wrapper

Хабарҳо

Таҳлилҳои ахир нишон медиҳанд, ки ҷаҳони муосир бо сабаби тавсеи бештар пайдо кардани маризии сирояткунандаи нав – коронавирус ё COVID-19 дар ҳолати вазнини санитарӣ - эпидемиологӣ қарор гирифтааст.
Ахиран аз тарафи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (ВОЗ) ҳамчун пандемия (ҳамагири ҷаҳонӣ) эълон гардидани ин маризӣ ҷаҳониёнро ба таҳлука даровард. Ин чунин маънӣ дорад, ки масоҳати паҳншавии коронавирус рӯз ба рӯз афзоиш ёфта, сафи кишварҳои ба он мубталогаштаро зиёд карда истодааст.
Чунин вазъият собиқа надорад ва ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, яъне сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, варзиш ва ғайра таъсири манфӣ мерасонад. Тибқи маълумоти ахири Созмони ҷаҳонии тандурустӣ имрӯз коронавирус беш аз 120 кишварро фаро гирифта, 125 ҳазор ба он мубтало ва зиёда аз 7000 нафар ҷон бохтаанд. Ин омор рӯ ба афзоиш аст.
Хусусияти хоси коронавирус дар он аст, ки он мавқеъ ва қудрати кишварро фарқ намекунад. Имрӯз бараъло дида мешавад, ки дар қатори абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ, ба он тамоми кишварҳои рӯ ба тараққӣ, камтараққӣ ва ақибмондаи дунё мубтало гардида истодаанд.
Барои мисол дар ИМА - абарқудрати якуми ҷаҳон, ки беш аз 2000 шаҳрванди он гирифтори COVID-19 мебошанд, бо амри Президент Д. Трамп ҳолати фавқулодда эълон карда шудааст. Федератсияи Россия бошад, бо сабаби коронавирус алоқаи худро бо кишварҳои Аврупо ва Осиё, новобаста ба узвияташ дар созмонҳои ҳамгироии байналмилалӣ ва минтақавӣ қатъ кардааст.
Вазъияти хеле ҳам вазнини эпидемиологӣ дар тамоми қораи Аврупо ба мушоҳида мерасад ва он баъд аз Ҷумҳурии Мардумии Чин имрӯз маркази паҳншавии коронавирус маҳсуб мешавад. Тамоми давлатҳои ҷаҳон кӯшиш карда истодаанд, ки робитаҳояшонро бо ин минтақаи ҷаҳон бикананд. Иттиҳоди Аврупо низ дар навбати худ имрӯз барои ҷаҳониён баста шудааст.
Яке аз кишварҳои аврупоие, ки аз ин пандемия зарар дида аст, Италия ба ҳисоб меравад, ки ҳамрӯза то 300 – 400 нафар аз он ба ҳалокат мерасанд. Вазъияти ҳаммонанд дар Ҷумҳурии Исломии Эрон муқаррар гардидааст, ки қитъаи Осиёро зери таҳдид қарор додааст.
Бар хилофи пешгӯиҳои баъзе олимону коршиносон аз қабили Михаил Фаворов (муовини директори генералии СММ оид ба илм), ки гӯё иқлими Осиёи Марказӣ барои коронавирус мувофиқ нест, (http://www.toptj.com/News/2020/03/13/uchenyy-obyasnil-pochemu-v- centralnoy-azii-net-koronavirusa), имрӯз он ин минтақаро низ тасхир намуд.
Дар Ҷумҳурии Қазоқистон, ки мубталошавии шаҳрвандон ба коронавирус ба қайд гирифта шуд, аз тарафи президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қ. Токаев аз 15 март соли 2020 ҳолати фавқулодда эълон гардидааст.
Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ дар чунин вазъият қарор дорад. Муайян карда шуд, ки дар ҳар ду ҳолат коронавирус аз хориҷ, яъне аз Аврупо интиқол гардидааст. Дар ин кишвар низ аз 16 март ба ин тараф ҳолати фавқулодда эълон гардидааст. Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ чун кишварҳои дигари пасошӯравӣ алоқаҳои ҳавоӣ ва заминии худро бо ҳамсоякишварҳо, инчунин, бо давлатҳои дигари хориҷии мубталои коронавирусшуда қатъ намудааст.
Ҷумҳурии Қирғизистон ҳам ба ин офат гирифтор шуд ва дар кишвар ҳолати фавқулодда эълон гардидааст.
