wrapper

Хабарҳо


Имр
ӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ            кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густарда истифода мешавад. Эмомалӣ Раҳмон
     Имрӯзҳо вожаи “интернет” забонзадаи хурду бузург ва хосу ом буда, ҳатто ба одитарин суолот ва ночизтарин эҳтиёҷот ҳар як сокини кишвар ба он муроҷиат менамояд. Мардум хабару маълумоти интернетиро насанҷида, бовар мекунанд; ба ҳар ҳангомаҳои хезондаи бадхоҳон дода мешаванд; дар таблиғи ақоиди ғалату инҳирофӣ кӯр-кӯрона шарик мешаванд; бидуни таҳлилу ташхис дигаронро қазоват ва маҳкум менамоянд... Боре мардум намеандешанд, ки интернет қуттии бузурги пур аз партовро монда, ҳамасоата миллионҳо маводи баду нолозими электронӣ ба он рехта мешаванд. Ҳар нафаре даст ба қуттӣ зада, бо чашмони баста чизеро берун меораду бидуни ташхису таҳлил онро мавриди истифода қарор медиҳад. Ҳатто мардум аз натиҷаи бархӯрди ғалат бо интернет намеҳаросанду хавф намебаранд, ки он ба чӣ “шухӣ”-ҳои маргбору фалокатоваре қодир асту чӣ паёмадҳои нохушеро ба бор оварда метавонад...
     Вақте интернет насли калонсолро, ки таҷрибаноку гармиву сардидидаи зиндагианд, чунин шефтаи худ сохта, аз роҳ мебарад, пас, яқинан метавон хулоса кард, ки бидуни мушкилӣ насли ҷавони бетаҷрибаи корнодидаро аз масири инсоният хориҷ сохта, ба нобудӣ мекашад.
Аз ин рӯ, бархӯрди нодурусти насли наврас бо шабакаи ҷаҳонии интернет, ба вижа шабакаҳои иҷтимоии он яке аз мушкилоти доғ ва чолишбарангези рӯз ба шумор рафта, аз ҷониби муҳаққиқону коршиносон баррасиву омӯзиши вижаро тақозо мекунад. Мушкилоти мавҷуда дар ҷомеа ҷойгоҳ доштан ё надоштани ҷавонон, ба вижа кӯдакони синни мактабӣ ва томактабӣ дар шабакаҳои иҷтимоии интернет буда, аксарият волидон ҳузури фарзандонашонро дар он ё ба таври хашину дағалона манъ менамоянд ё дар назорату фаҳмонидани фарҳанги корбурди он беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд ё баръакс худи онҳо аз фарҳанги корбурди интернет бебаҳраанд.
 
ЧАРО НАВРАСОН БА ИНТЕРНЕТ РӮ МЕОРАНД?
     Дар интернет, махсусан, дар шабакаҳои иҷтимоии он машғулиятҳои шавқовару саргармкунанда, монанди муносибат бо дӯстон ва пайдо кардани “дӯстон”-и нави интернетӣ, навору аксҳои хушҳолкунандаву хандаовар, хабару гузоришҳои нав ба нав аз тамоми гӯшаву канори дунё, бозиҳои гуногунжанр, забономӯзӣ, китобхонӣ ва ғайраро метавон дастрас кард. Аммо ҳамаи ин дастовардҳо, ки насли наврасро бидуни ихтиёраш ба худ ҷалб месозад, ҷанбаҳои манфӣ низ дорад, ки бо тасаввури он касро даҳшат фаро мегирад. Яъне, кӯдакон ва ҷавонон метавонанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ “дӯстон”-и бад пайдо намоянд, аксу наворҳои эротикиву порнографӣ ва ифротиву ирҳобӣ (экстримистиву террористӣ)-ро тамошо кунанд, хабарҳои фейкӣ ва бардурӯғро дарёфт намоянд, ба бозиҳои порнографию террористӣ машғул шуда, аз масири дурусти инсонгароӣ хориҷ гарданд. Ҳатто кӯдакону ҷавонон метавонанд қурбонии одамҷаллобону амрадбозон (педафилон) ва террористону ифротгароён бошанд; дучори ҳамлаҳои кибербуллерҳо (таҳқир ва озордиҳандагони интернетӣ) ва навъҳои гуногуни он – ҳейтер, флеймер, тролл, сталкер ва ғайраҳо, гарданд; садамаи рӯҳӣ бинанд; худкушӣ кунанд; даст ба дуздиву қатлу куштор зананд; нашъаманду нашъаҷаллоб шаванд...
