wrapper

Хабарҳо

Семинарҳо

Тоҷикистону Ҳиндустон дӯстии қавӣ ва ҳамкориҳои густурда доранд

   “Мардуми Тоҷикистону Ҳиндустон дӯстии қавӣ ва ҳамкориҳои густурда доранд”, - ин нуктаро вазири фарҳанги Ҷумҳури Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зимни суханронии худ рӯзи 8 ноябри соли равон аснои муаррифии маркаҳои ҷашнӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҷлили 150-умин зодрӯзи Маҳатма Гандӣ нашр шуд, қайд кард.
   Дар идомаи суханронии худ вазир гуфт, ки фарҳанг пулест, миёни масоили иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии байни кишварҳо. Воқеан Маҳатма Гандӣ аз ҷумлаи сиёсатмадорони арсаи ҷаҳонӣ буда, мо ифтихор мекунем, ки китоби ӯ ба забони тоҷикӣ нашру мавриди истифода қарор гирифтааст. Муфассал ...
Хондан 45 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Баргузории конфронси илмӣ дар мавриди мушкилот ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Чин

   29-уми октябри соли равон дар Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Хитой ва Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамои ҳамкорӣ" конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар кори конфронс ноиби Президенти Академия илмҳои ҷумҳурӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон, директори Институти омӯзиш масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ёрмаҳмад Ниёзӣ, академик Акбар Турсон ва дигар профессорону номзадони илм иштирок ва суханронӣ намуданд.
   Зимни суханронии худ Муҳаммад Абдураҳмон гуфт кишваре, ки бо Хитой ҳамкорӣ мекунад, бо ҷаҳон ҳамкорӣ кардааст. Зеро Чин дар густариш додани иқтисодиёт дар арсаи ҷаҳонӣ нақши калидиро мебозад. Муфассал ...
Хондан 161 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

ФОРСӢ-ДАРӢ-ТОҶИКӢ: ЧАНД МУЛОҲИЗА АЗ НИГОҲИ ЗАБОНШИНОСИИ ИҶТИМОӢ

   27-уми сентябри соли 2019 дар Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ: чанд мулоҳиза аз назари забоншиносии иҷтимоӣ семинари илмӣ баргузор гардид.
   Дар семинар директори Институт, Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, собиқ муовини аввали Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайфулло Сафаров, академик Акбар Турсун, забоншиносон ва пажӯҳишгарон ширкат намуданд.
   Профессори Донишгоҳи Ҳумболди шаҳри Берлин, пажӯҳишгари забонҳои эронии Осиёи Марказӣ Лутс Жеҳак дар мавриди форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ: чанд мулоҳиза аз назари забоншиносии иҷтимоӣ гузориш дод.

