wrapper

Хабарҳо

ИОМДОА

ИОМДОА

Мулоқоти Пешвои миллат бо олимон ва аҳли зиёи кишвар – заминаи муҳим барои дурнамои рушди илм ва маориф

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат, ки санаи 18 марти соли ҷорӣ дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид, хусусан барои тақвият ва рушди минбаъдаи соҳаҳои илму маорифи кишвар боз як заминаи умедбахшро аз нигоҳи илмӣ ва вуҷуд овард. Муфассал ...

Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2020 тасдиқ шуд

Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид. Муфассал ...

Эълон! “Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун падидаи ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” - семинари навбатии Институт

Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 20 - уми марти соли равон, соати 10:00 семинари илмии “Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун падидаи ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” доир менамояд, ки дар он устодону коршиносон иштирок ва суханронӣ мекунанд. Аз ин рӯ, роҳбарияти Институт хоҳишмандонро барои ширкат дар семинари мазкур даъват менамояд.

Муфассал ...
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/