wrapper

Хабарҳо

ИОМДОА

ИОМДОА

Назарзода Носир: Ба корманди ноуҳдабаро оянда дар сафи милитсия ҷой нест!

      “Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020” Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «03» майи соли 2014, №296 тасдиқ шудааст. Барнома барои солҳои 2014-2020 ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамуҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013, 1438 аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Тасмим гирифтем дар ин масъала бо доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Назарзода Носир, ки беш аз 25 сол дар Академияи ВКД ҶТ кору фаъолият кардааст, суҳбате намоем. Мусоҳиб муаллифи ҳудуди 45 номгӯи китобу рисола ва монографияҳо, беш аз 450 номгӯи мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва зиёда аз сею ним ҳазор мақолаҳои илмӣ-оммавӣ дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ мебошад. Ҳоло бошад фаъолияташро дар вазифаи сарходими илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода истодааст. Муфассал ...

Фасод аз нигоҳи таҳлилгарони сиёсии Судон

Фасод (коррупсия) чист?

Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ягон сохторе нест, ки аз  фасод эмин бошад. Ягон давлате ёфт намешавад ё тамаддуне дар гузашта ё имрўз, ки онро ҳамин вабои палиди фасод таъсир накарда бошад. Магар ин ки нисбати фасод аз ҳамдигар тибқи кўшишҳои анҷомшуда, барои мубориза зидди он фарқ мекунад. Монанди қонунҳои ба тасвибрасидаи маънкунанда бар зидди фасодкорон ва таъмини фарҳанги шафофият ва бозпурсӣ, ки аз ин паҳншавии фасод боз медорад: Муфассал ...

«Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун падидаи ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ»

Бахшида ба иди Наврӯзи байналмилалӣ рӯзи 20 марти соли равон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ - омавии «Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун падидаи ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» доир гардид, ки дар кори ин ҳамоиш ҳайати роҳбарияти Институт ва дигар кормандону меҳмонон иштирок ва суханронӣ намуданд. Муфассал ...
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/