wrapper

Хабарҳо

    2-юми феврали соли 2018 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

    Дар ҳамоиши илмӣ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Нуралӣ Саидов, директори Институт, Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, кормандон, магистрон ва журналистон ширкат ва суханронӣ намуданд.

     Сараввал, Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо баромад намуда, қайд кард, ки бо таъмини сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду тавсеа бахшидан ба робитаҳои хориҷӣ сиёсати бисёрсамтаро, ки онро сиёсати «дарҳои кушод» низ мегӯянд, пеш гирифта, ҷуғрофия ва самтҳои ҳамкориро хеле вусъат доданд. Ба шарофати чунин сиёсати санҷидашуда ва мутавозин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дӯстону ҳамёрони анъанавии худ теъдоди зиёди кишварҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавиро ба мадори ҳамкориҳои худ ворид намуд, ки барои манфиатҳои миллии кишвар хизмати муҳимеро ба ҷо меорад.

    Номбурда қайд кард, ки сиёсати «дарҳои кушода» меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҷассум мекунад.

    Баъдан, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Нуралӣ Саидов дар бораи самтҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсола маърузаи муфассал намуд.

    Мавсуф қайд кард, ки сиёсати хориҷӣ масъалаи асосии давлат ба ҳисоб рафта, сутун ва пойдевори он маҳсуб меёбад. Сиёсати хориҷӣ рукни асосиест, ки сулҳу субот ва озодиро дар ҷомеа нигоҳ медорад.

    Ба андешаи номбурда нуктаҳои асосии Паём муносибатҳои бисёрсамта, ба вижа сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва дигар самҳои афзалиятнокро фаро мегиранд.

    «Сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти равобит ва муносибат бо мамолики хориҷа асоси ҳуқуқи ҷаҳонӣ пайдо кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифӣ кардани он дар сатҳи олии байналмиллалӣ мебошад. Маҳз масъалаи мазкур дурнамо ва раванди рушди ҷомеаи Тоҷикистонро ҳаллу фасл месозад», -илова намуд Н. Саидов.

     Зимни масъалагузории мутахассиси варзида ду омили асосӣ-сиёсати дуҷониба ва бисёрҷабҳаи Тоҷикистонро бо давлатҳои хориҷа ва ҳимоя кардани моҳият ва манфиатҳои миллиро шарҳ дод Инчунин, қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ин тасмимгириҳои дурусти сиёсӣ дар давраи соҳибистиқлолии худ тавонист дар байни 150 давлати дунё муаррифӣ шавад ва робитаҳои дипломатии худро ба роҳ монад.

    Ба гуфтаи мавсуф масъалаҳое, ки дар Паёми имсола баррасӣ ва пешниҳод шуданд, бештар дар ибтидои Паём ба масоили равобити байналмилалӣ равона шудаанд, ки бевосита ба самтҳои омӯзиши Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо дахл доранд ва мутахассисон метавонанд таҳқиқотҳои судмандро таҳлилу таҳқиқ кунанд.

   Дар охир, Нуралӣ Саидов ба суолҳои ширкаткунандагон дар бораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва самтҳои асосии он посухҳои мушаххас дод.

Последнее изменение Душанбе, 05 Феврал 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/