wrapper

Хабарҳо

   29-уми октябри соли равон дар Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Хитой ва Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамои ҳамкорӣ" конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар кори конфронс ноиби Президенти Академия илмҳои ҷумҳурӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон, директори Институти омӯзиш масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ёрмаҳмад Ниёзӣ, академик Акбар Турсон ва дигар профессорону номзадони илм иштирок ва суханронӣ намуданд.
   Зимни суханронии худ Муҳаммад Абдураҳмон гуфт кишваре, ки бо Хитой ҳамкорӣ мекунад, бо ҷаҳон ҳамкорӣ кардааст. Зеро Чин дар густариш додани иқтисодиёт дар арсаи ҷаҳонӣ нақши калидиро мебозад.
   - Чиниҳо дар баҳр хушкӣ бунёд карда, хона месозанд дар об шолӣ мекоранд, бозорҳои кишварҳои Амрикову Африқо ва Осиёву Аврупоро бо маҳсулоти саноатии худ таъмин месозанд,- қайд намуд М. Абдураҳмон.
   Ҳамзамон профессор таъкид намуд, ки дар пасманзари ин ҳама кӯмакҳои Чин хатарҳое низ нуҳуфтааст. “Саломи дӯст бетамаъ нест” мегӯянд, аз ин рӯ дар ҷаҳони сиёсӣ бояд мо ҳушёр бошем. Барои мисол, онҳо талабаву донишҷӯёнро барои таҳсил ба Чин мебаранд. Ин маънои онро надорад, ки донишҷӯён танҳо таҳсил мекунанд, балки ҳавасманд ва ҷонибдори ин кишвар мегардонанд.
   Зимни суханронии худ Ёрмаҳмад Ниёзӣ ҳам қайд кард, ки кишвари Чин яке аз аввалин кишварҳое аст, ки соли 1992 истиқлолияти моро ба расмият шинохт ва ҳамзамон ҳамкории гуногунсамтаи худро бо мо барқарор кард.
   Ба гуфтаи Ё. Ниёзӣ дар ояндаи наздик мо метавонем бо кишвари Чин дар масъалаи энергетика ҳамкории зич дошта бошем ва дар соҳаи коркарди меваҷот корхонаҳо сохтан мумкин аст ва аз ҳама бештар мо имкон дорем бо ин кишвари саноатӣ дар тавлиди хокаи кимиёвӣ, ки алюминӣ истеҳсол мешавад, ҳамкорӣ намуда, ба манфиати ҳарду кишвар фоида биёрем.

   Ходими илмии Институти омўзиши масъалақои давлатқои Осиё Аврупо Ҳабибҷон Мирзоев ҳам дар суханронии худ ҳамкориҳои кишвари Тоҷикистон бо Чин ҳамакнун аз доираи як ҳамкории байнидавлатӣ берун шуда, ба сатҳи стратегӣ расидааст.
   - Нашри асари адибони тоҷик дар Чин ва адибони чинӣ дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Дар Чин китоби “Таърихи адибони тоҷик” тарҷума ва нашр гардида, дар Тоҷикистон бошад, китоби ашъори Ли Чжаосин бо номи “Чорсад шаш барг” тарҷума ва нашр гардид, - илова намуд Ҳ. Мирзоев.
   Таҳлигари масоили сиёӣ Хуршед Андамов ҳам зимни суханронии худ қайд кард, ки “Роҳи абрешим” дар замони худ ба рушди истеҳсолот дар минтақаи Осиёи Марказӣ хеле мусоидат намуд ва ба шарофати он технологияҳои нав аз Чин на танҳо ба Осиёи Марказӣ, балки ба минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва баръак инстиқол меёфтанд.
Ба гуфтаи Меҳр Собириён аз соли 2007 то соли 2018 дар миёни 61 кишваре , ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст, Чин ҷойи аввалро ишғол мекунад.
   Зимни суханронии худ ходими хурди илмии Институти Осиё Аврупои Академияи илмҳо Аҳмадҷон Одинаев  қайд кард, ки агар соли 2005 гардиши мол байни Чину Тоҷикистон қариб 100 миллион доллари амрикоиро ташкил мекарда бошад, пас ин рақам дар соли 2018 зиёда аз 2 миллиард долари амрикоиро ташкил мекунад. Ин нишондод ишора ба ин аст, ки ҳамкориҳо байни давлати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чин дар ҳоли густариш қарор дорад.
   Дар конфронс зикр гардид, ки дар муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин як чанд мушкилотро метавон номбар кард. Пеш аз ҳама ин мушкилии қарз мебошад, ки метавонад як кишвари кучакро вобастаи Чини бузург гардонад. Дар ҳолати пайдо шудани мушкилӣ дар пас гардонидани маблағҳои қарзӣ, Чин метавонад иншоотеро, ки дар он маблағҳои мазкур сарф шудаанд, бо шароити ба худ хос мувофиқ, иҷораи дарозмуддат гирад. Таҷрибаи кишвари Шри Ланка далели ин гумонҳо буда метавонад. Баъдан, мушкили муҳити зист вудур дорад. Корхонаҳое, ки бо сармояи чинӣ фаъолият мекунанд бештар хусусияти олудасозии муҳитро доранд. Аз ҷумла, корхонаи истеҳсоли семент ва арматур чунин характерро доро мебошанд.
   Дар ахири барнома байни олимону муҳаққиқон дар ин замина баҳсу мунозира сурат гирифт. Ҳамзамон, пешниҳод гардид, ки фикру андешаҳои худро коршиносон барои ҳамкориҳои минбаъда байни кишвари Тоҷикистон ва Чин хаттӣ пешкаш намоянд ва ин ҳафрҳо пешниҳоди ҳукумат гардад. 
Умед Пудинаев,
ходими илмии Институт
Последнее изменение Ҷумъа, 01 Ноябр 2019

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/