wrapper

Хабарҳо

   22 феврали соли 2018, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзӯи “Сиёсати хориҷии Чин ва муносибатҳои Чину Ҷопон” баргузор гардид. Гузоришгари семинар профессори Донишгоҳи Токио Шин Кашива буд, ки ба омӯзиши таърихи муносибатҳои сиёсии Чину Ҷопон дар донишгоҳи мазкур машғул аст.

   Профессор Шин Кашива қайд кард, ки сиёсати хориҷии Чин то солҳои 2006-2008, аслан ба иқтисод мутамарказ шуда буд. То ин замон дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Шимолу Шарқӣ қоидаи нонавишати “иқтисод аз Чин, амният аз ИМА” мавҷуд буд. Аммо пас аз солҳои 2006-2008 Чин дар ду самти дигар фаъолияти худро оғоз кард. Ин самтҳо - амният ва даъвоҳои ҳудудӣ бо кишварҳои ҳамсоя аст. Дар ин давраи нав Чин ба қавӣ кардани қувваҳои мусаллаҳи худ машғул шуда, ҳаҷми хароҷоти худ ба ин соҳаро ба таври назаррас зиёд кард. Ҳамзамон, кӯшиш ба харҷ медиҳад ҷазираҳо дар баҳри ҷанубии Чинро аз худ кунад ва бо ин мақсад дар аксари ҷазираҳои ин минтақа байрақи худро насб кардааст ва дар чанд ҷазира пойгоҳҳои ҳарбӣ сохтааст. Ин фаъолияти Чин норозигии кишварҳои минтақаро ба бор овардааст.

    Дар мавриди муносибатҳои Чину Ҷопон проффессор Кашива гуфт, ки бо вуҷуди он ки аксари мардуми Ҷопон (80%) нисбати Чин хушбин нестанд, нисфи аҳолӣ муносибатҳои иқтисодӣ бо Чинро муҳим мешуморанд. Чин барои ширкатҳои ҷопонӣ ҳам манбаи қувваи корӣ аст ва ҳам бозори бузург ва ривоҷёбандаи фурӯши маҳсулоти аълосифати ҷопонӣ мебошад. Муносибати мутақобилан судманди ду кишвар раҳбарияти Ҷопон бо сарварии нахуствазир Аберо маҷбур мекунад, то нисбати фаъолияти тавсеаталабонаи Чин нармиро ихтиёр кунад.

   Дар бораи фаъолияти иқтисодии Чин дар Осиёи Марказӣ профессор Кашива зикр намуд, ки Чин ин минтақаро ҳамчун роҳи алтернативӣ барои дастрас кардани ашёи хом, аз ҷумла маҳсулоти нафтӣ аз кишварҳои Африко, Ховари Наздик ва Ирон дар назар гирифта, дар ин кишварҳо ба сохтмони роҳу коммуникатсияҳо сармоягузорӣ мекунад. Ҳамзамон дар чанде аз кишварҳои соҳили уқёнуси Ҳинд бандарҳоро бозсозӣ мекунад то ин шоҳроҳ дар ҳолати муташанниҷ шудани вазъият дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва баста шудани роҳҳои баҳрӣ истифода шавад. Аз инҷост, ки бо вуҷуди мушкилиҳо дар баъзе вилоятҳои худ, ҳукумати Чин маблағҳои калонро ба кишварҳои хориҷӣ сафарбар мекунад.

   Дар ҷавоб ба саволи “Оё Чин метавонад бе дастрасӣ ба илму технологияи кишварҳои пешрафтаи дунё, ҳадафҳои дар пешгузоштаи худро то соли 2050 амалӣ кунад?” профессор Кашива ҷавоб дод, ки имрӯз дар наздикии шаҳри Гонконг Чин ба монанди “Дараи Силикон”-и Амрико шаҳри технологӣ дорад, ки дар он маҳсулоти инноватсионии электрикӣ истеҳсол мешавад. Махсусан, дар истеҳсоли дронҳо Чин дар ҷаҳон аз ҳама пешрафта аст ва ин дронҳо дар ҳамин минтақа истеҳсол мешаванд. Агар Чин дар ҳамин ҷода пешравӣ ва масолеҳи махсуси худро, ки дар онҳо бартарии илмӣ-технологӣ дорад, истеҳсол кунад ва дар бозори ҷаҳонӣ ба фурӯш гузорад, дигар ба технологияи кишварҳои ғарбӣ муҳтоҷ намешавад. Дар ин ҳолат бо такя ба илму технологияи худ Чин метавонад дар муҳлати гузошташуда ба ҳадафҳояш бирасад. Ҳадафи Чин, аз суханронии Президент Си Ҷин Пин бармеояд, ки табдил ёфтан ба иқтисоди рақами яки ҷаҳон то соли 2050 мебошад.

 Меҳр Собириён

 

Последнее изменение Ҷумъа, 23 Феврал 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/