wrapper

Хабарҳо

ИОМДОА

ИОМДОА

Либоси миллӣ- рукни муҳими фарҳанг

   "Мо вазифадорем, ки ҳамагуна амалҳо ба зиндагии осоиштаи башарият таҳдидкунандаро маҳкум ва пешгирӣ карда, талошҳои созанда, дастовардаҳои фарҳанг ва дину оинҳои халқу миллатҳои гуногунро ҳамчун ҷузъҳои таркибии тамаддуни башарӣ эътироф намоем ва ба онҳо эҳтиром гузорем".
Пешвои миллат,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
   Ҳар як халқу миллат анъанаҳои хоси худро дорад. Яке аз онҳо тарзи ба бар кардани либоси миллист, ки аксар вақт намояндаи онҳо маҳз бо ҳамин пероҳанаш мешиносанд. Ин ҳам як рукни миллӣ ба шумор меравад. Воқеан, анъанаҳои миллӣ ва риояи он дар замони махсусан муосир басо муҳим аст. Мутаассифона, аксар вақт мушоҳида менамоем, ки мардуми мо ба ин масъала кам таваҷҷуҳ менамоянд. Ба қадри арзишҳои миллӣ намерасанд, ба анъанаҳои халқҳои дигар, бахусус, дар либоспӯшии онҳо тақлид менамоянд. Беҳуда набуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон ба ин масъала таваҷҷуҳ карда, таъкид намуданд, ки дар шароити рӯз ба рӯз мураккабу печида гардидани вазъи ҷаҳони муосир падару модарон, роҳбарону фаъолон, аҳли маориф ва зиёиён вазифадоранд, ки ба тарбияи ҷавонон ва аз таъсири мафкураи зарарноки бегона эмин нигоҳ доштани онҳо эътибори ҷиддӣ ва доимӣ диҳанд. Муфассал ...

Назаре ба 72-солагии «Покистони навин»

