wrapper

Хабарҳо

Интишори забони арабӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр ҳанӯз аз замони футуҳоти исломӣ, гаравидани мардуми тоҷики ин сарзамин ба дини мубини ислом, омӯхтани Қуръон ва аз худ намудани расми тоату ибодат, оғоз ёфта буд.
Тоҷикон бо мурури замон дар ҳифзи забони арабӣ чунон мутабаҳҳир гардиданд, ки худ ҳар гуна фарҳангҳо, луғатномаҳо, шарҳу тафсири Қуръон ва насабномаҳоро ба ин забон месохтанд, ҳадисҳо ҷамъоварӣ мекарданд, ба таълифи китобҳои сарфу наҳви арабӣ машѓул мешуданд, ба ин забон осори манзуму масури дилписанд эҷод менамуданд. Аз он замони футуҳот то ибтидои асри IX давраи дусадсолае гузашт, ки муаррихони муосир онро аз забони олими намоёни иронӣ равоншод Абдулҳусайн Зарринкуб «ду қарни сукут» номидаанд бад-ин маънӣ, ки дар ин давра қариб дар аѓлаби соҳаҳои зиндагӣ, аз ҷумла ҳукуматдорӣ ва илму адаб, забони арабӣ роиҷ буд. Вале аз асри IX сар карда забони форсии тоҷикӣ оҳиста-оҳиста мавқеъи худро дар ҷомеа чунон мустаҳкам намуд, ки дар асри X аллакай як силсилаи бузургеро аз аҳли қалам ба вуҷуд овард, ки онҳо «Аҷам зинда карданд бад-ин порсӣ». Дар баробари ин забони арабӣ чун забони Қуръону ҳадис ва шеъри баланд маҳбубияти худро аз даст надода, дар илму адаб, хоҳ назму хоҳ наср-баробар истифода мешуд. Гузаштагони мову шумо бо ин забон осори гаронбаҳое эҷод кардаанд, ки ба воситаи кутуби таъриху таълифоти илмиву тазкираҳои адабӣ қисме аз он то ба рӯзгори мо омада расидааст ва ниёз ба таҳқиқу баррасӣ дорад.
Бояд гуфт, ки бо гузашти асрҳо майдони истифодаи забони форсии тоҷикӣ густурдатар шуд ва нуфузи он ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифт.
Баъзе муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки гӯё мавқеъи забони арабӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон дар асрҳои минбаъда сусту заиф гашта, он танҳо дар майдони дину мазҳаб истифода мегашт ва дигар ба илму адаб роҳ намеёфт. Ин суханҳо ба воқеъият мувофиқ нестанд. Яке аз маъхазҳои муътамади таърихию адабӣ “Ятимат ад-даҳр”-и Абумансур ас-Саолибӣ нишон медиҳад, ки дар асри X дар Хуросону Мовароуннаҳр қариб 120 шоири арабизабон фаъолияти эҷодӣ мебурданд ва аз худ мероси назаррасе боқӣ гузоштаанд [3]. Мо медонем, ки пас аз асри X низ забони арабӣ дар эҷодиёти илмиву адабии Абӯалӣ ибни Сино, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ибни Ямини Фарюмадӣ, Умари Хайём ва дигарон ҷои намоёне дошт. Охир дар ҳама қуруни гузашта касби илмҳои зарурӣ ва анъанавӣ бе донистани забони арабӣ муҳол буд.
Ин гумонҳоро эҷодиёти бисёрҷанбаи олим, шоир, адиб ва мутафаккири шуҳратёри тоҷик Мавлоно Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ низ рад ва барканор месозад.
Забони арабӣ дар осори Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ мавқеи намоёнеро ишғол менамояд ва ба ин ҳар муҳаққиқе, ки ба тадқиқи рӯзгор ва осори ӯ машғул шудааст, ҳатман таъкид менамояд. Барои ворид шудан ба мавзӯи фарҳанги арабии Мавлоно кифоя аст, ки кас ба мероси манзуму мансури ӯ ошноӣ пайдо кунад. Дар натиҷа ӯ мефаҳмад, ки ин чи мавзӯи густурда, паҳновар ва мураккабу серпаҳлӯе будааст. То ба ҳол касе ба омӯзиши пурраи ин масъала машғул нашудааст, гарчанде ба мавзӯи мазкур дар китобҳои таърихи адабиёт, масалан, “Таърихи адабиёт дар Ирон”-и Забиҳулло Сафо [4], дар китобҳои ба Ҷомӣ бахшидашудаи адабиётшиноси маъруфи тоҷик Аълохон Афсаҳзод, аз ҷумла “Ҷомӣ – адиб ва мутафаккир” [1], “Ҷомӣ” ном асари олими иронӣ Алиасғар Ҳикмат [5] ва ғайра.
Мақолаи мо як барги хурдест дар дарахти бузурги ҷомишиносӣ, ки танҳо барои равшан сохтани паҳлуҳои мавзӯи мазкур барои муҳаққиқони оянда хизмат хоҳад кард.
Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки Мавлоно Ҷомӣ сарфу наҳви забони арабиро ҳанӯз дар хурдсолӣ нахуст аз падари худ Мавлоно Низомиддин Аҳмад таълим гирифта, сипас дар Ҳирот тавассути устодони донишманде ба мисли Мавлоно Ҷунайди Усулӣ, ки дар илми арабият моҳир буда ва дар он фан шуҳрати тамом доштааст, маърифати арабии худро такмил додааст [7]. Дар қасидаи ҳасбиҳолии худ «Рашҳу болин би шарҳи ҳолин» Ҷомӣ хотирнишон менамояд, ки муқаддамоти улуми ибтидоияшро, аз ҷумла сарфу наҳви забони арабиро аз худ намуда, инчунин Қуръони маҷидро аз бар кардааст. Масалан, ӯ мегӯяд: [7, 7].