Аз ин рӯ, волидону муаллимони макотиби таҳсилоти умумиро лозим аст, ки дар ин маврид бетаваҷҷуҳӣ зоҳир накарда, дар муносибат ба мавзӯи мазкур диққати ҷиддӣ диҳанду чораҳои зарурӣ андешанд ва фарҳанги корбурди интернетро ба фарзандону хонандагонашон омӯзонанд. Чунки бетаваҷҷуҳӣ ва ҳар иқдоми носанҷидаву сарсарӣ гирифтаашон метавонад барои онҳо ва фарзандонашон бо фоҷиа хатм шавад...
 
АГАР НАВРАС ХОСТОРИ КУШОДАНИ САФҲА ДАР ШАБАКАИ ИҶТИМОӢ БОШАД, ЧӢ БОЯД КАРД?
     Будани наврас дар интернет амри воқеиест, ки ҳар як падару модар хоҳу нохоҳ ба он мувоҷеҳ мегардад. Чи тавре қайд намудем, дар аксар мавридҳо волидон ба падидаи мазкур ё бо асабоният бархӯрд мекунанд ё бетаваҷҷуҳӣ зоҳир менамоянд ё, умуман, худи онҳо чизе дар ин мавзӯъ намедонанд. Пас, чӣ бояд кард? Бо асабоният телефони ҳушмандро аз дасти фарзанд гирифту ӯро зери зарбу шаллоқ кашид ва бо ӯ дуруштӣ намуд? Ё бетаваҷҷуҳона ӯро ба “чорроҳаи тақдир” ҳавола кард? Ҳар ду ҳолат ҳам агар дар фарзанд таҷриба шавад, фалокат ба бор меорад. Фаразан, агар ба фарзанд сахтгирӣ намуду ӯро бо лаҳни шадид аз истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ кард, пеши роҳи иштироки ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гирифта мешавад? Албатта, НЕ!!! Чунки фарзанд метавонад пинҳонӣ аз волидон бо ҳар роҳу воситае, ки набошад, хоҳ аз телефон ё компютери рафиқаш, хоҳ аз интернеткафеҳо ё дигар роҳҳои номашруъ, саҳифаи худро дар шабакаҳои иҷтимоии интернет боз намуда, фаъолият кунад. Албатта, ин на ба волидон обурӯ меораду на ба фарзанд фоида мебахшад. Бетаваҷҷуҳона ӯро танҳо ба “чорроҳаи тақдир” ҳавола кардан низ ба “аз даст додани фарзанд” баробар аст. Мо хоставу нохоста фарзандамон вориди ҷаҳони беканори интернет мегардад. Аз назари инҷониб, беҳтарин роҳ ин омӯзонидани фарҳанги корбурди интернет ба кӯдакону ҷавонон мебошад. Донистани фарҳанги мазкур онҳоро ҳангоми мувоҷеҳ гаштан бо ҳазорон роҳу кӯйҳои сарбаставу маргбори дунёи маҷозии интернет роҳнамоӣ мекунаду аз роҳгумӣ наҷот медиҳад...
     Бештари мутахассисони соҳа ва равоншиносон бар он назаранд, ки агар кӯдакони то синни мактабӣ дархости боз кардани сафҳа дар шабакаҳои иҷтимоии интернет шаванд, волидонашон бояд нарм, аммо бо қатъият ин дархости онҳоро рад намуда, оромона ба онҳо фаҳмонанд, ки на танҳо ҳанӯз синнашон барои фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ нарасидааст (чи тавре ки дар тавофуқномаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати истифодаи онҳо омадааст), балки будани онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ягон зарурати воқеӣ надорад. Кӯдакро бояд бо мисолҳои воқеӣ фаҳмонду ӯро қонеъ кард. Волидон бояд васвасаи дар интернет будан ва кушодани сафҳа дар шабакаҳои иҷтимоии онро аз зеҳни фарзандони хурдсолашон дур намоянд. Яъне, фарзандонашонро ба дигар машғулиятҳои зеҳнӣ ва ҷисмонӣ – бозиҳо, китобхонӣ, тамошои филмҳои бадеиву тасвирии кӯдакона, варзиш, сайёҳат ва ғайра саргарм намуда, фазои холии зеҳнии ӯро ӯро пур намоянд.     
