дар ҷаҳон шинохта, эътироф шудааст ва Душанбе пойтахти кишвар аст, ки бо чандин кишварҳои дунё бародаршаҳр эълон гардидааст, ки заминаи хубест барои рушди бахши гардишгарии кишвар.
     Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистонро муқоиса бо дигар кишварҳои дунё бо доштани табиати ҷавону кашфношуда барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба таври зайл  метавон муаррифӣ ва шиносоӣ  кард:
  1. Кишваре, ки дар худ Помир "Боми Ҷаҳон", бо номи қуллаи Исмоили Сомонӣ (зиёда аз 7000 м.), дарраву теппа, қаторкуҳҳои ҷаззобу шутурмонандро ҷой додааст.
  2. Ҷойгоҳ ва макони тамаддуну осори қадимаи дунё ба мисли Қалъаи Ҳисор, Ҳулбук, қалъаи Оббурдони куҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Саразми ноҳияи Панҷакент ё Панҷруд (таърихи 5500 сола), дар  номгӯи осори куҳани созмони ЮНЕСКО сабт гардида аст.
  3. Бо мардуми ҳунарманду меҳмоннавоз, табиати софу беғубор, гиёҳҳои нодиру табобатӣ ва зиёфату пазироӣ бо  оши палов, қурутобу шакароб, корабшурбову сиёҳалаф.
  4. Бо гармчашмаҳҳои шифоии куҳии Бибифотимаи Бадахшон, Шоҳамбарии Ҳисор, Хоҷаобигарми Варзоб ва Обигарму Зумрат, ки обҳои табиашон пур аз файзу ганҷ буда, дар солимии ҷисмиву равонии аҳли башар манфиат мерасонанд.
  5. Бо дарраҳои зебонманзари Ромиту Варзоб, Файзободу Ганҷобод, табобатгоҳу осоишгоҳҳои Исфараву Истаравшан, Хуҷанду Бадахшон ва Харангону Зайрон аз ганҷинаҳои дигари мебошанд, ки ба ҳар бемору гардишгар давоу истироҳат фароҳам меоваранд.
  6. Бо оромгоҳу марқади пирони хирад ва васлгарони маърифат ва ошиқони ҳақиқат ба монанди Мирсайидалии Ҳамадонӣ (Кулоб), Мавлоно Яъқуби Чархӣ (Душанбе) Абӯабдуллоҳи  Рӯдакӣ  (шаҳри Панҷруд),  Абулайси Самарқандӣ (яке аз муридони мавлоно Яъқуби Чархӣ дар маҳаллаи Теппаи Самақандӣ), Мавлавӣ Ҷунунӣ (ҷамоати Роҳатӣ) ва Абӯмусои Ашъарӣ (куҳистони Мастчоҳ) ва ғ., ки зиёде мардуми дунё ошиқу дилбохтаи дидани онҳоянд, то аз машоми равони онон кайфияти маънавӣ дарёфт кунанд.
  7. Бо бозору растаҳои қадимаи “Панҷшанбе”-и Хуҷанд, Истравшану Панҷакент, чойхонаву биноҳо бо санъатҳои меъморӣ ва ҳунари кандакории устодони чирадасти исфарагиву истаравшаниву хуҷандӣ ва дигар аз осори қадимаи минтақаи Осиёи Миёнаанд, ки гардишгаронро бо намуду зебоиҳояшон мафтун мекунанд.
  8. Бо Душанбеи ҷавонаш, ки дар синаи худ қасри Миллату Сомон, кохи Наврӯзу Боғи Рӯдакиву Айнӣ, бинои китобхонаи пурҳашамати китобшакли камназири дунё ва осорхонаи диданбону замонавӣ бо доштани дуввумин калонтарин муҷассамаи Буддо ҷой додааст, ки аз меҳмонаш хуб истиқбол ва пазироӣ намояд.
  9. Бо атласи хуҷандӣ, куртаи чакани кулобӣ, ҷӯробу попӯшҳои бадахшонӣ, нонҳову фатиркулчаҳои хосси зарафшонӣ, қурутобу шакароби махсуси тоҷикӣ аз сарвату бойгарии кишвари Тоҷикистон мебошанд, ки мавриди таваҷҷуҳи гардишгарони дохиливу хориҷӣ гардиданд.
  10. Бо гузаргоҳи қадимаи Шоҳроҳи Абрешим, дарёҳову обҳои тозаву мусаффо, чашмаҳову обшорҳои муалло[5] ва қаторкуҳҳои ҷаззоби куҳнавардӣ аз ғановатҳои кишваранд, ки имрӯз бештари гардишгарони сайёраро барои боздид ҷазбу ҷалб карда исдодааст.
  11. Бо доштани рафтуомади хуби ҳамсоягӣ ва эҷоди равобити ҳасана ҳамчун анъанаи қадима миллати тоҷик зери шиори "Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо"...
     Хулоса Тоҷикистони навин бо фарҳангу русуми бостонӣ, бо геокомплексҳои гуногуни табиӣ, захираҳои рекреатсиониву[6] сайёҳӣ ва мардуми меҳмоннавозу ҳунармандаш дар бештари мамолики дунё шинохт пайдо кардааст ва бо истифода аз  стратегияи сиёсати "дарҳои боз", тавваҷуҳ ба рушди деҳот, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ ва эҷоди мубодилаи таҷориби якдигар алалхусус бо шаҳрҳои дунё, ки бо Душанбе, Хуҷанду Кулоб ва Бохтар бародаршаҳранд, тавонист соҳаи туризмро рушд дода, фарҳанги сайёҳат ва дипломатияи мардумиашро тақвият дода, ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмии худро боз хубтару беҳтар сохт.
Раҳмонов Мирсаид,
ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
АИ ҶТ
     
[1] Ҳайдарӣ Чаёна, китоби "Мабонии барномарезии санъати гардишгарӣ", Интишороти Самт.
[2] Мовароуннаҳр калимаи арабӣ буда, аз се калима иборат аст, "мо" (он чизеки),"вароа" (дар паси ё пушти) ва "наҳр" дарё  маънидод шудааст. Инҷо ишора ба он кишварҳоест, ки дар паси дарёи Ҷайҳун (дарёи Панҷи имрӯза) ҷойгиранд.
[3] Гӯшаи махсус, ки китобу маҷалла ва навиду ахбору маълумоти сайёҳӣ дошта бошад.
[4] Мовароуннаҳр калимаи арабӣ буда, аз се калима иборат аст, "мо" (он чизеки),"вароа" (дар паси ё пушти) ва "наҳр" дарё маънидод шудааст. Инҷо ишора ба он кишварҳоест, ки дар паси дарёи Ҷайҳун (дарёи Панҷи имрӯза) ҷойгиранд.
[5] Азим, баланд ва бузург.
[6] Фароғатӣ ва истироҳатӣ.
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/