  Лутс Жеҳак қайд намуд, ки забон як падидаи иҷтимоист ва гӯяндаҳо нисбат ба забонашон муносибати эҳсосӣ доранд. Мисоли инро дар ҷомеа, алалхусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинем. Ҳар як нафар оид ба забон назари алоҳидаи худро дорад. Забон аз як тараф яке аз аломатҳои ҳувияти инсон ва ҷамъият бошад, аз тарфи дигар он дучори таъсири сиёсиву ғояҳои сиёсӣ аст. Он ҷуз гӯяндагон соҳиби дигар надорад. Устод Садриддин Айнӣ инро хуб дарк намуда, дар яке аз мақолаҳояш ба чунин маъно гуфтаанд, ки ба кӯчаҳо равед ба забони мардум гуш кунед ва фаҳмед, ки масъули забон адибон донишмандон нестанд, худи гӯяндагон соҳиби забонанд. Назари забоншиносон фақат ҷузъе аз назарҳо дар мавриди забон аст. Ин назар метавонад, аз назари сиёсатмадорон, адибон ё гӯяндаҳои оддӣ тафовут дошта бошад.
   Ба гуфтаи мавсуф айни замон забон як падидаи якнавохт нест. Аз як ҷиҳат забони гуфторӣ аз забони навишторӣ фарқ дорад. Забони гуфторӣ дар дохили худ бозба забони оммавии мардум, мисли шева ва лаҳҷаҳо, забонҳои табақаҳои гуногун, масли забони ҷавонон, ки онҳо ҳам соҳиби забон ҳастанд, фарқ дорад. Забони навишторӣ бошад услубҳои гуногун, ба мисли услуби адабиёт, идоракунии кунунӣ, мукотибаи маъмулӣ ё мукотибаи электрониро дорост. Услуби забони эҷодиёти манзум ва услуби осори мансур аз якдигар фарқ дорад. Забоншиносон ин муродифотро забонгуна меноманд.
   Л. Жеҳак мушкили забонро дар тағйирёбандагии он маънидод кард. Он нисбат ба минтақаю макон ва ба вақту замон тағйир меёбад. Хислатҳои тағйирёбандаи забон талаффуз, дастури забон, калимаҳо ва маъниашон аст.
   Ба таъкиди гузоришгар забон метавонад, забони аввали як гӯянда (забони модарӣ), забони дуюм ё сеюми як гӯянда бошад (дар як ҷамъияти бисёрзабонӣ, мисли Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва ғайра). Дар ҷамъиятҳои бисёрзабонӣ иерархияи забонҳо оид ба вазифа вуҷуд дорад. Яъне забон метавонад, воситаи муоширати дохили як ҷамъияти гӯяндагон, байни гурӯҳҳои гуногун, дар соҳаи тиҷорату савдо, илму адабиёт ва ғайра бошад.
   Истилои исломӣ ба ду тараф: Африқои шимолӣ ва Осиё сурат гирифт. Дар соли 651 арабҳо то шаҳри Марв расиданд. Баъд ба Бухорову Самарқанд омаданд. Омадани арабҳо ба ин минтақаҳо барои забони форсӣ аҳамият дошт. Арабҳо то вақте, ки ба Осиёи Миёна оянд, аввал Эронро ишғол карданд. Эрониҳо (форсҳо) ҳам мусулмон шуда, ҳамроҳи арабҳо ба тарафи Осиёи Миёна ҳаракат карданд. Дар натиҷа забони худро ба Осиёи Миёна оварданд.

