Нусхаи чопи
    Имрӯзҳо дар маҳфилҳои гуногуни илмию адабӣ, дар расонаҳои хабарӣ ва суҳбатҳои шахсиву инфиродӣ оид ба худшиносии миллӣ зиёд сухан мегӯянд ва баҳсу мубодила мекунанд. Алалхусус пас аз дарёфти истиқлолият ва ташкили давлати миллӣ ва буҳрони сиёсии солҳои охир: ҷанги аҳлӣ (шаҳрвандӣ) ва талафоти зиёди моливу ҷонии он равшанфикрон ва сиёсатмадорон ва аҳли таҳсилкардаи ҷомеа сабабу иллатҳои бавуҷуд омадани ин фоҷиаи миллӣ, заминаҳои он ва дар атрофи роҳҳои пешгирии такрорӣ муҷаддади он фикру андеша мекунанд. Сабаб дар чӣ буд, маҳз дар байни тоҷикон, ки аз қадим чун миллати сулҳдӯст ва мусолиҳатхоҳ ва бунёдгар, чунин як ҷанги хонумонсӯзи бародаркӯш ба вуҷуд омад?!
    Гузашта аз ин ҳодисаҳои солҳои охир то чӣ андоза таназзул ёфтан, паст афтодани маънавиёту донишу фаҳму фаросат, худшиносӣ ва ватандӯстӣ ва имони дину диёнат ва умуман фарҳанги моро ошкор кард. Аз ин рӯ, имрӯз онҳое, ки кӯшиши ҷиддӣ доранд, то исбот кунанд, мо ҳанӯз миллат нестем, дар байни худамон ҳам кам нестанд.
     Муҳимтарин далоили асосии ин муҳаққиқон набудани ваҳдати миллӣ, нуфузи зиёддоштани рӯҳия ва таассубҳои маҳалгароӣ дар муносибати иҷтимоию сиёсӣ ва аксар аз адами эҳсоси зарурати ҳифзи истиқлолият ва таҳкими давлати миллӣ мебошад. Ин аст, ки дар асоси далоили номбурда ин ақида низ иброз мешавад, ки мо ҳанӯз ба худшиносӣ нарасидаем,

             

     Пас худшиносӣ чист? Зинаҳои худшиносӣ кадомҳоянд?
    Мантиқист, ки худшиносӣ мусталзими берун омадан аз худбегонагӣ, ғафлат ё хоби гарон аст. Яъне пеш аз худшиносӣ, худбегонагӣ (бо истилоҳи русӣ - отчуждение) вуҷуд дорад. Ва худбегонагӣ натиҷаи ягон ҳолат ва дараҷаи дигарест. Пеш аз ҳама бояд донист, ки иллати аз худ бегонашавии мо чӣ буд. Инро надониста мо аз ҳолати худбегонагӣ берун омадан ва ба худшиносӣ расидан наметавонем. Чунки табобати беморро қабл аз ҳама бояд аз ташхиси иллати беморӣ бояд шурӯъ кард, то вобаста ба он доруву дармон муайян карда шавад.
    Худбегонагӣ як ҳолати хоси равонӣ ва фарҳанги миллат мебошад аксаран дар асари истеъмори қувваи хориҷӣ қарор гирифтани миллатҳо ва ё таъсири ба тадриҷи яктарафаи миллати бузургтар ба вуҷуд меояд. Тоҷикон чун дигар халқҳои эронизабон на як давраи худбегонагӣ ва эҳё, балки ҳадди ақал се давраи асорати сиёсӣ-таърихӣ, азхудбегонагӣ ва базгашт ба худ ва худшиносиву эҳёро пушти cap кардаанд.
    Аввалин давраи истилои Искандари Макдунӣ ва ҳукумати элинистии селевкиён ва юнону бохтариҳо, ки аз асри  ІІІ - пеш аз мелод то  ІІІ - мелодӣ, ҳудуди панҷ аср тӯл кашида. Ҳарчанд мо дар ин давра далели азхудбегонашавиро надорем, вале худи муқовимат ҳатто дастболо шудани фарҳанги бохтарию эронӣ дар бархӯрд бо фарҳанги румию юнонӣ ҳолати мушобеҳ ба худшиносиро дорад. Эҳёи муҷаддади мардуми эронинажод, қудрат ёфтани давлати шоҳаншоҳии сосонӣ, тадвини навини Авасто, қудрат гирифтан ба дини давлатӣ табдил гардидани Зардуштия, рушду камоли забони паҳлавӣ ҳамон худшиносӣ пас аз муддати тӯлонӣ аз даст додани ҳокимияти сиёсӣ ме­бошад.