Эҳдо ба Рӯзи Истиқлолияти Покистон
   Ҳар сол нимаи дуюми моҳи август кишварҳои Ҳиндустону Покистон ҷашни истиклолият ё озодиро, ки неъмати бебаҳо буда, ҳар як миллат барои дарёфти он бо равишу роҳҳои гуногун муборизаву талош меварзад, ҷашн мегиранд. Нуктаи муҳим он аст, ки барои ин озодихоҳӣ роҳбарони хирадманди ин кишварҳо саҳми беназир гузошта, миллатсозиро эҷод кардаанд. Тавассути роҳнамоӣ ва дастури оқилонаи ин ё он шахси соҳибмаърифат қавм ё миллат дар таърих номи худро боқӣ мегузорад, то чунин ҷашни озодӣ таҷлил карда шавад. Имсол низ ин ду кишвари ҳамсоя ва ҳамзабону ҳамфарҳанг 72- солагии Истиқлолияташонро истиқбол менамоянд.
   Метавон зикр кард, ки кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла Ҳиндустон ва Покистон солиёни дароз зери салтанати Британияи Кабир қарор доштанд. Аҳолии ин сарзаминҳо ҳамеша мубориза мебурданд, то чун қавм ё миллати озод умр ба сар бурда, тамаддуну фарҳанги худро ҳифз намуда, барои ободӣ ва озодӣ хидмат намоянд. Дар солҳои 1920-1930 ҳаракати қавмие таҳти сарпарастии сиёсатмадор Маҳатма Гандӣ бо номи «Ҳаракати озодихоҳии Ҳинд» барои истиқлолият мубориза мебурд. Ҳамзамон ҳаракати дигар низ бо номи «Лигаи мусалмонони Ҳинд» ба ин муборизаҳо ҳамроҳ шуда, барои озодӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ ҷидду ҷаҳд мекард.
   Бо қарори ҳукумати Британия ва талошу муборизаи мардуми ин сарзамин соли 1946 дар ин кишвар тағйирот ба амал омад. Котиби давлатии Британия Петик Лоренс тасмим гирифт, ки қораи Ҳиндро ба минтақаи алоҳида тақсимбандӣ намояд, ки шомили се гурӯҳанд. Гурӯҳи аввал- минтақаҳои Бомбай, Мадрас, Биҳор, Орисса, ки дертар чун давлати Ҳиндустон шинохта шуданд, гурӯҳи дуввум Панҷоб, Синд, вилоятҳои Шимолу Ғарб ва Балуҷистон, ки дертар чун кишвари Покистон арзи вуҷуд кард ва гурӯҳи сеюм- қисмати Бангола, ки дертар чун Бангладеш ба вуҷуд омад.
   Ин тақсимбандии Британия бо дарназардошти қавмияти ин минтақа сурат гирифт. Ӯ мехост бо ин роҳ мардуми ин давлату қавмият худро ҳифз намуда, зиндагӣ намоянд. Аммо роҳбарони онвақтаи ин кишварҳо Маҳатма Гандӣ(1869-1948), Ҷавоҳирлаъл Неҳру(1889-1964), Муҳаммад Иқбол (1877-1938) ва Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ(1876-1948), ки худ дар байни мардум ба воя расида буданд, талош карданд, зимомати мардуми худро ба дӯш бигиранд. Бо ин мақсад ин роҳбарон ба мизи машварат нишаста, тақсимбандиро дар асоси «Назарияи ду қавмият ё миллат» пазируфтанд. Ҳадафи асоси онҳо ин буд, ки ин қавмҳо дар асоси назария ва ақоиди доштаи худ тавонанд зери давлати алоҳида бо ҳифзи муштаракот зиндагӣ намоянд.
   Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, ҳаракати «Лигаи мусалмонони Ҳинд» баъзе ноадолатӣ ва нобаробариҳоро дар риоя нагардидани ҳуқуқҳои иҷтимоӣ эҳсос карда, хостори эҷоди давлате шуд, ки мақсаду мароми онҳо мавриди эҳтиром қарор гирад. Ҳамаи роҳбарон манфиатҳои қавмиву миллиро ба назар гирифта, барои доштани ҳукумати дилхоҳ розигӣ дода, бо машварати намояндагони Британия нимаи моҳи августи соли 1947 ба ду давлати ҷудогона тақсимбандӣ шудаанд, ки яке бо номи Ҳиндустон ва дигаре бо номи Покистон имрӯз дар ҷаҳон шинохта мешаванд.
   Муҳаққиқон ба ин назаранд, ки ҳарду кишвар 14 августи соли 1947 истиқлолияти хешро ба даст овардаанд, аммо мардуми Ҳинд бо расму ривояти қавмии худ 15 августро ҳамчун рӯзи истиқлолияти худ интихоб карданд. Аммо Покистон 14 августро қабул карда, чун давлати алоҳида ба фаъолият оғоз кард ва аввалин роҳбари кишвар Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ(1876-1948) ва Лиёқат Алихон (1895-1951)-ро чун нахустин сарвазир интихоб карданд.
   Дертар 23 марти соли 1956 ин кишвар аввалин маротиба Сарқонуни худро қабул кард ва чун мамлакати мустақили мусалмонӣ расман эътироф шуд. Аз соли 1958 то 1969 ин кишвар зери роҳбарии генарал Аюб Хон(1907-1974) мудирият мешуд ва дертар аз соли 1969 то 1971 зимоми қудрат ба дасти Яҳё Хон(1917-1980) гузашт, ки дар ин давра минтақаи шарқии ин кишвар ба кашмакашиҳо дучор шуд ва дар натиҷа кишваре бо номи Бангладеш арзи вуҷуд кард. Аз соли 1972 то 1977 ин мамлакат зери сарпарастии Зулфиқор Алӣ Бҳутто (1928-1979) буд, ки дар кишвар хело ислоҳоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ворид гардид. Аммо соли 1979 кишвар ба кудатои низомӣ дучор шуд ва идораи умури кишвар ба зиммаи генерал Зиёул Ҳақ (1924-1988) гузашт. Дар ин замон сиёсати ҷаҳон низ тағйир ёфта, қувваҳои собиқ Шӯравӣ вориди Афғонистон шуда буданд. Соли 1988 баъди садамаи ҳавоӣ ва кушта шудани генерал Зиёул Ҳақ ҳукумати ин кишвар ба зиммаи Беназир Бҳутто(1953-2007) чун аввалин зан дар идораи давлат супорида шуд. Вале кашмакашҳои минтақаи Кашмир сабаб шуд, ки зимоми кишварро генерал Парвиз Мушарраф ба зиммаи худ гирад ва ҳамин тавр соли 2002 интихоботи кишвар баргузор шуда, Зафарулло Хон Ҷамолӣ чун сарвазир интихоб гардид.
