wrapper

Хабарҳо

      “Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020” Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «03» майи соли 2014, №296 тасдиқ шудааст. Барнома барои солҳои 2014-2020 ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамуҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013, 1438 аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Тасмим гирифтем дар ин масъала бо доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Назарзода Носир, ки беш аз 25 сол дар Академияи ВКД ҶТ кору фаъолият кардааст, суҳбате намоем. Мусоҳиб муаллифи ҳудуди 45 номгӯи китобу рисола ва монографияҳо, беш аз 450 номгӯи мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва зиёда аз сею ним ҳазор мақолаҳои илмӣ-оммавӣ дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ мебошад. Ҳоло бошад фаъолияташро дар вазифаи сарходими илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода истодааст.
  • Устод Носир Назарзода, Шумо умри худро ба таълифу навиштани таъриху фарҳанг ва дастовардҳои милитсия бахшидаед. Ҳудудан 100 соли ахири фаъолияти милитсияи тоҷик ва умуман МКД Тоҷикистон аз ҷониби Шумо таҳқиқ шуда, атрофи масоили гуногуни он китобҳо, монографияҳо, рисолаву мақолаҳои зиёде ба чоп расида, пешкаши хонандагон гаштааст. Назари Шумо чун мутахассиси соҳа атрофи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон чӣ аст ва амалисозии Барномаи  ислоҳоти  милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои солҳои 2014 – 2020 дар нақша ворид гардида буд, чи тавр сурат гирифт. Бо моҳият ва мазмуни Стратегияи ислоҳоти милитсия ошно ҳастед, лутфан гӯед, ки ин Барнома  чи гуна мавриди амал қарор гирифт?
  • Ташаккур! Хеле хурсандиовар аст, ки тӯли 10-15 соли охир дар натиҷаи ғамхориҳои доимии Пешвои миллат, Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои гуногунҷабҳаи фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷудонашавандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварамон маҳсуб мебошад, дигаргунсозиҳои азим сурат гирифта истодааст. Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон, аз ҷумла милитсия, ки дар зарфи 73 сол қисми таркибии милитсияи Шӯравӣ маҳсуб буд, баъд аз  пошхӯрии он сохтор, ки маблағгузорӣ ва таваҷҷуҳ ба ВКД Иттиҳоди Шӯравӣ вобастагӣ дошт, дар канор монд. Вале, хушбахтона бо соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон, ба  шароитҳои сангини он рӯзҳо нигоҳ накарда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар мақомот ва сохторҳои низомӣ барои фаъолияти босамари кормандони милитсияи тоҷик, беҳбудии иҷимоии он, фароҳамсозии шароити мусоиди кору амали кормандон дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ пайваста ғамхориҳои беназир зоҳир менамояд.
      Дар зарфи қариб 28 соли соҳибистиқлолӣ вазорати корҳои дохилӣ давра ба давра ва сол ба сол таҷдиди сохтории  ташкилотии худро аз сар  гузаронида, зина ба зина инкишоф, такмил ва ташаккул ёфта истодааст, ки он аз болоравии мавқеъ ва мақоми МКД (Мақомоти корҳои дохилӣ) -и кишвар дарк медиҳад.  
    Аз соли 1991 то ба имрӯз дар давраи роҳбарии ҳар як Вазири корҳои дохилии кишвар (Навҷувонов М., Салимов Ё.К., Зуҳуров С.З., Шарипов Ҳ.Ҳ., Солеҳов М.С., Қаҳҳоров А.А. ва Раҳимзода Р.Ҳ.) таърихи ин мақомот, аз саҳифаҳои рангин ва дигаргунсозиҳои куллӣ дарак медиҳад. Гузаронидани ислоҳот дар як ниҳоди бузурги кишвар аслан кори осон набуда,  қувваю нерӯ, талошҳои зиёдеро талаб менамояд ва ман онро бо қаноатмандӣ мепазирам, зеро, ин равандро солҳои зиёд интизораш будем.
     Бо Стратегияи ислоҳоти милитсия, ки лоиҳаи он зина ба зина омода шуда буд, ошно буда, омӯхтаам ва дар баъзе муҳокимаҳои он низ иштирок кардаам. Аз оғоз то анҷомаш, Стратегияи мазкур тамоми тағйиротҳои куллиеро, ки дар ҷанбаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, давлатдорӣ ва ҳукумат ба амал омадааст дар бар гирифта, вазоифи мушаххасро барои оянда низ пешбинӣ кардааст. Лоиҳа чанд маротиба дар зинаҳои поёнӣ ва марказии ВКД муҳокима шуда аз дигаргунсозиҳо бархӯрдор шудааст.
    Дар лоиҳаи мазкур тамоми ҳадафу вазифаҳо, асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳои гузаронидани ислоҳот, ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи мутақобилаи милитсия бо аҳолӣ, созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ, васоити  ахбори омма, ҷомеаи шаҳрвандӣ, тақсими ваколат ва салоҳияти  милитсия дар системаи мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ хеле баръало ва хуб инъикос карда шудааст.
 
      Сохтори худи милитсия чӣ?
  • Бале, дар Стратегия инчунин хеле возеҳ ва равшан тарзи корбарӣ, мавқеъ ва мақоми на танҳо сохтор, балки ҳар як корманди милитсия ё политсия мушаххас карда шудааст. Дар он натанҳо сохтори мақомот, балки идоракунии милитсия, маҳорату малакаи касбии кормандон, кору фаъолият дар самти кадрҳо, яъне аз интихобу қабул ба мақомот то омодасозию пешрафти мартабаӣ ё касбӣ дар хадамот, хизмат дар мақомот, вақти корию пардохти музди меҳнати кормандон инъикос шудааст.
     Як қисми дигари Стратегия дар мавриди аз ҷониби кормандони милитсия дар кадом ҳолатҳо истифода бурдани қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус, яроқи оташфишон, системаи ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳо бахшида шудааст.
      Дар қисмати ниҳоии он бошад, дар баробари ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳамзамон назоратбарии кори милитсия, ҷавобгарии милитсия ва корманди он қайд карда шудааст.
  • Ба фикри Шумо дар оянда нисбати сохтор ва корманд чӣ талабот гузошта шудааст?
  • Ислоҳоти нави милитсия аз оғоз то анҷомаш аз навгониҳо иборат буда, талаботи куллан ва ҷиддан навро барои оянда тарҳрезӣ кардааст. Фикр мекунам, ки ба корманди беҳавсала, бедонишу малакаи касбӣ дар политсияи оянда ҷой нест. Ва ҳамзамон корманде, ки ба талаботи сохтор ҷавобгӯ набошад дар фаъолиятҳои гуногунҷабҳа истодагарӣ карда наметавонад.

