wrapper

Хабарҳо

Мақолаҳо

Интихобот шакли олии изҳори ирода

Интихобот ва раъйпурсӣ шакли олии изҳори иродаи халқ аст.  Халқ чун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ дар интихобот иродаи худро бевосита изҳор мекунад. Ба сохти идораи давлати демократӣ интихоботи озодона хос аст ва моҳияти демократии давлат низ рӯи ҳамин поя қарор дорад. Интихоботи ошкорову озодонае, ки шаффоф ва дар чаҳорчӯби муайянкардаи қонун барпо мегардад,  воситаи асосии амалӣ гардондани соҳибихтиёрии халқу миллат  мебошад.  Муфассал ...
Хондан 233 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Президент Қосим Жомарт Токаев тадбирҳои калидии мубориза бо фасодро дар Қазоқистон номбар кард

 
    Тибқи суханони президенти кишвар, ҳангоми мулоқот бо роҳбарони мақомоти давлатӣ оид ба мубориза бо коррупсия ҳар сол дар Ҷумҳурии Қазоқистон беш аз 2 ҳазор ҷиноятҳои коррупсионӣ ба қайд гирифта шуда, беш аз 1 ҳазор нафар ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Қ.Ж. Токаев ин навъи ҷиноятро як бемории иҷтимоӣ номид ва даъват кард, ки ба он муқовимат кунанд. "Мавқеи принсипиалии ман: давлат бояд бо коррупсия пурра мубориза барад", таъкид кард Токаев. Вазифаи аввал, ба гуфти сарвари давлат, бояд ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон бошад. Муфассал ...
Хондан 261 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Иқтисодиёти рақамӣ ва ҷомеаи муосир

(дар ҳошияи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ)
 
     Дар ҳар давру замон ҳар фарди ҷомеа пайваста барои беҳтар ва хубтар намудани зисту зиндагӣ кӯшишҳои зиёдро ба харҷ медиҳад. Барои осон намудани сатҳи зиндагӣ технология ва самтҳои афзалиятноки он хизмати беандоза калонро дорад. Технология ҳамчун илми ҷудогона дар асрҳои XVIII-XIX дар Аврупо, Амрико, Олмон, Шветсария, Ҷопон, Чин (Хитой), Русия ва дигар абарқудратони ҷаҳон ба баландтарин қулла расид. Муфассал ...
Хондан 388 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия

      Қитъаи Осиё минтақаи муҳимми стратегӣ буда, дорои таърихи қадима мебошад ва яке аз калонтарин қитъаи сайёра ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст оварди истиқлолияти сиёсӣ, равобити худро бо кишварҳои мамолики зиёде ба роҳ мондааст. Муфассал ...
Хондан 411 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.