wrapper

Хабарҳо

Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 19 то 22 августи соли равон бо сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дошт.
Ҳангоми сафар Пешвои миллат аз ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рушон, Шуғнон дидан намуда, як қатор иншоотҳои нави моддӣ ва маишии ҳозиразамон ва инчунин маҳзанҳои илмию маърифатиро ифтитоҳ бахшид.
Дар ноҳияи Рушон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 20 –уми август мактаби замонавии сеошёнаро бо тамоми шароитҳояш барои хонандагон бо 640 ҷой дар як баст боз намуд. Мактаб 34 синфхонаи баръало, синфхонаҳои фаннӣ, аз ҷумла, физикаю химия, математикаю география, лабораторияҳо ва синфхонаҳои компютерию китобхонаро доро мебошад. Дар мавриди сохтмони ин мактаб дар вақти сафари пештари Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо фаъолони ноҳияи маркази Рушон яке аз муаллимаҳои пешқадами мактаби № 9 хоҳиш намуд, ки дар ноҳия мактаби замонавӣ сохта шавад. Хурсандиовар аст, ки Президенти кишвар ҳамаи хоҳишу дархостҳои мардумро ба инобат мегирад ва дар муддати кӯтоҳ аз тарафи Ҳукумат онҳо ҳаллу фасл меёбанд.

                                                                                                               

Пештар аз ин дар ноҳияи Рушон бо ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон инчунин мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат таъсис дода  шуда буд, ки дар он ҷо беҳтарин шароити таълиму тарбия муҳайё карда шудааст. Дар ин интернат кӯдакон аз тамоми ноҳияҳои вилояти Бадахшон барои илмомузӣ фаро гирифта шудаанд ва онҳо доимо ва саривақтӣ аз тарафи Ҳукумати кишвар бо таъмини ғизою лавозимоти мактабӣ дастгирӣ карда мешаванд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояш мунтазам таъкид менамояд, ки барои насли оянда, яъне ҷавонон барои илмомӯзӣ тамоми шароитҳо муҳайё карда шаванд.
Дар анҷоми сафар Пешвои миллат бо фаъолону роҳбарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон суҳбат намуда, зимни суханрониаш дар бораи ба истифода дода шудани иншоотҳои илмӣ-таълимӣ ва дастгирии илму маориф дар ин минтақаи дурдасти кӯҳистон сухан намуд. Аз ҷумла, Президент қайд кард, ки дар ноҳияи Ванҷ корҳои таъмиру барқарорсозии маркази таълими калонсолон, дар ноҳияи Шуғнон литсеи касбҳои техникӣ, сохтмони бинои Раёсати маорифи вилоят дар шаҳри Хоруғ ва дар ноҳияи Дарвоз сохтмони муассисаи таълимӣ дар деҳаи Паткуноб пурра ба анҷом расида, сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 340 ҷойи нишаст дар деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ва кӯдакистон дар ноҳияи Ванҷ ба маблағи қариб 9 миллион сомонӣ идома дошта, як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯшон ба маблағи 24 миллион сомонӣ дар доираи сафари кории мо ба истифода супорида шуд.
Инчунин, дар доираи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” ба донишгоҳи давлатии ба номи Моёншо Назаршоеви шаҳри Хоруғ грантҳои хурд барои баландбардории сатҳи касбияти қувваи корӣ пешниҳод гардида, ташкили курсҳои академӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, таъмири озмоишгоҳ, ҷиҳозонидан бо таҷҳизот ва таъмин бо маводи таълимӣ иҷро шудааст.
Барои хатмкунандагони мактабҳои вилоят то ҳозир қариб 800 квотаи Президентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷудо карда шудааст, ки ҳар сол ҷавонони вилояти Бадахшон мувофиқи квота ба мактабҳои олӣ дохил шуда, баъди хатми донишгоҳҳо ба зодгоҳашон бармегарданд ва дар рушди диёр саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Ҳамин тариқ, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардории Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар,  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти илму маориф  сиёсатҳои хирадмандонаи пеш бурда шуда,  сатҳи маълумотникии ҷомеа баланд бардошта мешавад.

Душанбиева Нигина,
 корманди илмии Институт
 
 
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/