wrapper

Хабарҳо

ИОМДОА

ИОМДОА

Ҳамкориҳои дуҷониба бо ИМА оғоз меёбанд

    Санаи 20-уми феврали соли равон директори Маркази тадқиқоти байналмилалии Донишгоҳи Ню Браскаи Штати Омахаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, доктор Патрик Мак Намара ба Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Мақсади ташрифи намояндаи Донишгоҳи зикршуда пеш аз ҳама ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба бо Институт мебошад. Муфассал ...

Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия

      Қитъаи Осиё минтақаи муҳимми стратегӣ буда, дорои таърихи қадима мебошад ва яке аз калонтарин қитъаи сайёра ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст оварди истиқлолияти сиёсӣ, равобити худро бо кишварҳои мамолики зиёде ба роҳ мондааст. Муфассал ...

Худшиносии миллӣ

    Имрӯзҳо дар маҳфилҳои гуногуни илмию адабӣ, дар расонаҳои хабарӣ ва суҳбатҳои шахсиву инфиродӣ оид ба худшиносии миллӣ зиёд сухан мегӯянд ва баҳсу мубодила мекунанд. Алалхусус пас аз дарёфти истиқлолият ва ташкили давлати миллӣ ва буҳрони сиёсии солҳои охир: ҷанги аҳлӣ (шаҳрвандӣ) ва талафоти зиёди моливу ҷонии он равшанфикрон ва сиёсатмадорон ва аҳли таҳсилкардаи ҷомеа сабабу иллатҳои бавуҷуд омадани ин фоҷиаи миллӣ, заминаҳои он ва дар атрофи роҳҳои пешгирии такрорӣ муҷаддади он фикру андеша мекунанд. Сабаб дар чӣ буд, маҳз дар байни тоҷикон, ки аз қадим чун миллати сулҳдӯст ва мусолиҳатхоҳ ва бунёдгар, чунин як ҷанги хонумонсӯзи бародаркӯш ба вуҷуд омад?! Муфассал ...
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
Copyright © 2020 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/