Нусхаи чопи
Бисёре аз кишварҳои рӯ ба рушди бо даромади кам дар банд гирифтор шудаанд. Дар ин навъ кишварҳо бахши хусусӣ кӯчак ва заиф буда,  бо норасоии кадр, фановарӣ, сармоя, эътимод ва мудирияти дуруст рӯ ба рӯ аст. Истеҳсолкунандагони маҳаллӣ наметавонанд бо гигантҳои ҷаҳонӣ дар бозори озод рақобат кунанд. Дар ҳамин шароит интизор меравад, ки ҳукумат кишварро аз қашшоқӣ раҳо кунад, аммо ҳукумат худ низ бо мушкилоти гуногуне монанди бесамарӣ, фасод, адами истеъдод ва иттилоот, расмиятгароӣ ва фишори сиёсӣ гирифтор аст. Сиёсати нодуруст, иқтисоди бидуни пешрафт ва бесуботии иҷтимоӣ вазъи якдигарро бадтар мекунанд. Кишварҳо, пеш аз он ки ҷаҳиши иқтисодӣ дошта бошанд, бояд аз ин даври ботил (vicious circle) худро берун кунанд. Пурсиш инҷост, ки чӣ тавр метавон барномаҳои дурустро таҳия ва  амалӣ сохт ва  дар ин замина таҷрибаи Осиёи Шарқӣ дар чанд даҳсолаи охир метавонад бархе ишораҳоеро барои кишварҳои деромада, ки то ҳол дар пайраҳаи рушди босуръат қарор нагирифтаанд, ироа кунад.
Улгуи муваффақияти Осиёи Шарқӣ аз ақидаҳои роиҷи имрӯз дар ҷамоати донорҳои КРР(ODA-Кумакҳои расмӣ барои рушд) фарқи зиёд дорад. Кишварҳои Осиёи Шарқӣ раванди рушди босуръатро бо таҳияи лоиҳаҳои стратегияи коҳиши камбизоатӣ ё бозбинии ҳокимият, шаффофият ва иштироки ҳамагонӣ оғоз накарданд. Мушкили аввалиндараҷаи онҳо истодагарӣ дар баробари хатароти зиндагӣ ё марге буд, ки аз ҳуҷуми лашкари беруна ва чандпорагии иҷтимоӣ дар дохил бархоста буд. Барои ҳифзи ваҳдати умумимиллӣ ва омодагии баланди ҳарбӣ рушди иқтисодӣ ҳамчун амри зарурӣ ба ҳисоб мерафт. Як режими сиёсие, дар чунин шароит имкони мудирияти дурустро  дошт, дар чанде аз кишварҳои Осиёи Шарқӣ ба вуҷуд омад, ки мо онро рушдгароии авторитарӣ увон гузоштем. Ин режим  ба ҳар қимате рушди иқтисодиро дунболагирӣ мекард ва саранҷом банди камбизоатиро гусехт. Дар пайи рушди босуръат мушкилоти нав ба миён омаданд, ба монанди халои даромад ва дороӣ, шаҳрнишинӣ, муҳоҷирати дохилӣ, харобии муҳити зист ва зичии барзиёди аҳолӣ дар шаҳрҳо, ки сари вақт ҳамчун мушкил эътироф ва расидагӣ шуда, роҳҳои ҳаллашон ҷуста мешуд.
Бо вуҷуди ин, бояд иқрор шуд, ки чунин режимҳо ва сиёсатҳое, ки бо воқеияти даврони ҷанги сард мувофиқ буданд, барои кишварҳои рӯ ба рушди имрӯз каме мушкилсоз ҳастанд. Дасрҳои таърих бояд бо дарки пурраи фарқиятҳо дар шарту шароит омӯхта шаванд. Ин ҷо пешниҳод мешавад, ки таҷрибаи Осиёи Шарқӣ, ба ҷойи пурра ва бе шарт қабул ё рад шудан, интихобан ва бо навсозиҳо омӯхта шуда, дар амал татбиқ гардад.
 
  1. Иҷроиши хуб, вале ноҳамвор
Рушди иқтисодии Осиёи Шарқӣ хеле барҷаста буд, вале иҷроиши баланд дар ҳама кишварҳо ё дар ҳама замон яксон набуд. Ҳамчунин наметавон гуфт, ки сабаби ин муваффақият шароити хуби сиёсиву иқтисодӣ дар ҳамон оғоз буд. Дар ибтидо лозим аст ин устура ва мифҳоро рад карда, нақши сиёсат дар дастёбӣ ба муваффақияти иқтисодӣ таъкид шавад. Рушди Осиёи Шарқӣ, чуноне ки дар зер оварда мешавад, умдатан аз тариқи дуруст амалӣ кардани сиёсатҳои муносиб ба даст омад, на зуҳури кадом як вижагиҳои зотӣ дар минтақа ба монанди сахткушӣ ё Кофутсионизм. Кишварҳое, ки ин сиёсатҳои лозимаро амалӣ накарданд ё онҳое, ки ин сиёсатҳоро нодуруст амалӣ карданд, натавонистанд дар ин пӯёии иқтисодии минтақа ширкат дошта бошанд. Расми 2-1 доманаи васеи дастовардҳо дар мудирият ва рушди иқтисодиро дар Осиёи Шарқӣ, бо ҳамбастагии мусбии қавӣ миёни ду тағйирёбанда, нишон медиҳад.
Расми 2-1. Осиёи Шарқӣ: мудирият ва даромад
  
Сарсашма: Аз рӯйи маълумотҳои Бонки ҷаҳонӣ - Нишондиҳандаҳои мудирияти умумиҷаҳонӣ ва Нишондиҳандаҳои рушди ҷаҳонӣ (2006) тартиб дода шудааст. Маълумотҳои ғайрирасмӣ барои кишварҳое, ки дар додаҳои Бонки Ҷаҳонӣ вуҷуд надоранд, истифода шудаанд.
Тавзеҳ: Нишондиҳандаҳои мудирияти умумиҷаҳонӣ аз рӯйи 6 нишондиҳанда муайян мешаванд(ҳуқуқи райъ ва масъулиятшиносӣ, суботи сиёсӣ, самаранокии мудирият, сифати назорат, ҳукмронии қонун ва назорат аз болои фасодкорӣ), ки ҳар кадом аз сифр то 100 хол дошта метавонад. Дар хатти амудии ин намоя ҳамин холҳо барои ҳар кишвар ва ё минтақа гузошта шудаанд.
 
Дар ҳоле ки ҷуғрофияи дақиқи Осиёи Шарқӣ метавонад баҳснок бошад, аммо ба роҳатӣ метавон гуфт, ки танҳо зермаҷмӯъае аз иқтисоди ин минтақа ба муъҷизоти иқтисодии пойдор даст ёфтаанд ва ё дар ҳоли дастёбӣ ҳастанд. Ҷопон, Сингапур ва Ҳонг Конг аллакай ба даромади баланд ва тарзи зиндагии муқоисашаванда бо кишварҳои сарватмандтарини Ғарб даст ёфтаанд. Тайван ва Кореяи Ҷанубӣ ба ин сатҳ хеле наздик ҳастанд. Малайзия, Тайланд, Чин ва Ветнам, ҳарчанд дар сатҳҳои гуногуни рушд қарор доранд, бо суръати баланд пеш мераванд. Ин нуҳ иқтисод иштирокчиёни пурраи шабакаи истеҳсолии Осиёи Шарқӣ мебошад. Аз сӯи дигар, Индонезия ва Филиппин ба ин пӯёии минтақа ворид карда шуданд, аммо иҷроиш ва дурнамои онҳо норавшан аст. Илова бар ин, чанде аз иқтисодҳои дигар аз ин Корхонаи Осиёи Шарқӣ, бо сабабҳои гуногун, берун мондаанд. Камбоҷиа, Лаос, Манголия, Папуа-Гвинеяи Нав ва Тимори Шарқӣ барои дастёбӣ ба суботи сиёсӣ ё ҷаҳиши иқтисодӣ ва  ё ҳарду, талош варзида истодаанд. Дар ин марҳила, Мянмар ва Кореяи Шимолӣ ихроҷиҳои сиёсӣ ҳастанд, ки ҳеҷ стратегияи рушди маънидоре барои онҳо қобили баҳс нест. Саранҷом, Бруней як кишвари кӯчаки нафтхезе аст, ки ба ин феҳрист  намепайвандад.
