wrapper

Хабарҳо

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сироятёбӣ ба коронавируси нави COVID-19 ба тадриҷ кам шуда, шумораи шифоёфтагон аз ин вирус рӯ ба афзоиш аст, вале ин набояд боиси фориғболӣ ва бепарвоии аҳли ҷомеа гардад, ки оқибати хуб надорад. Ин нуктаро номзади илмҳои филологӣ Субҳиддин Зиёев дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» зикр намуд.
Мавсуф тазаккур дод, ки масъалаи мубориза бо коронавируси COVID-19, роҳҳои муассири табобат ва пешгирии паҳншавии он ҳамоно кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро  ором намегузорад ва  дар сархати хабарҳои расонаҳои хабарӣ қарор дорад. Хушбахтона, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвари мо  шумораи гирифторшудагон ба ин беморӣ коҳиш ёфта, шумораи нафароне, ки шифо меёбанд,   рӯ ба афзоиш аст.  Вале, ин маънои онро надорад, ки шаҳрвандон тавсияҳои мутахассисони соҳаи тандурустиро ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ ва қоидаҳои  беҳдоштии умумӣ фаромуш карда, ба фориғболӣ роҳ диҳанд. Зеро, тибқи таҳлили коршиносон, ҳеҷ кишваре то ҳол ба пурра маҳв кардани COVID-19 комёб нашуда, хатари паҳншавии он бо роҳҳои гуногун ҳамоно боқӣ мемонад, ки хатарнок баҳогузорӣ мешавад.
Номбурда иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии бародари Ӯзбекистон расман маъракаи оммавии мубориза бо коронавирус анҷом ёфта бошад ҳам, вале мушкилоти вобаста ба пандемия  ҳамчунон боқӣ мондааст. Ҳолатҳои хуруҷи такрории бемории сироятӣ дар ҳудуди вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Навоӣ ва Қашқадарё Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо пандемияи коронавирусро водор намуданд, ки реҷаи карантинро то 15-уми июн тамдид созад. Ҳоло дар маҷмуъ, беш аз 40 шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон дар минтақаи «сурх», яъне аз лиҳози хуруҷи коронавирус хатарнок қарор гирифта, вазъи эпидемиологӣ дар онҳо ташвишовар арзёбӣ мегардад. Мақомоти  ин кишвари бо мо дӯст ва ҳамсоя изҳор намуданд, ки шаҳрвандонашон  тасмими сабук гардонидани меъёрҳои карантиниро нодуруст фаҳмида, фикр карданд, ки бемории сироятӣ пурра маҳв карда шудааст. Дар натиҷа аксарияти сокинон дар кӯчаҳо бе ниқоби тиббӣ мегарданд, фосилаи иҷтимоиро риоя намекунанд, баъзеҳо аллакай дар хонаҳо чорабиниҳои оммавӣ гузаронида истодаанд, ки дар ниҳоят, ҳамаи ин бепарвогиҳо ҷомеаро метавонанд ба  мушкилоти нав  гирифтор созанд.
«Бино ба хулосаи намояндагони Вазорати тандурустии Қазоқистон, фасли тирамоҳ бо мавҷи дуюми хуруҷи коронавирус рӯ ба рӯ мешавад. Гап сари он меравад, ки дар ҷомеа шумораи зиёди паҳнкунандагони вирус бе нишонаҳои хоси ин вирус  зиндагӣ дошта, атрофиёнро олудаи беморӣ мегардонанд. Айнан ҳамин гуна хулоса аз тарафи вирусологҳои Чин низ баён гардид. Ба андешаи онҳо афроди паҳнсозандаи беморӣ бе нишонаҳои хоси коронавирус ниҳоят хатарнок мебошанд. Аз ҷумла, пас аз мусбат баромадани тести 2 нафар донишҷӯ, ки ягон аломати хоси коронавирус, яъне ҳарорати баланд, сулфаю атсазанӣ, душворӣ дар нафаскашӣ ва ғайраро  надоштанд, табибон онҳоро дар ҳуҷраи алоҳида ҷойгир намуданд. Баъди се соат ташхис нишон дод, ки аз 22 намунаи барои озмоиш гирифташуда (дастаи дар, пулти телевизор, мушак ва ҳарфчинаки компютер, телефони мобилӣ, ҳароратсанҷ, дастакҳои обкушоӣ дар ванна, барқхомӯшкунак ва ғайра) дар 8 адади онҳо тести коронавирус пурра мусбат баромадааст», — тазаккур дод С. Зиёев.
Вай мегӯяд, ки аз ин лиҳоз, ба инобат гирифтани тадбирҳои андешидашудаи кишварҳои минтақа дар ин марҳила барои бартараф сохтани пайомадҳои коронавирус дар ҷумҳурӣ аз аҳамият холӣ нест.
 
 
 
 
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/