   Дар «Таърихи Наршахӣ» маълумот дода мешавад, ки соли 713 вақте, ки дар Бухоро масҷид сохтанд, барои мардуми суғдизабон аз арабӣ ва ё аз форсӣ ба суғдӣ тарҷумон оварданд. Яъне ишғолгарони исломӣ забони форсиро аз вилояти Форси имрӯза ба Осиёи Марказӣ оварданд ва дар охир форсҳо гуфтанд, ки забони форсӣ дар паҳлӯи забони арабӣ барои расидан ба биҳишт шарт аст. Як ҳадиси қаллобӣ ҳам сохтанд, ки гӯё забони биҳишт арабӣ ва форсии дарӣ аст. Ин ҷо калимаи дарӣ сифати форсӣ аст. Ин нишон медиҳад, ки таблиғоти динӣ ва забонӣ бо ҳам пайваст шуданд. Агар вазъияти хилофати исломиро бинем, дар асри 11-10 дар маркази Хилофати ислмоӣ ҷангҳои дохилӣ шурӯъ шуданд ва дар айни замон дар Осиёи Миёна хонадонҳои маҳаллӣ ба вуҷуд омаданд ва онҳо аз заиф будани қудрат истифода карда, анъанаҳои худро пеш бурданд ва дар миёни ин анъанаҳо забони форсӣ ҳам буд. Чун забони форсӣ дар аввал ҳамчун забони дарборӣ истифода мешуд. Калимаи дарӣ аз ин омадааст, ки забони дарбор буд ва дар дарборҳо ба кор бурда мешуд. Аввал фақат забони манзум буд, баъдтар забони наср пайдо шуд.
   Барои он ки таблиғоти динӣ барои ислом ва таблиғоти забонӣ ба нафъи забони форсӣ якҷой сурат гирад, лозим буд, ки забони форсӣ хислатҳои навро касб кунад, то ки тавонад ин вазифаҳои навро ифода кунад. Шоирони форсизабон дар аввал аз анъанаҳои ашъори арабӣ оид ба шакл ва мавзуӣ ашъор ибрат гирифтанд. Баъдтар шоирони форсизабон шаклу мавзӯъҳои худро пеш бурданд. Масалан, ҳарфҳои навро ворид карданд, имлоҳои арабиро мутобиқ карданд ё калимаҳоро аз забони арабӣ ворид карданд ё калимаҳои нав сохтанд. Инчунин, услубҳои гуногун, мисли забони манзум ва насрро пеш бурданд.
   Ба таъкиди профессори олмонӣ хати арабӣ як бартарӣ дорад, ки хусусияти талаффуз дар он инъикос намегарданд. Яъне ин ки хона талафуз мекунем ё хоне барои хат муҳим нест.
   Баъдан давлатҳои миллӣ пайдо шуданд. Ин буд, ки забон як вазифаи нав гирифт. Забон нишонаи айнияту ҳувияти миллӣ шуд. Имрӯз ин муҳимтарин вазифаи забон аст. Баъд аз пайдо шудани се давлати миллӣ- Эрон Афғонистон ва Тоҷикистон дар охир бори аввал дар ҷараёни таърих вазъияти забон аз рӯи қонун қарор шуд. Пеш аз ин оид ба забон қонуне вуҷуд надошт. Дар Тоҷикистону Эрон забони миллӣ, дар Афғонистон дар паҳлуӣ забони пашту забони расмӣ эълон шуд.

   Дар натиҷа барои ифода кардани вазифаи нави иҷтимоии забон номҳои мухталиф пайдо шуданд. Барои рушду инкишофи забон чорабиниҳо сурат гирифтанд. Масалан дар Тоҷикистон лоиҳаи «Языковое строительство», дар Эрон «Фарҳангистон», ки ҳарду барои рушди забон дар кишварҳои худ кор мекарад, роҳандозӣ гардид. Дар Афғонистон бошад «Пашто толена» таъсис ёфт, ки масъули ин вазифаҳо дар Афғонистон шуд.
  Айни замон забонгунаҳо гуногун шудаанд ва дар охир се ҷамъияти гӯяндаҳо пайдо шуданд, ки имрӯз дар шароити мухталиф зиндагӣ мекунанд. Пайдоиши забогунаҳо натиҷааш ин буд, ки дар Эрон онро то имрӯз форсӣ мегӯянд, дар Афғонистон форсӣ, форсии дарӣ ном дорад ва дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ ном мебаранд. Дар Эрону Афғонистон хати арабӣ ба кор бурда мешавад, дар Осиёи Миёна хати лотинӣ ва баъдтар хати кирилӣ роиҷ шуд.
   Дар натиҷаи навигариҳои техникӣ ва иҷтимоӣ гуногуншавии забонгунаҳо ё мухталиф шудани ин забонгунаҳо пурқувватар шуд. Дар сари 21 техникаи дигиталии воситаҳои муошират, интернет ва телефонҳои ҳамроҳ рушд кард. Дар охир, ба воситаи ин техникаҳо забонгунаҳо дар се давлати миллӣ наздик мешаванд. Яъне аввал ҷудо шуданд, ҳозир оҳиста-оҳиста наздик мешаванд.
   Албатта форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ хусусиятҳои муштараки зиёд доранд. Ин пеш аз ҳама анъанаҳои ҳазорсолаи адабӣ ва бахши калони грамматика ва захираи калимаҳо мебошад. Аммо дар айни замон тавафутҳо ҳам доранд. Яъне ин се забонгуна дар талаффуз, бахши захираи калимаҳо (калимаҳои иқтибосӣ, калимаҳои навсохт (неологизм) ва номҳои иддае аз навигариҳо) тафовут доранд. Як тафовути ин се забонгуна ин аст, ки як калима метавонад, дар ҳар яке аз забонгунаҳо вуҷуд дошта бошад, аммо дар яке аз ин забонгунаҳо бештар ба кор бурда шавад, дар забонгунаи дигар бисёр кам ва ё умуман истифода нашавад. Масалан, калимаи «нағз» дар Тоҷикистон истифода мекунанд, аммо дар Эрон онро медонанд, вале истифода намекунанд. Инчунин, афзалиятҳои мухталиф дар корбурди калимаҳо аз захираи калимаҳои муштарак, баъзе хислатҳои грамматика, миқдори гӯяндагон, пояи иқтисодӣ ва сиёсӣ барои рушду пешбурди забон ва системаҳои хат аз тафовутҳои дигари ин се забонгуна аст.