                       

      Чун мутахассисе, ки
ҳама чиз бароятон равшан аст, оё пешниҳодоте низ дар ин самт доред?

  • Бале, пешниҳодҳо зиёд аст. Аз фурсат истифода бурда баъзеи онро баён менамоям:
     Дар раванди ояндаи фаъолияти милитсия (политсия) бояд тамоми шароитҳои инкишофи ҷинояткорӣ, ки сол ба сол меафзояд аз ҷониби сохторҳои мутасаддӣ ҷиддан омӯхта, таҳлил шуда, хулосаи дуруст бароварда шавад;
    Бо мақсади танзиму ташкили  кори  босамари милитсия, хусусан дар  шароити кунунӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд эъмор дорад,  зарур аст,  ки таҳдоби ҳуқуқии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ  ва  ҳуқуқэҷодкунӣ аз нав ҷиддан таҳлил ва баҳогузорӣ карда шавад;
     Ҳангоми омӯзиши вазъи ҷинояткорӣ ва пешбининамоии самтҳои ояндаи он дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳолатҳои он на он қадар ба талабот ҷавобгӯ буда ва дар оғоз на ба дараҷаи зарурӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Дақиқтараш маълумотномаҳои иқтисодӣ ва демографӣ, таъсири хулқу атвори анъанаҳо (урфу одатҳо), расму русум, афкор, дидуназар ва дигар омилҳои иҷтимоию равонӣ дуруст ба инобат гирифта  нашудааст. Ва дар оянда зарур аст, ки  ба ин  омилҳо ҳар чӣ бештар таваҷҷуҳи хос дода шавад, то ин ки дар самти дигар фаъолиятҳо ба дастовардҳои мушаххас ноил шавем;
     Ба фикри ман имрӯз вақте фаро расидааст, ки дар тамоми мақомоти милитсия, аз ВКД ҷумҳурӣ оғоз намуда, то мақомоти вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ инвентаризатсияи маълумотҳо дар бораи  аққалан 15 – 20 соли инкишофи ҷинояткорӣ дақиқ карда шавад. Вобаста ба он, тарафҳои обективӣ ва субективии ҳар як падидаи мушаххас маълум карда шавад.

