wrapper

Хабарҳо

Яке аз мушкилоти имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки тамоми робитаҳои байналмилалӣ ва дохилии кишварҳоро аз ҳам рехт, ин вируси корона мебошад. Ин воқеият бори дигар собит кард, ки бе тақвият ва муҷаҳҳаз кардани ниҳодҳои илмӣ ва дар авлавият қарор додани донишу пажӯҳиш ягон давлат наметавонад ба ҳалли мушкилоти худ расидагӣ кунад. Мусаллаҳшавии босуръат, зӯргӯӣ, қудратхоҳӣ, истеъморгарии қудратҳои ҷаҳонӣ, даҳшатафканиву тарсафканӣ, хурофоту мазорпарастӣ, сеҳру ҷоду, авомфиребии муллоён, пулпарастии мултимиллиардерҳову дороиҳои ҳангуфти сармоядорон натавонист густариши як мавҷуди ноаёнро пешгирӣ намояд. Ин ва дигар паҳлӯҳои масъаларо Директори Институти омӯзиши масъалаҳои кишварҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Ёрмаҳмад НИЁЗӢ дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» мутазаккир шуд.
Андешаҳои пурраи олими тоҷикро дар робита ба суханронии таърихии Пешвои миллат дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат манзури хонандагон мегардонем.
-Дар мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  18 марти соли равон дар арафаи ҷашни байналмиллалии Наврӯз бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди  мамлакат Президенти Тоҷикистон аз тариқи равиши илмӣ, яъне интиқод кор гирифта, фаъолияти ин самтро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

                                                                                                                                 