     Давраи дуюм, бо истилои араб ба худ фурӯ рафтан ва бегонашавии тақрибан ду асраи халқҳои эронӣ, ба фаромӯшӣ супорида шудани динҳои қадимаи онҳо: зардуш­тия, монавия, маздакия, меҳрпарастӣ ва хамчунин бе бозгашт аз байи рафтани як қатор унсурҳои фарҳанги қадима чун хат ва як қатор забонҳои қадима; забонҳои суғдӣ, авастоӣ ё паҳлавӣ, таҳрӣ, хоразмӣ ва ғайра ҳамроҳ будааст. Ин давраи асорат ва аз худбегонагӣ хушбахтона дар давраи Сомониён бо эҳёи муҷаддади фарҳангу ҳувияти аҷам, яъне худшиносии тоҷикон ва бунёди фарҳангу ҳувияти миллӣ дар пояи баландтару фаррохтаре дар муқоиса бо давраи пеш аз исломӣ ба вуқӯъ пайваст. Ин имтиҳони хеле мушкил ва тақдирсози халқҳои эронӣ, аз ҷумла тоҷикон буд. Агар ба назар гирем, ки аз истилои араб халқу миллатҳои зиёде дар ҳавзаҳои тамаддунҳои бостонии хеле қадими Сурия, Бобулу Ошурия ва Миср зиндагӣ мекарданд, бебозгашт ҳувияти худро аз даст доданд, забон, хат, урфу адат, дину ойини худ фарҳанги худ­ро комилан фаромӯш ва бо аъроб омехта ва дар он комилан ҳал гардиданд, эҳёи муҷаддади аҷамиён як муъҷизаи нодири таърихӣ мебошад. Ин воқеъияти нодири таърихи мо чигунагии шароити аз худбегонагӣ, суқути дусадсолаи фарҳангу тамаддуни халқҳои эронӣ ва ба як бор фаввора задани нубуғи эҷодгару эъҷозкори он дар тамоми соҳаҳои фарҳанг то ҳол ба пуррагӣ омӯхта нашудааст.
    Давраи сеюми таназзул ва азхудбегонагӣ ба тадриҷ дар зарфи ҳазор сол аз замони анҷоми давлати Сомониён ва ба дасти муғулҳо гузаштани лаҷоми ҳокимияту қудрат оғоз гардида, ки тӯлонитарин давраи азхудбегонагии мо буд ва ба ин давра давраи ҳафтод соли ҳокимияти шӯроҳо низ дохил ме­шавад. Дар ин давраи охирин бо вуҷуди рӯи кор омадани давлати расмии тоҷикон (Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон) ва баъзе аз пешрафтҳо давраи худбегонагӣ ва таназзули як қатор соҳаҳои фарҳангӣ таърихии мо низ буд.

                                                                                                                          

    Аввалан, мардуми моро аз тариқи иваз кардани хат аз таърихи гузаштааш буриданд, ки дар натиҷа чандин насл то имрӯз аз сарвати пурбору пурғановати гузаштаи худ бебаҳра гардид.
   Сониян, ин дастгоҳ дониста бо нақшаи муайян бо тадоруку ташкили таблиғи густардае рӯ ба сӯи нестии миллат ва ҳал кардани онҳо дар батну матни "бародари бузург" бо ними халқи Шӯравӣ пеш мерафт. Беаҳмиятию хатогиҳои содиршуда дар соҳаи сиёсати фарҳанги миллӣ ва омехташавии табиии халқҳо, ногузир сабаби азхудбегонагии қишрҳои муайяни афроди миллат ва рӯҳияи нигилистӣ нисбат ба фарҳанги гузаштаро ба вучуд овард. Ин буд, ки дар тамоми қаламрави собиқ шӯравӣ наҳзатҳои эҳё ва худшиносии миллӣ оғоз шуд. Пайдоиши истилоҳи "манқурт" дар романи "Дуроҳаи буҳронӣ"- и Чингиз Айматов, яке аз садоҳои хеле ба­ланди ихтор ва огоҳидиҳанда барои миллатҳои ҳувият аз дастдода ё дода истодаи Шӯравӣ буд.
    Инак аз он давра то имрӯз масъалаи худшиносии тоҷикон дар сари забонҳост. Пас худшиносӣ чист?
