wrapper

Хабарҳо

   Имрӯз, 31-уми июли соли равон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Омилҳои гаравидани ҷавонон ба ҳаракату созмонҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирии он” мизи мудаввар баргузор гардид.
   Дар ҳамоиш ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, Муҳаммад Абдураҳмон, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, номзади имлҳои таърих, Азимҷон Раҳмонзода, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Носир Назарзода ва дигар кормандони Институт ширкат ва суханронӣ намуданд.
   Зимни суханронӣ Муҳаммад Абдураҳмон қайд намуд, ки касе ҷанги шаҳрвандиро дидааст медонад, ҷанг чӣ паёмад дорад, вале насли ҷавони имрӯза онро он қадар хуб намедонанд. Чунки онҳо ҷанги шаҳрвандиро надидаанд ва хулосабарорӣ борояшон мушкил аст.

  Номбура қайд намуд, ки барои пешгирии омилҳои номатлуби хатарҳои террорестӣ набояд нисбати фарзандон бетаваҷҷуҳӣ намуд, чунки беназорат мондани онҳо омили ба роҳи нодуруст рафтанашон мегардад.
  Барои ҳалли ин мушкилӣ мавсуф аз мустаҳкамии робитаи мактаб бо хона қайд намуд: “Муаллим на фақат барои ситонидани пул, балки барои хабардор шудан аз ҳоли хонандагон бояд бо волидони онҳо дар тамос бошад”.
   Дар идомаи суханронии худ Муҳаммад Абдураҳмон гуфт, ки муҳимтарин масъалаи ҷомеаи мо ин тарбияти миллат аст.
  Азимҷон Раҳмонзода дар навбати худ қайд намуд, ки дар баробари мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, бекорӣ ва камбудии ҷавононон, ақидаҳои ифротӣ ва ғояҳои иртиҷоии «хориҷӣ» низ мафкураи ҷавонони моро табоҳ намуда истодааст.
   Дар рафти суханронии худ Носир Назарзода сабабу омилҳои ҷалбшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиро ба таври машаххас шарҳ дод.
   Номбурда гуфт, ки яке аз сабабҳои ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ин бархӯрдор набудан аз авзои сиёсии ҷаҳон, ҳис накардани хатари ифротгароӣ, зудбоварӣ, ба доми фиребу амали одамони тасодуфӣ афтидан, соҳиби пули бедарди миён гаштан ва аз ҳама муҳим-надоштани илму донишҳои кофии замонавӣ, ки онҳоро ба чунин монеаҳо такон дода, саргардониҳои зиёд ба бор меорад, мебошад. Дигар сабаби пайвастани ҷавонон ба чунин равияҳо ин аз назорати волидайн дур мондани фарзандон аст, ки билохира ба ин роҳ онҳоро мебарад.
    Н. Назарзода илова намуд, ки барои  гирифтани  пеши роҳи ин раванди номатлуб, пайваста талошҳо сурат гирифта, тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мегарданд. Масъалаи  ифротгароию тундгароӣ ва хатарҳои  ба он вобаста ҳамеша  мавриди таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари кишвар ин масъаларо пайваста зимни маърӯза ва баромадҳои худ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалию минтақавӣ ва маҳаллӣ мавриди ҳаллу фасл гузоштааст. Аз ин лиҳоз,  имкониятҳои тамоми мақомоти дахлдори кишвар барои аз байн бурдани чунин ҳолати ногувор ва андешидани чораҳои таъхирнопазир равона карда шудааст.

   Гуфта шуд, ки имрӯзҳо аз хавфноктарин гуруҳҳои ифротӣ ин ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти динидошта мебошанд, ки бо сӯистифода аз номи ислом дар ҷомеа нуфузи муайян ба даст оварда, дар пайи фитна ангехтан миёни ҷомеа мебошанд. Ҳодисаву воқеаҳои кишварҳои арабӣ бори дигар хатарнок будани ин омилро нишон доданд. Яъне новобаста аз исломӣ будан ва набудани давлат, новобаста аз мусалмон будан ё набудани аксари аҳолии кишвар, агар ихтилоф ангехтан лозим бошад, ҳатман онро аз дидгоҳи бархурдҳои диниву мазҳабӣ ва тафриқа байни диндорон роҳандозӣ хоҳанд кард. Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин, ки барои чунин гуруҳҳо аз ислом танҳо номаш лозим аст ва ин ҳам барои гумроҳ сохтани мусалмонон.
   Ходими илмии Институт Умед Пудинаев ҳам дар робита ба ин мавзӯъ суханронӣ намуда аз ҷумла гуфт, ки барои аз ин варта берун шудани ҷавонон аз дунё ва бозиҳои пасипардагӣ бохабар будан аст. Ба гуфтаи ӯ вақте ки падару модар аз китобу нашрияҳои даврӣ истифода намебарад, пас чигуна фарзандони онҳо рӯ ба китобу нашрияҳои даврӣ меорад.
   Ба гуфтаи У. Пудинаев нуктаи дигар муносибату машварат кардани масъулин шурӯъ аз раисони маҳаллаҳо то роҳбарияти навоҳиву вилоёт бо ҷавонон ҳалли дигари кор буда метавонад, ки роҳабарият бо шунидани ҳарфи ҷавонон ва дарду дили онҳо ва бо машваратҳои судманд метавонанд, кореро анҷом диҳанд. Дар сурати машварат накардан бо ҷавонон ин имкон дорад, ки кор бадтар шаваду мушкилот зиёдтар.
   Қайд гардид, ки 
мушкили гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҳамеша домангири ҷомеаи ҷаҳон ва ба хусус Тоҷикистон аст ва раҳоӣ аз ин мараз талошу заҳамоти намояндагони тамоми соҳаҳоро талаб дорад. Бояд ҳам ҷомеа, ҳам муҳит ва ҳам мактабу коргоҳ барои ҷилавгирӣ аз паёмадҳои номатлуби ифротгароӣ масъул бошад ва бикушанд, то ин зуҳуроти номатлуб ҷомеаи ободу озод ва суботу амнияти Тоҷикистони азизро  доғдор насозад. 
   Зикр гардид, ки ҷавонон бояд дар хотир дошта бошанд, ки пуштибони аз чунин афрод хатои бузург ва хиёнат ба давлату миллат буда, баръакс, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва эктремизм ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлолият вазифаи муқаддаси ҳар фарди бонангу номус мебошад.
Последнее изменение Панҷшанбе, 01 Август 2019

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/