Рӯй овардан ба меҳнати фикрӣ ва тафаккури эҷодӣ баъди асри равшангароӣ то ба имрӯз нишон додааст, ки инсоният бо такя кардан ба омӯзиш ва кашфи қонуниятҳои табиат ва ҷамъият метавонад зудтар ба зиндагии сифатан хубу беҳтар комёб гардад. Ин комёбии башарият натиҷаи шинохти дурусти воқеият мебошад, ки муҷиби пешрафти ӯ гардидааст, то табиатро ба худ тобеъ сохта, барои манфиатҳои худ истифода намояд. Ин мутобиқатсозӣ ва тасхири манобеи табиӣ дар баробари муваффақиятҳои инсонӣ, албатта, мушкилоти дигареро, мисли мушкилоти экологӣ, гармшавии иқлим, шикофи қабати озонии атмосфера ва дигар мушкилиҳо ба вуҷуд овардааст, ки баҳси дигарест.
Ба таври мухтасар, интиқод дар тамоми таърихи илми башарият яке аз муҳаррики асосӣ ва муҳиме буд, ки натиҷаҳои илмро бознигарӣ карда, арзиши воқеии онро муайян кардааст ва ин натиҷаҳоро ба манфиати башарият равона карда, ӯро аз ҳар гуна андешаҳои субъективӣ, тахайюливу хурофотӣ ба самти шинохти воқеият баргардонидааст. Илм имрӯзу оянда низ чунин тасхири оламро ба манфиати инсоният густариш хоҳад дод.
Яке аз мушкилоти дигари имрӯзи ҷаҳонӣ, ки тамоми робитаҳои байналмилалӣ ва дохилии кишварҳоро ба ҳам рехт, ин вируси корона мебошад. Воқеияти вирус бори дигар собит кард, ки бе тақвият ва муҷаҳҳаз кардани ниҳодҳои илмӣ ва дар авлавият қарор додани дониш ва пажӯҳиш ҳеч кишваре наметавонад ба ҳалли мушкилоти худ расидагӣ кунад. Мусаллаҳшавии босуръат, зургӯӣ, қудратхоҳӣ, истеъморгарии қудратҳои ҷаҳонӣ, даҳшатафканиву тарсафканӣ, хурофоту мазорпарастӣ, сеҳру ҷоду, авомфиребии муллоён, пулпарастии мултимиллиардерҳову дороиҳои ҳангуфти сармоядорон натавонист густариши як мавҷуди ноаёнро пешгирӣ намояд.
Чунин зарурат аст, ки давлату ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолият ба инкишофи илм диққати аввалиндараҷа медиҳад. Моҳияти муҳими масъаларо ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз  мулоқот бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди  мамлакатро баргузор намуданд. Дар мулоқот асосан рушди илми тоҷик, маориф, беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ, вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкорӣ, бурду бохти раёсат ва институтҳои Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сохторҳои онҳо ва сатҳу сифати тарбияи кадрҳои илмӣ чун маҳаки асосии суҳбат ва вохӯрии баргузоргардида  мавриди баррасии Пешвои миллат қарор  гирифтанд.
Имрӯз дар ҷаҳон масъалаи рушди илмҳои дақиқ ва технологияи муосир аҳамияти фавқулода муҳим пайдо мекунад. Мусаллам аст, ки бе тафаккури пешрафтаи  техникӣ ва донишҳои техникӣ мо ҷомеаи худро пеш бурда наметавонем. Аз ин рӯ,  моро мебояд, ки дар баробари ривоҷ додани илмҳои гуманитарӣ, ки барои худшиносӣ ва меҳанпарастӣ хеле зарур аст, ба вусъат додани омӯзиши фанҳои дақиқ, техникӣ ва технологияи муосир, ки иртиботи иҷтимоиро тақвият мебахшад, бояд эътибори ҷиддӣ диҳем. Дар шароити кунунӣ  бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад.
Маҳз бо ҳамин мақсад аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон гардиданд, ки  бовар дорем ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа, махсусан ҷавонон ва насли наврас такони ҷиддӣ мебахшад.
Рушди босуръати илм ва технологияи муосир зарурати қабули қонунҳо ва асноди нави меъёрии ҳуқуқиро   тақозо менамояд. Аз ин ҷост, ки Ҳукумат як зумра ҳуҷҷатҳои муҳимро дар робита ба илм омода ва тасдиқ намуд, ки барои пешрафти фаъолияти муассисаҳои илмӣ мусоидат карданд. Ҳамчунин  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки дар кӯтоҳтарин фурсат як барномаи дарозмуддати рушди фанҳои дақиқ ва  техникӣ омода карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Ҳангоми мулоқот Президенти мамлакат махсусан аз равиши ратсионализими интиқодӣ ба мушкилоти имрӯзаи илмии мамлакат бархурд намуданд. Зимни ироаи маърӯзаи худ пешниҳодҳое карданд, ки бояд дар Академияи илмҳо як ислоҳоти сохториву идорӣ  рӯйи кор ояд, то аз як ҷониб илм ба истеҳсолот пайванд шавад ва аз ҷониби дигар бо назарияҳову дидгоҳҳои илмии олимони дигар кишварҳо рақобат дошта бошад. Пайванди илм бо истеҳсолот ва рақобатпазир будани илми тоҷик танҳо роҳест, ки илми тоҷик худкифо шуда, ҳам барои равнақи илми ватанӣ дар дохил ва ҳам барои беҳбудии  некуаҳволии мардуми тоҷик метавонад саҳми худро гузорад. Тавре гуфтаанд: «Илмат ба амал чу ёр гардад, қадри ту яке ҳазор гардад…».