    Нахустин бор Суқрот ба инсон муроҷиат карда хитоб кард: "Худро бишнос!", баъдтар дар маорифи исломӣ, алалхусус дар тасаввуф худшиносӣ ва зарурати худшиносӣ дониста шуд ва он аз қавли пайғамбари ис­лом чунин садо дод: "Ман ъарафа нафсаҳу қад ъарафа раббаҳу" - Ҳар ки худро шинохт ҳамоно парвардигорашро шинохтааст". Дуруст аст, ки дар ҳар ду маврид зоҳиран сухан аз худшиносии фардӣ меравад. Тибқи он инсон бояд мавқеияти худро дар ҷаҳон муайян кунад ин аст, ки аллома Имом Муҳаммади Faзолӣ дар "Эҳёу-л-улума-д-дин" ва "Кимиёи Саодат" ин навъ  худшиносии инсонро чунин баён намудааст: "Бидон, ки калиди маърифати Худои Таъоло - маърифати нафси хеш аст ва барои ин  гуфтаанд: "Ман ъара­фа нафсаҳу қад ъарафа раббаҳу..."  Бо баёни ин матлаб ва тавзеҳи он Имом Ғаззолӣ худшиносии инсонро дар шинохти масоили зер мебинад.  «…Пас туро ҳақиқати худ талаб бояд кард то худ ту чӣ чизӣ ва аз куҷо омадӣ ва куҷо хоҳӣ рафт ва андар ин манзилгоҳ ба чӣ омадаӣ туро баҳри чӣ овардаанд ва саъодат чист ва дар чист ва шақовати (бадбахтӣ) - и ту чист ва дар чист?"
    Аммо худшиносии миллат аз худшино­сии ифродӣ, фарди алоҳида каме фарқ до­рад. Вале чун он дар ниҳоят маҷмӯи шинохтаҳои фардӣ аст, бемаврид нахоҳад буд, пеш аз мушаххас кардани чӣ будани худ­шиносии миллат худшиносии фардиро низ аз диди имрӯз баррасӣ ва таъриф кунем. Чуноне ки маълум аст, худшиносӣ дар як шахс дар натиҷаи таъсири мутақобила бе муҳити атроф. Аз ҷумла одамон ба вуқӯъ мепайвандад. Одам ба таври ҳақиқӣ дар вақт ва фазо дарк менамояд ва ба мавҷудияти худ на танҳо ба олам таъсир мерасонад, балки худ гуногунии таъсири оламро ҳис менамояд. Дар раванди  худшиносӣ инсон роҷеъ ба худии худ ва имкониятҳои худ донишу маълумот мегирад, ки инҳо тарзҳои  гyногунии  идроки рӯҳӣ мебошанд. Ҳамаи инро ба инобат гирифта,  гуфтанием, ки сатҳи  худшиносӣ бештар аз дониш, ақл, зеҳн ва хирад вобаста аст.
    Худшиносии фардӣ ҳамин тавр чун қуллаи баланди маърифати рӯҳии инсон се зинаро дар бар мегирад: худдарккунӣ, худназораткунӣ ва худтакомулдиҳӣ.
Аммо худшиносии миллат падидаест, ки инъикоскунандаи хусусиятҳои рӯҳиву равонии афроди ҷомеа, дараҷаи шинохти мақом ва нақши таърихию сиёсии миллат-шуури таърихӣ ва шинохти ҷойгоҳи худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ, ташаккули ифтихору  ғурури созандаи миллӣ аст.
   Худшиносии миллат аз дидгоҳи худшиносии сиёсӣ ба ақидаи мо ин пеш аз ҳама эҳсосу дарки зарурати ваҳдат ва якпорчагии обу хок ва марзу буми миллӣ, эҳсоси улфат байни афроду ҷомеа, дарки зарура­ти иттифоқ, ҳамбастагӣ, ҳамчун як нафси воҳид, чун як тану як ҷон аст. Ин шинохти ваҳдат дар натиҷаи эҳсоси ягонагии сарнавишти таърихию фарҳангии манофеъи иқтисодӣ ва ғайра муяссар хоҳад шуд. Он ҳам ба шарте, ки дар ҷомеа адолати иҷтимоӣ ва рафоҳию осоиштагӣ ҳукмрон бошад.