  Мирзо Муллоаҳмад, узви вобастаи Академияи илмҳо низ аз ҷумла қайд кард, ки қабл аз арабҳо ҳам мардуми Хуросону Мовароуннаҳр бо забони шевои худ ҳарф мезаданд ва шеъри

   Аз Хуталон омадия,
   Ба рӯ табоҳ омадия.
   Овора боз омадия,
   Хушку низор омадия.
далели он аст, ки забони тоҷикӣ қабл аз арабҳо вуҷуд дошт ва мардум на танҳо бо ин забон ҳарф мезаданд, балки шеъру суруд ҳам мегуфтанд.
   Лутс Жеҳак дар охир дар мавриди он ки форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ як забон аст, хулоса намуд, ки ин ҷавоб вобаста ба хости ҳар як шахс аст. Чунки аз нуқтаи назари забоншиносии иҷтимоӣ ба ин савол ҷавоби возеҳ додан мумкин нест. Танҳо возеҳ ин аст, ки гӯяндаҳои ин забонгунаҳо дар замони муосир се ҷамъияти гӯяндаҳоро ташкил медиҳанд. Ин ҷамъиятҳои гӯяндаҳо дар шароити мухталифи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ қарор доранд. Наздик шудан ё дур шудани ин ҷамъияти гӯяндаҳо ба омилҳои ғайризабонӣ вобаста аст.
Муфассал ...
Хондан 118 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

ҲАМОИШ: ФОРСӢ-ДАРӢ-ТОҶИКӢ: ЧАНД МУЛОҲИЗА АЗ НИГОҲИ ЗАБОНШИНОСИИ ИҶТИМОӢ

   Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажӯҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки 27-уми сентябри соли 2019, дар Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “ФОРСӢ-ДАРӢ-ТОҶИКӢ: ЧАНД МУЛОҲИЗА АЗ НАЗАРИ ЗАБОНШИНОСИИ ИҶТИМОӢ семинари илмӣ баргузор мегардад.
   Дар семинар Профессори Донишгоҳи Ҳумболди шаҳри Берлин Лутс Жеҳак гузориш хоҳад дод.
   Ёдовар мешавем, ки Лутс Жеҳак яке аз коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ доир ба пажўҳиши забонҳои эронии Осиёи Марказӣ буда, таҳқиқу баррасии соҳавиро дар Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон (Балуҷҳо), Покистон ва Эрон анҷом дода, дар ин замина пажуҳишҳои худро дар соли 1991 рисолаи номзадӣ ва соли 2001 рисолаи докториро дар кафедраи Осиёи марказишиносии Институти Осиё ва Африкои донишгоҳи Ҳумболди шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федералии Олмон дифоъ кардааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград (ҳоло Санк - Петербург) (1980 - 1985) мебошад.
   Семинари илмӣ дар бинои Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, ошёнаи 1 (кафедраи забони англисӣ) соати 10:00 оғоз гардида, иштирок дар он озод аст.
   Забони семинар: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва олмонӣ. Муфассал ...
Хондан 114 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
Copyright © 2019 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/