wrapper

Хабарҳо

Озодӣ аз муҳимтарин ҳуқуқи ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, фард бояд дар ҷомеа аз он дар зиндагӣ бо эҳсоси табиӣ, фазои минтақавӣ, динӣ, расму русуми қабилавӣ дар доираи қонуни асосии давлат пешниҳод карда истифода кунад.
Ҳар як инсон ҳаққи аз манбаъҳои хабарӣ дастрасӣ доштан, озодона ақидаи худро ба таври шифоҳӣ, хаттӣ, тасвирӣ изҳор ва паҳн карданро дорад. Озодии матбуот ва озодии гузориш тавассути радио ва филм кафолат дода мешавад. Сензура набояд бошад, аммо тамоми фаъолиятҳо бояд дар асоси қавонини марбута сурат бигиранд.
Дар давлатҳои аврупоӣ, аз ҷумла Олмон баён кардани фикр ё пешниҳоди идея ба воситаи санъати тасвирӣ, филм, мақолоти илмӣ озод буда, ҳар нафар эҷодкор дар доираи қонунҳои амалкунанда фаъолият мекунад. Аз ин ҷост, ки Олмон озодии баёни ақида ва озодии матбуотро олитарин арзиши имрӯзаи ҷомеа меҳисобад. Ин арзишҳо дар моддаи 5 Қонуни асосӣ баён шудаанд ва асоси ҷомеаи демократӣ мебошанд. Ба нуктаи Қонуни асосӣ таваҷҷуҳ мекунем: “Ҳар як инсон ҳақ дорад, ки ақидаи худро ба таври шифоҳӣ, хаттӣ ва тавассути тасвир озодона изҳор намояд ва паҳн кунад, инчунин озодона аз манбаъҳои дастрас маълумот гирад”.
Рӯзномаҳо, радио ва телевизиони Олмон
Рӯзномаҳо на моликияти давлатӣ буда, балки моликияти нашрияҳои хусусӣ мебошанд. Пахши телевизион ва радио аз ҷониби мақомоти қонунгузории давлатӣ амалӣ карда мешавад, ки ба тамошобинон ва шунавандагон маълумоти мустақил, инчунин барномаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва фароғатӣ медиҳад. Ҳар як хонаводаи олмонӣ барои тамошо ва шунидани телевизион ва радио маблағи муайян пардохт мекунад. Ҳамчунин, доираи васеи шабакаҳои хусусии радио ва телевизион вуҷуд доранд, ки аз ҳисоби реклама маблағгузорӣ карда мешаванд.
Ноширон, муҳаррирон ва рӯзноманигорон дар назди ҷомеа масъулияти баланд доранд. Онҳо иттилоъ медиҳанд, хабарро ба як шакли муайян пешниҳод менамоянд, озодии ақидаро ҳимоя мекунанд, ҳар чизи пӯшидаро ошкор мекунанд. Кодекси рафтори журналистӣ “Кодекси матбуот” ном дорад ва Шӯрои матбуоти Олмон риояи онро назорат мекунад. Хонандаҳо низ ба фаъолияти ВАО баҳо медиҳанд. Масалан, тибқи як пурсише, ки аз ҷониби Институти Алленсбах оид ба омӯзиши нуқтаи назари шаҳрвандон гузаронида шудааст, аз даҳ нӯҳ шаҳрванди Олмон журналистикаи баландсифатро яке аз рукнҳои муҳимми ҷомеаи демократӣ дар Олмон мешуморанд. САҲА инчунин аз гуногунии расонаҳои олмонӣ, ки тариқи стандартҳои баланди касбии рӯзноманигорон бо хабарҳои қалбакӣ бомуваффақият мубориза мебаранд, бо қаноатмандӣ хабар медиҳад.
Маҷмӯаи зиёди рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо дар Олмон нуқтаназарҳои гуногунро инъикос мекунанд: 323 рӯзномаи ҳаррӯза, 23 рӯзномаи ҳафтаина ва шаш рӯзномаи якшанбе дар бораи рӯйдодҳои ҷаҳонӣ ва ҳам дар бораи хабарҳои маҳаллӣ иттилоот нашр мекунанд. Теъдоди умумии онҳо тақрибан ба 18,3 миллион нусха мерасад. Бояд қайд кард, ки Олмон 1626 маҷаллаҳои машҳур ва рӯйхати афзояндаи нашрияҳои махсус дорад, ки ҳоло тақрибан 5,600 номгӯйро дар бар мегиранд. Дар бозори ҷаҳонӣ аз рӯи табъу нашр Олмон пас аз Чин, Ҳиндустон, Ҷопон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷои панҷум меистад. Мувофиқи маълумоти Ассотсиатсияи федералии нашриёт, нашрияҳои чопӣ ва рақамиро ҳар рӯз аз чор се ҳиссаи аҳолии Олмон мехонанд.