         Пайраҳаи тайнамудаи иқтисодҳои Осиёи Шарқӣ ҳамвор набуд. Вақте Гунар Мирдол Драмаи Осиёиро дар соли 1968 навишт, Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ минтақаи дармонда ва дар фақри шадид буд. Ӯ иддао мекард, ки роҳи ягонаи берун шудан аз вартаи мушкилоти фарогир танзими ҷамъият, тақсимоти одилонаи замин ва сармогузорӣ дар маорифу тандурустӣ аст (рушд тариқи Сармоягузории мустақими хориҷӣ ёдоварӣ нашуда буд). Тибқи омори таърихие, ки тавассути Меддисон ҷамъоварӣ (2001) ва дар намояи 2-2 оварда шудааст, Африқо даромади миёнаи болотаре аз Осиёро дар солҳои 1950-ум дошт. Чин, ки имрӯз як корхонаи қудратманди ҷаҳонӣ аст, дар ҳоли сардаргумии сиёсиву иқтисодӣ тайи даҳаҳои 50-ум, 60-ум ва 70-уми асри гузашта қарор дошт. Ҷанги Сард дар нимҷазираи Корея ва Ҳиндучин ба даргириҳои воқеӣ мубаддал гашт ва таниш дар саросари Тангнои Тайван идома дошт, ки ин ҳама ба иқтисоди сиёсии кулли минтақа таъсири сахт расонд. Дар авохири солҳои 1950-ум, Кореяи Ҷанубӣ таҳти мудирияти як раҳбари нолоиқ ва дорои фасоди густарда, як кишвари нотавон ва бе оянда маҳсуб мешуд.
         Дар гузаштаи начандон дур, чанд ҳодисаи дигаре ба пешравӣ монеъ мешуд, ба монанди  буҳрони нафт дар солҳои 1970-ум, рукуди иқтисодии ASEAN(Анҷумани миллатҳои Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ) дар солҳои 1980-ум, даҳаи аздастрафтаи Ҷопон дар солҳои 1990-ум ва буҳрони молии Осиё дар солҳои 1997-1998. Аз ин рӯ, мушкил аст гуфтан, ки Осиёи Шарқӣ рушди босуръатро дар заминаи доштани сулҳу субот ё бо сабаби ба мерос гирифтани шароити беҳтари иқтисодӣ дар нисбати кишварҳои ҷануби Африқо ба даст овардааст. Дар ин ҷо тафовути асосиро сиёсат ба вуҷуд овард, на шароити хориҷӣ.
 
  1. Сиёсати рушд ва сиёсати иҷтимоӣ
Сари ҳар чанд сол стратегияи рушди ҷомеаи КРР тағйир меёбад. Стратегияи ҳозира ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола тамаркуз мекунад, ки аз ҷониби СММ дар соли 2000-ум пешиҳод шуда буд ва коҳиши камбизоатӣ ва расидан ба ҳафт ҳадафи иҷтимоии дигарро дар миёни солҳои 1990-2015 дар назар дошт. Илова бар ин, ҳукуматдории дуруст низ ба унвони сутуни аслии рушд мавриди ҳадаф қарор гирифта буд. Бо вуҷуди ин, дар ҳоли ҳозир ба таври густарда эътироф мешавад, ки кошиҳи камбизоатиро наметавон танҳо бо аз нав ҷобаҷо кардани захираҳои мавҷуда ва ё тақвияти маорифу тандурустӣ ба даст овард. Ба ин маъно, рушди иқтисодӣ, барои дастёбӣ ба коҳиши устувори камбизоатӣ ва гурез аз вобастагии доимӣ ба кӯмакҳои хориҷӣ, комилан зарур аст. Аммо ба назар мерасад, ҷомеаи ҷаҳонии КРР дар муайян кардани ин ки кадом иқдомоти мушаххас барои эҷоди рушди дарозмуддат зарур аст, ба мушкил гирифтор шудаанд, махсусан дар кишварҳои ҷануби Африқо.
Расми 2-2. ММД-и сарона
(бо арзиши доллари ИМА дар соли 1990 арзёбӣ шудааст)
Ин мушкилот барои тафаккури рушдгароёна дар Осиёи Шарқӣ бегона буданд. Дар ин ҷо рушду пешрафт ҳамеша ҳадафи аслӣ буд ва ҳама сиёсатҳо ва манбаъҳо барои расидан ба ҳамин ҳадаф сафарбар мешуданд.   Барои кишварҳои Осиёи Шарқӣ коҳиши камбизоатӣ яке аз натиҷаҳои табиии мудирияти иқтисодии дуруст буд, на ҳадафи аз ҳама муҳиме, ки ҳама талошҳои пешрафт ба самти он равона шуда бошанд. Дар воқеъ, коҳиши камбизоатӣ барои онҳо ҳадафи хеле кӯчак буд. Кишварҳои Осиёи Шарқӣ ба таври мудавом ҳадафҳои баланпарвозеро ба монанди беҳбудсозии чашмгири технологӣ, рақобатпазирӣ ва стандартҳои баланди зиндагиро дунбол мекарданд, то ки ба сафи кишварҳои пешрафта дохил шаванд ва як мақоми қобили эҳтиромро дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба даст оваранд. Новобаста аз фарқиятҳои гуногун миёни кишварҳо, ҳамаи иқтисодҳои муваффақи Осиёи Шарқӣ як ҷиҳатгирии сиёсии куллиро дунболагирӣ мекарданд. Ин ҷиҳатгирии сиёсӣ ду компоненти аслӣ дошт: сиёсати рушд ва сиёсати иҷтимоӣ. Ин сиёсатҳо иқдомоти стандартиеро дар  бар мегирифанд, ки пӯёии бахши хусусиро таҳким ва пойдор мекарданд, ба монанди таҳияи дурнамо, нақша ва чашмандозҳои мушаххас, тавсеаи манбаъҳои инсонӣ, фановарӣ, зерсохтор, тарвиҷи корҳонаҳои хурду миёна, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, молия ва субсидияҳо. Сиёсати иҷтимоӣ маҷмӯи иқдомоте аст, ки дар баробари мушкилоти марбут ба рушди босуръат, монанди нобаробарӣ, олудагии муҳит, шаҳрнишинӣ, издиҳом, муҳоҷирати корӣ, ҳубобҳои дороӣ, фасод, маводи мухаддир, модигароӣ ва таназзули арзишҳову одобу русуми суннатӣ рӯйи даст гирифта мешавад. Сиёсати рушд аҳамияти аввалиндараҷа ва сиёсати иҷтимоӣ дуюмдараҷаро дошт, ба ин маъно, ки дуюмӣ бо мушкилоте сару кор дорад, ки дар натиҷаи муваффақона амалӣ кардани аввалӣ ба миён меояд.
Ясусуке Муракамӣ (солҳои 1992-1994) зарурати татбиқи ҳамзамони сиёсати рушд ва сиёсати иҷтимоӣ (ки “сиёсати такмилдиҳанда” меномад)-ро ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҷанбаҳои манфии рушдгароӣ таъкид менамояд. Ба қавли ӯ:
Вақте соҳаи саноати калидии мавриди ҳадаф рушди босуръатро шурӯъ мекунад, афроди дар ин соҳа ва соҳаҳои вобаста ба он фаъолият- кунанда тағйиротеро дар сабки зиндагӣ ва ҳатто нигариш да зиндагӣ таҷриба мекунанд. Хусусан, дар кишварҳои деромада сохтори иҷтимоӣ, аз ҷумла равоншиносии миллӣ, таҳти таъсири башиддати нирӯи “модернизатсия” қарор мегирад, ки тухми танишҳои  иҷтимоиро мекоранд. Чунин танишҳо одатан аз васеъшавии халло дар даромад ва сабки зиндагӣ миёни аҳолии шаҳрӣ ва деҳот бармехезанд. Шаклгирии шаҳрҳои бузург ва маҳаллаҳои шаҳрнишини атрофи онҳо, ки ағлаб дар Амрикои Лотинӣ ва Осиё дида мешаванд, ба ҳамин андоза қобили таваҷҷуҳ ҳастанд. Нотавонӣ дар коҳиши танишҳои иҷтимоӣ дар чунин шароит метавонад мунҷар ба даргириҳои сиёсӣ шавад, ки саранҷом худи рушдгароиро бозмедорад.”
Бо шурӯъ шудани рушди босуръат, таҳаввулоти иҷтимоӣ ногузир мегарданд. Он ҳамаи ҷанбаҳои зиндагии иҷтимоӣ, аз ҷумла равоншиносӣ, муносибат, кор, фароғат, оила, шаҳрнишинӣ, ҷамоати деҳот, ҳаракоти инсон, нақлиёт, муҳити зист, фарҳанг ва миллатгароиро дар бар мегирад. Рушд устувор буда наметавонад, агарки ин ҳарду -- сиёсати рушд ва сиёсати иҷтимоӣ, дар мувозинати дуруст амалӣ карда нашаванд. Ҷузъиёти мавриди ниёзи ин ду сиёсат аз як кишвар ба кишвари дигар фарқ мекунанд ва онҳо бояд мувофиқи талаботҳо ва ниёзҳои маҳаллӣ тарроҳӣ ва иҷро шаванд. Дар Осиёи Шарқӣ танҳо кишварҳое, ки тавонистанд ин гуна барномаҳоро каму беш босалоҳият пиёда намоянд, ба муъҷизаҳои иқтисодӣ даст ёфтанд.
