wrapper

Хабарҳо

Мақолаҳо

Ироқ миёни эътирозҳои мардумӣ ва амалкарди қудратмандон

     Ироқ яке аз кишварҳои арабии Ховари Миёна ва ҷанубу ғарбии Осиё буда, ҳаждаҳ вилоят дорад [7]. Пойтахташ шаҳри бостонии Бағдод мебошад. Ироқ мавқеи ҷуғрофии муҳим дошта, бо шаш кишвари бузурги Ховари Миёна Арабистони Саудӣ, Кувайт, Урдун, Сурия, Эрон ва Туркия ҳамсарҳад мебошад. Ироқ тамаддуни бузурги қадимӣ дошта, чанд империяро аз сар гузаронидааст. Бо вуҷуди марзи обии кӯтоҳ доштанаш бо Халиҷи Форс, аз мобайнаш ду руди машҳур - Даҷла ва Фурот ҷорӣ шуда, ба Халиҷи Форс мерезад, ки аз ин сабаб кишварро “Билод ан-наҳрайн” ё “Байн ан-наҳрайн” низ меноманд [6]. Муфассал ...
Хондан 449 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Бархӯрд бо терроризм ва роҳи минбаъдаи ҳифзи сулҳу оромиш

                           

      Шаклгирии вазъияти имрӯзаи геосиёсӣ дар Осиёи Марказӣ нишондиҳандаи он аст, ки Тоҷикистон дар фазои минтақа ҳамчун давлати миллии соҳибихтиёр дар муқобили ҳама гуна таҳдиду хатарҳои террористону ифротгароён мубориза мебарад ва устувории худро дар баробари бадхоҳонаш кафолат медиҳад. Аммо ин ҷо суоле ба миён меояд, ки оё хатари исломи сиёсии радикалиро қишрҳои дигари ҷомеа дарк кардаанд?
      Ин суолест, ки бояд ҳамагонро ҳушдор диҳад, то қишрҳои гуногуни ҷомеа ин хатарро дарк намуда, аз ҳар гуна паёмадҳои маргбори он пешгирӣ ва эҳтиёт намоянд. Ҷаҳони муосир илова ба рушду нумӯ ва пешравиҳояш дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, гоҳо дар гирдоби неши заҳрноки баъзе равияю ҳаракатҳое қарор мегирад, ки боиси рӯ ба нестӣ ниҳодани ёдгориҳои таърихии шаҳрҳои номдор ва маҳви қисме аз халқҳои бегуноҳ мешавад.

Муфассал ...
Хондан 493 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Умарҷон Ҳаитов: Теша ба решаи забон задан миллатро аз байн бурдан аст!

      Умарҷон Ҳаитов хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи 9-и ноҳияи Шаҳринав маҷмӯаи мақолаҳои таҳқиқотиашро атрофи баъзе вожаҳои забони тоҷикӣ таҳти унвони “Санҷиши қалам” ба чоп расонид. Дар пешгуфтори китоб Кароматулло Исмонов, номзади илмҳои филология, дотсент гуфтааст: Китобе, ки ҳоло хонанда ба даст дорад, маҷмӯаи мақолаҳоест, ки ба масъалаҳои вожашиносиву этимологияи вожаҳо бахшида шуда, ба қалами як мактаббача тааллуқ дорад. Масъалагузорӣ, таҳлил ва хулосагириҳои дар ин маҷмӯа овардашудаи Ҳаитов Умарҷон аз мутолиаи густарда, нуктасанҷӣ, муҳаббат ба забон ва бетафовут набудан дар қиболи масоили марбут ба он ҳикоя мекунад.

Муфассал ...
Хондан 365 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ

                           
     “Барои тар
ғиби васеи моҳияти истиқлолият ва озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва арзишҳои неки миллӣ тамоми зиёиёни мамлакат ва андешаи ҳар як сокини кишвар, бахусус, наврасону ҷавонони мамлакат мазмун ва моҳияти соҳибистиқлоливу озодиро ҳарчи бештар ҷой намоянд[1] Эмомалӣ Раҳмон Муфассал ...
Хондан 328 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/