     Хонандагони синни мактабӣ бошанд (бештар синни болоии мактаб), аксарияташон дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолият дошта, байни ҳам иртибот менамоянд, ки манъ намудани онҳо аз ин амал мантиқӣ набуда, метавонад фоҷеабор бошад. Аз ин рӯ, набояд дағалона онҳоро аз корбурди интернет, махсусан боз кардани сафҳа дар шабакаҳои иҷтимоии он манъ кард, балки фарҳанги корбурди онро фаҳмонд ва шароити мусоид барояшон фароҳам овард. Яъне, бехатарии саҳифаи иҷтимоии фарзандро танзим намуда, назорати онро ба роҳ бояд монд, то ҳадафи кибербуллинг (таҳқиру озори интерентӣ) ва фейк (саҳифаҳои дурӯғин)-ҳо нагарданд... 
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷомеаи кунунии мо на танҳо волидон дар фаҳмондани фарҳанги корбурди интернет, махсусан шабакаҳои иҷтимоии он ба фарзандонашон беаҳамиятӣ зоҳир намуда, масъулият ҳис намекунанд, балки худи онҳо фарҳанги корбурди интернетро намедонанд ё дидаю дониста риоя намекунанд. Баъзан рафтору кирдори насли калонсол (бо вуҷуди синну соли бузург ва таҷрибаи зиёд доштан, соҳиби маълумоти олии пурраву нопурра будан ва ғайра) дар шабакаҳои иҷтимоӣ касро ба ҳайрат меорад. Ҳатто зиёд ба назар мерасад, ки “бузургон” саргарми ҷанҷоли хеш шуда, оламу одамро фаромӯш менамоянд ва тамоми муқаддасот, одобу ахлоқ, инсонгариву шарму ҳаёро зери по карда, чи бадиҳову дашномҳоеро дар ҳаққи ҳамдигарӣ наменависанд ва чи иттиҳомҳову таҳқиротро ба як дигар раво намебинанд. Албатта, ҳамаи ин ба рӯҳияи насли ҷавон, махсусан фарзандону пайвандони ҷавони онҳо бетаъсир намемонад. Ҳатто таҷрибаҳо падарон ва амаку тағоҳоеро низ нишон доданд, ки падар ё амаку тағо дар шабакаи иҷтимоӣ “дӯст”-и фарзанд ё додарзодаву хоҳарзодаашон ҳастанд, ба аксу наворҳои фаҳшу порнографӣ ё хусусияти қатлу куштор ва зӯроваридошта КЛАСС ё ЛАЙК мемонад (меписанданд)-у онҳоро дар сафҳаҳояшон нашр (поделиться) мекунанд, яъне онро меписанданд ва ба дӯстони интернетиашон хубу тамошобоб буданашро тавсия менамоянд. Баъзе  волидон чунин фаъолиятҳоро аз номи фарзандонашон анҷом медиҳанд (саҳифаро бо номи фарзандашон гузошта, аксҳои ӯро истифода менамоянд). Бешубҳа, аз ин “одоб”-и падар ё амаку тағо писару додарзодаву хоҳарзодаҳояшон низ бебаҳра намемонанд. Ё баръакс фарзандону пайвандони ҷавонашон дар назди чашмашон дар шабакаи иҷтимоӣ ба чунин амал даст мезананду онҳо хомӯш меистанд. Масъалаи чаро насли калонсол (манзур ҳамонҳоеанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ беодобона ва ғайриахлоқона рафтор мекунанд) аз фарҳанги корбурди интернет истифода намекунанд, баҳсест дигар. Аммо дар мавриди мазкур ҳаминро гуфтан кифоят мекунад, ки бояд волидону калонсолон, пеш аз ҳама, улгу ва намунаи насли ҷавон бошанд, худро ислоҳу дуруст намоянд, баъдан ба ислоҳу роҳнамоии насли ҷавон пардозанд.

