wrapper

Хабарҳо

Рӯзи якшанбе дар иттиҳоди Аврупо маъракаи ваксинагузаронӣ аз коронавирус расман оғоз гардид. Қисмати ибтидои ваксина аллакай ба ҳамаи кишварҳои аврупоӣ расид. Ваксинагузаронӣ дар Олмон, Фаронса ва Италия чи гуна сурат хоҳад гирифт ва он ба киҳо гузаронида мешаванд?
Дар Испания ваксинагузарони аз коронавирус оғоз шуд. Нахустин ваксинаро дар ин кишвар ба пиразани 96 сола бо номи Арасели, истиқоматкунандаи хонаи пиронсолон гузаронида шуд. Ӯ баъд аз ваксинагузаронӣ зуд оромиш ёфт ва изҳор дошт, ки пайи сӯзандору каме сӯзиш кард. Дуввум шахсе, ки дар Испания ваксина гирифт, ҳамшираи шафқат, корманди хонаи пиронсолон буд аз Белгия, ки он ҷо заводи дорусозӣ дар он ҷост оварда шуд. Аз ин анбор ваксина ба ҳамаи минтақаҳои Испания тақсим карда шуд. Ҳамин тариқ дар зудтарин фурсат 2,29 миллион нафар бо ваксина таъмин карда мешавад, ки онҳо пеш аз ҳама кормандони соҳаи тиббӣ ва иҷтимоӣ хоҳанд буд. Барои ин дар кишвар ҳазор нуқтаи ваксинагузаронӣ ташкил карда шудааст. Аз зуком 25% аҳолӣ, яъне 12 млн. испаниҳо ваксина гирифтанд. Барои ваксина ҳарорати зарурии минус 70 дараҷа лозим будааст. Баъд аз гармкардани он метавонад ба муддати 5 рӯз таъсирбахш бошад ва дар ҳолати маҳлулӣ ба организм гузаронида мешавад. Ваксина дар ҳарорати хона ҳамагӣ 6 соат метавонад фаъол бошад.
Дар Олмон дар як шабонарӯз беш аз 10 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба коронавирусро ошкор карданд. Дар Олмон дар як шабонарӯз 1,976 ҳодисаи нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор карда шуд. Шумораи умумии гирифторон ба Covid-19 дар кишар ба 1651834 расид. Дар Олмон ваксинаи (Pfeizer-Biontech) дар навбати аввал ба пиразани 101 сола гузарониданд.
Дар Словакия ваксинатсия аз Covid-19 оғоз гардида, директори Институт оид ба назорати маводҳои дорувории Словакия Зузана Батёва, дар ин бора навиштааст:
Президенти Чехия Милош Зенан аз шаҳрвандони кишвар даъват кард, ки аз ваксинагузаронӣ муқобили коронавирус гузаранд.
Дар Шветсия штамми коронавируси “британӣ”-ро ошкор карданд. Раиси Комиссияи Аврупо Урсула Фондер Ляен 24 декабр изҳор дошт, ки навбати аввали ваксина аз коронавирус, ки дар шароити дорусозии Амрикоии Pfrizer ва ширкати олмонии Biontech ва модерн истеҳсол шудааст, ба 27 кишвари иттиҳоди Аврупо фиристода шуд.
Хиёбонҳои холӣ, мағозаҳои басташуда, худмаҳдудкунӣ дар Британияи Кабир ба авҷи сеюми пандемия гирифтор гардидааст.
Сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон “карантини миллиро” дар кишвараш эълон кард. Режими Локдаун аз 5-уми январ эълон шудааст. Аз 16-уми январ сар карда баромадан ба хиёбонҳо бе зарурият мамнӯъ гардидааст. Шаҳрвандон фақат барои харидани доруворӣ ва ҷузъҳои аввалиндараҷа, амсоли гирифтани ёрии таъҷилӣ ё машғули варзиш ва монанди инҳо мумкин аст. Б. Ҷонсон ин маҳдудиятҳо аз сабаби пайдоиши “Штамми Британӣ” мебошад, ки ин як навъи коронавирус буда, аз рӯи тадқиқотҳои олимон 50%-70% зараровартар мебошад.
Бо вуҷуди ин ки коронавирус дар Аврупо зиёдтар ба назар мерасад, лекин аврупоиён таҳаммулпазир буда, ҳамаи қоидаҳои карантиниро риоя мекунанд.
Умедворем, ки то фарорасии фасли тобистон мардуми тамоми дунё аз ин вабои аср халос мешаванду рӯ ба зиндагии солиму осоишта меоранд.                    
                                  
 Воҳидова С., мудири шуъбаи Аврупо ва Америка д.и.т. профессор
 
 
http://www.zoofirma.ru/