wrapper

Хабарҳо

ИОМДОА

ИОМДОА

Таъсири коронавирус ба иқтисоди кишварҳои Шарқи Наздик

Аз пайдоиши коронавирус дар тӯли қариб ним сол миёни тамоми кишварҳои сайёра шикаст. Ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ, ҳам аз ҷиҳати беҳдоштӣ, ҳам аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва соири самтҳои барои инсон тааллуқдошта аз дасти ин вабои асри XXI ба ташвиш афтодаанд ва роҳи наҷоти худро меҷӯянд ва дар тӯли ин ним сол нафаре аз пизишкони олам ваксинаи зидди ин бемориро ихтироъ карда наметавонад. Муфассал ...

Дар хона бимонему самимона бимонем

Дар ин рӯзҳои сахту душвор барои ҳамаи ҷаҳониён, алалхусус барои мо, лозим аст даст ба дасти ҳам бидиҳем ва дар канори ҳам бошем ва якҷоя муқобили ковид-19, яъне короновирус биҷангем. Танҳо ба-дин шева метавон пирӯз шуд! Муфассал ...

Арзёбии “Коронавирус” 2019 зери модели ХБН дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ

Башарият бо тамоми неру ва тавоне, ки дорад, доимо бо ҳодисаву воқеаҳое дучор мегардад, ки тавассути ҳамаи он дараҷаву мизони донишу малакаашро санҷида, каму костаашро такомул мебахшад. Соли 2020 бо вуруди вабои аср "Коронавирус" 2019 тамоми аҳли олам ба як фазое табдил ёфт, ки ба қавли Ҳофиз "Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам", тамоми ҳастии сайёраро ба яъсу ноумедиҳо оварда расонд. Вале бояд инсон, ки бо беҳтарин сурат халқ шудааст, тавассути истифода аз сирати худ ҳамаи ин сахтиҳоро таҳаммулпазирона ва донишмандона паси сар намуда, бо неруи илмии худ барои ободии ҷомеа ва мардуми он саҳм гузорад. Ва чуноне ки Шайх Аттор фармудааст:
         Шукри неъматҳову сабр андар бало,
         Медиҳад оинаи дилро ҷило. Муфассал ...
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/