wrapper

Хабарҳо

Мақолаҳо

МЕЪМОРӢ ВА КАНДАКОРӢ-САНЪАТИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКОН

   (Назаре ба санъати меъмории гузаштагонамон дар диёри Ҳинд)
   Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми неки роҳбарияти кишвар соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гашт, ки мардуми таммадунпарвару фарҳангсолори тоҷик тавонанд ба ҷаҳониён малакаву маҳорати худ ва гузаштагони худро муаррифӣ намоянд. Муфассал ...
Хондан 56 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Роҳҳои пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ

   Мавриди зикр аст, ки имрӯз ҷавонони кишвар дар фазои озоди соҳибихтиёрӣ фаъолият мекунанд. Ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеаи муосири тоҷик ва соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 барои пешгирӣ намудани шиддати ифротгароӣ ва рафторҳои номатлуб дар байни ҷавонон мусоидат намуд. Мутаассифона, баъзе ҷавонони тоҷик зиракии сиёсиро аз даст дода, ба гумроҳию гумномӣ меравад, ки аз аслу мақсади таблиғгарони ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ хабар надоранд. Муфассал ...
Хондан 93 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Ташаккули сиёсати давлатӣ дар саноати сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ

   Тоҷикистон дорои ҳудудҳои нодири фарҳангӣ-таърихӣ ва табиӣ, аз қабили шаҳрҳои қадима, шаҳракҳо, маҷмааҳои меъмории таърихӣ, фарҳангӣ-таърихӣ, мавзеъҳои нодири табиӣ, олами нотакрори ҳайвоноту наботот, обҳои шифобахш буда, дар байни кишварҳои ҷаҳон бо таърихи кӯҳанбунёд, мардуми тамаддунсоз ва ҷойгиршавии мавқеи географӣ фарқ мекунад. Айни ҳол дар Тоҷикистон 2020 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 442 ёдгории таърихӣ-монументалӣ (160 ҳайкалу нимпайкараҳо), 1278 ёдгории бостонӣ ва 300 ёдгории меъморӣ мебошад. Муфассал ...
Хондан 49 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Робитаҳои илмиву адабии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Фаронса

   Робитаҳои илмиву адабӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Фаронса таърихӣ қадима доранд. Вақте сухан аз боби равобити тоҷикону фаронсавиён ба миён меояд, нуктаи ҷолиб ин аст, ки дар асрҳои XII ва XIII шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Ҷалолиддини Балхӣ бо фаронсавие вохӯрда будааст. Ё ба гуфтаи Аҳмади Афлокӣ, дигар файласуф ва орифи бузург Хоҷа Мавлоно Муҳаммад ибни Алӣ ибни Маликдоди Табрезӣ, ҳангоми дар Димишқ будан бо фаронсавие суҳбат намуда, ӯро ҳамчун дӯст пазируфтааст.
Муфассал ...
Хондан 54 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
Copyright © 2019 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо. All Rights Reserved. Designed by IBlove