wrapper

Хабарҳо

ИОМДОА

ИОМДОА

Ҷапаров Қирғизистонро ба дасти худ мегирад

Содир Ҷапаров ваъда додааст, ки дар се сол мушкилоти иҷтимоию иқтисодии Қирғизистонро ҳал хоҳад кард.      Муфассал ...

"Тоҷикистон ва Хитой: мушкилот ва дурнамои ҳамкорӣ"

   Моҳи декабри  соли равон бо ташаббусти Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо ва  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китобе наве зери унвони "Тоҷикистон ва Хитой: мушкилот ва дурнамои ҳамкорӣ" чоп шуд, ки дар партави мақолаҳои муҳаққиқон ва коршиносони Институт  таҳия шудааст. Муфассал ...

Бархурдҳои сиёсии файласуфи озодандеш Абдурраҳмони Бадавӣ ва шоири мутафаккир Аббос Маҳмуд Аққод дар Миср (асри ХХ)

 
Аббос Маҳмуди Аққод
Доир ба устод Аққод чизе навиштан, дар назари аввал хеле осон менамояд. Чаро ки услуб ва сабки эҷоди ӯ дар мақоланависӣ, китобнависӣ ва шеър аз равшан ҳам равшантар аст. Ҳар мавзӯъро ба дараҷае густурда ва амиқ фаро гирифтааст, ки баъди мутолиаи китоби ӯ дигар ба он мавзӯъ муроҷиат намудан ниёзе намебинӣ. Бо як калима: аз шарҳи мавзӯъ билкул қонеъ мегардӣ. Ин хулосаи таҷрибаи ман аз мутолиаи баъзе китобҳои ин устод аст. Унвони устод бо ҳарфи калон дар ҳаққи Аббос Маҳмуди Аққод дар кишвари Миср як ҳақиқати маълум ва эътирофшудааст. Барои мисол, файласуф ва адиби муосири Миср Анис Мансур (1924-2011) дар китоби “Маҳфили Аққод” ки зиёда аз 700 саҳифа мебошад (нашри сеюм, соли 1993 дар Қоҳира)[1] дигар мутафаккиронро бо номашон зикр карда, аммо Аққодро ҳамаҷо бо номӣ “Устод” зикр мекунад. Дар ҳеҷ китоби дастаҷамъие дар олмаи араб вуҷуд надорад, ки доир ба Аққод бобе ҷудо накарда бошанд. Муфассал ...
 
http://www.zoofirma.ru/