Мушоҳидаи вазъияти ногувори Амрикои Ҷанубӣ дар солҳои 60-ум ва 70-уми асри гузашта, ки дар он диктаторҳои бераҳм ва популизми бесалоҳият аз байн мерафтанд, Ҳантингтон ва Нелсонро (1976) ба хулосае овард, ки новобаста аз он ки як кишвар раванди рушдро чӣ тавр оғоз мекунад, натиҷа ҳарҷумарҷ хоҳад буд (расми 2-3). Аз рӯи модели технократии онҳо, як кишвари авторитарӣ бо сиёсатҳои саркӯбгар рушдро оғоз мекунад, ки он нобаробариро ба вуҷуд оварда, танишҳои иҷтимоиро афзоиш медиҳад. Барои канор омадан бо ин вазъият режим сиёсати боз ҳам саркӯбгартареро пеша мекунад. Пас аз чанд даври зиёдтар шудани ин истибдодҳо норизоятӣ то сатҳи буҳронӣ афзоиш меёбад, мардум ба хиёбонҳо мерезад ва ҷомеа метаркад. Аз сӯӣ дигар, дар модели популистии онҳо, дар ибтидо як давлати демократие, ки дар идораи он оммаи васеъи мардум иштирок мекунад, арзи вуҷуд мекунад. Давлат захираҳои мавҷударо миёни ҷонибдоронаш тақсим мекунад, аммо дар дуруст мутамарказ кардани  захираҳо барои афзоиши ММД ноком мешавад. Рукуди иқтисодӣ мунҷар ба норизоятӣ мегардад ва режим дар натиҷаи кудатои ҳарбӣ сарнагун мешавад. Натиҷагирӣ ин буд, ки ҳеҷ роҳи осони дастрасӣ ба рушди иқтисодӣ вуҷуд надорад, ки дар он суботи иҷтимоӣ нигаҳ дошта шавад.
Бо истифода аз ин чорчӯб, метавон он чиро, ки иқтисодҳои муваффақи Осиёи Шарқӣ анҷом додаанд, ҳамчун модели технократии бозбинишуда, ки дар он нобаробарӣ ва дигар мушкилоти бархоста аз рушди босуръат, тариқи сиёсатҳои иҷтимоӣ камтар карда шудаанд, ба тасвир кашид (расми 2-4). Бо истифода аз ин бастаи сиёсатҳо, буҳрон ҷилавригӣ шуда, даври фазилати рушди иқтисодӣ ва суботи сиёсӣ, барои чанд даҳа, нигаҳ дошта мешавад, то вақте ки ҷомеа аз дарун тағйир ёбад. Ин таркиби сиёсат посухи Осиёи Шарқӣ ба муаммои Амрикои Лотинӣ буд, ки аз ҷониби Ҳантингтон ва Нелсон пешниҳод шуда буд. Намунаи сиёсат мушаххас аст, суоли матраҳ инҷост, ки як кишвар чӣ тавр метавонад онро моҳирона дар амал татбиқ кунад?
Расми 2-3: Интихоби осон вуҷуд надорад?
Расми 2-4: Омехтаи сиёсати Осиёи Шарқӣ
 
 
  1. Рушди иборат аз ҳамгироии минтақавӣ
Барои кишварҳои деррасида рушди иқтисодӣ ва ҳамгироии байналмилалӣ ягона ва ҷудонопазир мебошанд. Раванди пешравӣ дар ҷаҳони муосир ба воридшавии доимии маҳсулот, идеяҳо, технология ва системаҳо аз хориҷ ба дихили кишвар вобаста аст. Онҳо тариқи каналҳои хусусӣ, ба монади рафтуомади инсонҳо, тиҷорат ва сармоягузорӣ, тариқи ибтикороти сиёсӣ ё таҳти фишори донорҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ворид карда мешаванд. Барои афзоиши тавонои дохилӣ ва эҷоди пешравӣ, омилҳои хориҷӣ бояд интихобан ва бо новсозиҳои муносиб ба ниёзҳои маҳаллӣ пазируфта шаванд. Сиёсати ҳамгироӣ ва сиёсати рушд бояд наздик бо ҳам татбиқ шуда, аз ҷониби ҳокимияти марказӣ идора шаванд ва набояд ин корро ба бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ гузошт (Маегава 1994, Оҳно 1996, 2000, 2003).
Ин пайванди рушд бо ҳамгироӣ дар Осиёи Шарқӣ шакли бисёр вижае пайдо кард. Рушди Осиёи Шарқӣ дар заминаи вуҷуд доштани Минтақаи Осиёи Шарқӣ ҳамчун арсаи ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои аъзои он ба даст омадааст. Кишварҳо як-як дар зинаҳои рушди гуногун, бо пайвастан ба шабакаи пӯёи истеҳсолие, ки аз ҷониби ширкатҳои хусусӣ густариш ёфта буд, ҷаҳиши иқтисодиро оғоз карданд.  Пайванд бо тиҷорату сармоягузорӣ як тақсимоти меҳнати байналмилалии муназзам ва сохтори мушаххас  дар минтақа падид омад. Саноатикунонӣ аз тариқи васеъшавии ҷуғрофӣ, аз як сӯ, ва аз сӯи дигар, тариқи беҳбудиҳои сохторӣ дар дохили ҳар кишвар  ба роҳ монда шуд. Истилоҳи “турнақатор” (ишора ба ҳаракати турнамонанди кишварҳо дар низоми иқтисодӣ) ба ҳамин таҳаввулоти систематикии тарафи таклифот(supply-side) ишора мекунад. Барои дарки ин механизм, на танҳо арзёбии сиёсатҳои кишварҳои ҷудогона кофӣ нест, балки таҳлили Осиёи Шарқӣ, дар маҷмӯъ, бо сохтори истеҳсолии он, тиҷорати дохилии минтақавӣ ва ҷараёнҳои сармоягузорӣ дар он зарурат дорад. 
Барои кишварҳои Осиёи Шарқӣ рушд кардан баробар буд ва ҳаст бо ворид шудан ба ин шабакаи истеҳсолии минтақавӣ ва табдил ёфтан ба як ҳалқаи муҳими пайвандгар дар он. Ҳар кишвар таҳти фишори рақобати доимии кишварҳои дигаре қарор дошт, ки пешопеш ва ё аз ақиби он ҳаракат мекарданд. Ин фишор онро маҷбур мекард, ки дар нардбони рушду пешравӣ пайваста боло ҳаракат кунад. Он чӣ ин кишварҳоро барангехт, майли расидан ба рифоҳи модӣ ва дунболагирӣ аз ғурури миллӣ дар батни ин рақобати минтақавӣ буд, на матритсаҳои сиёсие, ки тавассути созмонҳои байналмилалӣ пешниҳод мешаванд.
Расми 2-5 нишон медиҳад, ки чӣ тавр турнаҳои Осиёи Шарқӣ парвоз мекарданд, ки он аз рӯи нисбати молҳои саноатии содиршуда ба содироти умумӣ арзёбӣ карда шудааст. Иқтисодҳои пешрафтае ба монанди Ҷопон, Тайван ва Корея муддатҳост молҳои саноатиро содир мекунанд. Раддаи дувуми иқтисодҳо ба монанди Сингапур, Малайзия, Тайланд ва махсусан, Чин  дар ҳоли пешрафти баландсуръат ҳастанд. Гурӯҳи сеюм, Индонезия, Филиппин ва Ветнам аз дунболи онҳо ҳаракат карда истодаанд. Аз ҷониби дигар, Мянма ва ҳамчунин кишварҳои дигари Осиёи Ҷанубӣ, ки ин ҷо зикр нагардидаанд, ба монанди Камбоҷиа, Лаос ва Кореяи Шимолӣ, ба ин мусобиқа ҳатто ворид нашудаанд.
Расми 2-5. Нисбати содироти молҳои саноатӣ ба содироти умумӣ
Сарчашма: Бонки Осиёии Рушд, Нишондиҳандаҳои калидии рушди кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (1993-2006); Вазорати корҳои дохилӣ ва коммуникатсияи Ҷопон, Солномаи омории Ҷопон-2007.
Саноат ба таври давомнок аз раддаи болоии иқтисодҳо ба раддаҳои баъдӣ интиқол ёфта, ҳамин тавр, ба раддаҳои поёнӣ мерасид. Чун ин интиқоли саноат асосан тариқи сармоягузории мустақими хориҷӣ сурат мегирифт, кишварҳое, ки орзуи мустаҳкам кардани мавқеи худро доштанд, бо шӯру шавқ Сармояи мустақими хориҷиро дунболагирӣ мекарданд. Ширкатҳои Ҷопонӣ, дар қатори ширкатҳои байналмилалӣ аз ИМА ва ИА, муддати тулонӣ меъмори асосии шабакаи истеҳсолии Осиёи Шарқӣ буданд. Шабакаҳои густардаи тиҷоратии Тайван, Ҳонг Конг ва чиниҳои муҳоҷир ва ҳамчунин ҳаракатҳои тиҷоратии ҷасуронаи “чаебол”-ҳои (chaebols) Корея боиси тақвияти ин минтақа шуданд. Шурӯъ аз солҳои навадуми асри гузашта, ба саҳна ворид шудани Чин, ҳамчун истеҳсолгар ва сармоягузор, ба як омили нави муҳим табдил ёфт. Ҳеҷ як минтақаи рӯ ба рушди дигаре ба монанди Осиёи Шарқӣ вобастагии мутақобилаи созмонёфта ва пӯёеро ташкил карда натавонистааст. Дар ҳоли таваҷҷуҳ кардан ба такрори таҷрибаи Осиёи Шарқӣ дар дигар минтақаҳо, ин воқеият бояд ба назар гирифта шавад.
