wrapper

Хабарҳо

                                      
      Аввалин китоби яке аз муаллифон - корманди Институти ом
ӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳи унвони Таърихнигории милитсияи тоҷик” дар моҳи январи соли 2020 аз чоп баромад.
      Китоби мазкур дар бораи ҳолат ва вазъи таърихнигории самтҳои гуногуни фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ҳикоят мекунад. Ин раванд, ки аслан 100 соли охир мавриди баррасӣ қарор дода шудааст, дар амал омӯзиши давраҳои мушкили бунёдсозӣ, ривоҷу равнақ, рушду такомули ин ниҳоди муҳимми давлатӣ, ҳолат ва вазъи омӯзиши ин ниҳод ба шумор меравад. Бо арқоми дар саҳифаҳои китоб оварда хонанда пайваста такя намуда, ба раванди таърихнигории милитсияи тоҷик ошно мегардад. Китоб барои доираи васеи хонандагон, таҳқиқотчиён ва дар маҷмӯъ ҳар касе, ки ба таърихи мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон рағбат дорад, тавсия дода мешавад.
     Назарзода Носир, яке аз муаллифон, ки сарходими Шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҳамзамон солҳои тӯлонӣ дар соҳаҳои илм ва таълими Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (МҲҲ) фаъолият намудааст ва бо ҳаммуаллифии Маҳмудзода Ш.Х., Умари Х.А., Назарзода А.Н.,  Баҳодурзода Ю.Б. соли сипаришуда китоби зикршударо кор карданд ва муяссарашон гардид, дар оғози соли нав барои нашр пешниҳод намоянд.
                                                                                                                                                
     Китоб зери назари Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба итмом расида, дар нашрияи “Эр-граф”, санаи 2 январи соли 2020 нашр шуд ва аз 10 бобу 544 саҳифа иборат мебошад.
      Бояд ёдовар шуд, ки муаллифон аз оғоз то анҷоми китоб 249 номгӯи расмҳои гуногуни таърихиро ҷой дода, фотоалбоми дар ҳаҷми 32 саҳифа (133 суратро) фикру ақоид ва хулосарониҳоро пурмазмун гардонидааст.
      Дар муқаддимаи китоб омадааст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамон ҳар як идораву кумита ва вазорат дар рушду инкишофи хеш ба дастовардҳои мушаххас ноил гаштааст.
Чунончи, мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз ниҳоди муқтадири мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишвар маҳсуб мебошад, дар самти рушду инкишоф ва такомули хеш дар миёни ин мақомотҳо ба дастовардҳои азими пеш мавҷуд набуда сазовор гаштааст.
      Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва махсусан кормандони милитсияи тоҷик дар муддати таърихи фаъолияташон, барои таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, безарар гардо-нидани дастаҳои муташаккили ҷиноӣ ва гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ, аз набарду муборизаҳои сангин ва имтиҳони сахти рӯзгор сарбаландона гузашта, ба як сохтори пурқудрату боэътимод ва кафили тинҷиву осоиштагии давлату миллат табдил ёфтааст.
      Дар муддати даҳсолаҳои сипаришуда ин ниҳоди давлатӣ аз як дастовард ба дастоварди дигар насиб гашта дар ҷомеа мавқеъ ва мақоми хосса гирифт ва бо саҳми гузоштаи хеш дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ном гузошта соҳибэҳтиром гаштааст.
      Мавриди истифода қарор додани биноҳои нави таълимӣ: бинои ҳозиразамони таълимии чорошёна бо таҳдобаш барои Коллеҷи милитсия дар ш. Кӯлоб (2014-2019), бинои нави Академияи ВКД ҶТ (30.08.2017), бинои нави факултети фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар Академияи ВКД (22.11.2019) ва ғайраҳо иқтидори таълиму тарбия ва омодасозии кадрҳоро боло бардошт.
      Муҳаррири масъули китоб доктори илмҳои таърих, профессор, саркотиби илмии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Қосимшо Искандаров буда, муҳаррир Абдуллоев Раҳматуллоҳ корманди Маркази мероси хаттӣ мебошад. Мусаҳҳеҳи китоб Умед Пудинаев, ходими илмии Шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи Институт ва тарроҳ Қосимхуҷа Назаров мебошанд.
                
 
                                                                                                                                                                                                                               Маркази матбуоти Институт
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/