     Муҳиммии ин амал имконият медиҳад, ки пеш аз ҳама:
а)  таъсири тағйироти ба амал омадаро дар қонунгузорӣ муайян намоем;
б) норасоиҳоро дар фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунии тамоми мақомоти таҳқиқу тафтиш равшан созем;
в) камбудию норасоиҳо, хатогию иштибоҳҳоро дар таҳкими қонуният, дар фаъолияти мақомоти ҷамъиятӣ ва ҳифзи хуқуқ дақиқ намоем;
г) ҳамзамон, фаъолнокии пасти сокинони ҷумҳурӣ ва таъсири онҳоро дар тамоюл ва инкишофи ҷинояткорӣ баръало ҷудо созем;
д) ҷамъбасти чунин муносибат бояд ташкили харитаи криминологӣ,  паспорти ҷамоатҳои деҳот, ноҳия, шаҳру вилоятҳо ва ҷумҳурӣ гардад, ки дар онҳо тамоми маълумот дар бораи инкишофи ҷинояткорӣ  дар ҳудуди муайяни маъмурӣ инъкос карда шуда ва оянда дар коркарди барномаҳо,  нақшаҳо, қарорҳои идоракунӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар давраи муайян мусоидат намоянд.
     Дар шароити кунунӣ кори кадрӣ ва тарбиявии МКД ба таҷдиди ҷиддӣ ниёз дорад. Дигаргунсозиҳо  дар  ин  самт бояд дар асоси талаботи  имрӯза, таҳлили гузашта ва ақидаю назаре, ки монеи пешравӣ аст, бояд сурат гирад.
     Бо мақсади такмил бахшидани фаъолияти мақомоти милитсия  зарур аст, ки тарзҳои  нави  интихоб ва  қабул кардани номзадҳоро ба мақомот ба роҳ монем, ки қодир бошанд ба таври воқеӣ (обективӣ) истеъдод ва сифатҳои шомилшавандагонро барои хизмат ба сафи мақомоти корҳои дохилӣ муайян созад.
      Ба фикрам, шаклҳои гуногуни чунин корро истифода бурдан мумкин аст. Чунончи:
  1. тестҳо барои муайян кардани дараҷаи инкишофи интеллектуалӣ;
  2. гузаронидани суҳбате, ки дар ҷараёни он на танҳо шарҳи ҳол, балки диду назар ва хоҳишу талаботи корманди ояндаи мақомот маълум карда шавад;
  3. додани супориш, ки дар рафти он ҳунару малакаи номзад дар самти асоснок кардани қарор маълум мешавад; ба таври кӯтоҳ баромад кардан дар назди коллектив, ба таври озодона баён кардани фикри худ ва ғайра, ки тавоноӣ ё нотавонии интихобшавандаро маълум месозад;
  4. мусоҳибаҳои гурӯҳӣ, ки фикрҳои дурусту нодуруст, хатогиҳо ва иштибоҳҳо, дигар сифатҳои номзадро ҷудо менамоянд;
  5. тафтишоти дараҷаи ҳолати саломатии номзад, ки хусусиятҳои хоси интихобшавандаро нишон дода ҷасурию тавоноӣ, бофикру мулоҳиза будан, ҷасурию ташаббуснок ва пешсаф будани ӯро инъкос менамояд.
  6. Шароитҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва вазъияти ҳолати мунтазами казармавӣ ба корбарӣ ва ҳолати ҷисмонии кормандони милитсия таъсири манфӣ расонидааст. Аз ин лиҳоз, оянда зарур аст, ки барномаҳои тайёрии ҷисмонӣ ва рӯҳию равонии кормандонро бо тарзи наву ҷиддӣ тарҳрезӣ бояд намуд. Хусусан, ба кормандони шуъбаҳои кофтукови ҷиноятӣ (ШКҶ), шуъбаҳои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир (ШМЗГҒММ), шуъбаҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил (ШМБҶМ), тафтишот, қисмҳои навбатдорӣ, хадамоти пустаю пайроҳадории милитсия (ХППМ), нозирони минтақавии милитсия (НММ), ки доимо ба кор машғул буда, дар ҳолатҳои мушкилу ноҳинҷор фаъолият доранд,  таваҷҷуҳи бештар додан лозим аст. Аллакай ташкили марказҳои таҷдиди тандурустӣ ва  фароғат дар дараи Ромит, Ишкошим (ВХБК) ва Сипар (Суғд), Осоишгоҳи ВКД дар минтақаи Рашт аз ҷумлаи қадамҳои аввалин  дар ин самт мебошад. Пайдошавии чунин истироҳатгоҳҳо дар вилояти Хатлон ва минтақаи Кулоб дар назар аст.
  7. Дар низоми дарсҳои тайёрии хизматии кормандон, ҷои аз ҳама намоёнро бояд коркарди масъалаҳои на танҳо равонию рӯҳӣ, барқарорсозии муносибатҳо (алоқаҳо), бартарафсозии вазъиятҳои низоъӣ, балки аз худ намудани воситаҳои мухобираи замони муосир, коркарди малакаи қабули қарори дуруст дар ҳолатҳои ногувор, баёни фикр ба таври хаттӣ ва шакли даҳонӣ ишғол намояд.
  8. Ба хотири такмил бахшидани ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ зарур аст, ки хадамоти пустаю пайраҳадории милитсия ва милитсияи саёҳӣ куллан пурзӯр ва такмил дода шаванд. Зеро, имрӯз бо дигар шудани замона, ривоҷу равнақи сайёҳӣ, ҳузуру фаъолияти сафоратхонаҳо, ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ, доиршавии ҳамоишҳои гуногуни ҷаҳонию минтақавӣ дар самти сиёсату иқтисод ва иҷтимоиёт, фарҳангу варзиш, низомию техникӣ ва ғайра корманди милитсия низ бояд намуди зебои ботинию зоҳирӣ дошта бошад. Бо ин мақсад, кормандони ин самт обективона интихоб шуда, пустаҳои такягоҳии шабонарӯзии милитсия аз лиҳози техникӣ ва воситаҳои мухобира, либос хеле бояд пурзӯр карда шуда кормандони ин самт бояд ба забонҳои русӣ ва аққалан англисӣ ошно бошанд, хусусан дар марказҳои пойтахт, шаҳру вилоятҳо.
  9. Алоқаҳои аз дастрафта бо ташкилотҳо, созмонҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таҷдид карда шуда, кори фаҳмондадиҳӣ ва ҳуқуқӣ дар миёни аҳолӣ инкишоф ва тавсия дода шавад. Дар ин самт аллакай дар ҷумҳурӣ гомҳои аввал гузошта шудааст ва онҳоро боз ҳам тақвият ва густариш бояд дод.
  10. Ҳамзамон, имрӯз зарурияти таъсиси як маҷаллаи махсуси милитсия (ё моҳвора ё рубъвора (кварталӣ), зиёд кардани шумораи сифатӣ ва миқдории ҳафтаномаи соҳавӣ «Қонун ва ҷомеа», ташкили барномаҳои гуногунҷабҳа дар минбари шабакаҳои телевизиони ҷумҳурӣ, ки қодир бошанд ҳамеша сокинони ҷумҳуриро дар мавриди ҳолату инкишофи ҷинояткорӣ ва чораҳои мубориза бар зидди он огоҳ намоянд. Ҳамчунин бюллетенҳои махсуси расмии хусусияти маълумотдиҳӣ-фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотӣ доштаро агар мунтазам чоп ва интишор мекардем, хеле ба фоидаи кор мебуд.
      Албатта гуфтаҳои боло дар маҷмӯъ дар  ин ё он ҳолат дар амалия мавриди татбиқ ва иҷро қарор доранд, (студияи телевизиони ВКД, милитсияи саёҳӣ, телефонҳои боварӣ, сомонаҳои интернетӣ, моҳвораи “Набзи милитсия”, студияи телевизионии Академияи ВКД, ва ғайра) вале баъзе ифодаҳое, ки аз ҷониби банда ироа гардид хусусияти пешниҳодотӣ дошта, бояд мушаххас ва мавриди назар қарор дода  шаванд.

  • Дар фаъолияти ояндаи милитсия самтҳо ва уҳдадориҳое низ ҳаст,  ки ба пешравии кор монеъ шавад ва агар бошад, пас дар ин ҳолат чӣ бояд кард?
  • Албатта ҳаст. Бояд қайд намоям, ки мақомоти милитсияи Тоҷикистон аз бузургтарин мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аст, ки аз лиҳози шумора, мавқеъ ва мақом, номгӯи васеъи иҷрои вазифаҳои хизматӣ, оперативӣ ва амсоли он фарқкунанда мебошад ва дар тамоми нуқоти ҷумҳурӣ аз марказ ба маҳаллот тамоми шабу рӯз амал дорад ва халқу давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ барояш шароитҳои мусоид низ фароҳам оварда истодааст.
       Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, шароит ва воқеияти имрӯза дар назди мақомоти милитсия ва кормандони он вазифа ва талаботи нав низ  мегузорад: Чунончи:
Аввалан - ҳар як корманди милитсия ва шахси мансабдори МКД бояд аз чунин сифатҳо: бовиҷдонӣ, боадолатӣ, хоксорӣ, ҳунари қабули танқид, донистани ҳаёти дигарон бархӯрдор бошанд. Зеро, ғайр аз уҳдадориҳои хизматӣ, боз  инчунин уҳдадориҳои умумиинсонӣ низ вуҷуд доранд, ки дар раванди фаъолиятамон мо бояд онҳоро ба  инобат гирем. Агар чунин сифатҳоро доро набошем, пас корманди милитсия ба  талаботи принсипиалӣ ҷавобгӯ набуда, ҳамзамон ба маслаки интихобкарда - ҳимоятгарони тартибот содиқона хизмат карда наметавонанд.