  1. Рушдгароии авторитарӣ
Барои раҳо шудан аз банди фақр, аксар кишварҳои Осиёи Шарқӣ рушдгароии авторитарӣ ё як кишвари авторитарӣ бо тавоноии иқтисодиро таъсис доданд. Унсурҳои калидии чунин режим ба таври зер аст:
  • Лидери қудратманд ва аз ҷиҳати иқтисодӣ босавод;
  • Рушди иқтисодӣ ҳамчун ҳадафи аслии миллӣ, идеология ва шӯру шавқ;
  • Як гурӯҳи нухбаи технократ барои дастгирии раҳбар дар тарроҳӣ ва иҷрои сиёсатҳо саҳми асосӣ мегузоранд;
  • Машрӯъияти сиёсии бархоста аз рушди муваффақона.
Дар миён ин унсурҳо аввалӣ (раҳбарӣ) ҳалкунанда  аст, чунки шароити боқимондаро маҳз ҳамин омода месозад, агар онҳо аллакай вуҷуд надошта бошанд. Дар таъкиди аҳамияти як раҳбари олии миллии қотеъ ва равшанандеш, ба монанди президент ё нахуствазир, наметавон зиёдаравӣ кард. Ин раҳбар бояд дорои ҳисси тезбине бошад ва тавонад мушаххас кунад, ки барои суръат бахшидан ба рушди иқтисодӣ чӣ чиз коршоям аст ва чӣ чиз ба дард намехӯрад. Дараҷаи илмии доктурӣ (PhD) дар иқтисод ё дараҷаи магистрӣ доштани раҳбар шарт нест, аммо як ғариза, барои интихоби сиёсатҳои дуруст ва таъйини афроди муносиб, бисёр лозим аст. Раҳбарони қавӣ бисёр ҳастанд, вале шумори раҳбарони қавиву хирадманд андак аст. Мафҳуми рушдгароии авторитарӣ танҳо барои режимҳое ихтисос дода шудааст, ки чунин раҳбарони қавиву хирадманд доранд.
Сутунҳои сиёҳшуда дар расми 2-6 рушдгароии авторитарии Осиёи Шарқиро нишон медиҳанд. Самаранокии ин “диктаторҳо” дар таъмини рушди босуръати иқтисодӣ тафовути ҷиддӣ дошт. Тибқи табақабандии Суеҳиро, ки ин намоя дар асоси он мураттаб гардидааст, режими Маркос дар Филипин рушдгароии авторитарӣ маҳсуб мешуд, вале мо тарҷеҳ медиҳем онро аз ин рӯйхат бардорем, ба ин далел, ки дар расидан ба натиҷаҳои хуби иқтисодӣ ба сахтӣ шикаст хӯрд.
Дар расми 2-6 се чиз ба равшанӣ дида мешавад. Якум, на ҳамаи кишварҳои Осиёи Шарқӣ рушдгароии авторитариро таҷриба кардаанд. Дуюм, ҳамаи иқтисодҳои муваффақ, ба истиснои Ҳонг Конг, рушдгароии авторитариро дар гузашта ба роҳ монда будаанд. Сеюм, режимҳои рушдгароии авторитарӣ маъмулан аз ду то се даҳсола давом мекарданд. Дар ин росто, Сингапур ягона кишваре буд, ки ин низомро ҳатто баъди расидан ба сатҳи даромади хеле баланд ҳам раҳо накард.
Расми 2-6. Рушдгароии авторитарӣ дар Осиёи Шарқӣ
Сарчашма: Суериро (2000), саҳ. 115.
Тавзеҳ: Қисматҳои сиёҳшудаи расм давраи мавҷудияти рушдгароии авторитариро нишон медиҳанд. Қисмати камранг давраи пеш аз истиқлоли кишвар аст. Барои Чин давраи раҳбарони аз ҳама таъсиргузортар ишора карда шудааст.
Рушдгароии авторитарии Осиёи Шарқӣ дар бештар маврид зери таҳдидҳои амниятии шадид зуҳур мекард. Ба Кореяи Ҷанубӣ Кореяи Шимолӣ таҳдид мекард ва дар ҳузури Чини материкӣ мавҷудияти Тайван зери суол мерафт. Ҳарҷумарҷ дар сиёсати дохилӣ ва бархӯрдҳои қавмӣ эҳтимоли бурузи чунин режимро афзоиш медоданд. Дар баъзе мавридҳо, кудатои ҳарбӣ ба амал омада, ҷойгузини ҳукумати нолоиқе мешуд, ки натавонистааст ҳолати буҳрониро маҳор кунад. Зери ин намуди режим, унсурҳои зиёди демократия, ба монанди озодии баён ва матбуот, интихоботи озод ва рақобатнок ва қудрати парлумон маҳдуд мешуданд ва ё комилан саркӯб мегардиданд. Бо ҳамин далел, ин режимҳо доиман аз ҷониби Ғарб, ҳамчун кишварҳои “ғайридемократӣ”, накуҳиш мешуданд. Ба ҳар ҳол, мумкин аст мардум аз диктатори худ на ба хотири тариқи интихобот ба қудрат расиданаш, балки ба хотири таъмини амнияти миллӣ, даромади баланд ва имконияти кор аз ҷониби вай, ҳимоят кунанд.
Чаро барои амалӣ кардани рушди иқтисодӣ мо ба як кишвари “ғайридемократӣ” ниёз дорем? Далели бунёдӣ ин аст, ки ҷаҳиши иқтисодӣ аз як ҷойгоҳи паст мутамарказсозии густарда ва тезсуръати манбаъҳоро талаб мекунад. Адриан Лефтвич (2005) ишора мекунад, ки демократия ва  рушди иқтисодӣ шароити ниҳодии гуногунро талаб мекунанд, ки наметавон ба осонӣ онҳоро ба ҳам овард:
Хусусятҳои ниҳодӣ ва лавозимот барои рушд (ҷамъоварӣ ва тағйир) ва демократия (тавофуқ ва созиш) ба тарафҳои ба ҳам муқобил ҳаракат мекунанд... демократияҳо дар бардоштани гомҳои сареъ ва густарда, барои кошиҳи нобаробарии сохторӣ дар дороӣмушкилоти бузург доранд”.
Давлат бояд гурӯҳҳои гуногуни қавмиву иҷтимоиро дар атрофи як ҷамоаи тахайюлӣ муттаҳид намояд, таъмини нирӯ ва системаи нақлиётро ба роҳ монад, сармояро ҷалб намояд, маҳоратнокӣ ва технологияҳоро беҳбуд бахшад, мактабу бемористон созад, ҷинояткорӣ ва дигар мушкилоти иҷтимоиро коҳиш диҳад, ҷобаҷогузории дурусти сокинонро ба роҳ монад, шаҳрнишинӣ ва муҳоҷирати дохилиро идора намояд, сиёсатҳои макроиқтисодӣ ва тиҷоратиро татбиқ кунад, бо шокҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ канор ояд ва ин рӯйхат метавонад идомаи тӯлонӣ дошта бошад. Иҷозати мушорикати сиёсӣ додан ба ҳама гурӯҳҳои марбута ва баррасии амиқи ҳар як қонуну сиёсат дар парлумон демократитар хоҳад буд, лекин вақту фурсати аз ҳад зиёдеро мегирад. Агар бастаи ҳалкунандаи сиёсатҳо ҳамзамон ва босуръат татбиқ нашаванд, кишвар наметавонад рушдро оғоз бахшад ва ё онро устувор нигаҳ дорад. Ин дақиқан ҳамон модели популистии шикастхӯрдаест, ки дар бахши 2 оварда шудааст.
Як чизи муҳим дар бораи рушдгароии авторитарӣ ин табиати гузаришии он мебошад. Баръакси демократия, ин режиме нест, ки ҳама кишварҳо аз он илҳом гиранду дар пайи ҳифзи он дарозмуддат ҳаракат кунанд. Аниқтараш, ин режими қаноаткунанда барои кӯтоҳмуддат аст, ки арзишмандияш танҳо барои муддати чанд даҳсола аст. Ин инструменти расидан ба рушди иқтисодии босуръат дар лаҳзаи тақдирсози таърихӣ барои як кишвари муайян мебошад. Вақте сатҳи рушди лозима ба даст меояд, онро бояд парт кард, айнан монанди он ки қисми поёнии киштии кайҳонӣ баъди расидан ба баландии муайян аз он парт мегардад. Агар он ҷудо карда нашавад, ба як мушкили ҷиддӣ барои идомаи парвоз табдил меёбад. Арзёбии ин режим бояд дар ҳамин заминаи динамикӣ анҷом дода шавад, на аз рӯи муқоисаи статикии сатҳи демократияи бадастомада.