Даромадам пас аз он дар мақоми касби улум?
Муморисони фунунро фитода дар дунбол.
 
Зи наҳвиён талабидам қавоъиди иъроб
Зи сарфиён шунавидам завобити иълол.
 
Пас аз ин ҳангоми таҳсил дар мадрасаи «Низомия»-и шаҳри Ҳирот ва баъдан дар Самарқанд ӯ улуми маонӣ, мантиқ, ҳикмати машшоӣ, яъне фалсафаи пайравони Арасту, ҳикмати ишроқӣ, яъне фалсафаи пайравони Афлотун, илмҳои табииёт, риёзиёт, илоҳиёт, фиқҳ, усул, ҳадис ва тафсирро фаро гирифта будааст.
Маълум аст, ки аксари ин улум ба забони арабӣ таълим дода мешуд. Минбаъд худи Мавлоно Ҷомӣ як қатор асарҳояшро ба забони арабӣ таълиф кардааст ва ё баъзе аз осори шоирон ва мутафаккирони барҷастаи арабро ба забони форсии тоҷикӣ тарҷума ва шарҳ намудааст. Масалан, Ҷомӣ куллиёти осори худро тартиб дода, муқаддимаи онро, ки «Тафсир «Фотиҳат ал-китоб» ном дорад, ба арабӣ таълиф намудааст. Ҳамчунин «Сарф ал-лисон» ном асари худро низ ба арабӣ дар шакли манзума навиштааст. Ба масъалаҳои сарфу наҳви арабӣ бахшидашудаи асари Мавлоно, ки бо номҳои «Фавоиди зиёия», «ал-Фавоид аз-зиёия фи шарҳ «ал-Кофия», «Шарҳи мулло», «Шарҳи Ҷомӣ»ва ѓайра машҳур аст, низ ба арабӣ таълиф ёфтааст. Ин асарро Ҷомӣ барои писараш Зиёуддин Юсуф дар шарҳи «ал-Кофия фи -н- наҳв»-и Ибн ал - Ҳоҷиб (ваф. 645/1248) навиштааст ва ин охирин асари комилан анҷомёфтаи ӯст. Муаллиф дар он аввал ҷумлаю ибораҳои Ибн ал-Ҳоҷибро оварда, онҳоро шарҳ медиҳад ва аз онҳо натиҷаҳои судманд гирифта, гуфтори худро бо иқтибоси оятҳову ҳадисҳо ва ашъори арабӣ тақвият мебахшад. Қариб беш аз панҷсад сол аст, ки «ал-Фавоид аз-зиёия» дар мадориси Осиёи Миёна, Қафқоз, Ирон, Ҳиндустон, Покистон, музофотҳои назди Волга китоби ҳатмии дарсӣ буда, дар кишварҳои арабӣ ҳануз ҳам мавриди истифода аст [1, 130].
Қобили зикр аст, ки Ҷомӣ дар бораи сарфу наҳви забони арабӣ бо назми ба наср омехта рисолае навиштааст, ки «Сарфи форсии манзум ва мансур» ном дорад. Баъзе асарҳои Ҷомӣ ё мансуб ба ӯ луѓатномаҳоеро мемонад, ки дар он калимаву ибороти арабӣ ба тоҷикӣ шарҳ ёфтааст. Масалан, дар «Рисолаи таҷниси хат», ки худ як манзумаест, луѓоти арабӣ ба тасҳиф ва табдили аломати хатти маонии гуногун ҳосил менамояд [1,138]. Дар рисолаи дигари мансуб ба Ҷомӣ мисраъҳои тоқ шаш калимаи арабӣ ва мисраъҳои ҷуфт ҳамин миқдор калимаҳои форсӣ-тоҷикии тарҷумаи онҳоро фаро мегирад ва бақия луѓати лафз ба лафзи манзуми арабӣ ба форсии тоҷикӣ мебошад [1,140].
