wrapper

Хабарҳо

Ҷумҳурии  Тоҷикистон кишвари тозабунёд ва соҳибистиқлол буда, аз замони истиқлолияти хешро ба даст овардан дар ҳамаи соҳаҳо пайваста рушд ва тараққӣ кардаистодааст. То ин замон ҳамаи он ташаббусҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардааст бо шарофати  сиёсати созанда  озмудашуда ва муваффақи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошад.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Шӯравӣ, яъне соли 1944 бунёд гардида буд, вале он замон вазорат танҳо баъзе масъалаҳои равонгардидаро баррасӣ менамуд. Боиси фахр аст ки дар замони истиқлолият Вазорати корҳои хориҷӣ ба як бинои бошукушу боҳашамати махсус табдил гардида дар он тамоми шуъбаҳои сохторҳои гуногун ва алоҳида ташкил гардида, дар тамоми сохторҳо масъалаҳои марбутаро мустақилона баррасӣ намуда, пайваста фаъолият менамоянд.
Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати бисёрсамта, мутавозин ва санҷидашудаест, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқу манфиатҳои шарикони байналмилалӣ асос ёфта, Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари дорои равиши хоси дипломатияи худ, фаъол ва таъсиргузор дар арсаи минтақаву ҷаҳон муаррифӣ мекунад.[1]
Ба ақидаи коршинос Мирзоев Ҳабиб бунёдгузори сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи муосири тоҷик сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон буда, дар сиёсати хориҷию дохилии кишвар заминаҳои назаррас гузоштааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳолати ногувору вазнин қарор дошта буд, вале ба ин нигоҳ накарда ин мушкилиҳоро паси сар намуда. Бо шарофати Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик муттаҳид шуд ва ниҳоят дар санаи  9-ми сентябри соли 1991  истиқлолияти давлатиро ба даст овардем. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи  Эмомалӣ Раҳмон дар интиҳои асри XX аз фоҷиаи миллӣ раҳо ёфта, истиқлолияти  давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъди ҳазор сол  дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардида, имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мезанад.[2]
Тавассути истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро кишварҳои минтақа ва кишварҳои гуногуни тараққиёфтаву манфиатвори ҷаҳон ҳамчун кишвари соҳибистиқлолу дунявӣ ба расмият қабул намуданд. Дар ҳамаи соҳаҳо: сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, дипломатӣ ва тиҷоратӣ муносибатҳои хуб ва дустонаро ба роҳ мондааст. Ташкили кишвари тозабунёду тозаистиқлол ва дар рушди пайвастаи он  нақши дипломатия ва равобити хориҷию байналмилалӣ муҳим арзёбӣ гардидааст. Аз ин рӯ Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди дипломатияи  муосири тоҷик эътибори хоса зоир намуда, пайваста кӯшиши онро дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро маҳз бо дипломатия ва арзишҳои миллию тамаддуни хеш дар арсаи байналмилалӣ  муаррифӣ намояд. Сиёсати хориҷии мустақил ва озод, ки тавассути Пешвои миллат роҳандозӣ ва ҳидоят мешавад, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар айни замон бо чанд маркази муҳими қудрат дар ҷаҳон ва минтақа  муносибати  ботавозун  ва баробар дошта бошад. Зеро сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати санҷидашуда, прагматикӣ ва воқеъбинона буда, ҳамзамон, бо пазириши меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ ва эҳтиром ба манофеи шарикон, риояи қатъии манфиатҳои миллиро дар тамоми фаъолияти дипломатӣ дар мадди аввал мегузорад.[3]
Ин сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо як намунаи (моделиӣ) боарзиш гардидааст. Дар ҷаҳон ҳастанд кишварҳое ки ҳудуди муайян дорад, вале истиқлолият ва арзишҳои миллии худро надорад. Барои ин гуна кишварҳо сиёсати хориҷии Ҷумҳунии Тоҷикистон намуна ва дастурамали хос шуда метавонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 176 кишвари дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, дар соҳаҳои мухталиф равобит намуда истодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин кишварҳо равобити дуҷонибаю бисёрсамта намуда, баҳри пешрафти кишвар талошҳо намуда истодааст. Ин муносибатҳо соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ ва илмӣ – фарҳаргиро дар бар мегирад.
Пешвои Миллат  дар баромади  худ  ҳангоми   ифтитоҳи  бинои нави Вазорати  корҳои  хориҷӣ   чунин  таъкид  карданд: “Давлати   мо   бо  мақсади роҳ ёфтан ба бозорҳои босуръати инкишофёбандаи сармоя, технология,  ашёи  хом  ва   маҳсулоти  саноатӣ  рушду таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо кишварҳо яке аз самтҳои афзалиятнок меҳисобад. Бинобар ин, тавсеа бахшидани фаъолияти сиёсиву иқтисодии хориҷии мо дар доираи онҳо аз масъалаҳои рӯзмарра мебошад”.[4]
Мавриди зикр аст, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро “сиёсати дарҳои кушода” ташкил дода, дарҳои худро ба рӯи ҳамаи кишварҳои минтақа ва олам кушод. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо эълони “сиёсати дарҳои кушода” равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон  ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуда, ин сиёсат имрӯз ҳам бомуваффақият идома дорад.  Интихоби сиёсати “дарҳои кушод” аз як тараф роҳи ягонаи дурусти пешбурди сиёсати хориҷӣ ва аз ҷониби дигар инъикоси арзишҳои  фарҳангию таърихӣ ва суннатии халқи тоҷик яъне дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ мебошад, ки самараи бевоситаи фаъолияти Пешвои миллат мебошад.[5]
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна ва таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани асноди робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, эълон кард, ки инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад.[6]
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва тақвияти ҷойгоҳу нуфузи худ дар арсаи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои назаррасе ноил гардидааст. Тавсеаи равобит бо кишварҳо ва созмонҳои олам бо ҳифзи манофеи миллӣ ва риояи манфиати шарикон асоси сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, аз минбари онҳо ташаббусу ибтикорҳои созандаи Президенти кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, масъалаҳои экологӣ ва амсоили он ба самти ҷаҳониён расонида мешавад. Махсусан силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти мавзуъ, ба гунаи хос муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Ҳамчунин, ӯ пайваста аз паёмадҳои номатлуби тағйирёбии иқлим бонги хатар зада, зимни таъкид бар зарурати омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, рушди устувори кишварҳои кӯҳсор ва таваҷҷуҳ ба рушди энергияи таҷдидшаванда ҷомеаи ҷаҳониро ба иқдому ҳамкориҳои наздик даъват мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муалифгари чор ташаббуси бузургест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шуд ва мешавад: “Соли байналмилалии оби тоза соли 2003”, “Даҳсолаи байналмилалии амалиёт  “Об барои ҳаёт, солҳои 2005- 2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018- 2028”.
Муваффақияти сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи тоҷик, пеш аз ҳама аз маҳорати барномарезӣ ва дурандешии сарвари он, анъанаҳои давлатдорӣ, арзишҳои  фарҳангию маънавӣ ва касбияти кормандони хадамоти дипломатӣ вобаста мебошад. Аз ин рӯ, дар муваффақияти дипломатияи тоҷик хиради азалии Президенти кишвар, самтҳои дурусти муайянамудаи сиёсати хориҷӣ ва садоҷату касбияти кормандони соҳа мусоидат намуданд. Тоҷикистон сиёсати хориҷии хосеро пеша намудааст, ки он расман аз 31 декабри соли 2002 номи сиёсати  “дарҳои кушод”-ро гирифтааст. Имрӯз натиҷа ва дастовардҳои сиёсати хориҷии мо боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад:
- истиқрори  муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 130 кишвари ҷомеаи  ҷаҳонӣ;
- эътирофи расмии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби 176 кишвари сайёра;
- узвият дар 51 созмони бонуфузи байналхалқию минтақавӣ; - имзои 1200 созишномаҳои дуҷониба бо кишварҳои ҷомеаи  ҷаҳонӣ;
-  узвият ба 600 эъломияҳои байналхалқӣ;
- дастовардҳо дар самти пешниҳоди ташаббусҳои байналхалқӣ (ба хусус дар масъалаи об, ҳамкорӣ дар соҳаи он ва табдили он ба омили муҳимми рушди устувори иқтисодӣ);
- раёсати сарвари давлат дар ҷаласаи 54-уми  Маҷмааи Умумии СММ;
- пешниҳоди формулаи сулҳ.
 