    Худшиносии миллат иборат аст аз шинохти мавқеи таърихии худ, мавқеи имрӯза ва ояндаи миллати худ ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ. Самтҳои асосии худшиносӣ вобаста аз самтҳои азхудбегонашвӣ мебошад. Қабл аз ҳама лозим аст, ки афроди миллат ва равшанфикрони он ҳамин ҳолату вазъияти азхудбегонагӣ, фалокатзадагӣ, худбохтагии ҷомеаи худро дарк кунанд. Марҳилаи нахустини худшиносӣ ҳам худогоҳӣ, интиқоди вазъияти ҷомеаи худ мебошад. Масалан, чунин худогоҳиро  мо дар осори Аҳмади Дониш, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, Ҷалол Олӣ Аҳмад ва Алӣ Шариатии эронӣ мебинем.
   Аҳмади Дониш ҳамчун равшанфикр он қадар ҷомеае, ки дар он зиндагӣ мекунад, шинохтааст, ки кӯбандатарин интиқодро аз он намуда. Масалан, дар як ҳикояти "Наводиру-л-вақоеъ" чунин муколамае бо зани мисрӣ аз вазъи занони аморати Бухоро  шудааст, ки як тарзи хеле кӯбандаву борикбин аст.
   - Гуфт: «Дар вилояти шумо магар зан нест?»
  - Гуфтам:  «Ҳаст, аммо на дон Мусаба, ки шумоед ва боз дар лиҳоф (чодару фаранҷӣ) мастуранд (пушида дид). Ва алҳақ он шаклу шамоиле, ки доранд, аляқин (беҳтар) он аст, ки онҳо мастур бошанд, то чашм ба дидори ноҳинҷори эшон нарасад».
    Бихандиду гуфт: "Онҳо бадшаклу нохушманзаранд?"
  - Гуфтам: «Бале, ки ҳама говдӯшу саргинчин ва ҷомашӯю нонпазанд».
  - Гуфт. «Мардон кори занон накунанд?»
  - Гуфтам. «На, балки хавориҷи рӯзгори мардон ба уҳдаи занон аст. Ва эшон ба зебу зинати худ камтар пардохт тавонанд ва доим чиркину гарчин бошанд».
   Ин аст намунаи худогоҳии воқеӣ, шинохти вазъи ҷомеаи худӣ. Мутаассифона, ин саҳнаи тасвири Аҳмади Дониш нисбат ба занони Осиёи Миёна қариб, ки то ҳанӯз по бар ҷо мондааст ва алалхусус ин чанд соли охир ҳарчи зиндагии мардон аз нав ба гардани занон афтодааст.
Вақте ки чунин худогоҳӣ дар ҷомеа ба вуҷуд омад, яъне вақте ки афроди ҷомеа, равшанфикрони он эҳсоси ақибмондагӣ, асоратзадагӣ, ҷаҳолатзадагӣ, фасоди маънавию ахлоқӣ ва ғайраро дар ҷомеа эҳсос карданд, саволҳое ба миён меояд, ки ин ҳолат аз кай шурӯъ шуд, оё аз ибтидо мо чунин будем? Иллат чӣ буд, ки ба чунин вазъ афтодем ва ғайра.

                             

    Дар маҷмӯъ самтҳои худогоҳӣ иборатанд аз худогоҳии вазъи ҳолию таърихии иҷтимоию сиёсӣ, худогоҳии вазъи ҳоливу таъ­рихии маънавию фарҳангӣ, дарку тамоюл ба ояндаи нек.
    Ҳамин тавр, худшиносӣ, пеш аз ҳама, вокунишест, баъди азхудбегонагӣ, ассимилашавӣ (қабули ҳувияти фарҳангии дигар), фурӯ рафтан ба ҷаҳлу ҷаҳолат ва аз даст додани истеъдодҳо, қобилияти бунёдкорӣ, итминон ба тавре ва истиқлолу озодӣ. Пас зарурати аввали худшиносӣ, бозгашт ба асли худ, ташхису муайян кардани он нуқта, мав- ридҳоест, ки бегонагӣ,  таҳриф бар он acap кардаст. Масалан, як масоли азхудбегонагии фарҳангӣ. Имрӯз бо вуҷуди ифтихори беҳамто, ки аҳли афроди миллат аз гузаштагони барӯманди некноми худ чун устоди шоирон Рудакӣ, Шайхурраис Ҳаким Ибни Сино, Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, Имом Муҳаммади Ғаззолӣ ва даҳҳои дигар мекунанд, вале аксарият аз фаҳми осори онҳо, шинохти бояду шояди маънавиашон оҷизанд ва боз ҳам агар вазъ ба ҳамин усули таълиму бо ҳамин забону хат идома ёбад, оҷизтар мешаванд. Чаро?