НАҚШИ МАКТАБУ МАОРИФ ДАР ИН САМТ
     Вақте фарҳанги корбурди интернет ҳамчун фан ё барномаи алоҳидаи дарсӣ ва дастурамал дар низоми маориф, махсусан макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ дохил карда нашудааст, ҳадди ақал мавзӯи мазкур дар дарсҳои тарбиявӣ ё маҳфилу кружокҳои мактабӣ ва маҷлиси падару модарон пурзӯр карда шавад. Албатта, дар ин самт низ мушкилот ҷой дорад. Чунки ҳангоми муроҷиат ба баъзе мудирон ё муаллимони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаҳмида мешавад, ки маълумот дар бораи “олами пурасрору бекарони интернет” бо ҳамон фанни информатика иктифо мешавад. Аммо ба ҳамагон маълум аст, ки фанни мазкур аз мавзӯи мавриди баҳси мо фарсахҳо дур аст.
     Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии баъзе шаҳру навоҳӣ гурӯҳҳо фаъолият мекунанд, ки аз ҷониби баъзе ҳаваскорон таъсис дода шуда, ба ҷойи дар тарбияи насли наврас нақш гузоштан баръакс ба хулқу атвор ва рафтори хонандагон ва насли ҷавон таъсири манфӣ мерасонанд. Чунки дар гурӯҳҳои мазкур ҳар гуна ғояву ақоиди ғалат тарғиб гашта, аксу наворҳои фаҳшу ғайриахлоқӣ низ нашр карда мешаванд, ки барои хонандагон ва насли ҷавон созгор нестанд.
     Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар мавриди истифодаи интернет аз ҷониби фарзандон муқарраротеро дар моддаи 8 (уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд) пешбинӣ намудааст. Банди 10 моддаи мазкур манъ намудани фарзандро аз ҷониби волидони онҳо ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасониҳои интернетӣ талаб мекунад. Банди 14 модда бошад, аз волидон талаб менамояд, ки аз тарафи фарзанд мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ӯ истифода гардидани интернетро назорат намоянд.
Ёдовар мешавем, ки бархе аз ин иқдомот аз ҷониби давлатҳои абарқудрат, аз қабили Амрикову Россия, аллакай, роҳандозӣ шудаанд.
 
НАҚШИ МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ДИН
     Дар интернет, махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ адабиёти динӣ ва дигар маводҳои мазмуну муҳтавои динидошта (аксу сурат ва аудио-видеороликҳо) низ зиёд паҳн карда мешаванд (бар хилофи қисми 3 моддаи 22 ҚҶТ “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ), ки муштарии зиёд пайдо мекунанд. Ногуфта намонад, ки бештарини муштариёнро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки аксарияти чунин адабиёт ва маводҳои мазмуну муҳтавои динӣ дар бештарин ҳолатҳо аз ҷониби равияву фирқаҳои ифротиву ирҳобии “исломӣ” таҳия ва паҳн карда мешаванд, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат менамоянд. Аз ҷумла, умдатарин ва роиҷтарин мушкилоти ин самт иборат аст аз:
     Такфиризм: Падидаи мазкур яке аз падидаҳои нигаронкунанда буда, дар шабакаҳои иҷтимоии интернет зиёд ба мушоҳида мерасад. Баъзан, ҷавонон (фарогири кӯдакони синни болоии мактабӣ низ мешавад) худогоҳ ё худноогоҳ бо андак баҳона тарафи муқобилро такфир мекунанд. Ин дар ҳолест, ки қисми 10 моддаи 4 ҚҶТ “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” амали мазкурро манъ намуда, ба куфр (бединӣ) айбдоркунанда вобаста аз сатҳи зоҳирёбиаш ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад (Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ». – Душанбе: ЭР-граф, 2015. – 180 с. – С.33-34).