   15 ноябри соли 2007 муҳлати порлумони кишвар ба охир расид ва ҳамон замон тавассути гурӯҳҳои номаълум Беназир Бҳутто ба қатл расонида шуд. 15 феврали соли  2008 интихоботи навбатӣ баргузор гардид, ки дар натиҷа, Юсуф Ризо Гелонӣ чун сарвазир ва Осиф Алӣ Зардорӣ ба ҳайси президенти кишвар интихоб шуданд. Дертар соли 2013 дар интихобот Навоз Шариф сарвазири ин кишвар интихоб шуд, аммо соли 2017 ба фасоди молӣ маҳкум шуда, ба маҳкамаи судӣ кашида шуд.
   Дар ёддоштҳои сайёҳ Марко Поло Покистон яке аз кишварҳои зебое аст, ки чун «Сарзамини подшоҳон» шинохта шудааст.
Бояд зикр кард, ки Покистону Ҳиндустон  дар Осиёи Ҷанубӣ воқеъ буда, дар чойҳои таърихии ин мамолик навиштаҷоти тоҷикӣ-форсӣ дида мешаванд. Суруди миллии мардуми сарзамини Покистон куллан тоҷикӣ-форсӣ буда, бо чанд калимоти ҳиндиасл омехта шудааст.
   Пойтахти кишвари Покистон шаҳри Исломобод буда, дорои таърихи қадима аст. Он дар байни доманакӯҳҳо ва боғи машҳури Шакарпариён, ки аз ҷониби раҳбарон ва вазирони ҷаҳон бо дарахтҳои ёдгорӣ зебо ва музайян шудааст, ҷойгир аст. Шаҳр дорои биноҳои зебову замонавӣ буда, масҷиди калон ба номи Файсал онро зеботару машҳуртар гардонидааст.
   Лоҳур низ яке аз шаҳрҳои қадимаи Покистон аст, ки таърихи 150- сола дошта, дар сарчашмаи «Географияи птолемӣ» бо номи Лабокла, ки дар канори дарёҳои Индус, Рови, Чеҳлам ва Ченоб ҷойгир аст, зикр шудааст. Соли 1206 Султонқутбиддин Айбак аввалин шоҳи мусулмон дар сарзамини Ҳинду Покистон интихоб гардид. Аз соли 1524 то соли 1752 Лоҳур зери роҳбарии шоҳони муғул буд ва дар даврони подшоҳии Акбар аз соли 1584 то соли 1598 он чун маркази шоҳӣ ба ҳисоб мерафт. Дар давраи охирин шоҳи муғул Аврангзеб (1658-1707) бисёре аз ёдгориҳои ин шаҳр монанди Масҷиди подшоҳӣ ва Дарвозаи Оламгирӣ сохта шудаанд.
   Дар боғи ба номи Иқболи ин шаҳр манораи баланди боҳашамате аст, ки ба эҳтироми таъсиси Покистон сохта шудааст. Баландии ин манора зиёда аз 60 метр буда, қисми поёнии ин манора ба шакли панҷситора ва моҳ аз санги мармар сохта шудааст. Ин манора яке аз ёдгориҳои миллиии Покистон ба ҳисоб меравад. Ин боғ ҷоест, ки 23 марти соли 1940 Ҳизби Лигаи мусалмонони Ҳинд зери сарпарастии Муҳамад Али Чиноҳ (1876-1948) қонун оид ба сарзамини алоҳида барои мусалмонони ҳиндро қабул карда буд. Ин созишнома бо номи «Қарордоди Лоҳур» дар таърих сабт шудааст, ки солона 23 март дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Шаҳри Лоҳури Покистон аз соли 1976 инҷониб бо шаҳри Душанбе бародаршаҳр мебошад.
   «Масҷиди подшоҳӣ» беҳтарин намунае аз меъморӣ дар Покистон мебошад. Дар канори ин масҷид оромгоҳи файласуф ва донишманди Шарқ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (1877-1938) ҷойгир аст.
Яке аз шаҳрҳои калонтарини ин кишвар Қарочӣ аст, ки дорои зиёда аз 16 млн. аҳолист ва маркази тиҷорату санъати кишвар ба ҳисоб меравад. Ин шаҳр дар наздикии баҳр воқеъ буда, бо бандар ва корхонаҳои хурду калон дар ҷаҳон шинохта мешавад.
   Тоҷикистон аз байни манотиқи Осиёи Миёна ягона кишвари наздиктарин мебошад, ки бо Покистон, ки яке аз калонтарин кишварҳои Осиёи Ҷанубист, тавассути дараи Вахон дар масофаи 14 км мавқеии ҷуғрофӣ дорад. Ҳар ду кишвар тамаддуну фарҳанги муштарак дошта, равобити дипломатии ҳасана доранд. Кишвари Покистон яке аз аввалинҳо буд,ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва ҳамзамон дар ибтидои ҳамон солҳо сафораташро дар Душанбе боз  кард.
  Тибқи  иттилои манобеъ, аз 6 моҳи июни соли 1992 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуданд. Ҳарду давлат дорои сафирони худ мебошанд. Аввалин маротиба соли 1993 Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати худро боз намуд ва фаъолияти он аз ибтидои соли 1994 шурӯъ гардид. Ҳамин тавр, 23 феврали соли 2005 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба фаъолият шурӯъ намуд ва ҳар ду кишвари дӯст зиёда аз 30 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба имзо расонданд.
   Моҳҳои марти соли 1994, октябри 1996, июни 2002, июли 2009 ва марти соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз  Покистон боздидҳои расмӣ ба амал оварданд, ки дар таърихи муносибатҳои дуҷониба сафҳаи нав оғоз намуд. Ахиран соли 2019 дар ҳошияи ҷаласаи “Як камарбанд-як роҳ” дар кишвари Чин роҳбарони ҳарду давлат мулоқот карданд.
   Бояд зикр кард, ки соли 1997 Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон кушода шуд. Кишвари Покистон узви фаъоли СММ, СААРК, ЭКО, Кишварҳои Исломӣ, СБП, Созмони ҳамкории Шанхай, Гурӯҳи 77  ва СТҶ мебошад.
   Тоҷикистону Покистон дорои имконот ва иқтидори зиёде ҳастанд, ки метавон дар ояндаи  наздик аз онҳо истифода кард. Як нуктаро бояд зикр кард, ки мардумони сарзамини Осиёи Ҷанубӣ ба сабаби  васл ва часпиши  забони урду, ки духтари нозанини  забони тоҷикӣ-форсӣ  мебошад, ба мардуми Осиёи Миёна, хусусан Тоҷикистон пайванди ногусатанӣ доранд, ки  ин барои равобити ичтимоӣ, адабӣ ва фарҳангӣ байни тамоми мардуми минтақа чун манбаи иртиботӣ нақши калидӣ мебозад.
Мирсаид РАҲМОНОВ,
ходими илмии Институт
 