Дигар масъалаи муҳиму вобаста бар ин, мушкили хориҷ шудан аст. Ватанабе (1998) иддао мекунад, ки “агар рушди иқтисодӣ дар режими авторитарӣ муваффақона ба даст ояд, он худ донаҳои азҳампошии худашро мекорад”. Ин дар натиҷаи тавассути таъмини сатҳи зиндагии болотар ва ба вуҷуд овардани қишрҳои иҷтимоии гуногунранг ба миён меояд. Синфи миёнаи нав, иборат аз коргарони гиребонсапед, мутахассисон, моликони бизнеси хурд ва донишҷӯён ба рад кардани авторитаризм шурӯъ карда, хоҳони демократияи бештар мешаванд. Бо вуҷуди ин, рушдгароии авторитарӣ метавонад ба таври автоматикӣ тағйир наёбад, агар садду монеаҳое барои ин гузариш вуҷуд дошта бошанд, ба монанди раҳбари сарсахт, муқовимати бюрократӣ ва гурӯҳҳои манфиатхоҳ. Бахусус, як раҳбари қавӣ одатан истеъфо доданро рад мекунад, бо сабаби он ки дар дурнамо мумкин аст ба ҳабс гирифта шавад, зиндонӣ шавад ва ҳатто баъди ин гузариш кушта шавад ва бештар ё ҳатто тамоми сиёсатҳояш куллан дигар карда шаванд. Дар муқоиса бо як демократияи дуруст амалкунанда, ин намуд режим механизми дохилие барои гузариши оромонаи қудратро надорад. Аз ин рӯ, суботи сиёсӣ дар давраи гузариш бештар ба хирад ва худдории раҳбар вобаста аст. Дар Осиёи Шарқӣ хуруҷи баъзе аз раҳбарони авторитар сулҳомез буд ва хуруҷи баъзеи дигар хушунатомез.
Мушкилоти гузаришии ба ҳамин монанд, ҳамчунин дар ҳолати идораи якҳизбӣ низ пайдо мешаванд, хоҳ он Ҳизби коммунистӣ (Чин, Ветнам) бошад ё Ҳизби халқӣ-демократӣ(Ҷопон). Ҳизби ҳокиме, ки барои чанд даҳсола дар сари қудрат мемонад, шабакаи манфиатгирон ва ҷонибдоронро ба миён меорад, ки онҳо дар баробари ислоҳот муқовимат мекунанд. Сиёсатҳои ҳизб, ки дар оғоз коршоям буданд, куҳна мегарданд ва ба азнавсозӣ зарурат пайдо мешавад. Бархӯрд миёни суннатгароён ва ислоҳотхоҳон дар дохили ҳизб одатан ба миён меояд. Фишори хориҷӣ барои тағйирот ҳамчунин зиёд мегардад. Гузариши оромона мумкин аст, вале кафолат дода намешавад.
Воқеиятеро, ки теъдоди зиёди режимҳои рушдгарои авторитарӣ маҳз дар Осиёи Шарқӣ ба вуҷуд омадаанд, на дар ҷойи дигар метавон ҳамчун сироятёбии минтақавӣ тавзеҳ дод. Кишварҳои ҳамсоя, дониста ё надониста, доимо барои ибтикороти сиёсиву иҷроиши баланд дар рақобат бо ҳамдигар қарор доранд. Эътирофи ин ки сиёсатмадорон сиёсатҳои кишварҳои ҳамсояи худро омӯхта копӣ мекунанд, кам дида мешавад, аммо дар воқеъ, онҳо ин корро мекунанд. Онҳо дар баробари тағйироти сиёсат дар кишварҳои ҳамсояи худ нигаронӣ мекунанд, махсусан, он сиёсатҳое, ки баъзеҳоро қувваи нав мебахшад ва ин дигаронро водор мекунад, ки худро ақибмондатар бинанд. Ин аст, ки сиёсат дар миқёси ин минтақа таъсири сироятёбии зиёд дорад. Мавҷи демократишавӣ дар Амрикои Ҷанубӣ  дар солҳои 1980-ум ва дасткашии ҳамзамон аз сотсиализм дар Аврупои Шарқӣ дар даври соли 1990-ум намунаи ҳамин ҳастанд. Фаровонии рушдгароии авторитарӣ дар Осиёи Шарқӣ, ҳамчунин бояд аз назари ин таъсири доминоии сиёсат дарк карда шавад.
Аз назари таърихӣ, маҳбубияти рушдгароии авторитариро дар солҳои 1970-ум қисман метавон ба таъсири ҷанги сард рабт дод(Ивасакӣ, 2001). Дар он замон, на ИМА ва на ИҶШС, ба таъмини озодии шаҳрвандии дигар кишварҳои шарикашон таваҷҷуҳ надоштанд, ба шарте ки ин кишварҳо вафодорона дар урдугоҳи онҳо боқӣ монда бошанд. Ин татбиқи сиёсатҳои ғайридемократиро, бидуни муҷозот,  барои кишварҳои рӯ ба рушд, осон мегардонд. Бо вуҷуди ин, гуфта наметавон, ки даврони рушдгароии авторитарӣ бо аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ тамом шудааст ва ин зиёдаравӣ хоҳад буд агар чунин режимро корношоям номем. Он воқеият, ки барои дастёбӣ ба як ҷаҳиши иқтисодӣ дар кишварҳои деромада, мутамарказсозии қотеъонаи манбаъҳо зарур аст, тағйир наёфтааст.
 
  1. Намунаҳои пажӯҳиш
Биёед, вазъи Кореяи Ҷанубиро аз назар гузаронем: кишваре, ки аллакай давраи рушдгароии авторитариро пушти сар кардааст. Ҳамчунин, Чину Ветнамро баррасӣ кунем: ду кишваре, ки дар ҳоли саноатисозӣ ва таҳаввули иҷтимоии босуръат ҳастанд.
Кореяи Ҷанубӣ
Кореяи Ҷанубӣ аллакай давраи рушдгароии авторитариро паси сар карда, ба сӯи таҳаввулоти иқтисодиву сиёсии амиқтар ҳаракат карда истодааст. Имрӯз, Кореяи Ҷанубӣ метавонад маҳсулоти рақобатпазири баландсифатро, ба монанди автомобил ва маҳсулоти электрикӣ, истеҳсол намояд. Аммо ним аср пеш мардум фикр намекард, ки ин кишвар ояндае дорад. Он дар солҳои 1910-1945 колонияи Ҷопон буд. Ҷанги Корея (1950-1953) кишварро хароб ва пора кард. Дар муқоиса бо Кореяи Шимолӣ, ки саноати вазнин ва захираҳои табиии зиёд дошт, пешравии ояндаи Кореяи Ҷанубии асосан кишварзӣ норавшан ба назар мерасид. Кореяи Ҷанубӣ зери ҳукумати Рҳӣ Сингман як кишвари фасодзада маҳсуб мешуд. Мавҷудияти он асосан ба кумакҳои ИМА вобастагӣ дошт.
Ба ҳар ҳол, шароит дар соли 1961 куллан дигар шуд, вақте Парк Чунг Ҳӣ, як генерали ҳарбӣ, табадуллот карда, қудратро ба даст гирифт. Режими вай як кишвари рушдгароии авторитарӣ, бо  иродаи бисёр қавӣ буд, ки ҳадафаш тарвиҷи низоми сармоядорӣ таҳти ҳидояти давлат буд. Шӯрои банақшагирии иқтисодӣ, ҳамчун агентии иҷроия, ташкил шуда, барномаҳои панҷсола оғоз шуданд. Стратегияи рушд ба рақобатпазирӣ дар содирот, қарзҳои хориҷӣ ва технологияҳои воридшуда мутамарказ шуда буд. Субсидия барои содирот, ҳимоятгароӣ дар воридот, яксонсозии қурби арз ва девалватсияи пул, қарзҳо бо фоизи кам ва ҳавасмандгардонии андозӣ ба роҳ монда шуд. Соҳаҳои саноатии мавриди ҳадаф аз либосдӯзиву пояфзолбарорӣ (даҳаи 1960-ум) ва пӯлоду нафтохимияву киштисозӣ (даҳҳаи 1970-ум) ба автомобилсозӣ ва электроника (даҳаи 1980-ум) гузаштанд. Саноатисозии Корея таҳти таъсири хатароти ҷиддӣ аз ҷониби Кореяи Шимолӣ ва саркӯбсозии демократия роҳандозӣ шуд. Он аз рӯӣ ваҳдати сегонаи ҳукумат, бонкҳо ва Чаеболҳо (гурӯҳҳои бузурги бизнес ба монанди Даеву, Самсунг, Ҳундай ва LG) мушаххас карда мешавад. Бо амалӣ кардани сиёсатҳои мудохилаҷӯёнаи зиёд, Кореяи Ҷанубӣ ба яке аз кишварҳои деромадаи муваффақтарин табдил ёфт. Парк Чунг Ҳӣ дар соли 1979 кушта шуд, аммо як генерали ҳарбии дигар, Чун Ду Ҳван, то соли 1987 сиёсати вайро идома дод.
