wrapper

Хабарҳо

Семинарҳо

Ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар шароити муосир

   Дирӯз, 26 уми феврали соли 2019 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар шароити муосир» мизи мудаввари илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
   Дар ҳамоиш котиби илмии Академияи илмҳо, Қосимшо Искандаров, директори Институт, Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии кишвар Дилшод Қодиров, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Илҳом Камолзода, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фариддун Бобозода, олимон ва пажӯҳишгарон ширкат ва суханронӣ намуданд. Муфассал ...
Хондан 1040 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Баррасии усули навиштани мақола ва рисолаҳои илмӣ

   15 - уми январи соли 2019 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муҳаққиқони ҷавон ва магистрони Институти мазкур таҳти унвони “Услуб ва роҳҳои навиштани мақола ва рисолаҳои илмӣ семинари илмӣ баргузор гардид.

   Он аз ҷониби Шӯрои олимони ҷавони Институти мазкур амалӣ гардида, мақсади он омӯзонидани тарзу дурусти навиштани мақолаву рисолаҳои илмӣ аз ҷониби муҳаққиқони ҷавон ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ мебошад.

Муфассал ...
Хондан 673 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

МИРЗО ТУРСУНЗОДА- ШОИРЕ, КИ АЗ ҲИНД ҚИССА МЕКАРД

   27 –уми ноябри соли равон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳиндустон аз нигоҳи Мирзо Турсунзода» семинари илмӣ- амалӣ баргузор гардид.

   Дар семинар директори Институт Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош, ҳиндшиноси тоҷик, профессор Ҳабибулло Раҷабов, муҳаққиқи осору рӯзгори Мирзо Турсунзода, профессор Шоҳзамон Раҳмон ва дигар олимону пажӯҳишгарон иштирок ва суханронӣ карданд.

Муфассал ...
Хондан 785 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Семинар: Ҳиндустон аз нигоҳи  Мирзо Турсунзода

   Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажуҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки 27-уми ноябри соли 2018 соати 10:00 бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Ҳиндустону Тоҷикистон ба муносибати 25 соли равобити дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон таҳти унвони «Ҳиндустон аз нигоҳи  Мирзо Турсунзода» семинари илмӣ  баргузор мегардад.

   Дар семинар директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош  ва дигарон ширкат ва суханронӣ хоҳанд кард.

   Шоҳрамазон Раҳмонов  дар мавзӯи "Ҳиндустон аз нигоҳи  Мирзо Турсунзода" баромад хоҳад кард.

   Семинар дар толори  Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, иштирок дар он озод аст.

   PS: Дар ҳамоиш иштироки кормандон, аспирантон ва магистрони Институт  ҳатмист.

Муфассал ...
Хондан 838 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
Copyright © 2019 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/