     Дувум - бо мавҷудияти  як қатор сабабҳои обективӣ ва субективӣ, фаъолияти амалии кормандони ниҳод,  кору амал аз талаботи ҳаёти имрӯза баъзан қафо мемонад. Ба ин  ҷода баъзе вақтҳо эҳсосот ва кӯшиши шахсони масъул, ки ҳар вақт бо қоғазу қоғазбозиҳо (гирифтани баёноту гузоришҳо) асос меёбад ва ҳар дафъа худро чун роҳбарони сахтгир ба эминӣ мебаранд, мусоидат кардааст. Ин дар навбати худ дар кори сиёсӣ - тарбиявӣ ва ташкилии кадрҳо муносибати консервативӣ ва манфиро ба миён мегузорад.

     Савум – вобаста ба он вазъи имрӯза низ дар самти кор бо кадрҳо ва интихоби онҳо муносибати ҷиддӣ, тарбияти инфиродӣ, такмили мунтазами тайёрии касбӣ ва сиёсиро тақозо дорад.

    Чаҳорум – мавҷудияти таҷриба ва амалияи интизомӣ на ҳама вақт самараи дилхоҳ медиҳад. Кӯшиши сардорон ва командирони ҷузъу томҳо ба ҷои тақвияти кори тарбиявӣ, ба ҷазодиҳӣ (сарзанишҳо) анҷом ёфта, ҳамин тавр фазои сахти фиребандаро нишон медиҳад, ки ахиран ба  боварии зердастон ва обрӯи худ дар фаъолияти амалӣ табар мезананд. Ҳамаи ин нокомилии кадрҳоро дар чунин кори мушкил ба миён оварда, ҳамбастагии дурусти мутахассисони таҷрибадор ва ҷавонро халалдор месозад.

    Панҷум – дар масъалаи мукофотонидани кормандон низ бояд   диди нав дошта бошем. Чунин муносибат хусусиятҳои фардӣ ва  шуғлияти одамонро ба назар намегирад. Бо иштироки наздикон  супоридани мукофотҳо қариб аз байн рафтааст. Кофтукоби шаклҳои вақеӣ ва такомулёбии ин кори муҳим меҳнати фидокоронаи  мукофотгирандаро боз ҳам  меафзояд.

      Шашум – вазифаи тайёрии назариявию равонии ҳайати шахсии шуъбаҳои шаҳриву навоҳии ВКД имрӯз муҳиммияти махсусро дорост. Ба ин  мақсад дуруст мебуд, ки қабл аз ҳама ба таври пурра имкониятҳои муассисаҳои таълимии ВКД, курсҳои олии  такмили ихтисос, бозомӯзӣ, тайёрии ибтидоӣ, таҷрибаи собиқадорони бисёртаҷриба ва шаклҳои гуногуни таҳсилро, ки имрӯз бо шукри истиқлолият ва Пешвои миллатамон дар низоми ВКД  ба вуҷуд омадааст, истифода барем.

      Ҳафтум – зарур аст китоби «Маълумотнома – луғат» доир ба донишҳои ҳуқуқӣ ва ҷамъиятиро барои хонандагон (сокинон) ва ҷавонон таҳия намуд. Дастури ҳаҷман начандон калон хонандагонро ба ҳаёти оянда омода сохта, нормаҳои ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрӣ, қонуниятҳо, ҳуқуқи интихобкунандагон, намудҳои ҳуқуқвайронкунӣ, шаклҳо ва тартиби  пешгирӣ ва профилактикаи ҷиноятҳоро маънидод хоҳад кард. Аксари ин мафҳумоти назариявӣ ва амалӣ тайёрии ҳуқуқии ҷавонро ба ҳаёти оянда мусоидат менамояд. Аз ҷониби Академияи ВКД ҶТ ба табъ расонидани китобҳои:  Шарифзода Ф.Р. ва Ульянов А.Д. “Организация деятельности органов внутренних дел по обеспечению национальной безопасности”. Учебно-методическое пособие. Душанбе: Эр-граф, 2019.-260 с. ва Ҳалимов А.Ҳ., Назруддинов М.З. ва Мақсудов Р.М. “Муҳовараи тоҷикӣ-англисӣ-русӣ”. Душанбе: Академияи ВКД ҶТ, 2018.-100 саҳ. ва ғ. аз татбиқшавии он аллакай гувоҳӣ медиҳанд.   

