wrapper

Хабарҳо

Рӯзи 7 марти соли ҷорӣ ҳамагон шоҳиди суханронии табрикотии Пешвои миллат ба муносибати иди модарон дар Кохи Борбад баргузор гардид. Сараввал Ҷаноби Олӣ занону модарон  кишвар ва ҳозирони толлорбударо ба иди Модарон табрику муборакбод намуда, ба онҳо тансиҳативу хонаободӣ муваффақияту барору комёбӣ дар кору зиндагӣ  ва умри дарозу бобаракотро аз Худованд орзу намуданд.
Воқеан месазад, ки Ҷаноби Олӣ дар ҳар як мулоқоташон бо аҳли ҷомеаи кишвар аз занон ҳимоят намуда, дар болобурди мавқеи зан дар ҷомеа хизмати беандоза бузурге намудаанд. Чун имрӯзҳо дар олам аз рӯзи занон ҷашн мегиранд, вале дар Тоҷикистони азизи мо аз Иди модарон, чунончи арҷ гузоштан ба модар аз муқаддасот дар фарҳангу маданияти мо тоҷикон аст.
Бе муболиға зарзамине, ки дар он зан модар ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва бунёдгузори маънавиёту ирфон аст, мардумаш ба бузургтарин дастовардҳои инсоният ва башарӣ дастёб мегарданд.
Дар ин мулоқоти навбатии Пешвои миллат ба мунсибати Рӯзи модар се бардоште аст, ки моро ба ваҷд овард ва бори дигар исботи хизматҳои беандоза бузурги Пешвои миллат ба халқу ватани  хеш ва ғайрату матонати ҷанондухтарони тоҷик дар баробари илм мебошад:
  1. Ҷаноби Олӣ дар ин мулоқот гуфтанд, ки дар яке аз сафарҳои кории ба ноҳияи Рашт ҳангоми бозгашт дар назди чархбол як гурӯҳ гулдухтаронеро мушоҳида намуданд, ки ба сӯи он кас рақскунон меоянд. Ва вақте, ки Ҷаноби Олӣ онҳоро гузоштанд, ки наздашон биёянд, ягона орзӯи онҳо ин дохил шудан ба донишгоҳҳои олӣ буд. 
Бубинед онҳо пулу мол ва мақому мартаба нахостанд. Чаро? 
Чунки онҳо дар амнияту осоиштагаӣ зиндагӣ доранд ва дастурхони пуру шароити хубе доранд. Мо яқин дорем, бо чунин ғайрату матонат ин ҷавондухтарон  дар тамоми кишварҳои олам ва ҳатто дар Донишгоҳҳои  Оксфорду Кембриҷ ҳам таҳсил намоянд.
  1. Дувумин бардоштам ин буд, ки Ҷаноби Олӣ вақте гуфтанд, ки ба ноҳияи Нуробод сафари корӣ доштанд ҷавондухтаре аз миёни оммаи мардум убур намуда, худро пешорӯи Ҷаноби Олӣ қарор дод ва хоҳиши соҳиби маълумоти олӣ шудан буд. Бо чунин ғайрату матонат чунин ҷавондухтарон бешак Гурдофаридони замонанд.
  2. Севумин бардоштам ин ба ивази зар харидани нон, ки Пешвои миллат қайд намуданд, ки дар солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе дар як шабонарӯз 250 тонна ородро нон мекарданд ва вақте ки Ҷаноби Олӣ дар сафари корӣ берун аз кишвар қарор доштаанд ба он кас хабар доданд, ки ҳамаги 80 тонна орд мондааст. Гуфтанд ба якчанд кишвар муроҷиат кардем, натиҷа надод ва худи ҳамон шаб, ки дар буҷаи кишвар 1 тонна тилло доштем бар ивазаш орд харидорӣ намудем. “Яъне зар бигиру нон бидеҳ”, то миллатам гуруснагӣ ва азобу машаққат накашанд. Ин ягона рӯйдоди таърихӣ дар насли башарӣ ва миллати тоҷик аст, яъне чи сарвате дорам аз ту, вале намегузорам, ки миллатам гурусна хоб биравад. Бубинед дар ҳамон солҳои нооромӣ ва  бо ин қадар мушкилот, кӣ ба доди мо расид ҳеҷ як кишваре ба мо ҳамин хел холисона дасти ёрӣ дароз кард?  На! Танҳо бо иродаи қавии ҷавонмардонаи Пешвои миллат мо аз он рӯзҳои вазнин ба ин неъмати бузурги Илоҳӣ расидем. Бо хабарҳои бардурӯғӣ баъзе аз манфиатҷӯён гуё маводи ғизоӣ камёфт мегардад ва ин бар бозору мағозаҳо дар паи хариди барзиёди маводи ғизоӣ афтодани мардум таҳлукаеро дар миёни омма ба вуҷуд овард ва чи хуш гуфтанд Пешвои миллат  “Мо нагузоштем, ки дар он солҳои тангдастӣ Шумо гуруснагӣ бикашед, имрӯз, ки фаровонӣ аст, мегузорем, ки гурусна монед!?”.
Дар арсаи ҳукуматдорӣ ва сиёсат барои халқи тоҷик се тан аз сиёсатмадорро таърих дар саҳфаҳояш бо хатти заррин  то абад нақш кардааст.

Анушервони Одил, ки бо адолатпарвариаш  вирди забонҳост.

Шоҳ  Исмоили Сомонӣ, аввалин бунёдгузори давлати тоҷикон.

Эмомалӣ Раҳмон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ки хизматҳои бузурги ин абармарди миллати тоҷик барои мо тоҷикон чун Пешвою роҳнамо ва ба барои оламиён ҳамчун як шахсияти муътабари таърихианд.
Ҳар яки моро шукргузории чунин  Пешвои  роҳнамо барои ҳар тоҷик қарзи виҷдонист, чун дар сиёсати инсонпарварона ва дар сулҳу осоиштагии зиндагӣ кардани мо танҳо бо ҷоннисориҳои ин шахсияти муътабар ба даст омадааст.
 
Маъруф Ашуров,
ходими илмии шуъбаи Аврупо ва Амрикои
ИОМДОА
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/