Мавлоно Ҷомӣ якчанд асаре ба забони арабӣ дорад, ки иртиботи онҳо бо тасаввуф ва ирфон намоён аст. Ашъори тасаввуфӣ аз ибтидо махсусан ба шеъри маддоҳони дарбори шоҳону сарватмандон зид меистод. Эҷодиёти мутафаккирони бузурги араб - Муҳиюддин ибн ал-Арабӣ (1165-1240) ва Умар ибн ал-Фориз (1181-1235), ки ба Мавлоно Ҷомӣ таъсири амиқи худро гузоштаанд, мисоли равшани ин гуфта шуда метавонад. Ин асарпазирии Мавлоно аз шоирон ва мутафаккирони мазкури араб дар шарҳу тафсири баъзе аз осори онон аз тарафи ӯ маълум мегардад. Масалан, Мавлоно асаре дорад бо номи «Нақд ан-нусус» ва ё «Нақд ал-фусус», ки шарҳест бар асари машҳури фалсафию ирфонии Муҳиюддин ибн ал-Арабӣ «Нақш ал-фусус», ки онро худ аз асари бузургҳаҷми машҳураш «Фусус ал-ҳикам» мунтахаб сохтааст [6].
Асари Ҷомӣ «Нақд ан-нусус» насри омехтаи тоҷикӣ ва арабӣ буда, дар он нақши нозуки «Нақд ан-нусус» аз ҷумла масоили фалсафии ирфонӣ тавзеҳ дода мешавад.
Дар ин ҷо бояд гуфт, ки Мавлоно асари асосии Ибн ал-Арабиро, ки «Фусус ал-ҳикам» ном дорад, бевосита ба арабӣ шарҳ дода, шарҳро дар баҳори соли 1461 ба охир расонидааст.
Яке аз шарҳҳои меъруфе, ки Ҷомӣ навиштааст шарҳи қасидаи «Тоия» ё «Назм ас-сулук» ва ё «ат-Тоият ал-кубро» -и Ибн ал-Фориз аст, ки аз 760 байт иборат аст. Шарҳи Ҷомӣ ҳамаи ин қасидаро фаро нигирифта, танҳо қисмати аввали «Назм ас-сулук»-ро, ки «Назм ад-дурар» ном гирифтааст, шомил аст [8]. Сабаби шарҳи худро идома надодани Ҷомӣ маълум нест.
Ба қалами Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳамчунин рисолаи мавзуни «ал-Лавомеъ» тааллуқ дорад, ки худ шарҳи «Қасидаи мимияи хамрияи форизия» мебошад. Ин асар рисолаи ирфонӣ-фалсафӣ буда, дар он калимаву ибораҳои мураккаб ва ақволи рамзии ин қасидаи Абуҳафс Умар ибн ал-Фориз шарҳу тавзеҳ дода мешаванд. Асар аз 50 фасли хурд иборат аст ва ҳар як фаслро муаллиф «алЛумъа» (ҷамъ «ал-Лавомеъ») номидааст. Дар ин рисола аввал шарҳи қасидаи Ибн ал-Фориз оварда шуда, алфозу калимот ва ишораҳои он шарҳу тавзеҳ меёбад, баъд маънои он байт ба наср баён мегардад. Ва дар охири «ал-Лумъа» байти арабӣ дар қолаби рӯбоӣ ба тоҷикӣ тарҷума карда мешавад. Ҳамчунин Мавлоно рисолаҳои хурде ба монанди «ар-Рисола фи-л- вуҷуд», «Таҳқиқ алмазоҳиб», ки бо номи «ад-Дуррат ал-фохира» машҳур аст, ба забони арабӣ таълиф кардааст [1, 131].
Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар навиштани ашъори худ низ аз донишҳои амиқаш дар забони арабӣ хезе зиёд истифода бурдааст. Албатта, ҳамчун як шоири донишманд, ӯ дар абёти рангини худ оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавиро ба таври васеъ ба кор мебарад. Дар баъзе ҳолатҳо бо ин сабаб ашъори ӯ ашъори Мавлонои Румиро мемонад.
Дар девонҳои Абдурраҳмони Ҷомӣ, ки дастраси мо гардидаанд, ягон ғазал, қитъа ё қасидае, ки комилан бо забони арабӣ навишташуда бошад, ба назар нарасид. Лекин ибораҳо, мисраъҳо ва байтҳои алоҳидаи арабӣ дар ашъори ӯ фаровон мушоҳида мешаванд. Чанд мисол аз “Куллиёти девони Ҷомӣ” меорем:

Субҳонака, ло илма лано илло мо
Алламта ва алҳамта лано илҳомо
Моро бираҳон зи мову огоҳӣ деҳ
Аз сирри маъийяте, ки дорӣ бо мо.
 
Форақти ва ло ҳабиба ли илло ант
Аҳбоб чунин кунанд? Аҳсант! Аҳсант!
Занн мебурдам, ки дар фироқам бикушӣ,
Валлоҳи лақад фаъалти мо кунту занант.
 
Қалби би сафои хаддикум мафтуну
Нутқи би сифоти қаддикум мавзуну
Аз ишқи шумо ҷунуни ман нест аҷаб
Антум Лайла, васийюкум Маҷнуну
 
Аз соҳати дил гарди риё руфтан беҳ
В-он гаҳ гуҳари ҳамду сано суфтан беҳ
Лекин чу забони илм аз он кутоҳ аст
Субҳонака ло илма лано гуфтан беҳ.
 
Ҷомӣ, абнои замон аз қавли ҳақ сумманду букм
Номи эшон нест индаллоҳи ба ҷуз шарру-д-давоб
Гардани ҳиммат бикаш аз рабқаи тақлидшон
В-арна афтӣ оқибат аз манҳаҷи сидқу савоб
Дар биёбони «Саяҳдиҳим» диҳад саргашта ҷон
Ҳар киро бошад далели раҳ иза кона-л-ғуроб
Дар либоси дӯстӣ созанд кори душманӣ
Ҳасба-л-имкон воҷиб аст аз қайди ишон иҷтиноб.
Шакли ишон шакли инсон, фиълашон фиъли субоъ
Ҳум зи обун фи сиёбин ав сиёбун фи зиёб.
 