   Аввала иллат он аст, ки чунон ки гуфтем, мо аз хатте, ки ҳазору чаҳорсадола фарҳанги мо ба он нигошта шудааст, дар асари иштибоҳоти худамон дур шудем. Миллатҳои фаҳмидатар ин корро накарданд (масалан, арманҳо, гурҷиҳо, халқҳои Балтик). Ҳоло агар мо тамоми нирӯямонро ба баргардонидани мероси адабию фалсафӣ, илмию фарҳангӣ, динию мазҳабии гузашта ба ин хат сафарбар кунем ҳам, ҳазор сол лозим аст то ҳамаи онро баргардонем. Миллате, ки хаташро иваз мекунад насли ояндаашро ба як бор аз гузаштаи фарҳангаш маҳрум месозад. Ҳеҷ миллати худшинохта ба ин иқдоми беандешона қадам намегузорад. Агар чунин масъала набуд хитоиҳо ва ҷопониҳо барои осон кардани таълими савод ва саводнокӣ ва аксар аз ин масъалаҳои техникиву компютерии муосир кайҳо иероглифҳои худро ба хатти лотинӣ иваз мекар­данд ё худ инглисҳо ба ҷои дифтонгҳову трифтонгҳо на як чанд ҳарф, балки як овозро бо як ҳарф  ишора мекарданду аз заҳмати он халос мешуданд.
Сониян, иллати нафаҳмидани гузаштагон дур шудани мо аз фарҳанги асили ниёгонамон мебошад. Бо манъ гардидани таъ­лими ибтидоию миёнаи динӣ дар мактабҳо мо ба появу решаи муҳимми фарҳанги гу­заштаи худ табар задем. Тамоми фарҳанги гузаштаи мо чӣ забон, чӣ фалсафа ва чӣ адабиёт ва ғайра бо дин, мафҳумҳои он даромехтаву аҷин мебошанд. Ин аст, ки бидуни барқарор кардани таълимоти динии со­лим, мо ба худшиносии фарҳангӣ ноил шудан наметавонем.
    Сеюм, дар асари аз девону дафтар ва илм афтодан як забони сохтаи заифу тароват аздастдидае ба вуҷуд омад, ки шахсони  бо ин забон таълим гирифта, ҳатто забони тоҷикии сад соли гузашта (масалан, Аҳмади Дониш) - ро намефаҳманд (ҳоло чӣ расад ба “Донишнома”-и Ибни Сино). Бидуни наздикшавӣ ба асли забони класикӣ низ ба худшиносии комил расидан наметавонем.
    Инак, худшиносӣ танҳо огоҳии интиқодӣ ва ҳолати равоӣ нест, балки он иқдомоти инқилобӣ ва таҷдиду ислоҳи амалию фа­рҳангӣ ва иҷтимоию сиёсиро тақозо меку­над. Худшиносии миллатро танҳо аз ҳамин тариқ метавон ба даст овард. Ренесанс, ки зарурияти худшиносист, амали бозгашт ё эҳёи усули равишҳои гузашта дар появу муҳтавои нав тақозо мекунад.
   Ҳамин тавр, ваҳдати шинохти ҳувияти фарҳангӣ ва асолати таърихии миллат метавонад эҳёву рушди муҷаддади миллат­ро таъмин намояд. Ҳоло аз лобалои таърих баъд аз пушти cap кардани он чанд даври эҳёву растохез он чӣ ҳамчун аввалан симо – ҳувияти таърихии мо тоҷикон ба даст меояд, пеш аз ҳама қобилияту имкон (потенсия) - и хастагинопазирӣ ба эҳё ва растохези доимист. Қудрате дар таърих набудааст, ки ин миллатро ба як бор нобуд кунад, аз байн барад. Ба қавли Лоиқ Шералӣ:
         «Мурданд басе маслаку оину худоён,
          Маҳкум бимурданд басе ҳукмравоён.
          Мурданд забонбаста басо уқдакушоён,
          Бар рағми ҳилаю тазвиру «тааддӣ»
    Миллати тоҷик, оташи абадзиндаву фурӯзони фарҳанги ӯ ва фарҳангсозии ӯ зиндаву пойбарҷой монд. Ҳар қавму миллате, ки ба сари ӯ натохт дар назди нубуғи фикру нури оташи маърифати ӯ таслиму зуб гардид ва умед аст, ки аз ин ҳолати буҳронӣ ва худбохтагӣ низ сарбаландона берун ояд.

С
афаргул Давлиёрова,
ходими пешбари илмии шуъбаи
“Осиёи Марказӣ”-и Институт