wrapper

Хабарҳо

Каронавирус на танҳо ба системаи тандурустии ҷаҳон ва иқтисодиёти он хатар ба вуҷуд овард, балки таъсири худро ба раванди муносибатҳои байнидавлатӣ низ гузошт. Таъсири манфии бемории COVID-19 дар ҳама самтҳои рӯзгори инсоният ба назар мерасад. Ин беморӣ исбот кард, ки имрӯз ягон кишвари дунё худро ҳамчун субъекти ягонаи муносибатҳои байналмилалӣ шуморида наметавонад. Зеро, вақте хатари номатлуби чунин падидаи номатлуби аср дунёро фаро гирифтааст, ин ба раванди муносибатҳои байналмилалӣ иститсно буда наметавонад.
Асри XXI ҷараёни ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳост. Ягона омиле, ки ҷаҳонишавӣ ва мубодилаи афкори умумро баръало инъикос менамояд, ин рушд ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минақавӣ аст.  
Метавон гуфт, ки тӯли даҳсолаҳои охир системаи байналмилалӣ бо чандин буҳрони гуногун рӯ ба рӯ шудааст, аммо ягон буҳроне ин қадар арзу тӯл надошта кишварҳои абарқудратро ба монанди Чин, Амрико, Эрон, Олмон, Фаронса, Италия, Испания, аз Осиё то Африқо, аз Аврупо то Амрико фаро нагирифта буд.
Бо вуҷуди ин, марҳилаи ҷанги сард дар фазои муносибатҳои байналмилалӣ раванди биполяриро ба вуҷуд овард ва ҳодисаҳоии 11 сентябр бошад, ба тағийроти тамоюлҳои байналмилалӣ мусоидат карда, буҳрони навро дар фазои амнияти байналмилалӣ ба вуҷуд оварданд. Яъне, ҷаҳон дар даҳсолаи аввали асри XXI ба буҳрони молиявӣ дучор гардида буд, ки ин ба равандҳои байналмилалӣ таъсири манфӣ расонид, аммо буҳроне, ки дар ин самт COVID - 19 ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ  эҷод кардааст, нисбатан мураккаб ва шадидтар аст.
Вақте ки мо дар бораи таъсири коронавирус ба тамоюлҳои байналмилалӣ сухан меронем, бояд дарк кунем, ки ин масъала оқибатҳои фаврӣ, миёнамуддат, дарозмуддат, инчунин ҷанбаҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дорад.
Аз назари профессори факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Теҳрон, дотсент Ҷаҳонгир Карамӣ, барои омӯхтани таъсири коронавирус ба тамоюлҳои байналмилалӣ, интизор шудан мебояд, ки паҳншавӣ ва натиҷаҳои вокунишҳои ҳукуматҳо нисбати вирус чи гуна сурат мегирад. Сатҳи паҳншавии ин беморӣ ва хислати фавтнокии он дар кишварҳои гуногун метавонад таъсири манфиро ба тамоюлҳои ояндаи муносибатҳои байналмилалӣ расонад.
Масалан, то имрӯз таваҷҷуҳи бештар ба таҳдидҳои фаромарзӣ ба амнияти шаҳрвандон ва оқибатҳои харобиовари онҳо ба амният ва саломатии миллатҳо, ки табиатан зарурати ҳамкориҳои байналмилалиро меафзояд ва таваҷҷуҳ ба тамоюлҳои амнияти миллӣ ва байналмилалӣ равона гардидааст.
Дигар ин ки сохтор ва меъёрҳои низоми байналмилалӣ дар ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ ба тағйироти назаррас дучор гардид, аз ҷумла қобилияти мустақил шудан дар заминаи рақобатпазирии кишварҳо, тамоюлҳои ҷаҳонии иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар истеҳсол ва тақсимот ва ин оқибатҳои дарозмуддатро дар бар хоҳад гирифт.
Дар чунин раванд нақши қудратҳои бузург, аз ҷумла ИМА, Чин ва ғайра, бояд ҷиҳати бартараф кардани беморӣ кам набошанд. Хусусан, агар натиҷаҳои кунунии соҳаи тандурустӣ чунин шакл гиранд, эҳтимол меравад, ки мақоми байналмилалии Чин дар муқоиса бо Иёлоти Муттаҳида афзоиш ёбад.
Аз назари мо, COVID-19 ва паҳншавии он дар тамоми ҷаҳон нишон дод, ки ҷаҳонишавӣ воқеияти раднашаванда ва тағйирнопазир аст. Аммо роҳбарияти ҷаҳонӣ бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ гардидааст ва зарурати ҳалли мушкилоти сохторӣ низ дар низоми байналмилалӣ, аз Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, то заифиҳои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ё Сандуқи Байналмилалии Пул маълум аст.