                                                                                                             
  • Устод, агар зид набошед аз милитсияи пештараи тоҷик ёдовар шавем, яъне ба маълумоти Шумо милитсияи тоҷик дар гузашта чӣ гуна буд, манзур дар замони Шӯравӣ ва имрӯз бошад, дар даврони Истиқлол то куҷо рушд ёфтааст?
  • Ҳанӯз то пирӯзии Инқилоби октябрии соли 1917 дар ҳудуди кишвари Туркистон, ки ноҳияҳои Тоҷикистони Шимолӣ ба он дохил мешуданд, политсияи подшоҳии Империяи Россия фаъолият мекард.
    Дар ҳудуди кишвари Туркистон вазифаҳо ва сохтори низоми политсияи подшоҳӣ баъди таъсис додани воҳиди маъмурӣ – идоракунӣ генерал – губернатории Туркистон соли 1867 муайян гаштааст. Дар давраҳои минбаъда бошад, тавассути Низомнома «Дар бораи идоракунии кишвари Туркистон» аз 12 июни соли 1886 ва бо тағйироту иловаҳо аз соли 1892 идоракунии ҳарбӣ – политсиявӣ ҷорӣ карда шудааст. Дар робита бо ин муқаррарот тамоми қувваҳои ҳарбӣ-политсиявӣ дар вилоятҳои кишвари Туркистон бевосита ба губернаторҳои ҳарбӣ тобеъ буданд.
    Мисли дигар вилоятҳои кишвари Туркистон дар уездҳои Хуҷанду Уротеппа низ барои идораи низоми политсиявӣ вазифаҳои сардори уезд ҷорӣ шуда, ҳуқуқи фармонфармоии қӯшунҳои марбути ҳудуди уезд дода шуда буд. Дар навбати худ уездҳо ба участкаҳо тақсим шуда онҳоро приставҳо идора мекарданд ва чунин участкаҳо дар вилоятҳои Самарқанду Фарғона ва Сирдарё 49-то буд. Ҳамин тариқ, шаҳрҳо ба қисмҳо ҷудо шуда нуқтаҳои аҳолинишини деҳот бошад ба волостҳо ва волостҳо ба ҷамоаи деҳот-оқсақолдорӣ ҷудо шуда буданд. Онҳоро старшина – оқсақолҳо роҳбарӣ карда дар ихтиёрашон кормандони хурди пулис доштанд. Тартиботро дар тамоми кишвар идораи махсуси политсия – Раёсат, ки аз политмейстер, приставҳо ва дигар вазифаҳо иборат буданд, назорат мекарданд ва чунин назму низом то октябри соли 1917  идома ёфт.
     Ғалабаи Инқилоби Октябр таҳдоби сохти нави Шӯравиро асос гузошта дар баробари дигар Комиссариатҳо Комиссариати халқии корҳои дохилии (КХКД)  Республикаи Советии  Россияро таъсис дод ва 10-уми  ноябри соли 1917 бо қарори КХКД милитсияи коргару деҳқон ташкил дода шуда дар назди худ чунин вазифаҳоро гузошт:
- ҳамкорӣ кардан ба мақомотҳои Ҳокимияти Шӯравӣ дар амалӣ кардани уҳдадориҳое, ки ба онҳо гузошта шудааст;
- ҳимоя кардани тартиботи инқилобӣ ва муҳофизати манфиатҳои коргарон ва табақаҳои камбағали деҳқон ;
- муносибати пайгирона дар иҷрои қарору супориш ва декретҳои ҳокимияти Шӯравӣ;
- муборизаи беамон бар зидди ҳама гуна амалҳои зидди шӯравӣ.
     Иҷрои ин вазоиф аз кормандони милитсия донистани қонунҳо ва қарорҳои Ҳокимияти Шӯравӣ, доштани малакаи касбӣ, маҳорати истифодаи силоҳ ва кор бо аҳолиро тақозо мекард.
   Ғалабаи инқилоб ноябри соли 1917 дар Тошканд ба барқароршавии Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистони Шимолӣ мусоидат кард. Анҷумани III Шӯрои вакилони коргарону деҳқонони кишвари Туркистон, ки рӯзҳои 15-22-юми  ноябри соли 1917 бо иштироки 114 вакилон баргузор гашт, Шӯрои комиссарони халқи (ШКХ) кишвари Туркистонро зери роҳбарии Ф.И.Колесов ташкил намуда, ба таври қонунӣ ҳокимияти навро таъсис дод.
   Гарчанд ҳоло комиссари махсуси корҳои дохилӣ таъин нашуда бошад ҳам, аз 14 комиссарони интихобшудаи халқӣ, ду нафар Е.Л. Перфилев ва С.К. Стасиков комиссари ҳарбӣ таъин гашта ба ваколатҳои онҳо вазифаи ташкили муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, ташкили худмуҳофизатии шаҳру ноҳияҳо аз мудохилаи қувваҳои аксулинқилобӣ дохил мешуд.
     То моҳи декабри соли 1917 Ҳокимияти Шӯравӣ дар баробари Хуҷанд дар ноҳияи Панҷекенту Фалғар, баъдтар то моҳи июни соли 1918 сохти Шӯравӣ дар Конибодому Исфара, Ашт, Уротеппа ва волостҳои уезди Хуҷанд барқарор карда шуд.
     Дар баробари ин раванд ШКХ Туркистон 24-уми ноябри соли 1917 фармон баровард, ки тибқи он ба ваколати Кумитаҳои иҷроия тамоми ҳокимияти гражданию ҳарбӣ ва милитсия дода шуда, ҷиноятиро бошад ба мақомоти судӣ интиқол дода буд.
    Аз охири соли 1917 то нимаи аввали соли 1918 таъсисёбии мақомотҳои давлати Шуравӣ дар Туркистон асосан ба анҷом расид. Тибқи Қарори ШКХ Туркистон аз 18 ноябри соли 1917 ба ташкили КХКД Туркистон ва милитсияи коргарӣ оғоз карда шуд.
    29 январи соли 1918 таҳти №17 Фармони ШКХ Туркистон «Дар бораи ташкили таҷдиди сохторӣ ва кормандони эҳтиётии милитсия» эълон гашта, бо ҳамин унвон Низомномаи милитсия қабул карда шуд. Аз 4 – уми марти соли 1918 таҳти №86 Фармони ШКХ Туркистон дар бораи «Оинномаи кормандони милитсияи кишвари Туркистон» пазируфта шуд. Каме баъдтар бошад, «Оинномаи интизомӣ барои хизматчиёни милитсияи коргару деҳқон» қабул гардид.
    Ҳамин тариқ, дар баробари мустаҳкам гаштани мақомотҳои давлатӣ, КХКД Туркистон низ такмил ёфта, низомномаҳо, оинномаҳо, дастурамалҳо, фармонҳо ва дигар санадҳое қабул шудаанд, ки масоили ташкилӣ ва асосҳои ҳуқуқии такомулёбии худи дастгоҳи КХКД ва милитсияро такон додааст.
    Агар, охири соли 1920 дар ҳудуди Туркистон 34 шуъбаҳои шаҳрӣ, 26 уездӣ ва 92 ноҳиявӣ, дар маҷмӯъ 152-то амал мекарда бошад, пас охири соли 1921 шумораи раёсатҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, уездӣ, ноҳиявӣ ва дигар ҷузъу томҳо ба 228 расида буд.
    Ҳамин тавр, бояд тазаккур намуд, ки ташкилу ташаккулёбии мақомоти милитсияро дар ҳудуди Тоҷикистони Шимолӣ солҳои 1917 – 1920 ва дар ҳудуди Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ солҳои 1920 – 1924 то табартақсими Осиёи Миёна, Дастгоҳи  КХКД ҶХШС Туркистон (ва Назирати корҳои дохилии ҶХШ Бухоро, ки аз 7 – уми сентябри соли 1920 ба фаъолият пардохту дар маҷмӯъ дар ҳайати КХКД ҶХШС Туркистон шомил буд) ба уҳда дошт. Баъди ташкили ҶХШС Тоҷикистон, ба таври расмӣ ва қонунӣ КХКД Тоҷикистон соли 1924 ташкил шуд, ки дар тамоми қаламрави Тоҷикистони имрӯза фаъолияти мақомоти корҳои дохилиро ба уҳдаи худ гирифт ва давраҳои такомулёбии онро дар поён ба таври фишурда баён менамоем.

