wrapper

Хабарҳо

Мақолаҳо

ДОНИШ АНДАР ДИЛ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ...

   Таҷлил ва бузургдошти олимон,орифон, донишмандон ва бузургон барои ҳар давлату кишвар ифтихор аст. Зеро донишмандон бо донишу заковат ва илму ҳикмати хеш зулмату торикӣ ва решаҳои нодонӣ, ситаму ҷабр ва ғазабу ҷаҳлро тавассути ин шамшери бурро решакан мекунанд. Азамату бузургии онҳо аз донишу маърифати дуруст сарчашма мегирад, ки самараи хуберо то имрӯз барои аҳли башар фароҳам овардааст ва идома хоҳад ёфт. Муфассал ...
Хондан 810 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

ҶАВОНОНРО ГУМРОҲӢ БА ИФРОТГАРОӢ МЕБАРАД

   Аз рӯи нишондоди оморӣ ҷавонони то 30-сола қариб 70% аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Ба ин хотир вақте мегӯем: "ҷомеа", асосан ҷавононро дар назар дорем ва вақте "мушкилоти ҷавонон" мегӯем, пеш аз ҳама мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон дар назар аст. Муфассал ...
Хондан 229 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Либоси миллӣ- рукни муҳими фарҳанг

   "Мо вазифадорем, ки ҳамагуна амалҳо ба зиндагии осоиштаи башарият таҳдидкунандаро маҳкум ва пешгирӣ карда, талошҳои созанда, дастовардаҳои фарҳанг ва дину оинҳои халқу миллатҳои гуногунро ҳамчун ҷузъҳои таркибии тамаддуни башарӣ эътироф намоем ва ба онҳо эҳтиром гузорем".
Пешвои миллат,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
   Ҳар як халқу миллат анъанаҳои хоси худро дорад. Яке аз онҳо тарзи ба бар кардани либоси миллист, ки аксар вақт намояндаи онҳо маҳз бо ҳамин пероҳанаш мешиносанд. Ин ҳам як рукни миллӣ ба шумор меравад. Воқеан, анъанаҳои миллӣ ва риояи он дар замони махсусан муосир басо муҳим аст. Мутаассифона, аксар вақт мушоҳида менамоем, ки мардуми мо ба ин масъала кам таваҷҷуҳ менамоянд. Ба қадри арзишҳои миллӣ намерасанд, ба анъанаҳои халқҳои дигар, бахусус, дар либоспӯшии онҳо тақлид менамоянд. Беҳуда набуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон ба ин масъала таваҷҷуҳ карда, таъкид намуданд, ки дар шароити рӯз ба рӯз мураккабу печида гардидани вазъи ҷаҳони муосир падару модарон, роҳбарону фаъолон, аҳли маориф ва зиёиён вазифадоранд, ки ба тарбияи ҷавонон ва аз таъсири мафкураи зарарноки бегона эмин нигоҳ доштани онҳо эътибори ҷиддӣ ва доимӣ диҳанд. Муфассал ...
Хондан 165 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

ДОНИСТАН ТАВОНИСТАН АСТ

   (Дар ҳошияи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...»)
  Инсон  дар дарозои зиндагии хеш пайвандҳои бешумори мустаҳкаме бо ҷомеа дорад. Барои танзим ва истифодаи дурусту огоҳона аз чунин пайванду вобастагиҳо ӯро лозим аст аз донишу таҷрибаҳои гузаштагон, ки дар саҳифаҳои китобу рисолаҳо дарҷ гардидаанд, истифода намояд ва ба ин восита бар тавоноиҳои зистӣ ва огоҳиҳои маърифатии хеш бияфзояд. Пайваста бо роҳи хонишу донишандӯзӣ ба ҳадди баланду некӯ бардоштани тавонмандиҳои хеш ба инсон муяссар мешавад, ки дар азму ирода ва гуфтору кирдораш ба каљравию лағзиш ё ғалаткорию иштибоҳе  роҳ надиҳад.  Китоб, ки анбӯҳаву гирдоварде аз донишу таҷрибаи инсон аст, ёру ёвари беғарази мо дар созмон додани зиндагии шоиста дар ҷомеа аст. Аз ин рӯ хондан ва донистан кирдору рафтори касро судманд ва муњимтар аз њама њадафманд месозад. Ҳар кор, ки бар донишу маърифат бунёд наёфтааст, инсонро ба мақсад намерасонад. Амале, ки заминааш дониш ва маърифати дуруст аст, самари хуб хоҳад дод. Дониш рӯҳи амал аст, дониши бештар амалро судматдтар мекунад. Аз ин рӯ тавони андешидан, ки аз хондану донистан бармеояд, инсонро саодатманд мекунад. Роҳи расидан ба фардои муборак танҳо бо истифода аз андешаи дурусту созанда, ки реша дар маърифат дорад, имконпазир аст. Муфассал ...
Хондан 211 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
Copyright © 2019 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо. All Rights Reserved. Designed by IBlove