Муфассал ...

ДОНИСТАН ТАВОНИСТАН АСТ

   (Дар ҳошияи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...»)
  Инсон  дар дарозои зиндагии хеш пайвандҳои бешумори мустаҳкаме бо ҷомеа дорад. Барои танзим ва истифодаи дурусту огоҳона аз чунин пайванду вобастагиҳо ӯро лозим аст аз донишу таҷрибаҳои гузаштагон, ки дар саҳифаҳои китобу рисолаҳо дарҷ гардидаанд, истифода намояд ва ба ин восита бар тавоноиҳои зистӣ ва огоҳиҳои маърифатии хеш бияфзояд. Пайваста бо роҳи хонишу донишандӯзӣ ба ҳадди баланду некӯ бардоштани тавонмандиҳои хеш ба инсон муяссар мешавад, ки дар азму ирода ва гуфтору кирдораш ба каљравию лағзиш ё ғалаткорию иштибоҳе  роҳ надиҳад.  Китоб, ки анбӯҳаву гирдоварде аз донишу таҷрибаи инсон аст, ёру ёвари беғарази мо дар созмон додани зиндагии шоиста дар ҷомеа аст. Аз ин рӯ хондан ва донистан кирдору рафтори касро судманд ва муњимтар аз њама њадафманд месозад. Ҳар кор, ки бар донишу маърифат бунёд наёфтааст, инсонро ба мақсад намерасонад. Амале, ки заминааш дониш ва маърифати дуруст аст, самари хуб хоҳад дод. Дониш рӯҳи амал аст, дониши бештар амалро судматдтар мекунад. Аз ин рӯ тавони андешидан, ки аз хондану донистан бармеояд, инсонро саодатманд мекунад. Роҳи расидан ба фардои муборак танҳо бо истифода аз андешаи дурусту созанда, ки реша дар маърифат дорад, имконпазир аст. Муфассал ...

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
Copyright © 2019 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/