Аз як тараф, Олмонро мо ҳамчун кишваре мешиносем, ки дар он ҷо қоидаҳо оид ба ҳама чиз вуҷуд доранд ва дар он ҷо давлат тамоми паҳлуҳои ҳаёти инсонро танзим мекунад ва касе ҳақ надорад ин қоидаҳоро вайрон кунад. Аз тарафи дигар, масалан, озодии сухан хеле эҳтиром карда мешавад. Хуб, ба маънои манфӣ, Олмони озод ҳатто як давлати намуна дар рӯи Олам. Дар Олмон барои ҳама чиз қоида ва қонунҳо вуҷуд дорад. Масалан, агар Шумо саломи гитлериро ба забон оваред, аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ ҷазо мегиред ва ба маҳбас кашида шуданатон низ аз эҳтимол дур нест. Ё ин ки дар Олмон сурудҳое, ки дар асри 20 навишта шудаанд ва хонданашон мамнӯъ аст (масалан, "Суруди олмониҳо", ки соли 1841 навишта шудааст, суруди Ҷумҳурии Веймар ва амсоли инҳо), вомехӯранд. Чаро ин навъ сурудҳо манъ шудаанд? Чунки адовати миллӣ ва ангезаи нажодӣ доранд. Дар ин суруд чунин сатрҳо мавҷуданд: «Deutschland, Deutschland über alles, Über alles in der Welt…» "Олмон, Олмон аз ҳама чиз болотар, аз ҳама чиз дар ҷаҳон болотар...". Бо назардошти гузаштаи фашистӣ, ин калимаҳо ба монанди даъват ба эҳёи идеологияи Рейхи сеюм садо медиҳанд.
Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон шумо метавонед дар телевизон духтарони лухту урёнро бе мамониат тамошо кунед. Таблиғи молҳои либоса аз ҷониби ҷинси зан ё марди урён ва ё "калимаҳои қабеҳ" дар телевизиони олмонӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон қобили қабул нест, мавриди пахшу нашр қарор мегиранд. Ин ҳама дар Олмон имконпазир аст.
Истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ дар байни ҷамъият мамнӯъ нест. Олмон яке аз аввалин кишварҳое мебошад, ки консепсияи “истифодаи бехатар” -ро дар масъалаи маводи мухаддир қабул кардааст. Дар ин ҷо ба нашъамандон сӯзандоруҳо ройгон гузаронида мешаванд, онҳо метавонанд зери назорати табибон (ҳама аз ҳисоби андозсупорандагон) маводи мухаддирро истеъмол кунанд. Ин як масъалаи хеле баҳсталаб аст. Аммо чунин бархӯрд: "табобат ба ҷои ҷазо" аломати ҳатмии озодӣ аст.
Дар рейтинги озодиҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ, ки ҳар сол аз ҷониби Фридом Ҳаус (Freedom House) таҳия мешавад, Олмон ба таври анъанавӣ мавқеи пешсафро дорад. Дар сиёсат, Олмонро метавон озод номид. Дар кишвар як мавқеи қавӣ ва мустақил вуҷуд дорад. Шаҳрвандон, воқеан, ба қудрат таъсир мерасонанд. Роҳбарони мақомотҳои расмӣ, агар "интизориҳои ҷомеаро қонеъ накунанд", ихтиёран аз мақомҳояшон даст мекашанд.
Ҳар як кишвар озодиҳо ва мамнӯъиятҳои худро дорад. Олмониҳо, бешубҳа, системаи беназири худро доранд, ки наметавон онро дар Тоҷикистон, Россия, ИМА ё давлатҳои арабӣ татбиқ кард. Худи олмониҳо кишвари худро бехатар ва ҳамзамон озод меноманд.
 
Кайхусрави Субҳонзод,
ходими илмии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
АМИТ
 
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/