Бо дарназардошти фарзияе, ки демократияро танҳо баъди расидан ба сатҳи рушди муайян метавон татбиқ кард(остонаи тавсеа барои демократия), Нгуен Тӣ Тан Ҳюйен (2004) раванди рушди иқтисодӣ ва демократияро дар Кореяи Ҷанубӣ  таҳлил мекунад. Ӯ иддао кард, ки рушди иқтисодӣ ба “мобилизатсияи иҷтимоӣ” (тағйироти иҷтимоӣ ба монади шаҳрнишинӣ, саноатишавӣ ва модернизатсия) мерасонад, ки ин ду қувваи таҳрикдиҳандаи муҳимро барои демократишавӣ ба вуҷуд меоварад, дақиқтараш фарҳанги сиёсӣ ва сохтори иҷтимоиро( таваҷҷуҳ шавад ба расми 2-7).
Расми 2-7. Кореяи Ҷанубӣ: Рушди иқтисодӣ заминаи демократияро месозад
Сарчашма: Нгуен Тӣ Тан Ҳуен (2004.)
 
Фарҳанги сиёсӣ ба муносиботи умуме, ки аз демократия ҳимоя мекунад (ба монанди созиш, мушорикат, баробарӣ ва эътидол) иртибот дорад. Сохтори иҷтимоӣ ба маънои гузариши миқдории қудрат аз синфи куҳна (кишоварзон, ҳарбиҳо, заминдорон) ба синфи нав (кормандони гиребонсапед, мутахассисон, соҳибкорон) мебошад. Фарҳанги сиёсӣ ва сохтори иҷтимоӣ ба ҳам омада, шароитеро месозанд, ки дар он метавон демократияро ба вуҷуд овард ва нигаҳ дошт. Дар соли 1961 80 дарсади аҳолии Кореяи Ҷанубӣ аз кишоварзони камбағал иборат буд. Дар соли 1985 қишри коргар (50 дарсад) ва синфи миёна (40 дарсад) дар сохтори иҷтимоӣ саҳми бештаринро доштанд. Гузариш ба демократия дар Кореяи Ҷанубӣ дар соли 1987 сурат гирифт, вақте Ро Тае Ву тариқи интиҳоботи мардумӣ ба маснади президентӣ нишаст. Он наметавонист демократияро дар даҳсолаҳои 1960-70 ба роҳ монад, вале тағйиротҳои иқтисодӣ-иҷтимоии бархоста аз рушди босуръати иқтисодӣ заминаро барои чунин таҳаввули сиёсӣ дар охири даҳсолаи 1980-ум ба вуҷуд овард.
 
Чин ва Ветнам
Чин ва Ветнам кишварҳои аз ҳама босуръат рушдкунандаи Осиёи Шарқӣ ҳастанд. Онҳо ҳамчунин кишварҳои сотсиалистии дар ҳоли таҳавуллоти систематикӣ, таҳти раҳбариии як ҳизб, мебошанд. Онҳо дар миёни саноатисозии босуръат ва таҳаввулоти иҷтимоӣ қарор доранд, ки интизор меравад ҳадди ақал чанд даҳсола идом ёбад. Новобаста аз фарқиятҳо дар андозаи ҳудуд, таърих, тарзи ҳокимият ва умқи банақшагирии иқтисодӣ дар гузашта, ин ду кишвар мушкилоти умумӣ доранд. Чолиши асосӣ ин босамар канор омадан бо мушкилоти бархоста аз рушди босуръат мебошад. Ин дар ҳолест, ки рушди босуръат худ асосан аз ҷониби пӯёии идоранашавандаи ширкатҳои хусусӣ ба даст омадааст, на дар натиҷаи татбиқи сиёсатҳои олӣ. Масъалаи муҳими дигар ин ба роҳ мондани гузариши сиёсии сулҳомез, баъди боло рафтани даромади мардум, мебошад.
Ба фарқ аз Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ дар гузашта ва ҳамчунин Сингапур, Тайван, Малайзия ва Тайланд ба дараҷаи камтар, ки давлат нақши асосиро дар гузоштани ҳадафҳои саноатии мушаххас, болобардориии технологияҳо ва идораи дурусти сармояҳо мебозид, рушди муосири Чин ва Ветнам қариб пурра ба пӯёии қавии бахши хусусӣ рабт дорад. Дар ин кишварҳо ҳукумат дар рушди иқтисодӣ нисбатан нақши андак дорад. Давлат танҳо бахши хусусиро дар бардоштани гомҳои амалӣ озод гузоштааст ва (ҳарчанд бо таъхир) зерсохторҳо, нирӯ ва ашёи хоми лозимӣ барои рушдро омода мекунанд. Ҳачунин барои канор омадан бо чолишҳои нав дар ниҳодҳо сари вақт ислоҳот ворид мекунад. Ин аллакай метавонад ба худии худ як дастоварди бузург бошад, лекин ин бамаротиб камтар аз он аст, ки дигар ҳукуматҳои Осиёи Шарқӣ дар давраи рушди босуръати худ анҷом дода буданд. Ду кишвари коммунистӣ, дар ҳамвор кардани пайраҳаи рушди кишварҳои худ,  бештар хусусияти вокунишгароёна доштанд, то дурбинона. Воридшавии Сармояи мустақими хориҷӣ ва сармояи хусусии дохилӣ дар тағйиротҳои сохторӣ нақши меҳварӣ доштанд. Аз ҷониби давлат мудохилаи самаранок дар бахши истеҳсолӣ кам ба назар мерасид. Дар ҷойе, ки давлат ақибнишинӣ мекард, бахши хусусӣ тавсеа меёфт. Дар масъалаи тавозуни рушд бо мушкилоти иҷтимоӣ Ден Ксиаопини Чин (1978-1997) ошкоро авлавияти сиёсатҳои рушдро бар сиёсатҳои иҷтимоӣ мегузошт ва ба таври дурахшон муваффақиятро дар ростои рушди босуръат дар солҳои навадум ба даст овард. Валекин натиҷаҳои ногузири рушди босуръат дар шакли нобаробарӣ, олудашавии муҳити зист, фасод, муҳоҷирати дохилӣ ва ҳубобҳои молумулкӣ пайдо шуда, ҳукуматро ба чолиш кашид. Метавон гуфт, ки машруъияти сиёсии ҳукумати Чин ҳоло ба ҳалли ҳамин мушкилот вобаста аст, на дар суръати бештар бахшидан ба рушди иқтисодӣ. Дар воқеъ, суръати рушд аллакай ба таври кофӣ баланд аст ва идораи суръат ва муҳтавобахшии рушд аз доираи имконоти ҳукумати Чин берун аст.
         Ба фарқ аз Чин, ки гузариши аён аз сиёсати рушдро дар авлавият гузоштан ба сиёсати нисбатан бо тавозунро дошт, Ветнам муддати дароз рушди иқтисодӣ ва ҳадафҳои иҷтимоиро бо тавозун ва баробарӣ дунбол мекард. Ин аст, ки дар ин росто ҳеҷ гузариши назаррасеро ба роҳ намондааст. Паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дастгирии ақаллиятҳои қавмӣ ва тавозуни минтақавӣ дар сармоягузории иҷтимоӣ доимо дар мадди аввал буд. Лекин дар оянда машруъияти сиёсӣ дар Ветнам ҳам ба тавоноии ҳукумат дар ростои мушкилоти монанд бо Чин вобастагии зиёд хоҳад дошт, илова бар ин, бояд суръати рушди иқтисоди устувор нигаҳ дошта шавад. Мушкилоти рӯзафзун дар Ветнам ин халои дороӣ дар натиҷаи камарзишшавии замин, муҳоҷирати аҳолӣ аз деҳот ба шаҳрҳо, ифлосшавии муҳити зист, садамаҳои нақлиётӣ ва сегонаи бадбахтиҳои иҷтимоӣ(маводи мухадир, фоҳишагарӣ ва бемории норасоии маснуияти бадан) мебошанд.
         Ба таври хулоса, иқтисодҳои Чин ва Ветнам дар ҳоли таҳрик ва таҳаввул, аз ҷониби қувваҳои қавии бахши хусусӣ  ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки тавоноии ҳукуматҳои расмӣ дар мудирияти ин тағйиротҳои ҷиддӣ ҳанӯз ба намоиш гузошта нашудааст. Таҳаввулоти иҷтимоӣ дар ростои фарҳанги сиёсӣ ва сохтори иҷтимоӣ, чуноне ки дар Корея дар солҳои 1970-80-ум дида мешуд, дар ҳарду кишвар ҷараён доранд. Суботи сиёсӣ татбиқи дурусти сиёсатҳои иҷтимоиро талаб менамояд. Дар дарозмуддат, вақте даромади аҳолӣ бештар мегардад, режими сиёсӣ ҳам ба ислоҳшавӣ ниёз пайдо мекунад. Як интихоб ин аст, ки тавоноии ҳизб ба таври назаррас, ба монанди Ҳизби иқдоми мардумии Сингапур, зиёд карда шуда, дастоварҳо дар ростои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таҳти раҳбарии як ҳизб идома меёбанд. Гузинаи дигар ин аст, ки рақобатҳои сиёсӣ бо аҳзоби дигар, бояд ба сурати тадриҷӣ ва қобили контрол ба роҳ монда шавад. Агар ҳарду гузина канор гузошта шавад, тағйироти сиёсӣ ба таври ғайриқобили контрол ба амал хоҳанд омад.
