wrapper

Хабарҳо

Мақолаҳо

Ҳунарҳои мардумӣ – муаррификунандаи миллат

   Бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд.
   Дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омадаанд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале расидан ба ҳадафҳои пешниҳодшуда як сол басанда нест”. Аз ин рӯ, се сол паи ҳам “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид. Муфассал ...
Хондан 103 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Ташакули робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Чин

 Робитаҳои иқтисодии ду давлати ҳамҷавор Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин таърихи хеле қадима дошта, шоҳроҳи бузурги Абрешим чун пайвадгари ин робитаҳо дар тўли таърих ба ҳисоб мерафт. Муфассал ...
Хондан 196 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ: вазъ ва дурнамои он

   Осиёи Марказӣ дар шароити кунунӣ ба марҳилаи комилан нави рушди худ ворид гардид. Яке аз трендҳои актуалӣ ин густариш пайдо намудани равандҳои ҳамгироии минтақавӣ ба шумор меравад. Барои собит намудани нуктаи мазкур ба чанд омил метавон ишора намуд:
   Якум, тағйир ёфтани сиёсати минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ баъди соли 2016 ва сифатан беҳтар гардидани муносибатҳои дуҷонибаи онҳо. Дар ин росто, метавон муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро номбар намуд, ки дар равобити онҳо шуруъ аз охири соли 2016 гардиши куллӣ ба вуҷуд омад. Чунин сатҳи муносибатҳо, бешубҳа, ба мантиқии татбиқи манфиатҳои ҳаётан муҳими ҳар ду давлат ҷавобгӯ мебошад. Зеро аз оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар рушди муносибатҳо бо Ӯзбекистон дар сатҳи ғайри қобили қабул қарор доштанд ва ба тадриҷ коҳиш меёфтанд. Дар чунин шароит ҳифзу татбиқи манфиатҳои миллӣ барои Тоҷикистон мушкил буд, чун таъсири мустақим ва ғайримустақими ин кишвар ба иқдомҳои роҳбурдии давлати мо ба таври васеъ эҳсос мешуд. Дар марҳилаи кунунӣ, бинобар сабаби ба сатҳи комилан нав баромадани муносибатҳо, тамоюли ҳамгироӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ суръати мусбатро касб намуд. Аз ин хотир, дар навиштаи мазкур таваҷҷуҳи асосӣ ба равандҳои имрузаи минтақа нигаронида шуда, густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбекситон аз ин зовия таҳлилу баррасӣ мегардад. Муфассал ...
Хондан 427 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Инъикоси ҳадафҳои рушди устувор дар ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон

   Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ ҳамкории худро бо ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ тадриҷан ба роҳ монда, дар доираи ҳамкорӣ бо онҳо мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ мустаҳкам намуд. Муфассал ...
Хондан 229 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
Copyright © 2019 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо. All Rights Reserved. Designed by IBlove