wrapper

Хабарҳо

Мақолаҳо

Роҳи интихобнамудаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Соли 2020 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун соли таърихӣ арзёбӣ карда мешавад, дар ин сол дар мамлакат ду маъракаи муҳимми сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки ин ду раванд аз нигоҳи сиёсӣ ва таърихӣ пайвастагӣ ба сарнавишти миллату давлат дорад. Инак, ҳар ду маъракаи муҳим дар фазои солим, озод, демократӣ, шаффоф ва ҳамдиливу ягонагӣ ҷамъбаст гардид. Чанд рӯз қабл, аниқтараш рӯзи 30.10.2020 маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби кишвар баргузор шуд. Дар мавриди фазои ин маросим фақат як нуктаро қайд намудан кифоя аст, ки ин чорабинии муҳимми сиёсӣ дар сатҳи баланд баргузор гашта, ҳар як шаҳрванд дар ин рӯз соҳибҷашн буд. Чун роҳбари арзандаи худро интихоб намудаанд ва он роҳбар дар назди халқи худ эълони садоқати худро изҳор дошт. Дар воқеъ тантанаи маросими савгандёдкунӣ ва хурсандии мардум дар он рӯз шукӯҳу шаҳомати бузургеро фарогир буд. Муфассал ...
Хондан 127 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Асли лашкар бегумон сарвар бувад...

            Аз арши баланд пайки Раҳмон омад,
            Бар самти сиёсати мо ҷонон омад.
            Ӯ дод башорат ба роҳи фардо,
            Шоҳроҳи замон бар Тоҷикистон омад. Муфассал ...
Хондан 94 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Натиҷагирӣ (прогнозҳо)

Қисми - 9
 
Ман якчанд фактор (мутағайирҳо), пешниҳод кардам, ки бар раванди ояндаи исломи сиёсӣ ба таври қатъӣ таъсир мегузорад ва масоилеро муайян кардам, ки дар сурати боқӣ мондани ин ҷунбишҳо бо онҳо бояд бархурди мусбат шавад. Оре, ҳеҷ кас наметавонад пешбинӣ кунад, ки кадом як аз ин роҳҳо бештар эҳтимолият дорад, аммо ман бо ин ҳол беҳтарин пешгӯӣ ё ҳадсро мезанам, ки ба таври мухтасар баён кунам, ки дар тайи бист соли оянда ё бештар аз он шоҳиди ин ҳаракатҳо хоҳем буд. Далел ё мантиқи ин фарзияҳо дар баҳсҳои қаблӣ дар мавриди гузинаҳо (алтернативаҳо) омадааст. Ман дар инҷо фақат хусолаҳо ё натиҷагириҳоро пешниҳод мекунам: Муфассал ...
Хондан 86 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Дин ва чолишҳои постмодернӣ

Қисми - 8
 
Вижагиҳои боризи даврони посмодерни мо ҳамлаи доимӣ ба мафҳумҳо ва ҳақиқати модернизм аст. Модернизм моҳиятан лоиҳаи чорсад солаест, ки дорои раванди дур шудан аз имон ва эътиқод (инчунин хурофоти оддӣ) ҳамчун асос барои дарки корҳои ҷаҳони моддист. Муфассал ...
Хондан 86 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)