     Давраҳои асосии ташкили мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон чунин аст:
    Милитсияи Тоҷикистон дар солҳои фаъолияти худ роҳи бузургу пуршуҷоатро тай намудааст. Дар таҳдоби ташкили он шахсоне ҳисса гузоштаанд, ки қарзи хизматии худро бошарафона иҷро карда насли нави кормандони милитсияро тарбия намуда, ки хуқуқ, ҳаёти осоишта ва амволи мардумро муҳофизат намудаанд.
    Ташкили мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Тоҷикистон давра ба давра гузаштааст. Пайдошавии он дар ҳар минтақаи кишвар аз шароитҳои маҳал вобаста буд. Ба фикри мо, дар рафти ташаккулёбии худ милитсияи тоҷик давраҳои  зеринро аз сар гузаронидааст:
    Давраи аввал – солҳои 1917-1920. Дар ин давра ташаккулёбии милитсия дар ноҳияҳои  Шимоли Тоҷикистон ва Помир оғоз ёфтааст. Ин ҳудудҳо ба ҳайати кишвари Туркистон ва баъдтар Ҷумҳурии худмухтори Шуравии Сотсиалистии Туркистон, ки то соли 1924 вуҷуд дошт, шомил мешуд. Ноҳияҳои Шимолии Тоҷикистонро уезди Хуҷанд, шаҳру ноҳияҳои Уротеппа, Конибодом, Исфара, ки ба ҳайати уезди Қӯқанд дохил буданд, ноҳияи Ашт, ки ба ҳайати уезди Намангони вилояти Фарғона дохил буд ва Панҷакенту Фалғар, ки ба ҳайати вилояти Самарқанди кишвари Туркистон шомил буд, ташкил медоданд. Рӯзҳои 20-30 апрели соли 1918 Съезди V-уми Шӯрои Туркистон баргузор гардид, ки қарори худро дар бораи ташкили ҶХШС Туркистон дар ҳайати РСФСР қабул кард. Ва тартиби сохторию коргузорӣ ба таври низоми шӯравӣ аз марказ то ба маҳаллот сурат гирифтааст.
    Давраи дуюм - солҳои 1920-1924. Бо ғалабаи Инқилоби Бухоро (2 сентябри соли 1920) давраи дигари ташаккулёбии милитсия дар ҳудуди собиқ Бухорои Шарқӣ (ҳудуди имрӯзаи Марказӣ ва Ҷанубии Тоҷикистон) оғоз шудааст. Дар ин давра, мақомоти милитсия созмон ёфта дар тамоми ноҳияҳои Душанбе, вилоятҳои Кӯлоб, Ғарм ва Қурғонтеппа фаъолона амал мекард.
     Дар ин давраҳо дар муносибатҳои мутақобилаи мақомотҳои милитсияи ҶХШС Туркистон, РСФСР ва ҶХШ Бухоро тағйиротҳои ҷиддӣ, хусусан баъди ташкилёбии ИҶШС (соли 1922) ба вуҷуд омад. Робитаҳои дӯстонаи мақомоти милитсия мустаҳкам гашта бар асари он созишномаву шартномаҳои гуногун миёни мақомотҳои корҳои дохилии марказӣ ва иттифоқӣ ба имзо расид. Мақомоти милитсияи Тоҷикистон (ноҳияҳои Шимоли он ва Помир ба ҳайати ҶХШС Туркистон ва ноҳияҳои Марказӣ ва Ҷанубӣ ба ҳайати ҶХШ Бухоро дохил буданд) то тақсимоти ҳудудӣ –миллии Осиёи Миёна соли 1924 аллакай сохта шуда, такомулёбии сохтории он сурат мегирифт.
     Давраи сеюм - солҳои 1924 - 1929. Бо ташкилёбии ҶХШС Тоҷикистон соли 1924 муттаҳидшавии тамоми манотиқи ҷумҳурӣ оғоз ва анҷом дода шудааст. Дар ҳамин сол Комиссариати халқии корҳои дохилии (КХКД) ҶХШС Тоҷикистон ташкил шудааст, ки чорабиниҳои минбаъдаи ташкилию ҳуқуқии мустаҳкам намудани милитсияро дар  Тоҷикистон гузаронидааст. Давраи нави инкишоф ва ташаккулёбии милитсияи ҷумҳурӣ оғоз шуд. Милитсияи Тоҷикистон дар қиёс бо давраҳои гузашта аллакай сохтори ягона ва ҳаматарафаи коркардаи худро дар марказу маҳаллот дошт.
    Бо мустаҳкаму пойдор гаштани мақомотҳои  марказии ҳокимият – Шӯрои комиссарони халқ (ШКХ), Комитети Иҷроияи Марказӣ (КИМ), КХКД Тоҷикистон Низомномаҳои худро «Дар бораи Комиссариати халқии корҳои дохилӣ», «Дар бораи милитсия» коркард намуда ба табъ расонд, фармону дастурамалҳое, ки масъалаҳои ташкилу ташаккулёбии ин мақомотро ба танзим медароварданд, низ қабул кард.
     Амалиёти дурударози ҳарбӣ дар сангарҳои ҷанги гражданӣ, мубориза бар зидди босмачигарӣ, инкишофи ҷинояткорӣ вазифаю уҳдадориҳои милитсияро боз ҳам васеъ ва бештар намуд. Ташкили милитсияи ихтиёрӣ ва муваққатӣ, ки мубориза бар зидди ҷинояткориро такон дода тартиботи ҷамъиятиро таъмин мекард, яке аз дастовардҳои ҳамин давра маҳсуб  мешуд.

