wrapper

Хабарҳо

Дар ин рӯзҳои сахту душвор барои ҳамаи ҷаҳониён, алалхусус барои мо, лозим аст даст ба дасти ҳам бидиҳем ва дар канори ҳам бошем ва якҷоя муқобили ковид-19, яъне короновирус биҷангем. Танҳо ба-дин шева метавон пирӯз шуд!
Гуйиё ҷанги семюми ҷаҳон асту дар хатти ҷабҳа пизишкону парасторон қарор доранд. Онҳо дар рӯбарӯи он устуворона, сарбаландона, шабонарӯзӣ барои миллату давлат мубориза мебаранд ва аз ҷону тани худ мегузаранд. Мо бо онҳо меболем, дуо мекунем ва пеши онон сари таъзим фуруд меорем. Қаҳрамонони ростини замони мо пизишконанд. Месазад, ки дар чунин шароити маргу даҳшат, ҳамаи онҳоеро, ки дар ин ҷабҳаи мубориза қарор доранд ва ояндаи наслҳои кишварамон васати онҳост пуштибонии маънавии хешро дареғ мадорем. Барои ин фариштагони сафедпуши миллати Тоҷикистон дасти дуо бардорем ва то қадри имкон кумак намоем.
Чунон, ки шоири бузургворе  мефармояд:
        Худовандо табибонро тавон деҳ,
        Сабурӣ аз Замин то Осмон деҳ.
        Бимон, ки бар вабо пирӯз гарданд,
        Раҳи осони дармонро нишон деҳ.
        Зи шарри дарди дунёро гирифта,
        Ҷигарбандони Синоро амон деҳ.
        Ба ин хилъатсафедони диловар,
        Вабокушҳар чизе бошад ҳамон деҳ.
        ...Худовандо ту бо дасти табибон,
Ҷаҳонро бардамии ҷовидон деҳ.
Ҳанӯз дар замони бостон, махсусан дар тафаккури Юнониҳои Қадим донишҳои педогогӣ ва табибӣ донишҳое ба шумор мерафтанд, ки аз Худо омадаанд.
Чунон ки донишманди бузурги тоҷик, табиби ҳозиқ Ибни Сино мефармояд: “Духтур бояд сару либоси сарватмандона пӯшад, дар дасташ як ҳалқаи  гаронбаҳо андозад ва аспи беҳтаре дошта бошад, то фикр дар бораи қутти лоямут духтурро аз ҳолати нигоҳубини бемор парешон накунад” ин гуфтаҳо шоистаи таҳсинанд ва имрӯз, ки ҷаҳон бемор аст ва танҳо табибонанд, ки шабонарӯзӣ дар мубориза бо вируси короно ҳастанд ва ҳатто чун гиреҳкушоӣ ҷомеаи башар баромад мекунанд.
 Духтурон қаҳрамонони мо ҳастанд ва ин ҳоло беш аз пеш возеҳтар аст. Муваффақият дар муқобилӣ ковид-19 аз онҳо вобаста аст. Ташаккур барои он ҳама кӯшишҳо ва ашки чашмони шумо, барои хурсандии барқароршавии бемор ва шабҳои бехобӣ. Пандемия, албатта хотима меёбад. Аммо ҳамеша пизишкон барои наҷоти башарият ҳамеша ҳар ҷо дар талошанд.
Чунонки шоир мефармояд:
       Чӣ гуям дар ҳақат ҷуз ин дуо, ҳамшираи шафқат?
       Нигоҳбонат Худо бодо, Худо, ҳамшираи шафқат..
Ва ё боз мефармояд:
       Ту бояд хоки ковидро бибезӣ
       Ту бояд хуни ковидро бирезӣ.
       Ту охир марди майдони табибо,
       Намезебад туро майдонгурезӣ.
 
                          Ҳабибҷон Мирзоев,
 ходими илмии Институт
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/