wrapper

Хабарҳо

        16-уми январи соли 2018 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шашумин лексияи ҷашнии «Ҳиндустону Тоҷикистон: 25 соли дӯстӣ» дар мавзӯи «Ҳунари рассомии Ҳиндустон ва Тоҷикистон» баргузор гардид.

       Ин ҳамоиш бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардид, ки дар он муовини директори Институт, Нарзулло Амиров, котиби дуюми Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мидҳун Рагҳаван, раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Ҳиндустон, профессор Ҳабибулло Раҷабов ва дигар ҳаводорони санъати рассомии Ҳиндустону Тоҷикистон ширкат намуданд.

      Сараввал, муовини директори Институт, Нарзулло Амиров баромад карда, меҳмонон ва ҳозиринро барои ширкат дар ҳамоиш хайрумақдам намуд. Ӯ қайд кард, ки ин лексияи шашум аст, ки бо ибтикори Институт ва сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Ба андешаи ӯ, ин ҳамоишҳо имконият медиҳад, ки донишмандон ва ҳаводорон оид ба фарҳанги муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маълумоти зарурӣ гиранд. Амиров илова намуд, ки дар семинарҳое, ки пеш аз ин баргузор гардида буд, ҳозирин дар мавзӯи кинои тоҷику ҳинд ва умумияти он, муштаракоти мусиқии тоҷику ҳинд ва дигар муштаракоти фарҳангии ин ду кишвар маълумот гирифтанд.

     «Дар лексияи имрӯза мавзӯи ҳунари рассомии Тоҷикистону Ҳиндустон мавриди баррасӣ қарор мегирад. Бо ин роҳ мо метавонем оид ба рушди ҳунари рассомии Ҳиндустон ва таъсири он ба ҳунари рассомии Тоҷикистон маълумот гирем»,- гуфт Н. Амиров.

      Котиби дуюми Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мидҳун Рагҳаван оид ба намудҳои анъанавии рассомии Ҳиндустон, алоқаи байни санъати тасвирии Осиёи марказиву Ҳиндустон ва рассомони муосири Ҳиндустон ва сабки онҳо маълумот дод.

      Номбурда қайд кард, ки намудҳои анъанавии рассомии Ҳиндустон ин тасвирҳо дар сангу мағораҳо, рассомии Мадҳубанӣ, Майсурӣ, Танҷорӣ, Минетур, Муғулҳо, Пахарӣ, Раҷпутӣ мебошад. Ӯ гуфт, ки ба тасвирҳое ки дар сангу мағораҳои Бҳимбедка, ки дар музофоти Мадҳя Прадеш ҷойгир аст, тасвирҳои дорои таърихи 30000-сола ва тасвири манзараҳои ҳаёти ҳаррӯза мебошанд. Инчунин, Аҷанта низ ба тасвирҳои дар сангу мағораҳо дохил мешавад, ки он тасвирҳое мебошанд, ки марҳилаҳои гуногуни фарҳанги Ҳиндустонро, аз зодрӯзи ҷайн тиртанкар Махавир, то ҳолати нирванаи ӯ, асри 8 пеш аз мелодро инъикос менамоянд.

     Мағораҳои Эллора-иншооти мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, ки дар он муҷассамаҳои марбут ба буддизм, ҳиндуизм ва ҷаинизм ва инчунин санъати асри 7 то 11 пеш аз мелод, мавҷуданд, яке аз дигар тасвирҳои дар сангу мағораҳо аст.

     Мидҳун Рагҳаван оид ба расомии Мадҳубанӣ маълумот дода қайд намуд, ки он дар минтақаи Мизила дар Ҳиндустон (Музофоти Биҳар) ҷойгир буда, дар он тасвир бо панҷаҳо, шохчаҳо ва гӯгирдчӯб, бо истифода аз рангҳои табиӣ ва растанӣ, иҷро шудааст. Инчунин, дар он нақшу нигори геометрӣ тасвир карда шудааст.

     Номбурда оид ба таъсири мактаби санъати Осиёи Марказӣ ба санъати тасвирии Ҳиндустон маълумот дод. Қайд кард, ки ин мактаб дар давлати Муғулҳо (дар давраи ҳукмронии Акбар) таъсис дода шуда, ба он мактабҳои зиёд таъсир расонидаанд. Ҳамчунин, рассомони асри 14 дар Самарқанду Бухоро таъсис дода шуд, ки Муҳаммад Мурод ва Муҳаммад Нодири Самарқандӣ бо сулолаи Муғулҳо кор карда, анъанаҳои Осиёи Марказиро ба ин ҷо овардаанд. Тасвири минетураҳои муғулӣ аз мактаби санъати Темуриён аз Бухоро ва Самарқанд маншаъ гирифтааст.

     «Дар давраи шоҳигарии Раҷпутанаи Ҳиндустон (музофоти Раҷастон) рассомии Раҷпутӣ пайдо ва инкишоф ёфт, ки он дар даҳсолаҳои охири асри 16 рушд ёфтааст. Усулҳои фарқкунандаи он, ин бо таъсири санъати хориҷӣ, махсусан муғулӣ аст. Дар асрҳои 17-19, аз Ҷамму то Алмора ва Гарҳвал, дар минтақаи кӯҳҳои Ҳимолойи Ҳиндустон, тавассути музофоти Ҳимачал Прадеш рассомии Пахарӣ паҳн шудааст. Рассомии Пахари аз санъати тасвирии Муғулҳо берун рушд ёфта буд, чунки асосан аз ҷониби шоҳони Раҷпут дастгирӣ меёфт. Он аз мактабҳоии Гулер, Кангра, Басохли, Чамба, Гарҳвал иборат буд»,-илова намуд Мидҳун Рагҳаван.

     Инчунин, доир ба рассомони муосири Ҳиндустонӣ ва сабки онҳо аз ҷумла, М.Ф. Ҳусайн, С.Ҳ. Раза, Амрита Шер Гил, Сатиш Гуҷрал, Раҷа Равӣ Варма, Рабиндранат Тҳакур ва A. Рамачандран маълумоти муфассал дод.

     Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Ҳиндустон, профессор Ҳабибулло Раҷабов дар навбати худ қайд намуд, ки ин семинар имкон дод, ки доир ба рассомони машҳури Ҳиндустон ошно гардем. Ӯ инчунин қайд намуд, ки дар ҳунари рассомии рассомони машҳури Ҳиндустон таъсири рассомони Ғарб бештар дида мешавад.

     Дар охир байни ҳозирин ва меҳмонон суолу ҷавоб сурат гирифт. Аз ҷумла, намояндаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва дигар ҳозирин ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Последнее изменение Душанбе, 05 Феврал 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/