Дар миёни ашъори Ҷомӣ абёти дилчасбе ҳаст, ки онро шеъри муламмаъ ё ширу шакар меноманд. Яъне, як шеър ҳам мисраъ ва байтҳои арабӣ ва ҳам тоҷикӣ дорад. Вале овардани онҳо ва мисолҳои дигар маърузаро ба дарозо мекашад.
Баъзе аз муламмаоти Мавлоно Ҷомӣ дар мақолаи устоди донишманду муаллими гиромиқадри мо Ҳасан Иброҳим ан-Наққош оварда шудааст [3].
Дуруст аст, ки дар “Куллиёти девони Ҷомӣ” чанд ғазали ангуштшуморе ҳаст, ки ба қонуну қоидаи шеъри муламмаъ, ки суханшиноси қадим ба монанди Муҳаммад ибн Умар ар-Родуёнӣ, Рашидуддин Ватвот, Атоуллоҳ Ҳусайнӣ ва дигарон муайян кардаанд, ҷавобгӯ мебошад. Аммо дар аксари ғазалиёт ва қасоиди Мавлоно ду-се байти тоҷикию арабӣ оварда мешавад, вале дар бақияи абёт тартиби муайяншудаи муламмаъ риоя нагардидааст.
Забони арабӣ ба ашъори Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ - хоҳ дар осори илмиву мазҳабиаш, хоҳ ирфониву адабиаш ва хоҳ мансуру хоҳ манзумаш -ҷилои тоза, ҳусну ҷамол ва маъонии баланду мафоҳими амиқ бахшидааст.
Забони арабӣ ба ӯ имкон додааст, ки ҳама гуна андешаҳояш ва мазомини мураккаберо дар назму насри худ ба осонӣ ва ба таври басе ҷозибаноку дилкаш баён намояд.
Тадқиқи мавзӯи “Мақоми забони арабӣ дар эҷодиёти Мавлоно Ҷомӣ ва робитаи ӯ бо адабиёти араб” хеле серпаҳлуву паҳновар аст ва омӯзиши алоҳидаеро тақозо мекунад. Умед аст, ки аз миёни арабшиносони ҷавон муҳаққиқоне ба арсаи илм по мегузоранд, ки ҳаллу баррасии ин мавзӯро ҷасурона бар души худ мегиранд.

                           Адабиёт
  1. Афсаҳзод, Аълохон. Ҷомӣ-адиб ва мутафаккир. - Душанбе: Ирфон, 1989.
  2. ан-Наққош, Ҳасан Иброҳим. Муламмаоти Ҷомӣ. // Ҷашнномаи Ҷомӣ. - Ленинобод: Ирфон, 1966. -с. 134-136.
  3. ас-Саолибӣ. Ятимат ад-даҳр, ҷ. 2, с. 255-256.
  4. Сафо, Забиҳуллоҳ. Таърихи адабиёт дар Ирон ва дар қаламрави забони форсӣ. Аз поёни қарни ҳаштум то авоили қарни даҳуми ҳиҷрӣ. Ҷилди 4. Чопи даҳум Теҳрон: Интишороти Фирдавс, 1373. -608 с. (Ҷомӣ, с. 347-368, 514-517).
  5. Ҳикмат, Алиасғар (1271-1359). Ҷомӣ. Мутазаммини таҳқиқот дар таърихи аҳвол ва осори манзум ва мансури хотимашшуаро Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ. (817-897 ҳ.қ.). Чопи саввум. -Теҳрон: Интишороти Тус, 1386. 411 с.
  6. Ҷомӣ, Абдурраҳмон ибн Аҳмад. «Накд ан-нусус» фи шарҳи «Нақш ал-фусус». Бо муқаддима ва тасҳиҳ ва таълиқоти Вильям Четтик ва пешгуфтори Сайид Ҷалолуддин Оштиёнӣ. Чопи дуввум. -Теҳрон: Муассисаи пажуҳишии ҳикмат ва фалсафаи Ирон, 1381. -518 с.
  7. Ҷомӣ, Абдурраҳмон. Девон. Бо муқаддима ва ишрофи Муҳаммад Равшан. Чопи дувум - Теҳрон: Муассисаи интишороти Нигоҳ. 1390. -840 с.
  8. Ҷомӣ, Абдурраҳмон. Тарҷумаи «Тоия»-и Ибн ал-Фориз. Ба инзимоми «Шарҳи Маҳмуди Қайсарӣ бар «Тояи» Ибни Фориз» Муқаддима, тасҳиҳ ва таҳқиқи доктор Содиқ Хурушо. Дафтари нашри мероси мактуб Чопи аввал. -Теҳрон: Нуқта, 1386. -346 с.
  9. Ҷомӣ. Абдурраҳмон ибн Аҳмад. Куллиёти девони Ҷомӣ. Бо муқаддимаи Фаршид Иқбол. Чопи аввал. -Теҳрон: Иқбол, 1385-811 с.
 
Т.Н. Мардонӣ,
д.и.ф., профессор
 
 
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/