 
                                Адабиёт
  1. Сироҷиддин Муҳридин. «Паёме, ки сароғози дипломатияи муосири тоҷик шуд» 28.09.2018 №: 190-191
  2. Мирзоев Ҳабиб “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолият ва эҷоди давлати миллӣ” 15.11.2019. Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо (osiyoavrupo.tj)
  3. Сироҷиддин Муҳридин «Паеме, ки сароғози дипломатияи муосири тоҷик шуд»28.09.2018    №: 190-191
     4.Суханронӣ дар вохӯрӣ бо кормандони дипломатии кишвар ба ифтихори ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон., 15.03.2013 17:55, шаҳри Душанбе// http://www.president.tj/node/4113
 
[1]Сироҷиддин Муҳридин.  «Паёме, ки  сароғози дипломатияи муосири тоҷик шуд»28.09.2018    №: 190-191
 
[2] Мирзоев Ҳабиб “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолият ва эҷоди давлати миллӣ” 15.11.2019. Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо (osiyoavrupo.tj)
[3]Сироҷиддин Муҳридин  «Паеме, ки  сароғози дипломатияи муосири тоҷик шуд»28.09.2018    №: 190-191
 
[4]Суханронӣ дар вохӯрӣ бо кормандони дипломатии кишвар ба ифтихори ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон., 15.03.2013 17:55, шаҳри Душанбе// http://www.president.tj/node/4113
[5] Мирзоев Ҳабиб “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолият ва эҷоди давлати миллӣ” 15.11.2019. Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо (osiyoavrupo.tj)
[6]Дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон | Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (mfa.tj)

Н
игора Файзуллоева, ходими хурди илмии Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
 
http://www.zoofirma.ru/