wrapper

Хабарҳо

ИОМДОА

ИОМДОА

Осиё. Арзишҳои минтақавӣ ва аҳамияти ҳамкориҳо

Амну субот воситаи ягонаи рушди Осиё  - қораи бузуртарини ҷаҳон мебошад. Устувории рушди минтақа ва равобити тиҷоратӣ ба суботи минтақавии он вобастагии комил дорад, яъне вазъи геополитикӣ, суботу амният ва ҳамкорӣ барои рушди иқтисодию тиҷоратии минтақаҳои қора, хусусан Осиёи Марказӣ, муҳим арзёбӣ мегардад. Мавриди зикр аст, ки арзишҳои Осиёро шоирон ва нависандагони бузург, ба мисли Муҳаммад Иқбол ва Мирзо Турсунзода низ хуб дарк намуда, аҳамияти стратегии минтақаро дар шеъру достонҳояшон равшану возеҳ баён кардаанд. Муфассал ...

Таҳлили вазъияти сиёсӣ – иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2020 ва январи соли 2021

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба вазъияти сиёсӣ – иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, инчунин, самтҳои дигари ҳаёти кишварҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар соли сипаришудаи 2020, пандемияи коронавируси COVID - 19 таъсири манфӣ расонид. Ҳамаи кишварҳо соли 2020 – ро дар шароити сахти карантинӣ, яъне сарҳадҳои баста, қатъи рафтуомади байнидавлатии шаҳрвандон, манъи чорабиниҳои байналмилалӣ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои дигар, гузарониданд. Муфассал ...

Ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон инкишоф меёбанд

Дар Паёми навбатии соли 2021 Пешвои миллат  ба  масъалаи   таҳким  бахшидани  муносибатҳои  сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ – маърифатӣ бо кишварҳои  ҳамҷивори  минтақа  бори  дигар  таъкид  намуданд. Ҷумҳурии  Узбекистон  ҳамсояи наздиктарини мо мебошад. Таърихи робитаҳои  дуҷонибаи мо чандин  садсолаҳоро дарбар мегирад.  Муфассал ...
 
http://www.zoofirma.ru/