    Давраи чорум – солҳои 1929-1991. Милитсияи тоҷик дар ҳайати ҶШС Тоҷикистон инкишофу такомул ёфта ба мақомоти муътамад, ҷангӣ ва нерӯи асосии мубориза зидди ҷинояткорӣ мубаддал гашта, тартиботи ҷамъиятиро шабу рӯз содиқона муҳофизат мекард.
  Кормандони милитсияи Тоҷикистон дар солҳои барқароркунӣ, индустриякунонӣ ва коллективонии хоҷагии халқи ҷумҳурӣ бо корнамоиҳои худ саҳифаҳои фаромӯшнашавандаеро ба ёдгор мондаанд. Кормандони милитсия дар давраҳои солҳои 1929-1941 дар ҳалли вазифаҳои бузурги хоҷагии халқ иштирок намуда, ба ҷиноятҳои иқтисодӣ ва мансабӣ муборизаи беамон бурда дар татбиқи масъалаҳои иҷтимоӣ – сиёсии мамлакат саҳми беғаразонаи худро гузоштанд. Дар иҷрои ин мақсадҳо даҳҳо кормандони милитсия ҳаёти худро аз даст додаанд.
    Дар солҳои мушкили Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945 ба мушкилиҳои умумии давраи ҷангӣ нигоҳ накарда кормандони милитсияи тоҷик вазифаи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткориро бошарафона ба иҷро расонида, дар ин ҷода низ милитсияи тоҷик дар мубориза бо ҷинояткорӣ дар ақибгоҳ даҳҳо кормандашро талаф додааст.      
     Дар натиҷаи иҷрои планҳои инкишофи панҷсолаи тараққиёт ҷаҳиши бузурге ба амал омад, ки дар натиҷаи он ҷумҳурӣ аз ҳолати қафомондагӣ ба  ояндаи  дурахшон қадам гузошт. Дастовардҳои бузурги ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангӣ ба таври қатъӣ ҷумҳуриро аз қафомондагии гузаштаи феодалӣ ҷудо намуд. Мақомоти милитсияи ҷумҳурӣ бошад, соҳиби шуъбаю ҷузъу том, хадамоту раёсатҳои нав гашта дар таъмини  тартиботи ҷамъиятӣ ва муборизаи зидди ҷинояткорӣ саҳми бузург гузошт.

    Давраи панҷум аз соли 1991 то ҳозир. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати соҳибистиқлол ва мустақил мубаддал гашт. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, дар таърихи мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ саҳифаҳои наву рангин оғоз шуд. Дар ин давраи ҳассосу тақдирҳалкунандаи инкишофи кишварамон ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ба халқу Ватани худ содиқ монда, тамоми неруи худро баҳри барқарор ва таҳким бахшидани сулҳу субот, оромӣ ва гулгулшукуфии Тоҷикистон раҳсипор кардааст.
     Дар зарфи қариб  28 соли Истиқололияти давлатӣ, МКД Тоҷикистон аз сохтори заифу қариб парокандашудаи он, баъди пошхӯрии сохти шуравӣ, ба  яке аз ниҳодҳои бузургу такягоҳи боэътимоди Истиқлолияти ҷумҳурӣ табдил ёфт. Дар солҳои истиқлолият, ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти корҳои дохилиро куллан таҷдид намуда, садҳо дастурамал, оинномаҳо, низомномаҳо, муқаррарот, фармонҳо, санадҳои нормативию ҳуқуқӣ, ки ба талаботи замони муосир ҷавобдиҳанда мебошанд коркард карда, қабул намудааст, ки имрӯз ҳайати шахсӣ ва ҷузъу томҳо, шуъбаю раёсат ва сарраёсатҳои он тибқи онҳо хизматро пеш бурда истодаанд. ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба озмоишҳои бузург рӯ ба рӯ гашт ва дар ҳама минтақаҳо дар лаҳзаҳои ҳассос аз ин монеаҳо бо сари баланд баромад.
     Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ дар давраи солҳои 1924 то соли 2020 дар вазифаи комиссар-вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон 23 нафар шахсоне таъин шуданд, ки онҳо масъулияти самти мушкилу муҳим ва боифтихорро дар душ доштанд. Онҳо яке аз ниҳоди сертаъсири сохторҳои қудратӣ – мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистонро роҳбарӣ карданд.
    Дар муддати ин солҳои зикршуда дар баробари шуъбаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии ВКД дар маркази вилоятҳо Раёсатҳои милитсия дар Кӯлоб, Ғарм, Қурғонтеппа, Панҷакент, Уротеппа, Душанбе ва Хоруғ ташкил шуда, онҳо тибқи талаботҳои замон ва таҷдиди сохтории МКД Тоҷикистон фаъолият доранд.

                                                      

  • “Кор ҳаст камбудӣ ҳам мешавад мегӯянд” дар кормандони милитсия чӣ нуқсон дида мешавад ва чӣ бояд кард, то милитсия тоҷик ислоҳ шавад?
  • Аввал ин ки шояд беш аз 90 фисади кормандон дорои маълумоти олӣ мебошанд. Фаъолияти минбаъдаи онҳо танҳо такмил дода мешавад на ислоҳ. Ислоҳ танҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ба амал бароварда мешаванд. Албатта аз нигоҳи имрӯз ва дар қиёс бо солҳои 90-уми асри гузашта дар фаъолияту амали кормандони МКД Тоҷикистон таъғиротҳои куллӣ ба амал омадааст. Вақте, ки мо мақомоти корҳои дохилӣ мегӯем тамоми раёсату шуъба ва ҷузъутомҳои онро дар назар дорем ва вақте, ки милитсия мегуем мо хадамоти давлатии “Муҳофиза”, хадамоти давлатии оташнишонӣ, қушунҳои дохилӣ ва боз баъзе ҷузъутомҳои дигарро дар назар надорем. Ва вақте саволгузорӣ менамоем бояд ба ин мафҳум таваҷҷуҳ намоем! Дар давраҳои гуногун чандин маротиба роҳбарияти ВКД бинобар ба ҷиноят сарукор доштани кормандонашро ба инобат гирифта аз кормандоне, ки тасодуфӣ ба сафҳои он шомил гаштаанд озод шудааст. Яъне дар зарфи солҳои сипаришуда чандин ҳазор бо ном “кормандон” аз сафҳои кормандони МКД ронда шуда, ба замми он талаботҳо ва масъулиятҳои кормандони ин ниҳод пурзур карда шудааст. Хусусан дар замони роҳбарии д.и.ҳ., генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ин талаботҳо боз ҳам ҷиддитар гузошта шудаанд. Масалан нисбати кормандоне, ки аз лиҳози бардамӣ чоқу фарбеҳ мебошанд ва вазнашон аз меъерҳо зиёд мебошанд. Аллакай даҳҳо чунин категория кормандон аз сафҳои МКД озод карда шудаанд, ба чунин кормандони фарбеҳу вазнбор муҳлатҳо барои ислоҳ шудан муқаррар гаштааст ва корҳо дар ин самт пайваста идома доранд. Кормандон ва роҳбароне, ки ноуҳдабаро ва бе натиҷаҳои мушаххас мебошанд, пайваста таъкид шуда баъди сипарӣ шудани вақти муайян ва ба натиҷаҳо соҳиб нагаштан ба минтақаҳои дурдаст тавсия дода мешаванд, ва ё дар сурати напазируфтани пешниҳоди воридгашта аз мақомот озод мешаванд.
     Дар бисёр самтҳо меъёрҳо гузошта шудааст: дуруст пӯшидани сару либоси хизматӣ, сайқал додани маҳорати мубоҳиса, озодона суханронӣ кардан, одоби сухан ва муносибату муошират, тамоман истифода набурданӣ зурӣ ва шиканҷа, пайваста такмил додани маҳорату малакаи корӣ, бо мардум дар тамос будан ва бо онҳо робита барпо карда тавонистан ва амсоли онҳо.