 
  1. Рушдгароии демократӣ
Вақте аз рушдгароии авторитарӣ дар конфронсҳои байналмилалӣ ном бурда мешавад, одатан ду навъи вокуниш ба вуҷуд меояд. Якум, ин режим, ҳамчун воситаи самаранок барои рушди кишварҳои деромада қабул ва ҳатто тавсиф ҳам мешавад. Дуюм, рад ва безорӣ аз он изҳор дошта мешавад, бо ин иддао, ки демократия як чизи муқаддас аст ва набояд ба хотири рушди иқтисодӣ онро қурбон кард. Дар умум, сиёсатмадорону пажӯшиҳгарони  Осиёи Шарқӣ, ки коршоямии рушдгароии авторитариро дар амал дидаанд, назар ба ҳамтоҳои худ аз Ғарб, ба ин режимҳо бештар назари мусбӣ доранд.
         Назари Ватанабе (1995), ки “муваффақияти иқтисодии Осиёи Шарқӣ умдатан ношӣ аз пазириши рушдгароӣ, яъне идеологияе, ки ба рушди иқтисодӣ бартарияти аввалиндараҷа медиҳад, мебошад”, ба фаҳмиши маъмулии собиқ масъулони иқтисодии кишварҳое, ки ин стратегия татбиқ шудааст, на чизе зам мекунад ва чизеро аз он кам мекунад. Бо вуҷуди ин, афроде вуҷуд доранд, ки аз рӯи принсип ба ин режимҳо мухолифат мекунанд. Баъзеҳо бовар доранд, ки демократия ва рушди иқтисодӣ ду чизи аз ҳам ҷудо ҳастанд ва метавон онҳоро новобаста аз якдигар дунбол кард. Масалан, Данӣ Родрик мегӯяд:
Бовар надорам, ки ин ҷо (миёни рушди иқтисодӣ ва демократия) ҳатман якеро бояд интихоб кард. Фикр намекунам, ки сабаби асосӣ ва ё муҳимтарини арҷгузорӣ ба демократия рушди иқтисодӣ аст. Боз ҳам фикр намекунам, ки як кишваре дар ҷаҳон бо сабаби камбағалӣ натавонад демократия дошта бошад ва ё ҳуқуқи инсонро беҳтар ҳифз кунад. Ман муътақидам ва далелҳои воқеӣ нишон додаанд, ки як кишвар барои гузариш ба низоми демократӣ шарт нест зиён бинад ё товони иқтисодӣ диҳад. Ман ҷонибдори ин ақида нестам, ки шумо бояд демократикунониро ба таъхир гузоред, то рушди иқтисодӣ дошта бошед ё шумо метавонед танҳо дар ҳоли имконияти молӣ доштан демократия дошта бошед... Ҳамчунин ман бовар надорам, ки демократия ин пешзаминаи рушди иқтисодӣ аст. Фикр мекунам, демократия барои чизҳои хеле зиёд хуб аст. Ҳар чӣ зудтар онро дошта бошед, ҳамон андоза хубтар аст. Дар фаҳмиши маҳдудтари рушди иқтисодӣ, масъалаи демократия аз рушд фарқи зиёд дорад.”
         Дигарон, идеяи рушдгароии авторитариро мурда меҳисобанд. Ба таври мисол, Робинсон ва Вайт (1998) мегӯянд:
Ин назар (ки барои дастёбӣ ба рушди иқтисодӣ дар кишварҳои фақир давлати авторитарӣ лозим аст), дар пешорӯи шуморе аз равандҳо дар авохири солҳои 1980-ум ва аввали 1990-ум, эътибори худро аз даст дод. Якум, муваффақияти рушди иқтисодии як гурӯҳи хурди кишварҳои демократӣ (Ботсвана, Малайзия, Моришус) демократия (албатта, ба маънои аслии он) ва рушди иқтисодӣ ҳеҷ мухолифати бунёдӣ надоранд.  Дуюм, нокомии пешравӣ дар аксарияти қобили назари режимҳои авторитарӣ дар Амрикои Лотинӣ ва Африқо нишон дод, ки танҳо навъи хоссе аз ин режимҳо-давлатҳои рушдгаро-тавонистанд, таҳти шароити сиёсӣ ва ниҳодии махсус, рушди иқтисодии устувор дошта бошанд...”
         Ин назар, ки режими собиқ дар Осиёи Ҷанубӣ дар минтақаҳои дигар коршоям нест, ҷустуҷӯи як кишвари демократии рушдгароро барангехт. Кишваре, ки  дар он рушди иқтисодӣ дар шароити сиёсие ба даст омадааст, ки мушорикати васеъ иҷозат дода шудааст ва ба сиёсати афзалият ба фақирон авлавият дода мешавад. Валекин, чунин ба назар мерасад, ки ин ҷустор ҳанӯз муқаддамотӣ ва назариявӣ аст ва ба пояҳои амалии қавӣ ниёз дорад, пеш аз оне ки ин идея дар шароити кишварҳои бо даромади кам ва воқеияти сиёсии онҳо коршоям ва амалишаванда бошад. Ба таври мисол, пешниҳод аст, ки як эътилофи устувор ва қавии иқтисодӣ, дар асоси дастгирии аҳолии деҳот (кишоварзони камбағал) сохта шавад. Пешниҳоди дигар ин аст, ки дар кишварҳои фақир низоми сотсиал-демократӣ ба роҳ монда шавад, ки он кӯшиш мекунад рушди иқтисодиро бо адолати иҷтимоӣ пайванд созад, ба ҷойи либерал-демократия, ки тамоил ба истисмор ва нобаробарӣ дорад.
         Бо вуҷуди ин, якчанд далели асосиро аз Осиёи Шарқӣ, ки дар он рушди назарраси иқтисодӣ, ки дар асл, таҳти таъсири ҷаҳонишавӣ ба даст омадааст, набояд сарфи назар шавад. Кишварҳои муваффақи Осиёи Шарқӣ ҷаҳиши иқтисодиро бо мушорикати васеъ оғоз набахшиданд, бо ин сабаб, ки амалҳои саривақтӣ ва қотеъона барои берун шудан аз банди фақр лозим буд. Заминаи қудрати онҳо маҳдуд буд ва танҳо сармоядоронро дар бар мегирифт. Таҷрибаи ин иқтисодҳо нишон медиҳад, ки ҳам демократия ва ҳам бозор оҳиста ва қадам ба қадам пеш мераванд ва одатан, рушди иқтисодӣ дар кишварҳои деромада боиси рушди сиёсӣ мегардад. Қишри коргар танҳо баъди дастёбӣ ба сатҳи муайяни саноатисозӣ ва омодашавии лозимаи фарҳанги сиёсиву сохтори иҷтимоӣ, ба як қувваи сиёсии нирӯманд табдил меёбад (Кореяи Ҷанубӣ). Фарз кардан душвор аст, ки коргарони камбағал ва деҳқонони безамин дар кишварҳои бо даромади паст, метавонанд ба монанди раъйдиҳандагон дар кишварҳои демократии пешрафта, рафтори самаранок дошта бошанд. Десентрализатсияи пешазмуҳлат бо худ хатароти такрори нокомиҳои модели популистиро дорад ё ин ки боиси кундшавии функсияҳои асосии давлат мегардад.
         Пешниҳоди мо ин аст, ки ба ҷойи кӯшиши сохтани давлати рушдгарое, ки дар таърих ҳеҷ гоҳ вуҷуд надошт, метавон ба татбиқи модели Осиёи Шарқӣ (бо тағйиротҳои муайян барои “демократитар” кардани он) пардохт. Барои ин, лозим аст демократияро ба қисмҳои гуногун тақсим кард ва танҳо он қисмҳоеро боқӣ гузошт, ки бо талаботи фаврии рушд мухолифат надоранд. Аз ин лиҳоз, бо Робинсон ва Вайт ҳамақида ҳастем, ки ба ҷойи кӯшиш кардан барои сохтани як низоми демократии комил, “бахшҳо” ва “пораҳо”-и алоҳидаи демократия бояд интихобан, барои сохтани як давлати рушдгарои демократӣ, якҷо карда шаванд.
Дар маънои маҳдудтар, демократия вуҷуддошта маҳсуб меёбад, агар намояндагони сиёсӣ дар интихоботи озод интихоб карда шаванд.  Бо вуҷуди ин, барои ҳадафи мо, доираи демократия бояд васеъ карда шавад, то ки ҷузъҳои зеринро, ки дар якҷоягӣ ин режими сиёсиро муайян мекунанд, дар бар гирад:
Ҳадафҳо – озодӣ, ҳуқуқҳои бунёдии инсон, баробарӣ, амният, баҳрамандии иҷтимоиву иқтисодӣ барои ҳама, ҳамзистӣ дар заминаи эҳтироми мутақобила ва ғайра.
Равишҳо – машруъият (интихобот ҳамчун заминаи гузариши қудрат), ҳукмронии қонун, мушорикат, низоми бисёрҳизбӣ, тавозуни қудрат миёни ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, худмухтории маҳаллӣ ва ғайра.