Дар баробари ин, коронавирус на танҳо омода набудани кишварҳо, балки созмону ташкилотҳои ҳамгироии ё интегратсионии байналмилалӣ ва минтақавиро дар муқовимат ба офате чун коронавирус нишон дод. Коронавирус дар як муддати кӯтоҳ тавонист фаъолияти чунин созмону ташкилотҳо ба монанди САҲА, СААД, СҲШ, ИДМ, ИИАО ва ғайраро хунсо намояд. Айни замон ҳеҷ яки аз онҳо фаъол нестанд.
Чунин вазъияте ба амал омад, ки тамоми давлатҳо даступо хӯрданд. Дар як лаҳза дастовардҳои дар натиҷаи ҷаҳонишавӣ, ҳамгироии байналмилалӣ ва минтақавӣ ба даст омада, рӯ ба нобудшавӣ овардаанд. Ҳама дар ҳифзи ҷони худ шуданд ва роҳи инзиворо аз кишварҳои мубталои коронавирус пеш гирифтанд. Ягона роҳро дар баста кардани сарҳадҳо ва мустақилона мубориза бурдан бо ин маризӣ мебинанд. Чунин ҳолат барои кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ заъиф ва воридкунанда хеле сахт тамом мешавад.
Кандашавии тамоми робитаҳо байни давлатҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба чашм мерасад ва маълум нест, ки чунин вазъият чи қадар идома меёбад.
Масалан, чунин ҳолатро дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС), ки ба он Россия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон шомиланд мушоҳида кардан мумкин аст. Чунончи, Россия тамоми сарҳадотро ҳатто бо шарикони худ бастааст. Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон дар кишварҳояшон ҳолати фавқулодда ҷорӣ кардаанд. Дар натиҷа Беларус дар муҳосира қарор гирифт. Ба гуфтаи рӯзноманигор В. Панфилова вазъияти ба вуҷудомада ҳамгироиро дар доираи Иттиҳоди мазкур ба ақиб мезанад (http://www.ng.ru/cis/2020-03-18/5_7820_virus.html).
Коронавирус пеш аз ҳама ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ зарар расонид. Дар як муддати кӯтоҳ ҳаҷми он дар миқёси ҷаҳон то 1,5% паст шуд ва ин рақами ниҳоӣ намебошад ва аз бӯҳрони навбатии иқтисодӣ дар миқёси ҷаҳон шаҳодат медиҳад.
Ба ақидаи баъзе коршиносону иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар зарфи чанд моҳи дигар метавонад тамоман суқут кунад.
Ба ҳайси омилҳои асосӣ инҳо буда метавонанд:
-басташавии сарҳадҳо байни кишварҳо;
-қатъ гардидани робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар миқёси ҷаҳонӣ ва минтақавӣ;
-поин рафтани ҳаҷми тавлидоти ҷаҳонӣ, авҷи таварруми пулӣ ва ғайра.
Дар кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ пешсафи дунё ба монанди Амрико, Чин, Ҷопон, Иттиҳоди Аврупо, Россия ва ғайра рукуди ҳаҷми истеҳсолот, болоравии қимати молҳои мавриди талаботи аввалиндараҷа, таварруми пулӣ ва амсоли инҳо мушоҳида карда мешавад. Барои мубориза бо коронавирус кишварҳо маҷбур мешаванд, ки аз ҳисоби буҷаи худ маблағи бештареро масраф намоянд.
Фонди Байналмилалии асъор пешгӯии қаблии рушди иқтисодиёти ҷаҳониро барои соли 2020 бо сабаби коронавирус бекор карда изҳор дошт, ки он метавонад камтар бошад (https://www.dw.com/ru/из-за-коронавируса-мвф-снижает-прогноз-роста-мировой-экономики/a-52642459). Биржаҳои асъори байналмилалӣ танҳо дар даҳаи аввали моҳи март беш аз 9 триллион доллар зарар диданд.
Хулоса, коронавирус дубора кишварҳоро аз ҳам дур сохта, боиси инзивоъи сиёсӣ, иқтисодӣ таърихию фарҳангӣ гардидааст. Бинобар ин минбаъд фаъол будани созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии ҳамгироӣ ё интегратсионӣ низ зери савол мебошад.
 
Сангинов Н.Н.,
мудири шуъбаи Осиёи Марказии
ИОМДОА АИ ҶТ
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/