wrapper

Хабарҳо

ИОМДОА

ИОМДОА

 Парчамафрози ховар

Пеши ҳамагон ин нукта мусаллам  аст, ки робитаҳои адабии мардуми  тоҷику араб ҳанӯз аз давраҳои қадим, ҳатто дар марҳалаи пеш аз ислом вуҷуд дошт.  Бисёр олимону донишмандону фарҳехтагони тоҷик, ки ҳамзамон ховаршиносони номвари кишваранд, робитаҳои адабии Аҷаму Арабро таҳқиқу баррасӣ  намудаанд ва дар ин ҷода тадқиқотҳои арҷманд анҷом додаанд.  Муфассал ...

Интихоботи Амрико

Дар толори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ семинар-машварати илмӣ доир ба «Интихобот дар Амрико»  доир гардид. Муфассал ...

Суиқасд ба ҷони Маҳатма Ганди

Дар таърихи Ҳиндустон дар асри ХХ якчанд воқеаҳое рӯй додаанд, ки онҳо хушиовар ҳам буданду фоҷиаовар низ. Яке аз ин воқеаҳои бузург ин дар соли 1847 озод ва худи ҳамон вақт ба ду давлати ҷудогона тақсим шудани Ҳиндустон мебошад. Ҳамин тақсимшавӣ, ки дар он мустамликадорони англис даст доштанд, боиси фоҷиаи бемисли ҳиндувону мусулмонҳои ин мамлакат гардид. Дар ҳамон вақт бо кадом қимат озод шудан ва ба кадом андоза бархӯрдҳои мазҳабӣ сурат гирифтанду чи қадар бадбахтиҳо оварданд, ин мавзӯро як тараф мемонем. Моро ҳоло ҳадаф баёни дигар воқеаи пурдаҳшати таърихӣ, яъне аз дасти қотилон кушта шудани пешвои халқи ҳинду, шахсияти маъруфи тамоми олам Маҳатма Гандӣ (1869-1948) аст. Оид ба ҳамин куштор навиштаҳо бисёранд. Ҳарчанд, ки қотил кӣ буд ва барои чӣ накӯкортарин инсони Ҳиндустон дар асри ХХ Маҳатма Гандӣ кушта шуд, маълум ва ҷазо ҳам гирифтааст, лекин дар ҳар сурат бо андешаи он, ки дар 30 моҳи январ аз вақти сӯиқасд ба ҷони пешвои миллати ҳинд 72 сол пур мешавад як бори дигар ба баъзе ҷузъиёти ин ҳодисаи мудҳиш назар карданро лозим донистем. Муфассал ...
 
http://www.zoofirma.ru/