  • Саҳми милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ чи гуна аст?
    Агар аз ёд набароварда бошед каме пештар дар пункти 8 оид ба ин масъала ҳарф зада будем. Ба идомаи онҳо таъкид карданиям, ки кормандони МКД Оиннома, Дастурамал, Қонун дар бораи милитсияро доранд, ки дар онҳо ҳуқуқу уҳдадорӣ, вазифа, масъулиятнокии онҳо дар назди мақомот, давлат, халқ, ҳимояи манфиатҳо, озодӣ, ҳуқуқ ва даҳҳо самтҳо мушаххас гузошта шудааст. Агар кормандон дар фаъолиятҳои ҳаррӯзаашон онҳоро ба инобат гиранд, аз онҳо оянда кормандони содиқу бовиҷдон, ҳимоятгарони хуби тартибот мебароянд ва агар на умри ояндаи чунин кормандон дар мақомот ноустувору кӯтоҳ хоҳад буд. Саҳми кормандон дар таъмини тартибот имрӯзҳо хуб аст. Дар манотиқе, ки корҳо ба таври дуруст ба роҳ монда нашудаанд, дар он ҷо натиҷаҳо хуб намебошанд ва ҷинояткорӣ авҷ мегирад, амният ноустувор хоҳад шуд, сокинон иттифоқ намеафтанд ва билохира ба пастӣ мебарад.
    Корманди имрӯза чи тавре, ки баён кардем фаъолияташро бояд тибқи талаботи рӯз ба роҳ монад, босаводу боҳавсала, уҳдабаро, забондон, хушзеҳну босалиқа ва бофарҳангу чолок ва ҳамеша омода бошаду дар савганди ёдкардааш содиқу вафодор ва ҷонфидои маслаки интихобкардааш бошад. Дар он сурат ҷомеа бо чунин ҳимоятгаронаш дар амну осудагӣ умр ба сар мебарад ва давлат бошад тинҷу ором хоҳад буд!

  • Робитаи милитсияи тоҷик бо хориҷи кишвар...
     Муносибатҳои берунаи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конвенсияи Минск соли 1993 ва Саммити Минск соли 1998 оғоз ёфта, тули ин солҳои истиқлолият беш аз 40 шартномаҳои байнисоҳавии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВКД ИДМ ба имзо расидааст. Фаъолиятҳо дар арсаҳои гуногун: ҷиноятҳои муташаккил, терроризм, экстремизм, нашъаҷаллобӣ, нақлиёт, таҳсилот, табодули таҷриба  ва ғайра ҷараён доранд.
    Ба замми он октябри соли 2004 ВКД Тоҷикистон ба аъзогии политсияи байналмилалӣ «Интерпол» шомил шуда, имрӯз дар муборизаи худ боз ҳам фаъолтар гардидааст. ВКД Тоҷикистон бо аксари созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ робита дошта, аҳдномаву муоҳадаҳои гуногунро ба имзо расонидааст. Ҳамзамон, ВКД Тоҷикистон бо ВКД-ҳои  бисёр давлатҳои ҷаҳон Россия, Чин, Покистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Миср, Олмон, Амрико, тамоми мамолики ИДМ ва ғайра ҳамкориҳои густарда дорад. Робитаҳо сол ба сол зиёд гашта густариш ёфта истодаанд.
   
     Шумо,
ҳамчун устоди собиқадор, ки дар давраи фаъолиятатон барои ниёзи МКД-и Тоҷикистон ҳазорҳо шогирдонро омодаву тарбия намудаед, нисбати кормандони ҷавони соҳа чӣ гуфтаниҳо доред?

    Хеле шукр ва ифтихор менамоям, ки шогирдонам имрӯз сардорони сарраёсатҳо, раёсатҳо, шуъбаҳо, ҷузъутомҳои МКД буда, даҳҳо нафари онҳо дар рутбаҳои генералӣ ифои вазифа доранд. Ба наслҳои ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ таманно менамоям, ки онҳо ҳамеша ба дониш такя намоянду аз омӯзиш ҳеҷ вақт ва ҳатто лаҳзае дур нашаванд. Зеро, сарчашмаи ҳама гуна ҳунару малака, таҷриба, чустию чолокӣ, нотарсию далерӣ, пешравӣ, сарбаландию комёбиҳо, сиҳатмандию танумандӣ, мартаботи хизматию рутбавӣ, обруву эътибор, шаъну шараф, гирифтани мукофоту ҷоизаҳо, ному кор ва хотироти хуб ва ғайра  аз дониш, мутолиа, бохабар будан аз вазъи маҳалли минтақаи хизматию ҷумҳурӣ ва байналмиллалӣ вобастагии зич дорад. Шахс чи қадаре, ки бо дониш мусаллаҳ бошад, ҳамон қадар пурзур аст ва ояндаи худ ва хизматашро мебинад ва ҳама вақт дар амон аст. Агар на, пас роҳу равиши чунин насли ҷавон ба оянда дар мақомот ноустувор, номуназзам, муваққатӣ ва ноком хоҳад буд. Бигузор шогирдони ҷавон ҳамеша муваффақ бошанду  ин таманниёти собиқадоронро дастури амали хеш гардонанд!
 
  • Аз Шумо барои як чунин суҳбати пурмуҳтаво изҳори сипос менамоям.
Ташаккур, сиҳату саломат бошед!.
Суҳбаторо Умед Пудинаев,
муҳаррири сомонаи Институт
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/