wrapper

Хабарҳо

Ҷумҳурии Қазоқистон содироти гандум ва ордро маҳдуд кардааст. То моҳи августи соли 2020 ин кишвар орди гандумро ба љумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон тибқи квотаи муқарраршуда мефурӯшад. Ҳаҷми квотаҳо аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон муқаррар карда мешавад. Чунончи, ба Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон 200 ҳазор тонна ва барои содироти орд 60 ҳазор тонна квота муқаррар кардааст.
Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз аввалин кишварҳо дар минтақа мебошад, ки ҳолати коронавирусро дар қаламрави худ тасдиқ ва вазъияти фавқулодда эълон кард. То 7 апрели соли 2020 дар Қазоқистон 670 ҳолати сироятёбӣ бо коронавируси Ковид-19 ба қайд гирифта шуда, дар давоми як рӯзи охир шумораи мубталоён ба 8 нафар афзоиш ёфтааст. Шумораи умумии фавтидагон аз сирояти коронавирус дар кишвар 6 нафарро ташкил медиҳад. Дар марҳилаи фаъоли ин беморӣ 618 нафар мебошанд, ки 16 нафари онҳо дар ҳолати вазнин қарор доранд. Ҳолатҳои тасдиқшудаи табобат ёфтан аз короновирус то 07.04.2020 дар қаламрави кишвар 46 нафарро ташкил медиҳад.[1]
Дар ҳамин ҳол, танҳо дар Тоҷикистон талабот ба гандум ҳар моҳ 90 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад ва кишвар гандумро аз Қазоқистон ворид мекунад. Тоҷикистон зиёда аз 60 фоизи талаботи ордро аз ҳисоби содироти гандум аз Қазоқистон таъмин мекунад.
Талаботи ҳармоҳаи Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон: ба гандум - ба 600 ҳазор тонна, орд - ба миқдори 200 ҳазор тонна баробар аст.
Ҳамзамон, нархи орд дар Тоҷикистон барои як халта 50 кг. ахиран аз 180-185 сомонӣ то 205-220 сомонӣ боло рафт. Дар Тоҷикистон болоравии нархи орд ва маҳсулоти дигар бо болоравии доллар шарҳ дода мешавад. Ҳоло қурби расмии доллар ба сомонӣ ба 10.20 баробар аст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки кишвар тӯли ду сол таъминоти стратегии маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд, дорад.
Тибқи иттилои вазорати саноати Тоҷикистон, дар кишвар 47 корхонаи орд фаъолият мекунанд, ки барои истеҳсоли солона 1,9 миллион тонна орд пешбинӣ шудаанд ва аз ин рӯ эҳтиёҷоти аҳолиро ба орд, ки 800,8 ҳазор тонна ордро 2,3 баробар афзоиш медиҳад, таъмин мекунанд.
Ба ғайр аз истеҳсолкунандагони ватании кишоварзӣ, гандум барои ин корхонаҳо аз Русия ва Қазоқистон низ оварда мешавад.
Мувофиқи меъёрҳои маъмули истеъмоли озуқаворӣ дар ҷаҳон, ба ҳисоби миёна, як нафар дар як сол то 75 кг маҳсулоти нон истеъмол мекунад. Дар Тоҷикистон истеъмоли нон аз ин меъёр зиёд аст. Тибқи маълумоти Агентии омор, ба ҳисоби миёна ба ҳар нафар ба ҳисоби миёна 120 кг маҳсулоти нонї  рост меояд.

 
[1] https://coronavirus-monitor.info/country/kazakhstan/
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/