     Ифодаи тавҳид бо ангушти шаҳодат: Аксарият ҷавонони дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакрасон (мессенҷер)-ҳо фаъолияткунанда амали мазкурро анҷом медиҳанд. Яъне, бо аксҳое, ки дигар ангуштонашонро ҷамъ намуда, ангушти шаҳодаташонро сӯи осмон бардоштаанд, зоҳир мегарданд. Ҳатто онҳо амали мазкурро суннат хонда, дигаронро ба чунин амал ташвиқ мекунанд ё онҳоеро, ки чунин амалро анҷом намедиҳанд ё қабул надоранд ё маҳкум ба куфр менамоянд. Ба пиндори онҳо ҳар касе муваҳҳид (яктопараст) аст, бояд ин амалро бечуну чаро анҷом диҳад, вагарна худ...
Дар ин радиф метавон даҳҳо мушкилоти дигарро, монанди таҳқиру дашноми ҳамдигарӣ, издивоҷу талоқ тавассути интернет, тамошои наворҳои фаҳшу ғайриахлоқӣ, муносибат бо намояндагони дигар дину мазҳабҳо, фаъолияти динӣ дар интернет, ҷойгоҳи зан дар интернет, суиистифода аз бовару эътиқоди мардум ва ғайра ёд кард, ки мутаассифона, меъёрҳои шаръии онҳо мушаххас карда нашудаанд ва дастурамале дар мавриди истифодаи ахлоқӣ ва шаръии интернет аз ҷониби ниҳодҳои марбута – Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Маркази исломӣ ва Маркази исломшиносӣ таҳия нагаштааст. Танҳо Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин(04.04.2018, №1042) ходимони диниро муваззаф мегардонад, ки ҷиҳати пешгирии даъватҳои оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротӣ, ки тариқи сомонаҳои интернетӣ паҳн карда мешаванд, вокуниш нишон диҳанд...  
 
РОҲКОРҲО
     Бо омӯзишу баррасии фарҳанги корбурди дурусти интернет роҳандозӣ гаштани корҳои зерин дар ин самт аз фоида холӣ нест:
  1. Ҷорӣ намудани фарҳанги корбурди интернет дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ҳамчун фанни таълимӣ.
  2. Таҳия ва нашр кардани фарҳанги корбурди интернет ҳамчун дастурамал барои волидон ва пурзӯр кардани фаҳмондадиҳиҳо байни волидони хонандагон.
  3. Ба роҳ мондани фаъолияти расмии мактабҳо (кушодани сомонаву сафҳаҳо) дар шабакаҳои иҷтимоии интернет, то дар фаҳмондадиҳии хонандагони мактаб саҳмгузор бошанд.
  4. Ташкил кардани курсҳо ҷиҳати омӯзондани фарҳанги корбурди интернет ба имомон, имомхатибону сархатибони масоҷиди панҷвақта, ҷомеъ ва ҷомеи марказӣ ва мудирони шуъба ва бахшҳои дини вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва сармутахассисони ҷамоатҳо.
  5. Ба роҳ мондани фаъолияти расмии ҷамоат, кумитаи маҳал ва масҷидҳо дар шабакаҳои иҷтимоии интернет.
  6. Таҳия ва нашри дастурамали фарҳанги корбурди интернет (бо фарогири муқаррароти ахлоқӣ, шаръӣ ва қонунӣ) аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҲҶТ ва Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  7. Аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас намудани меъёрҳои шаръӣ ва қонунии ду амали нигароникунанда – такфиризм ва ифодаи тавҳид бо ангушти шаҳодат, ки дар шабакаҳои иҷтимоии интернет миёни ҷавонон роиҷ гардида, ҳукми “шаръӣ” ва “қонунӣ”-ро ба худ гирифта истодаанд.
  8. Тарҷума ва таҳияи китоби “Фиқҳи ҳанафӣ дар қабои нав» (фарогири масоили замони нав аз дидгоҳи мазҳаби ҳанафӣ) аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим. Тарҷума ва таҳияи ин китобро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам” таъкид доштаанд: “Ба андешаи ман тарҷумаи он (Фиқҳи ҳанафӣ дар қабои нав») ба забони тоҷикӣ барои беҳтар донистани таълимоти фиқҳӣ ва ақидаҳои Имоми Аъзам барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна ихтилофоти дохилимазҳабӣ дорои аҳамият хоҳад буд”.
Халиков М.,
коршинос
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/