wrapper

Хабарҳо

   “Мардуми Тоҷикистону Ҳиндустон дӯстии қавӣ ва ҳамкориҳои густурда доранд”, - ин нуктаро вазири фарҳанги Ҷумҳури Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зимни суханронии худ рӯзи 8 ноябри соли равон аснои муаррифии маркаҳои ҷашнӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҷлили 150-умин зодрӯзи Маҳатма Гандӣ нашр шуд, қайд кард.
   Дар идомаи суханронии худ вазир гуфт, ки фарҳанг пулест, миёни масоили иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии байни кишварҳо. Воқеан Маҳатма Гандӣ аз ҷумлаи сиёсатмадорони арсаи ҷаҳонӣ буда, мо ифтихор мекунем, ки китоби ӯ ба забони тоҷикӣ нашру мавриди истифода қарор гирифтааст.
 
   Зикр шуд, ки чорабин идомаи он чорабиниест, ки идеяи шахсияти матраҳшударо, ки бо мусолиҳа бидуни хушунат ҳал намудани мушкилот аст, таблиғ менамояд. Ин идея, беҳтарин идея дар ҷаҳон буда, хушбахтона дар Тољикистон низ ин идея “сиёсати дарҳои боз”  ном дорад.
   Ш. Орумбекзода қайд кард, кишвари Тоҷикистон омодааст, ки ҳамкориро на фақат дар соҳаи фарҳанг, балки дар соҳаҳои иҷтимоиёту сиёсат ва дигар соҳаҳо ба роҳ монад.
   Ҳамзамон, сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх суханронӣ намуда, дар бораи нақши Маҳатма Гандӣ ва идеяи “бидуни зӯроварӣ”-и ӯ ва дар бораи дирӯзу имрӯзи Ҳиндустон ҳарф зад.
Баъдан меҳмонон аз намоише, ки инъикоси рӯзгори Маҳатма Гандӣ ва мардуми Ҳиндустонро дар тӯли таърих тасвир мекард, дидан намуданд.

   Бояд гуфт, ки Ҳиндустон яке аз аввалин давлатҳое мебошад, ки Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 28 августи соли 1992 ба расмият шинохт. Соли 1994 Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва соли 2003 Сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон кушода шуд. Ҳоло 26 сол мешавад, ки Ҳиндустону Тоҷикистон — ду давлати бо ҳам дӯст ҳамкории судманд ба роҳ монда, дар ҳалли бисёр масъалаҳои доғи вақт, аз ҷумла мубориза ба муқобили терроризм ҳамфикранд.
Умед Пудинаев,
корманди Институт
Последнее изменение Сешанбе, 12 Ноябр 2019

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/