Унсурҳои ёридиҳанда – созиш, таҳаммулпазирӣ, сабр, шаффофият, масъулият ва дигар.
Бо ин ҷузъиёти бисёр, мавҷудияти демократия интихоб миёни ҳама ё ҳеҷ нест, балки ин ҷо гап сари дараҷа аст. Илова бар ин, навъҳои гуногуни демократияҳои шукуфоро метавон бо интихоби ҷузъиёти гуногуни  он, ки бо воқеияти маҳаллӣ созгор ҳастанд, сохт. Таърихан, давлатҳои рушдгарои авторитарӣ ба хотири татбиқи сиёсати рушдгароёнаи худ, баъзе аз ин ҷуъиётро маҳдуд мекарданд. Вале барои итминон бахшидан ба мутамарказсозии манбаъҳо, шарт нест, ки ҳама ҷузъиёти демократия саркӯб карда шаванд. Ин ҷо саволи мантиқие ба миён меояд, ки оё сатҳ ва дараҷаи маҳдудсозии ҷузъиёти алоҳидаи демократия, баҳри тақвият бахшидан ба суръати рушд дар як кишвари мавриди назар, муносиб ҳастанд?
Масалан, озодӣ дар танқиди ҳукумат аз ҷониби ҳукуматҳои рушдгарои авторитарӣ маҳдуд мешавад, аммо ба боздоштҳои алоҳида ва шиканҷаву қатли душманони сиёсӣ мувофиқи ҳавову ҳаваси як диктатор ҳеҷ вақт набояд иҷозат дода шавад. Ҷузъиёти равишии зиёди дар боло овардашуда, аз қабили интихоботи озод, мушорикат ва тавозуни қудрат, ҳамчунин дар ин режимҳо маҳдуд карда мешаванд, лекин ҳамон принсипҳо дар арзёбии ин маҳдудиятҳо низ бояд ба кор бурда шавад. Дар кишварҳои бо даромади кам, баъзе каҷравиҳо аз меъёрҳои ғарбӣ таҳаммул карда мешавад, ба монанди машруият пайдо кардан дар заминаи таъмини суботу пешравӣ бе ба роҳ мондани интихоботи шаффоф, тасаллути қувваи иҷроия ва адами десентрализатсияву худмухтории маҳаллӣ. Ба шарте ки онҳо муътадил буда, ба самти татбиқи сиёсати иқтисодӣ равона шуда бошанд ва бо ҳадафи ошкор ба манфиати ҳама қишрҳои иҷтимоӣ амалӣ шаванд.
Кадом маҳдудиятҳо муътадил ҳастанд ва кадомаш зиёдаравӣ мебошад мавриди баҳс аст ва ба сатҳи рушди ҳар кишвар вобаста мебошад. Яқинан, миёни онҳое, ки ба рушди босуръат авлавият медиҳанд ва онҳое, ки ба демократия арзиши бештар медиҳанд, танишҳо ба миён меоянд. Лекин, агар мо иддаоеро, ки демократия як низоми сокит набуда, як раванди пӯёест, ки боқӣ мондан ва пешравии он кӯшишҳои доимиро талаб мекунад, қабул дошта бошем, пас бояд қабул кунем, ки талаботи ягонаи демократия барои ҳамаи кишварҳои рӯ ба рушд вуҷуд надорад.
Шояд рушдгароии демократӣ режимест, ки бар хилофи рушдгароии авторитарии Осиёи Шарқӣ дар гузашта, ба ҷузъиёти демократия вазни хеле зиёдро дар қадамҳои аввалини рушд медиҳад. Зери рушдгароии демократӣ ҳукумат дар маҳдудсозии ҷузъиёти демократие, ки барои татбиқи сиёсати иқтисодӣ зарур ҳастанд, бояд хеле ботамкин бошад ва ин раванд бояд ба таври доимӣ аз ҷониби нозирони дохиливу хориҷӣ назорат карда шавад. Агар чунин аст, пас фарқият миёни рушдгароии демократӣ ва рушдгароии авторитарӣ фарқияти дараҷавист. Ба унвони далел, давлатҳои рушдгарои авторитарии Осиёи Шарқӣ, аз режими зиёд саркӯбгари Парк дар Кореяи Ҷанубӣ то ба ҳукумати хеле “демократии” доктор Маҳатир дар Малайзия, доманаи васеъеро ба намоиш гузаштаанд. Кишварҳои рӯ ба рушди бо даромади паст бояд имкон дошта бошанд, ки ба ҷойи интихоб миёни демократияи комил ё ғайридемократӣ будан, аз доираи васеи режимҳои сиёсӣ якеро интихоб кунанд. Масъалаи аз ҳама муҳим ин аст, ки оё режими интихобшуда барои кишвари онҳо мувофиқ аст ва оё раҳбарони онҳо барои дастрасӣ ба сатҳи болотарини демократия ва ҳамчунин рушди иқтисодии бо суръати муносиб талошҳои ҷиддӣ мекунанд.
 
Сарчашмаҳо
  1. Adem, S. (2006). Japan, a Model and a Partner: Views and Issues in African Leiden: Brill.
  2. Huntington, S. P. & Nelson, J. M. (1976). No Easy Choice: Political Participation in Developing Countries. Cambridge, Mass: Harvard University Press. Iwasaki, I. (2001).
  3. Ajia Seiji wo Miru Me: Kaihatsu Dokusai kara Shimin Shakai e
[The Perspective on Asian Politics: From Developmental State to Civil Society].Tokyo: Chuko Shinsho.
  1. Leftwich, A. (2005). “Democracy and Development: Is There Institutional Incompatibility?”, Democratization, 12(5): 686-703.
  2. Maddison, A. (2001). The World Economy: A Millennium Perspective. Paris: OECD Development Centre.
  3. Maegawa, K. (1994). “The Continuity of Cultures and Civilization: An Introduction to the Concept of Translative Adaptation,” Hikaku Bunmei [Comparative Civilization], 10(Nov): 100-113. (in Japanese). (English translation in Ohno K. & Ohno I. (Eds.) (1998)).
  4. Murakami, Y. (1994) “Theory of Developmentalism”. In Hankoten no Seijikeizaigaku Youkou: Raiseiki no tameno Oboegaki [Outline of Anti-Classical Political Economy: A Memorandum for the Next Century] (Ch.6). Tokyo: Chuo Koronsha. (English translation in Ohno K. & Ohno I. (Eds.) (1998)).
  5. Nguyen, Thi Thanh Huyen (2004). ”Is There a Developmental Threshold for Democracy?
Endogenous Factors in the Democratization of South Korea”. In Asian
Development Bank & Vietnam Development Forum, Which Institutions Are Critical to Sustain Long-term Growth in Vietnam? Manila: Development Bank. (In English and Vietnamese).
  1. Ohno, K. (1996). Shijo Iko Senryaku [Strategy for Market Transition]. Tokyo: Yuhikaku. (In Japanese).
  2. Ohno, K. (2000). Tojokoku no Globalization: Jiritsuteki Hatten wa Kanoka [Globalization of Developing Countries: Is Autonomous Development Possible?]  Tokyo: Toyo Keizai Shimposha (In Japanese).
  3. Ohno, K. (2003). East Asian Growth and Japanese Aid Strategy. Tokyo: GRIPS Development Forum.
  4. Ohno, K. (2004). “The Role of Government in Promoting Industrialization under Globalization: The East Asian Experience”. In Asian Development Bank & Vietnam Development Forum, Which Institutions Are Critical to Sustain Longterm Growth in Vietnam?. Manila: Asian Development Bank. (In English andVietnamese).
  5. Ohno, K. (2006). The Economic Development of Japan: The Path Traveled by Japan as a Developing Country. Tokyo: GRIPS Development Forum. (Also available in Japanese (Yuhikaku, 2005), Chinese (China CITIC Press, 2006), Vietnamese  (NEU Press, 2007)).
  6. Ohno, K. & Ohno, I. (Eds.) (1998). Japanese Views on Economic Development: Diverse Paths to the Market. London: Routledge. Robinson, M. & White, G. (Eds.) (1998). The Democratic Developmental State: Politics and Institutional Design. New York: Oxford University Press.
  7. Rodrik, D. (2006). “Home-grown Growth: Problems and Solutions to Economic Growth”. An interview with Harvard International Review, Winter version: 74-77.
  8. Sen, A. K. (1999). Development as Freedom. New York: Anchor Books. Suehiro, A. (2000). Catch-up gata Kogyoka ron [Catch-up Type Industrialization]. Nagoya: Nagoya University Press. (In Japanese).
  9. Wade, R. (2006). “The Case for Open-economy Industrial Policy”. Paper for PREM conference on the Institutional Foundation of Growth. Washington, DC: World Bank (in April 2006), and Tokyo: GRIPS seminar (in May 2006).
  10. Watanabe, T. (1995). Shinseiki Asia no Koso [Designing Asia for the Next Century]. Tokyo: Chikuma Shinsho (In Japanese). (English translation in Ohno K. & Ohno I. (Eds.), (1998)).
 
Муаллиф: Кеничи Оҳно, донишманди ҷопонӣ
Тарҷума ва таҳияи Меҳр Собириён