Имрӯз,  чуноне  Президенти ҷумҳурӣ зикр карданд, мо ба ислоҳоти куллӣ ниёз дошта, барои пешбурди илми тоҷик тамоми сохторҳои идориву маъмурии мамлакат бояд мусоидат намоянд, то дастовардҳои илми тоҷик дар истеҳсолот амалӣ карда шаванд.
Барои пешбурди илми тоҷик Пешвои миллат чунин изҳор доштанд,  «Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки рушди илм дар ҳамбастагӣ бо се омил таъмин мегардад: аввалан, бо қадр кардани истеъдоди фитрӣ, сониян, бо муҳайё намудани рақобати солим ва озоди илмӣ ва сеюм, бо мавҷуд будани принсипҳои масъулиятшиносиву поквиҷдонӣ дар фаъолияти илмӣ.
Ғайр аз ин, зарар ва офати илм низ се манбаи субъективӣ дорад: якум, эътироф нашудани истеъдоди асил, дуюм, худбоварии мутлақ ва нашинохтани иштибоҳи худ ва сеюм, ворид шудани ғараз дар илм ва муносибатҳои илмӣ.
Ба ибораи дигар, рақобати озод, танқиди беғаразона ва бо муҳаббат ба кори эҷодӣ машғул шудан ҷавҳари илми асил мебошад. Ҳамчунин андеша ва афкори мо бояд аз танқид натарсад».
Яке аз нуктаҳои ин андеша дар он ифода меёбад, ки фаҳмиши танқид дар ҷомеаи мо ба нофаҳмӣ ва ҳароси беш аз ҳад табдил шудааст ва ҳамзамон бештари мунаққидони мо гоҳо байни интиқод ва таҳқир фарқияте намегузоранд. Чунин суитафоҳум аст, ки мунаққидон аз як тараф ба ҷойи танқиди назар, андеша ва консепсияи илмӣ ба таҳқири шахсият рӯ оварда, баҳсҳои мавзӯиро канор гузошта, ба таҳқиру дашном рӯ меоваранд. Ин шеваи бархурдро мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бинишҳои яктарафаи сомонаҳои дохиливу хориҷӣ баръало метавонем мушоҳида кунем, ки боиси таассуфи ҷомеаи имрӯзи тоҷик мебошад.
Мусаллам аст, ки ҳар гуна танқид ва таҳқиқи илмӣ ҷанбаҳои гуногуни як мавзӯи мушаххасро тавзеҳ ва рӯшан месозад, натиҷаҳои илмиро дар маҳаки воқеият месанҷад ва баъдан пешниҳоду тавсияҳои худро пешкаш месозад. Дар ҳоле, ки нақду баррасии бештари таҳлилгарони ба ном мустақил ва рӯзноманигорон дар минбари сомонаҳои худ бештар муғризона ва якҷониба буда, манбаи бархӯрдҳои тунду хушунатомезеро дар пай дорад, ки боиси ташаннуҷи авзои иҷтимоӣ шуда, сабаби даргирӣ ва норозигии мардумро дучанд сохта, омили рӯҳияи фишори мағзӣ ( стресс ) ва афсурдагӣ мешавад.
Дар илми тоҷик мушкилоти зиёд ҳаст ва ин воқеиятро ҳеҷ вақт пинҳон дошта намешавад ва   Президенти ҷумҳурӣ дар ин мулоқот чандин мушкилотро зикр карданд, аммо роҳи ҳалли ин мушкилот ташаббуси дастаҷамъона ва системанокро талаб мекунад.
Дарвоқеъ, худбоварии мутлақ, ғараз, нашинохтани истеъдодҳо ва тарбияи кадрҳо аз мушкилоти илми тоҷик мебошанд, ки аз низомҳои тамомиятхоҳии идеологияҳои динмеҳварӣ, ормонгароии коммунистӣ ва маҳалгароии хушунатомез ба мо мерос мондаанд. Ин мушкилот ва чандин мушкилоти дигаре мавҷуданд, ки бояд пай дар пай аз миён бардошта шаванд.
Хулоса, нақду баррасиҳои Президенти мамлакат аз натиҷаҳои илмии Академияи миллии илмҳо ва дигар ниҳодҳои илмии ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ барои пешбурди илми тоҷик хоҳад шуд.
Дар ин мулоқот мушкилоти илми тоҷик бори дигар таҳлилу баррасӣ гардида, самтҳои минбаъдаи он, ки пайвасти илм ба истеҳсолот мебошад, муайян гардиданд.
Илм бояд на ба хотири илм, балки барои беҳтар сохтани сатҳу сифати зиндагии шоистаи инсонӣ хидмат намояд. Инсон ҳамон вақт ба зиндагии шоиста комёб мешвад, ки натиҷаҳои илмии олимони гузашта ва имрӯзаро омӯзад ва дар зиндагии шахсии худ татбиқ намояд.
 
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/