Аз нигоҳи профессори Донишгоҳи Алабамаи Ҷанубӣ Надер Энтесар бемории коронавирус ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири манфӣ гузошта, онро ба тағйироти ҷиддӣ оварда мерасонад. Аммо, набояд интизор шуд, ки дар сохтори низоми байналмилалии сиёсӣ чунин тағйироти ба вуҷуд меояд. Кишварҳоро бо равиши яктарафа идора кардан мумкин нест ва сиёсати ҷаҳонӣ бояд бо усули бисёрҷониба роҳандозӣ шавад.
Аз назари мо, потенсиали бузурги иқтисодӣ кафили сиёсати устувор ва роҳбарикунанда аст. Зеро, иқтисодиёт дар раванди муносибатҳои байналмилалӣ ва рушду амалишавии он нақши калидӣ дорад. Пас, вақте ҷаҳони иқтисодро буҳрон фаро мегирад, ин омил комилан раванди муносибатҳои байналмилалиро ба як қатор тағйирот оварда мерасонад. Аз ин рӯ, барои аз нокомиҳо дар сиёсати байналмилалӣ эмин мондан, моро зарур аст, ҳарчи зудтар роҳҳои пешгирии ба вуҷуд омадани буҳрони иқтисодиро пайдо намуда, кӯшиш намоем, ки иқтисодиёти кишварҳо заиф нагардад.
Ҳамин тариқ, аксарияти олимон ва коршиносон ба он ақидаанд, ки баъд аз аз сар гузаронидани бемории коронавирус таваҷҷуҳ ба афзоиши чунин соҳаҳо зиёд мегардад:
- тақвиятёбии натсионализм;
- сустшавии либерализм;
- вусъатёбии заифии қудрати Амрико;
- поляризатсияи нави ҷаҳонӣ;
- устуворшавии мақоми Чин дар арсаи байналмилалӣ;
- баландшавии шумораи муфлисшавии ҳукуматҳо;
- пастшавии арзиши нефт ва истеҳсоли энергия;
- барқароршавии бозорҳои меҳнат;
- пурзӯршавӣ бавуҷудоии муомилоти тиҷорати тавассуси онлайн ва ғ.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар бораи оқибатҳои коронавирус, пешомадҳо ва шаклгирии системаи байналмилалӣ дар «давраи пас аз коронавирус» тахмин кардан хеле барвақт аст, зеро он ҳанӯз дар давраи буҳрон қарор дорад, андоза, давомнокӣ ва оқибатҳои буҳрон номуайян аст ва мо дар як вазъияте қарор дорем, ки пешомади онро дақиқ муайян кардан имконнопазир аст. Аммо, агар тахмин кунем, ки ин буҳрони ҷаҳонӣ дар тӯли чанд моҳ паси сар мешавад, пас иштибоҳ аст, вале наметавон оқибатҳои иқтисоди ҷаҳонро ва тартиби минбаъдаи онро баррасӣ кард.
Сатҳи пайдоиши коронавирус аз рӯи миқёси коммуникатсияи (гуфтугуи) ҷаҳонӣ муайян карда мешавад ва нишон медиҳад, ки давлатҳо ба самти миллатгароӣ, интровертсия ва яктарафа ҳаракат мекунанд, аммо як қатор дигаргуниҳои динамикӣ дар муҳити байналмилалӣ далели онанд, ки низоми минбаъдаи фазои байналмилалӣ ба шаклгирии дигар мувоҷеҳ мешавад.
Вируси COVID-19 дар ҳама соҳаҳои фаъолияти инсон тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд овард. Ин омил ба самти иқтисоди ҷаҳонӣ, раванди муносибатҳои байналмилалӣ, иҷтимоиёт, фарҳанг, табиати рӯҳии инсоният, ахлоқу рафтор ва ҳатто тафаккури он таъсир гузошт.
Мубориза бо коронавирус ҳама нерӯву ҳаракати инсониятро бояд барои ҳифзи амнияти байналмилалӣ сафарбар намояд. Зеро, дар сурати дастаҷамъона ва муборизаи муштарак метавон аз ин беморӣ дур монд.
Дар асоси омӯзиш ва таҳлили фикру ақида ва нивиштаҳо нисбат ба бемории коронавирус метавон чанд пешниҳод кард, ки ба тақвият ва бароҳмондани минбаъда ҳамкориҳои дуҷонибаи давлатҳо ва раванди муносибатҳои байналмилалӣ мусоидат мекунанд:
- таъсиси Созмони нави умумиҷаҳонӣ барои ҳифзи амнияти байналмилалӣ;
- таъсиси Созмони нави умумиҷаҳонӣ барои пешгирии буҳронҳои иқтисодии ҷаҳонӣ;
- мубоизаи муштараки давлатҳо алайҳи пешгирӣ ва маҳв кардани бемориҳои сироятӣ;
- ҳамкориҳои васеъи умумиҷаҳонӣ ҷиҳати дастаҷамъона устувор намудани соҳаи тандурустӣ;
- фароҳам овардани имконоти бештар барои ҳамкорӣ тавассути интернет (дар асоси сомонаҳои шахсии боэътимод ва сайтҳои боэътимоди корхонаҳо)…

Ашӯрзода Ардамеҳр, ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/