wrapper

Хабарҳо

Мақолаҳо

Худшиносии миллӣ

    Имрӯзҳо дар маҳфилҳои гуногуни илмию адабӣ, дар расонаҳои хабарӣ ва суҳбатҳои шахсиву инфиродӣ оид ба худшиносии миллӣ зиёд сухан мегӯянд ва баҳсу мубодила мекунанд. Алалхусус пас аз дарёфти истиқлолият ва ташкили давлати миллӣ ва буҳрони сиёсии солҳои охир: ҷанги аҳлӣ (шаҳрвандӣ) ва талафоти зиёди моливу ҷонии он равшанфикрон ва сиёсатмадорон ва аҳли таҳсилкардаи ҷомеа сабабу иллатҳои бавуҷуд омадани ин фоҷиаи миллӣ, заминаҳои он ва дар атрофи роҳҳои пешгирии такрорӣ муҷаддади он фикру андеша мекунанд. Сабаб дар чӣ буд, маҳз дар байни тоҷикон, ки аз қадим чун миллати сулҳдӯст ва мусолиҳатхоҳ ва бунёдгар, чунин як ҷанги хонумонсӯзи бародаркӯш ба вуҷуд омад?! Муфассал ...
Хондан 532 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

ҲАДАФИ «БАРОДАРОНИ МУСАЛМОН»* – БОЗГАШТ БА АСРИ САНГИН ВА ОЛАМИ ҶАҲОЛАТ. Ва ё чанд далел аз таъсири идеологияи ташкилоти экстремистии «Ихвон-ул-муслимин»* ба ташдиди раванди исломисозии ҷомеа

    Ҷаҳони муосир илова бар рушду нумӯ ва пешравиҳояш дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ гоҳо ба амвоҷи афкору андешаҳои вопасгароёна дучор мешавад. Баъзе равияву ҳаракатҳо ва аҳзобу ҷабҳаҳое арзи вуҷуд кардаанд ва таъсири худашонро барои халалдор кардани амнияту суботи минтақаҳо расонида истодаанд ва ин таъсирот аз як минтақа ба дигар манотиқи олам убур карда, вазъияти ҷомеаи ҷаҳониро муташанниҷ намудааст. Инро бояд дар назар дошт, ки дар ҳама давру замонҳо чунин ҳаракатҳо вуҷуд доштанд. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ хусусияти тахрибкоронаи  чунин ҳаракатҳоро омӯхта, фаъолияташонро мамнуъ эълон кардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз ташаббускорони мубориза бар зидди ин гурӯҳҳо мебошад. Муфассал ...
Хондан 188 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Сиёсати хориҷӣ дар меҳвари Паёми Пешвои миллат

    (Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2019)

    Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарёфти чунин неъмати бебаҳо  чун истиқлолият худро дар муносибатҳои байналхалқӣ ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ намуд ва эълон дошт, ки фаъолияти ў ҳамчун давлати комилҳуқуқи мустақил барои ноил шудан ба сулҳи пойдор, барҳам додани силоҳи ядроӣ ва дигар аслиҳаи қатли ом, роҳ надодан ба истифодаи қувва дар ҳалли баҳсҳо ва ихтилофоти байни давлатҳои соҳибистиқлол, равона карда мешавад. Ин масъала дар моддаи 15-и Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало ифодаи худро ёфт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ бо давлатҳои хориҷӣ алоқаҳои дипломатӣ,  консулӣ, тиљоратӣ ва дигар алоқаҳо барқарор менамояд, бо онҳо мубодилаи намояндагони салоҳиятдорро анҷом медиҳад ва шартномаҳои байналхалқӣ мебандад».

Муфассал ...
Хондан 430 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Ироқ миёни эътирозҳои мардумӣ ва амалкарди қудратмандон

     Ироқ яке аз кишварҳои арабии Ховари Миёна ва ҷанубу ғарбии Осиё буда, ҳаждаҳ вилоят дорад [7]. Пойтахташ шаҳри бостонии Бағдод мебошад. Ироқ мавқеи ҷуғрофии муҳим дошта, бо шаш кишвари бузурги Ховари Миёна Арабистони Саудӣ, Кувайт, Урдун, Сурия, Эрон ва Туркия ҳамсарҳад мебошад. Ироқ тамаддуни бузурги қадимӣ дошта, чанд империяро аз сар гузаронидааст. Бо вуҷуди марзи обии кӯтоҳ доштанаш бо Халиҷи Форс, аз мобайнаш ду руди машҳур - Даҷла ва Фурот ҷорӣ шуда, ба Халиҷи Форс мерезад, ки аз ин сабаб кишварро “Билод ан-наҳрайн” ё “Байн ан-наҳрайн” низ меноманд [6]. Муфассал ...
Хондан 481 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.