Нусхаи чопи

                           

      Шаклгирии вазъияти имрӯзаи геосиёсӣ дар Осиёи Марказӣ нишондиҳандаи он аст, ки Тоҷикистон дар фазои минтақа ҳамчун давлати миллии соҳибихтиёр дар муқобили ҳама гуна таҳдиду хатарҳои террористону ифротгароён мубориза мебарад ва устувории худро дар баробари бадхоҳонаш кафолат медиҳад. Аммо ин ҷо суоле ба миён меояд, ки оё хатари исломи сиёсии радикалиро қишрҳои дигари ҷомеа дарк кардаанд?
      Ин суолест, ки бояд ҳамагонро ҳушдор диҳад, то қишрҳои гуногуни ҷомеа ин хатарро дарк намуда, аз ҳар гуна паёмадҳои маргбори он пешгирӣ ва эҳтиёт намоянд. Ҷаҳони муосир илова ба рушду нумӯ ва пешравиҳояш дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, гоҳо дар гирдоби неши заҳрноки баъзе равияю ҳаракатҳое қарор мегирад, ки боиси рӯ ба нестӣ ниҳодани ёдгориҳои таърихии шаҳрҳои номдор ва маҳви қисме аз халқҳои бегуноҳ мешавад.

    Барои рӯ ба рӯ нашудан ба ин хатари ҷиддӣ ва маргафкан пеш аз ҳама бояд эҳтироми волоияти қонун дар авлавият қарор гирад. Ҳар кишваре, ки дар пояи қонунмеҳварӣ қадам мезанад, ҳамеша сулҳу субот ва рушди иқдисоди бемайлон насибаш хоҳад гашт. Мо дар замони ҷанги шаҳрвандӣ барои волоияти қонун ва ҳукумати конститутсионӣ мубориза бурда, Пешвои муаззами миллат мардумро аз ноумедӣ ба ҷониби умедворӣ  таҳрик бахшиданд. Аз соҳили дилшикастагӣ ба соҳили ободӣ раҳнамун сохтанд.

     Ҳоло мубориза бо терроризм дар кишвар шакли оммавӣ касб менамояд. Яъне, ҳамонҳангии мардум ба тадбирҳои давлатӣ дар муқовимат бо терроризму ифротгароӣ бармалотар мешавад ва мубориза алайҳи ин зуҳурот қавитар мегардад. Маълум аст, ки давлати мо дар шахси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муқовимат бо ин вабои аср қадаме фаротар аз марзҳои хеш ниҳода, мардуми ҷаҳонро ба муборизаи дастаҷамъона алайҳи терроризм даъват менамоянд. 
      Бояд дар назар дошт, ки шарти асосии ҳифзи сулҳу оромиш ва пешрафти ҷомеа дар низоми давлати дунявӣ, волоияти қонун, ки мо дар ин роҳ қарор дорем, таҷассум меёбад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки чунин раванди идоракуниро ҳифз ва ҷомеаро аз равандҳои номатлубе, чун терроризму ифрогароӣ ва тафриқаандозии гурӯҳҳои алоҳида эмин нигоҳ дошта, бо пайравӣ аз иқдомҳои наҷиби Сарвари давлат Тоҷикистони азизро боз ҳам ободу зеботар созем.

Азимҷон РАҲМОНЗОДА,
муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
АИ ҶТ

Бознашр аз сомонаи "Jumhuriyat" 
https://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=39296