wrapper

Хабарҳо

Мақолаҳо

Таҳаввули сиёсати Ҳиндустон дар мавриди Афғонистон

   Зиёда аз се даҳсола инҷониб таҳаввулоти дохилии Афғонистон дар меҳвари таваҷҷӯҳи натанҳо давлатҳои ҳамсоя, балки кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ва минтақа қарор дорад. Вазъ дар атрофи Афғонистон пас аз ҳодисаҳои террористие, ки 11 – уми сентябри соли 2001 дар Амрико ба вуқӯъ омад, муташанниҷ гардид. Зеро амалиёти террористии дар Ню-Йорк содиршуда масъулияти ҷавоб гуфтан барои тарҳрезии онҳо ба дӯши гурӯҳҳое афтод, ки дар қаламрави Афғонистон паноҳ ёфта буданд. ИМА дар ташкил намудани ин ҷиноят Роҳбари ташкилоти терористии “Ал-қоида” Усома бин Лоданро, ки дар қаламрави таҳти назорати “Толибон” ба сар мебурд, муттаҳам намуд. Муфассал ...
Хондан 226 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Саҳм дар рушди сайёҳии кишвар қарзи шаҳрвандист

   Соҳаи сайёҳӣ аз сердаромадтарин соҳаҳои иқтисодиёт дар ҷаҳони имрӯза ба ҳисоб рафта, дар аксари кишварҳои олам ба даромади асосии аҳолӣ табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз ин соҳа дар Тоҷикистон зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Маҳз бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ривоҷу равнақ ва вусъат бахшидан ба рушди сайёҳӣ, соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд. Муфассал ...
Хондан 87 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Таҳлили консепсияҳои назариявии низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ

   Дар даҳсолаҳои охир дар асоси равандҳои ҷаҳонишавӣ, демократикунонӣ, модернизатсионӣ боло рафтани нақш ва мақоми иттилоот дар муносибатҳои ҷамъиятӣ трансформатсияи низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба миён омаданд. Чунин трансформатсия дар болоравии тиҷоративу иқтисодии давлат ва миллатҳо, мустаҳкам гардидани аҳамияти мавқеи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ташаккул ва инкишофи ҷомеаи шаҳрвандии глобалӣ таҷассум ёфтаанд. Муфассал ...
Хондан 76 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз»

22.10.2019, шаҳри Душанбе

Донишмандони муҳтарам!
Ҳозирини гиромӣ!

Мардуми шарифи тоҷик дар ҳама давру замонҳо ба мероси гаронбаҳои гузаштаи худ арҷ гузошта, дар хотираи таърихии хеш корномаву қаҳрамонии фарзандони давлатсозу ватандӯст, далеру ғаюр ва фарҳангсолору адабпарварро ҳифз намуда, дар осори хаттиву шифоҳӣ симои барҷаставу тобноки онҳоро ситоиш менамояд.

Ин мероси ниҳоят ғанӣ, ки рӯҳи ниёгон дар он нуҳуфтааст, бо мазмуни баланди башардӯстонаву инсонпарваронааш ба ганҷинаи моддиву маънавии ҷаҳонӣ ворид шуда, диққати оламиёнро ба худ ҷалб кардааст.

Муфассал ...
Хондан 42 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
Copyright © 2019 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо. All Rights Reserved. Designed by IBlove